Тавҳид ва ширк дар луғат ва истилоҳ
Қабл аз баррасии дидгоҳи ваҳҳобиҳо дар бораи мафҳуми “тавҳид” ва “ширк” ва нақди он, сазовор мебинем ин ду мафҳумро аз назари луғат ва низ дар истилоҳи дин мавриди баҳс қарор бидиҳем. Яъне аввалан бояд бубинем, ки ин ду вожа дар луғат ба чӣ маъно ба кор рафтааст ва дар сонӣ бояд дид дар Қуръон ба чӣ маъно ва мазмун ба кор гирифта шудааст.
“Тавҳид” масдар аст аз феъли “ваҳҳада” ба маънои яке қарор додан ва яке донистан. “Ширк” исми масдар аст аз феъли “ашрака” ба маънои шарик қарор додан.
Аммо дар истилоҳи динӣ, “тавҳид” ба маънои Худоро яке қарор додан ва яке донистан аст ва “ширк” ба маънои чизе ва ё касеро барои Худо шарик қарор додан мебошад. Пас “ширк” дуруст дар муқобили “тавҳид” қарор дорад.
Ба касе, ки Худоро яке медонад “муваҳҳид” ва ба касе, ки чизе ва ё касеро барои Худо шарик қарор медиҳад “мушрик” гуфта мешавад.
Тавҳиди Худо қисмҳое дорад ва низ ширк ба Худо, ки дар муқобили он аст қисмҳое дорад. Аз дидгоҳи Ислом муваҳҳиди воқеӣ касест, ки дар ҳамаи қисмҳо ва мароҳили тавҳид, мўътақид ба тавҳиди Худо бошад. Аммо ақсоми тавҳид аз инҳо иборат ҳастанд:
1. Тавҳиди зотӣ:
Тавҳиди зотӣ яъне Худованди Таоло назир ва монанд надорад. Дар Қуръони Карим оятҳои зиёде ба тавҳиди зотии Худованд ишора дорад, чунон ки мефармояд:
قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ...
Бигў: Худо аст ягона зот...
Ҳам мефармояд:
هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ...
Ӯст Аллоҳ, ки худое ҷуз Ӯ нест...
Дар баробари тавҳид дар зот, ширк дар зот қарор дорад. Яъне агар касе зоти Худоро ду то ё се то донад, мушрик ба лиҳози тавҳиди зотӣ ба шумор меравад. Тамоми мусулмонон дар ин қисм аз тавҳид иттифоқ доранд. Яъне ҳеҷ мусулмоне ёфт намешавад, ки мўътақид бошад Худо ду то ё се то ва ё бештар бошад. Пас аз ин лиҳоз ҷамии мусулмонон муваҳҳид ҳастанд.
2. Тавҳид дар сифот:
Дар мавриди тафҳид дар сифот, ҳарчанд ҳамаи мусулмонон бо иттифоқ қабул доранд, ки Худои Таоло дорои сифоте чун илм, қудрат, ҳаёт, халқ, ризқ, тадбир ва ғайра ва низ сифоте, ки дар китоб ва суннат барои зоти поки Ӯ зикр шудааст мебошад ва ҳеҷ мусулмоне мункири он нест, вале дар ин ки мурод аз тавҳид дар сифот чист, тафсирҳои мухталифе миёни онҳо вуҷуд дорад. Содатарин тафсир, тафсири аҳли ҳадис аст, ки салафиҳо низ онро писандидаанд. Онҳо мегўянд:
“Тавҳиди асмо ва сифот ин аст, ки ба тамоми номҳо ва сифатҳои Худованд, ки дар Қуръон ва аҳодиси Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омада, бовар намуда имон биёварӣ...”
Вале ба назар мерасад чунин тафсире, ҳарчанд мавриди инкор нест, вале гўёи ҳақиқати тавҳид дар сифот, ки дар каломи бузургоне чун ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ба он ишора шудааст намебошад.
Аз назари Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) тавҳид дар сифот ба ин маъност, ки Худованди Мутаол, ки дорои сифоте чун илм, ҳаёт, қудрат ва ғайра мебошад, кайфияти васф шуданаш ба ин сифот, мисли мо инсонҳо нест, ки зот ғайр аз сифот бошад, балки зоти Ӯ бо сифот ва ҳам ҷамии сифоти Ӯ бо якдигар дар хориҷ яке ҳастанд ва дуият ва дугонагӣ байни Ӯ ва сифоташ вуҷуд надорад. Агар касе мўътақид бошад, ки зоти Худо бо сифоташ, мисли мо инсонҳо, ду чиз ҳастанд, мўътақид ба дуият ва дугонагӣ дар бораи Худо шудааст, ки навъе ширк ба Худо маҳсуб мегардад. Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) мефармояд:
وكمال توحيده الاخلاص له، وكمال الاخلاص له نفي الصفات عنه، لشهادة كل صفة أنها غير الموصوف وشهادة كل موصوف أنه غير الصفة...
Камоли тавҳиди Худо ихлос барои Ӯст ва камоли ихлос барои Ӯ нафйи сифот аз Ӯст (яъне камоли ихлос барои Ӯ он аст, ки сифоти зоид бар зоти Ӯ тасаввур нашавад), зеро ҳар сифате гувоҳӣ медиҳад, ки вай ғайр аз мавсуф аст ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки вай ғайр аз сифат аст...
|