Ҷумъа, 26.04.2024, 06:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 15 » Қозидомулло! Заҳамоти шумо ҳадар нарафтааст...
Қозидомулло! Заҳамоти шумо ҳадар нарафтааст...
21:01

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Талх аст агар рӯзе кор ба ҷое бирасад, ки туро муттаҳам ба дурӣ аз ҳадафе намоянд, ки тамоми умри хеш сарфи таҳқиқи он намуда ва орзуе ҷуз ҷомаи амал пӯшидани он надоштӣ. Талхтар аз ин он аст, ки касоне туро муттаҳам ба дурӣ аз ин ҳадаф намоянд, ки рӯзгоре дар муқобили ту меистоданд то ба ҳадафат нарасӣ.

Дирӯз яке аз дӯстонам тамос гирифт ва баъд аз аҳволпурсӣ, гуфт, хабар дорӣ, ки имрӯз дар пойгоҳи Ховар, Қозидомулло мавриди нописандтарин дашномҳо ва норавотарин тӯҳматҳо қарор гирифта? Гуфтам, оре, хабар дорам. Гуфт, агар огоҳӣ, пас матлабе, ки аз эшон дар пойгоҳи худ гузоштӣ, фикр кардам ҳатман дар бораи рафъи тӯҳмат аз домани хеш аст, аммо дидам гуфтугӯи эшон бо яке аз хабарнигорон перомуни ҳодисаи ҳатки Қуръони Карим оварда шуда. Магар шоиста набуд вокуниши эшон дар баробари ҳатки ҳурмати худ ва хонаводаашонро биёварӣ, на мавзеи эшон дар муқобили Қуръонсӯзиҳоро?

Посухи камина барои ин дӯсти ғаюрам ин буд, ки ман огоҳона ин корро кардам, ва ҳадаф ҳам дорам. Ва он ин ки имрӯз ин мардро воқеаи дилхароши ҳатки ҳурмати Қуръон, бештар нигарон мекунад то ҳодисаи ҳатки ҳурмати соҳати худ ва хонаводааш. Ва асосан ҳамин вижагии ӯ ва бародаронаш дар дифоъ аз ҳарими Қуръону ислом буд ва ҳаст, ки Худованд муҳаббати ӯ дар дили мардумон ҷой дода. Мардумон агар барои ӯ ва бародарони гиромияш ва пеш аз онҳо барои марҳум қиблагоҳаш эҳтиром мегузоштанд ва мегузоранд, на бад-ин ҷиҳат будааст, ки ошиқи чашму абрӯи онҳо бошанд, балки ба ин хотир ки инон посдори Қуръону ислом буда ва ҳастанд.

Ҳол, роқими сутур дар ин навиштор дар садади рафъи тӯҳматҳои норавои он дашномдиҳанда нестам, ва дар ин мақом ҳам қарор надорам, ва асосан мӯътақидам, дар ҷомеаи мо касе нест, ки ба ин суханон бовар кунад, то навбат ба он бирасад, ки касе дар садади рафъи онҳо барояд; ҳатто худи дашномдиҳанда ва касоне ки аз пушт ӯро ҳидоят мекунанд, бовар ба ин ёвагӯиҳояшон надоранд. Балки мехоҳам роҷеъ ба як матлабе дигар сӯҳбат кунам.

Дашномдиҳанда, ки хоста бо ин кораш аз ҷойгоҳи Қозидомулло бикоҳад, чӣ мегӯяд? Чӣ чизеро баҳона барои костан аз эътибори эшон қарор медиҳад? Касе ки ин дашномномаро нигоштааст, ноогоҳона парда аз рӯи ҳақоиқе бардошта, ки ҳикоят аз таҳаққуқи ормону аҳдофе дорад, ки амсоли Қозидомулло ва бародаронаш солҳо барои ҷомаи амал пӯшидани онҳо дар ҷомеа мекӯшиданд; ҳикоят аз ин дорад, ки талошҳояшон беҳуда ҳадар нарафта будааст.

Масалан, ӯ иддао мекунад:

"Касоне, ки ӯро марди диндор ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ меҳисобанд, хатои маҳз мекунанд.”

"Ба хотири манфиату шӯҳраташ пайваста талаботи шариатро сарфи назар мекунад.”

"Рибохорӣ эълони ҷанг бо Худост, Тӯраҷонзода бошад, аз ҷанг бо Худо наметарсад, ҳатто ба дигарон дар ин амал фатво медиҳад.”

"Баъзеҳо ақидаи хато доранд, ки Тӯраҷонзода сиёсатмадори бузург аст, аммо ҳатто агар чунин ҳам бошад, фақат дар сиёсати ғайри шаръӣ аст”, ва амсоли ин аз дашномҳову тӯҳматҳои нораво, ки худаш некӯ медонад, ки соҳати ин мард аз тамоми ин бӯҳтонҳо барӣ ва пок аст.

Ҳол, он ҳақоиқ чист, ки дашномдиҳанда нохудогоҳ парда аз рӯи онҳо бардошта?

Ӯ он ҷо ки мегӯяд, Қозидомулло "марди диндор” нест, ва ё "пайрави мазҳаб” нест, зимнан ин ҳақиқатро пазируфта, ки мардуми мо мардуми диндор ва ба арзишҳои исломӣ эҳтиром қоиланд, ва агар қарор бошад имрӯз касеро дар ҷомеа "беобрӯй” созад, чорае надорад ҷуз ин ки бигӯяд: Ҳон мардум! Фалонӣ диндор нест. Замоне (дар замони Шӯравӣ) агар мехостанд касеро ба чизе муттаҳам кунанд, мегуфтанд, фалонӣ пойбанд ба дин аст! Ҳоло баръакс.

Пас, имрӯз, ормонҳо ва аҳдофе дар ҷомеа таҳаққуқ ёфтаанд, ки замоне амсоли Қозидомулло ва хонаводааш барои амалӣ шудани онҳо кӯшиш мекарданд, ва имрӯз, Худоро шукр, он ормонҳову аҳдоф то ба ҷое дар ҷомеа реша давондаанд, ки касоне ки пештар барои маҳви он мекӯшиданд, ногузиранд ба он чанг бизананд. Пас, талошу кӯшиши Қозидомулло беҳуда ҳадар нарафтааст, балки саъйи касоне ҳадар рафта, ки мехостанд бо шиори "Дин афюни халқ аст”, ислому исломхоҳонро маҳву нобуд созанд.

Дашномдиҳанда он ҷо ки мегӯяд, Қозидомулло ба хотири "манфиату шӯҳраташ пайваста талаботи шариатро сарфи назар мекунад”, зимнан пазируфтааст, ки имрӯз, пойбандӣ ба аҳкоми шариат дар ҷомеа, падидае матлуб ва писандида шумурда мешавад, ва мардумон, ба касоне, ки пойбанд ба шариат намебошанд ва аз доираи аҳкоми Қуръону суннат пой берун фаро мениҳанд, эҳтиром қоил нестанд. Худоро шукр. Ин ҷои ташаккур дорад. Магар Қозидомулло ва амсоли ӯ, солиёни дароз мардумро ба сӯи ҳамин матлаб намехонданд ва дар ин ҷода аз ҷону моли хеш сарфи назар намекарданд? Пас, ба ҳадафи худ расиданд.

Дашномдиҳанда он ҷо ки мегӯяд, "рибохорӣ эълони ҷанг бо Худост, Тӯраҷонзода бошад, аз ҷанг бо Худо наметарсад, ҳатто ба дигарон дар ин амал фатво медиҳад”, зимнан пазируфтааст, ки рибо ва падидаи рибохорӣ, имрӯз дар ҷомеа, манфур ва нописанд мебошад. Пас, Худоро шукр, имрӯз ҳамон чизе дар ҷомеа таҳаққуқ ёфта, ки солиёни дароз Қозидомуллову бародаронаш аз минбарҳо ҷор мезаданд, ки мардум! Рибо ҳаром аст, рибо нахӯред... Магар ин ҷои ташаккуру сипос надорад? Дасти дашномдиҳанда дард накунад, ки нохудогоҳ парда аз рӯи ин ҳақиқат бардошта!

Инчунин, ҷаноби дашномдиҳанда зимнан пазируфтааст, ки низоми бонкдорӣ дар кишвари азизамон, ки бар пояи рибо устувор аст, ва барои касе ҳам пӯшида нест, низомест нописанд. Пас, барои ҷаноби дашномдиҳанда пешниҳод мешавад, ин ғайрату вафодории хеш ба нописандии рибохориро маҳзари гиромии давлати мӯҳтарами мо бирасонад, ки кори эшон нописанд аст!

Аз ҳама муҳим, вақте дашномдиҳанда мегӯяд, "баъзеҳо ақидаи хато доранд, ки Тӯраҷонзода сиёсатмадори бузург аст, аммо ҳатто агар чунин ҳам бошад, фақат дар сиёсати ғайри шаръӣ аст”, зимнан пазируфтааст, ки "сиёсати ғайри шаръӣ” нописанд ва мардуми ҷомеаамон аз он мутанаффиранд, вагарна чаро онро айб медонад? Сиёсати ғайри шаръӣ; яъне сиёсате, ки мубтанӣ бар шариат набошад; сиёсате, ки созу кораш ношӣ аз дастуроти шариати муқаддас набошад. Ҷаноби дашномдиҳанда бо ин сухани худ, нохудогоҳ ҷиҳотеро ҳадафи тири хеш қарор дода, ки сиёсаташон сарчашма дар шариат надорад. Ҳол, бояд бибинем касоне ки бо "сиёсати ғайри шаръӣ” ҳукумат меронанд, оё ин сухан қабул доранд? Оё қабул доранд, сиёсат бояд сарчашма дар дастуроти шариат дошта бошад?

Ба ҳар ҳол, бояд аз дашномдиҳанда камоли ташаккурро намуд, ки зимни дашном, парда аз рӯи ҳақоиқе бардоштааст, ки мутмаиннам агар ба онҳо таваҷҷӯҳи лозим дошт, ҳаргиз иқдом ба он наменамуд.

Дар поёни ин навиштор ногузирам ин ҳақиқат бозгӯям, ки талх аст агар кор ба ҷое бирасад, ки туро муттаҳам ба дурӣ аз ҳадафе намоянд, ки тамоми умри хеш сарфи таҳқиқи он намуда ва орзуе ҷуз ҷомаи амал пӯшидани он надоштӣ. Талхтар аз ин он аст, ки касоне туро муттаҳам ба дурӣ аз ин ҳадаф намоянд, ки рӯзгоре дар муқобили ту меистоданд то ба ҳадафат нарасӣ...

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 746 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
21.09.2010
1. Умедчон [Материал]
Худованд нигахбони Шумо, Мулломаъруфчон ва ахли байти Турачонзодахо бошад, бародари гироми Сайидюнус. Ислому Паембарро аз даврахои кадим мушрикону душманон тахкиру маломат мекарданд ва инчунин ворисони Паембарро. Лекин дониста бошанд, ки пуштибони ин ворисони Паембмар Худованд аст, магар метавонад ягон кас зараре ба Худованду Ислом биерад? Бо чунин амалхояшон бехабаранд, ки онхо ба худашон зулм кардаанд на ба ин ворисон. Худованд шуморо хидоят кунад, ки аз ин амали зишту палид боз истед, вагарна дарак надоред, ки чи шуморо интизор аст.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz