Ҷумъа, 03.05.2024, 03:03
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Мафҳуми “шафоат” дар Ислом (1)
Мафҳуми “шафоат” дар Ислом (1)
20:14

Мафҳуми “шафоат” дар Ислом

Шояд касе пайдо нашавад, ки бо мафҳуми “шафоат”, ҳарчанд ба таври иҷмолӣ, ошноӣ надошта бошад. “Шафоат” ҳамон восита шудан аст. Масалан вақте касе ба номи Аҳмад дар ҷое (масалан дар маҳкама) ба мушкиле бархўрад ва худ натавонад аз он мушкил раҳоӣ ёбад, аз касе ба номи Саид бихоҳад восита шуда, ўро аз он мушкил наҷот диҳад, мегўянд: Саид дар ҳаққи Аҳмад шафоат кард.

Решаи лафзи “шафоат” дар луғати араб, калимаи “шафъ” мебошад. “Шафъ” ба маънои “ҷуфт” дар муқобили “ватр” ба маънои “тоқ” аст. Иллати ин ки ба воситагарии шахс (масалан Саид дар мисоли боло) барои наҷоти шахси дигар (Аҳмад дар ҳамон мисол) шафоат гуфта мешавад, ин аст, ки мақом ва мавқеияти шафоаткунанда (Саид) агар бо авомили наҷоте, ки дар вуҷуди шафоатшаванда (Аҳмад) ҳаст замима (ва ҷуфт) шаванд, сабаби халоси ў мегарданд.

Шафоат” дар истилоҳ ё худ шафоати мавриди назари Ислом ҳам тақрибан ба ҳамин маъност. Ин ки мусулмонон мўътақид ҳастанд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва ё авлиёуллоҳ, ба ҷиҳати мақом ва мавқеияте, ки дар пешгоҳи Худованд доранд, метавонанд гунаҳкороне аз мўъминонро дар назди Худо шафоат кунанд, ба ин маъност, ки мақом ва ҷойгоҳи ин бузургворон дар пешгоҳи Худо, бо авомили мавҷуд дар вуҷуди гунаҳкорон (аз қабили тоату ибодоти онҳо) замима шуда (ва ё ҷуфт гардида) ва он гоҳ бо ҳам сабаби наҷоти гунаҳкорон аз азоби илоҳӣ мешавад.

Асли “шафоат”, ки дар оятҳои қуръонӣ ва ривоятҳо ба он ишора шудааст (ва гуфтем тақрибан ба ҳамон маъноест, ки гузашт), мавриди қабули ҳамаи мусулмонон буда ва аз мусалламот аст, ҳатто салафиҳо низ мункири асли шафоат нестанд ва бо сароҳат ба он эътироф мекунанд.

Нуктаи дигаре, ки он ҳам мавриди инкори ҳеҷ мусулмоне намебошад, ин аст, ки шафоати шафоаткунандагон, бидуни изн ва иҷозати Худо ҳеҷ таъсире надорад. Яъне шафоаткунанда фақат баъд аз изн ва иҷозати Худованд метавонад аз касе шафоат кунад:

مَن ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلاَّ بِإِذْنِهِ.

Кист, ки назди Худованд ‒ ҷуз ба изни Ӯ ‒ шафоат кунад?[1]

То ин ҷо масъала мавриди иттифоқи ҳамаи мусулмонон аст. Пас нуқтаи ихтилоф дар куҷост?

Ихтилофи салафиҳо бо дигар мусулмонон дар масъалаи шафоат дар ин аст, ки онҳо мегўянд: Ҳарчанд асли шафоат мавриди инкор нест ва рўзи қиёмат шафоаткунандагон аз гунаҳкорони уммат шафоат хоҳанд кард, вале ҳаргиз ҳақ надорем дар ин ҷаҳон аз онон талаби шафоат кунем, ки навъе ширк хоҳад буд. Ба чӣ далел? Ба ҳамон далеле, ки дар баҳсҳои пешин аз забони поягузорони ин маслак нақл кардем, ки талаб ва дархост аз ғайри Худо ширк аст. Мо бояд фақат аз худи Худо бихоҳем, ки паёмбаронро шафеи мо дар рўзи қиёмат қарор бидиҳад. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар рисолаи “Кашф‒уш‒шубуҳот” мегўяд:

Пас чун тамоми шафоат аз они Худо аст ва ҷуз ба изну хости Ӯ таҳаққуқ намепазирад ва чун то замоне ки Худо иҷозат надиҳад, на Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) метавонад аз касе шафоат намояд ва на ғайри ў ва ҳамчунин ҷуз барои аҳли тавҳид иҷозати шафоат шудан нест, аз ин рў равшан мегардад, ки шафоат ҳамагӣ ба дасти Худо аст ва ман ҷуз аз зоти Ӯ онро наметалабам ва мегўям: Худоё! Паёмбарро дар ҳаққи ман шафеъ қарор бидеҳ...”[2]

Посухи мо дар ин ҷо ба салафиҳо, ҳамон аст, ки қаблан дар баҳси “дуо” гуфта будем. Он ин ки талаби шафоат аз худи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ин эътиқод, ки ўро дар шафоат мустақил надонем, балки мўътақид бошем, ки он ҷаноб танҳо замоне метавонад шафоат кунад, ки Худо иҷозат бидиҳад, чӣ монее дорад?

Илова бар ин, ривоятҳои саҳеҳи фаровоне дорем, ки дар онҳо дархости шафоат аз худи он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шудааст. Мо дар ин ҷо ба хотири риояти ихтисор танҳо ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

 

1. Ривояти Тирмизӣ:

حدثنا عبد الله بن الصباح الهاشمي حدثنا بدل بن المحبر حدثنا حرب بن ميمون الأنصاري أبو الخطاب حدثنا النضر بن أنس بن مالك عن أبيه قال سألت النبي صلى الله عليه وسلم أن يشفع لي يوم القيامة فقال أنا فاعل قال قلت يا رسول الله فأين أطلبك قال اطلبني أول ما تطلبني على الصراط...

Анас ибни Молик мегўяд: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дархост кардам, ки дар рўзи қиёмат дар ҳаққи ман шафоат кунад ва он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пазируфт ва гуфт: Шафоат хоҳам кард. Гуфтам: Куҷо туро пайдо кунам: Фармуд: Канори сирот...

Албонӣ ҳадиси номбурдаро саҳеҳ донистааст.[3]

 

2. Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал:

كان مما يقول للخادم: ألك حاجة؟ قال: حتى كان ذات يوم فقال: يا رسول الله! حاجتي. قال: وما حاجتك؟ قال: حاجتي أن تشفع لي يوم القيامة. قال: ومن دلك على هذا؟ قال: ربي...

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамеша ба ходими худ мегуфт: Оё ҳоҷате дорӣ? То ин ки рўзе ходим гуфт: Эй Расули Худо! Ҳоҷате дорам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Чӣ ҳоҷате дорӣ: Гуфт: Ҳоҷатам ин аст, ки дар рўзи қиёмат барои ман шафоат кунӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пурсид: Чӣ касе туро ба ин мавзўъ роҳнамоӣ ва далолат намуд? Гуфт: Худои ман...
Албонӣ ин ҳадисро ҳам саҳеҳ донистааст.[4]


[1] ‒ Сураи Бақара, ояти 255.

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.21).

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳ ва заифу сунан‒ит‒Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.433).

[4] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Силсилатус‒саҳеҳа ал‒мухтасара, ҷ.5, саҳ.138).

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 961 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz