Савол: Дини Ислом чист?
Ҷавоб: Дини ислом маҷмўае аз боварҳои ростин ва дастуруламалҳое аст, ки бар асоси ин боварҳо устувор мебошад. Боварҳои ростин мисли бовар ба вуҷуди Худо ва рўзи қиёмат ва дастуруламалҳо мисли барподории намоз, гирифтани рўза, анҷоми ҳаҷ, ростгўӣ, адолатпешагӣ ва ғайра.
Ба дигар сухан, дини Ислом аз се бахш иборат аст:
1. Ақоид, яъне чизҳое, ки ҳар мусулмоне бояд ба онҳо бовар ва эътиқод дошта бошад, мисли эътиқод ба вуҷуди Худо, фиристода шудани паёмбарон, рўзи қиёмат ва ғайра;
2. Ахлоқ, яъне хислатҳое, ки ҳар мусулмоне бояд худро ба он биорояд, мисли ростгўӣ, вафодорӣ, ихлосмандӣ ва ғайра;
3. Аҳком, яъне дастурҳое, ки бояд ҳар мусулмоне ба онҳо амал намояд, мисли барподории намоз, гирифтани рўза, анҷоми ҳаҷ, барқарории адолат ва ғайра.
|