Сешанбе, 26.05.2020, 10:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 26 » Мутаассиб кист?
Мутаассиб кист?
21:32

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯзҳо, он ҷо ки вожаи "мутаассиб” ба кор меравад, дар зеҳни шунаванда, ғолибан афроди диндоре табодур мекунад, ки пойбанд ба як силсила усули муайяни динӣ ҳастанд; гӯи ин ки вожаи номбурда, дар хориҷ мисдоқе ба ҷуз диндорони пойбанд надошта бошад. Оё воқеияти ҳол ҳамин аст, ё чизе дигар?

Дар ин навиштор, пеш аз ҳар чизе, бояд вожаи "таассуб” таъриф шавад то бо як биниш ва басирати лозим, гуфтори минбаъди роқими сутур думбола гардад.

Таассуб чист?

Андешмандон дар мавриди ин ки таассуб чист, бар як таърифи воҳиде иттифоқи назар надоранд. Ҳар яке ба таносуби ҷаҳонбии хеш, таърифи махсусе аз ин падида дорад. Бо ин вуҷуд, метавон дидгоҳҳои онҳоро чунин хулоса намуд, ки таассуб ба ҳар навъ вобастагии шадиди фикрӣ ва амалӣ гуфта мешавад, ки ғолибан бори манфӣ дорад.

Аммо аз он ҷо ки наметавон ҳар навъ вобастагӣ ҳатто вобастагии шадидро манфӣ донист, аз ин рӯ, бархе аз андешмандон таассубро ба ду қисми манфӣ ва мусбат тақсим кардаанд. Онҳо мегӯянд, агар таассуб ва вобастагии инсон, ба умури ғайри мантиқӣ ҳамчун андешае ғайри мустадал ва ё нажод, қабила ва амсоли он бошад, як чунин таассубе таассуби манфӣ аст, аммо агар таассуб ва вобастагии ӯ, нисбат ба умури мантиқӣ ҳамчун ҳақиқат ё арзишҳои волои инсонӣ бошад, дар ин сурат, бе шак инчунин таассубе таассуби мусбат мебошад.

Таассуб дар манобеи исломӣ

Дар манобеи динии мо мусалмонон, вожаи таассуб ҳарчанд ба маънои манфии он; яъне таассуб ва вобастагӣ нисбат ба умуре чун нажод, қабила ва рангу пӯст, ки аз он ба номи "таассуби ҷоҳилӣ” ёд шуда, бештар ба кор рафтааст, аммо ба маънои мусбати он ҳам гоҳе корбурд дорад.

Дар ривояте омадааст: "Таассуб он аст, ки бадҳои қавми худро беҳтар аз некони қавми дигар бибинед. Таассуб он нест, ки касе қавми худро дӯст дошта бошад, лекин (таассуб) он аст, ки қавми худро кӯмак намояд бар зулм”.[1]

Паёмбари Акрам (с) фармудааст: "Таассуби ҳаром он аст, ки хешону наздиконро дар корҳои нораво ва ситам кӯмак кунӣ”.[2]

Ва аммо дар мавриди таассуби мусбат, ки гуфтем ҳамон вобастагӣ нисбат ба ҳақиқат ё арзишҳои волои инсонист, Алӣ (к) мегӯяд: "Агар дар таассуб варзидан ночоред, барои ахлоқи писанида, афъоли некӯ ва корҳои хуб таассуб дошта бошед; ҳамон афъол ва кирдоре, ки инсонҳои бошахсият ва шуҷоноони хонадони араб ва сарони қабоил дар онҳо аз якдигар пешӣ мегирифтанд; яъне ахлоқи писандида, бурдборӣ ба ҳангоми хашми фаровон ва кирдору рафтори зебо ва дуруст ва хислатҳои некӯ. Пас таассуб варзед дар ҳимоят кардан аз паноҳандагон ва ҳамсоягон, вафодорӣ ба аҳду паймон, итоат кардан аз некиҳо, сарпечӣ аз такаббур ва худписандиҳо, талош дар ҷуду бахшиш, худдорӣ аз ситамкорӣ, хатарнок шумурдани хунрезӣ, инсоф доштан бо мардум, фурӯ бурдани хашм, парҳез аз фасодкорӣ дар замин, то растгор шавед”.[3]

Ҳол бибинем мутаассиб (-и манфӣ) ба чӣ касе гуфта мешавад?

Бо таваҷҷӯҳ ба таърифе, ки аз таассуб оварда шуд ва ҳамчунин бо дар назар гирифтани дидгоҳи ойини муқаддаси ислом ба ин падида, оё касеро, ки ба усуле чанд ҳамчун эътиқод ба вуҷуди офаридгор, бовар ба паёмбарӣ ва паёмбарон, имон ба рӯзи охират (албатта эътиқодоте, ки мубтанӣ бар далелу бурҳон бошанд) ва низ вафодорӣ ба аҳду паймон, дурусткорӣ, парҳез аз такаббуру худбинӣ, ибодат ва парастиши огоҳонаи парвардигор, пардохти закоти мол ба бечорагон ва аз ин қабил арзишҳои динӣ ва инсонӣ пойбанд бошад, сазовор аст мутаассибаш (албатта ба маънои манфии он) хонем, ё касеро, ки масалан нажоди худро бартар аз нажоди дигарон ва хештанро як зина болотар аз соирон қарор диҳад мутаассибаш донем?

Шигифтангезтар аз ин он аст, ки бархе чунин ҳастанд, ки ба фарде, ки гаҳ-гоҳе пойбанди намозу рӯзааш ҳам буда, аммо нисбат ба соири дастуроти қатъии шариати ислом беэътино бошад, чун касе ки дар моҳи Рамазон ҳарчанд рӯза гирифта, намози таровеҳ ҳам баҷо оварад, аммо дар ғайри ин моҳ гаҳ-гоҳе лаб ба шароб мезанад, ва ё касе ки ҳарчанд лофи диндорӣ занаду аммо таваҷҷӯҳе ба аҳкоми исломӣ надошта бошад, ба чунин фарде, мегӯянд, ин шахс мутаассиб нест. Аммо касеро, ки огоҳона пойбанди дастуроти шариат буда, ҳозир набошад ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи авомири сареҳи ойини муқаддаси ислом гом бардорад, мегӯянд, он фард фарди мутаасибе мебошад.

Яъне, вожаи таассуб дар назди ин афрод, амалан ба касе ба кор бурда мешавад, ки диндори пойбанд аст, аммо адами таассуб, ба касе ки диндори лоқайду лоуболӣ мебошад.

Диндори воқеӣ, аз назари ислом, як мисдоқ бештар надорад ва ӯ ҳамон касест, ки вақте нисбат ба пояҳо ва усули мусаллами исломӣ бовар овард (ки албатта бояд бовараш бар асосҳои муҳками ақлӣ устувор бошад), он гоҳ ба тамоми дастуроти шариат пойбанд ва амал мекунад, дар ғайри ин сурат, ӯ амалан диндор нест, балки истилоҳан дар ислом ба чунин касе мунофиқ гуфта мешавад. На ин ки бигӯем, чунин касе диндор аст, аммо диндори "ғайри мутаассиб”.

Мазҳабгароӣ ва шахспарастӣ, таассуби манфист

Албатта ногуфта намонад, ки мусалмоне, ки нисбат ба мазҳабе аз мазоҳиби исломӣ ва ё як шахсият аз шахсиятҳои динӣ таассуби беҷо биварзад; ба ин сурат ки исломро фақат дар ҳамон мазҳабе, ки аз он пайравӣ мекунад ва ё дар гуфтор, кирдор ва чеҳраи яке аз шахсиятҳои исломӣ хулоса карда ва бақияи мазоҳиби исломӣ, ки бо мазҳаби вай ихтилоф доранд ва ё соири шахсиятҳо ва чеҳраҳои исломиро ботил андар ботил ангорад, қатъан чунин касе мутаассиб ба маънои манфии он аст.

Иллаташ ҳам ин аст, ки ойини ислом, ихтилоф дар масоиле ғайр аз заруриёти динро ҷоиз шумурда ва дидгоҳи ҳар муҷтаҳиде (коршиноси маорифи исломӣ)-ро дар он доира қобили қабул медонад. Ихтилофи мазоҳиби исломӣ бо якдигар, дар воқеъ дар доираи ҳамин масоил аст ва ҳеҷ як аз онҳо, дар мавриди заруриёти дин бо ҳам ихтилофи назар надоранд. Ҳол, як нафар мусалмон, дар масъалае аз масоили исломӣ, пайрави мазҳаб ва ё андешманде мушаххас аст, ва нафари дигар, дар ҳамон масъала, тобеи мазҳаб ва ё донишманде дигар.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, пофишории пайрави яке аз мазоҳиби исломӣ бар ин матлаб, ки ислом ҳамон аст, ки мазҳаби ман мегӯяд ва дидгоҳи бақия ботил ва куфр андар куфр ҳастанд, ҷуз таассуби манфӣ талаққӣ нахоҳад шуд, ва мусалмон набояд дар ин дом, ки паёмбадҳои бас манфӣ дорад қарор бигирад.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 525 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2014
1. Johan [Материал]
There is a critical shortage of inivamrtfoe articles like this.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz