Ҷумъа, 26.04.2024, 23:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 31 » Роҳзанони асри бисту якум
Роҳзанони асри бисту якум
14:59

Дишаб (31.05.2010) дар як иқдоми ноҷавонмардона, нерӯҳои дарёии артиши режими саҳюнистӣ ба қофилаи киштиҳои Озодӣ, ки ба қасди шикасти муҳосираи навори Ғазза равонаи ин минтақа буд ҳуҷум оварда ва дар натиҷа 20 нафар аз озодагони ҷаҳонро, ки ҳадафе ҷуз кӯмак ба гуруснагони фаластинӣ надоштанд кушта ва беш аз 80 нафари онҳоро захмӣ карданд.

Новгони Озодӣ наздик ба 800 узв аз беш аз 40 кишвар дорад ва 44 шахсияти расмӣ ва порлумонии аврупоӣ ва арабӣ дар он ҳузур доранд. Ин новгон 10 ҳазор тонн кӯмакҳои тиббӣ ва маводди сохтусозу чӯб ба Ғазза ҳамл мекунанд ва 100 манзили маскунии омода низ барои кӯмак ба новгони Ғазза дар он қарор дорад, 500 сандалии чархдори барқӣ низ аз ҷумлаи дигар таҷҳизоти ин новгон аст, ки ба Ғазза мунтақил мешавад.

Ба гузориши Palestine-info, Исмоил Ҳаниа, нахуствазири давлати мунтахаби Фаластин куштаҳои новгони Озодии Ғаззаро шуҳадои миллати Фаластин хонд ва зимни номгузории имрӯз (душанбе 31.05.2010) ба номи "Рӯзи Озодӣ” хостори эътисоби саросарӣ дар ҳар ду минтақаи навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ тайи фардо сешанбе шуд.

Ҷамол ал-Хузр раиси кумитаи мардумӣ барои шикастани муҳосираи Ғазза дар мусоҳиба бо шабакаи Ал-ҷазира, бо баёни ин ки аз 3 соат пеш иртиботи мо бо киштиҳои Озодӣ ба таври комил қатъ шуд, ҳамлаи саҳюнистҳо ба новгони Озодиро навъе "роҳзании дарёӣ” донист ва таҳарруки мардумӣ ва давлатии густарда барои мувоҷеҳа бо иқдомоти саҳюнистҳоро хостор шуд.

Маҳмуд Аҳмадинажод раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо ишора ба юриши саҳюнистӣ ба корвони кӯмакҳои мардумӣ, таъкид кард: "Баъзеҳо хаёл мекунанд ин иқдомот нишонаи қудрат аст, вале бояд бидонанд, ки нишонаи поёни онҳост”.

Амири Қатар низ бо маҳкум кардани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба корвони кӯмакрасонии Ғазза, хостори дарҳам шикастани муҳосираи таҳмилии ин минтақа шуд.

Алӣ аш-Шомӣ вазири умури хориҷаи Лубнон, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Ал-ҷазира, таҷовузи саҳюнистҳо ба новгони Озодиро мухолифи қавонини байналмилалӣ донист ва "Исроил”-ро масъули мустақими ин таҷовуз баршумурд. Вай бо ирсоли телеграфи фаврӣ ба намояндаи Лубнон дар Шӯрои амният, хостори баргузории нишасти фавқулодаи Шӯрои амният шуд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ин корвонро маҳкум ва онро ҷинояте алайҳи башарият хонд ва аз ҷомеаи байналмилал хост то иқдоме алайҳи ин ҳамла сурат диҳанд.

Давлати Юнон бо фаро хондани сафири режими саҳюнистӣ дар Афина, размойиши муштараки Юнон бо ин режимро дар эътироз ба юриши саҳюнистҳо ба корвони имдодрасонии Ғаззаро мутаваққиф ва сафари фармондеҳи нерӯи ҳавоии "Исроил”-ро ба ин кишвар лағв кард.

Вазири умури хориҷаи Ирланд низ ҳамлаи имрӯзро маҳкум кард ва онро "вокуниши комилан ғайри қобили қабул” хонд.

Иттиҳодияи араб низ барои баррасии наҳваи вокуниш ба юриши режими саҳюнистӣ ба корвони кӯмакрасонии Ғазза, фардо нишасти фавқулода баргузор хоҳад кард.

Фаронса имрӯз дар вокуниш ба юриши режими саҳюнистӣ ба корвони кӯмакрасонӣ ба Ғазза, ин иқдомро ғайри қобили тавҷеҳ хонд. Бернар Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса эълом кард: "Ман аз ин таҳоҷуми Исроил ба корвони имдодрасонӣ ба Ғазза бисёр шука ва ҳайратзада шудам. Ҳеҷ чиз наметавонад ин иқдоми хушунатомезро тапвҷеҳ кунад”.

Дар ҳамин ҳол, муовини раҳбари Ҷунбиши исломии Фаластин дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ, таҳдид кард, ки дар сурати дуруст будани хабари ҷароҳати Шайх Роид Салоҳ, раҳбари ин ҷунбиш, ки имдодрасонҳоро ҳамроҳӣ мекард, "паёмадҳои хатарноке дар интизори минтақа хоҳад буд”.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз аз ҷониби Амрико, ки ҳомии аслии режими саҳюнистӣ ба шумор меравад, ҳеҷ вокунише иброз нашуда ва сукути мутлақро ихтиёр кардааст, ҳатто расонаҳои марбут ба Амрико, аз ҷумла Озодӣ, ки хештанро тарафдори ҳуқуқи башару озодии баён қаламдод меунад, ҳеҷ гузориши қобили таваҷҷӯҳе дар ин бора надодаанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 650 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz