Чоршанбе, 24.04.2024, 03:06
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 2 » Марди ношинос
Марди ношинос
22:03

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо, мусалмонон, вақте мегӯем, дини мо, дини ҳақ аст, ойини саодатовар аст ва башар, танҳо зери сояи ҳамин мактаб, ба саодати воқеии худ хоҳад расид, на танҳо аз ин ҷиҳат аст, ки ақоиду андешаҳои исломӣ ва дастуруламалҳои рафтории ин ойин, ки дар Қуръону суннат мутабалвар ҳастанд, ба лиҳози назарӣ, мутобиқ бо воқеъ ва ҳамоҳанг бо фитрати инсонӣ мебошанд, балки илова бар ин, ислом, амалан ва дар олами воқеъ, муддаои хешро ба исбот расондааст.

Агар мо, барои исботи муддаои ойинамон, танҳо ба маорифи мавҷуд дар манобеъ (Қуръону суннат) чанг бизанем, чи басо касе ва ё касоне бароямон ишкол бигиранд, ки хеле аз макотибу ойинҳо ҳастанд, ки муддаии овардани саодат барои башар мебошанд ва бо "суханони дилчаспу одамписанд” гӯши ӯро пур ва бо ваъдаи бинои "мадинаи фозила” барояш коми вайро ширин месозанд, вале дар амал мебинем, ки на танҳо он ваъдаҳо иҷро намешаванд, балки асосан қобили иҷро ва пиёда шудан нестанд.

Магар, мактаби коммунистӣ, ба лиҳози назарӣ, барои башар ваъдаҳои баде дода буд ва ҳанӯз медиҳад? Ҷомеаи баробарҳуқуқ, тавзеи одилонаи сарват, озодии инсон ва ғайра аз ваъдаҳо... Асосан, ҳамин ваъдаҳояш буд, ки тарафдорони зиёде барояш пайдо шуда буданд.

Ҳокими исломӣ

Яке аз мавориде, ки исломи азиз дар манобеъ ва сарчашмаҳояш рӯйи он таъкиди фаровон кардааст, кӣ ва чӣ гуна будани ҳоким ва пешвои як кишвар аст. Ҳокими як мамлакат аз дидгоҳи ислом, бояд касе бошад, ки ба мақом ва ҷойгоҳе, ки дар он қарор дорад, ба унвони як масъулият ва вазифа нигоҳ кунад, на ба ҳайси як имтиёз. Гунаи зиндагӣ ва ҳаёти ӯ, фарқе бо шаҳрвандони оддии ҷомеааш надошта бошад, ҳатто дар порае аз ривоёти исломӣ омадааст, ки ҳоким бояд бибинад чӣ касе дар ҷомеаи ӯ дар пойинтарин сатҳи зиндагӣ қарор дорад ва он гоҳ ҳамонанди ӯ зиндагӣ баргузинад.

Ҳол, ин таъкидот, чунон ки ишора шуд, на танҳо ба лиҳози назарӣ моро хушбин ба ислом ва маорифи он мекунад, балки амалан мо шоҳиди пиёда ва иҷро гардидани ин "бояду набоядҳо” мебошем.

Таърихи дурахшони ислом, намунаҳои зиёде аз ҳолу вазъи ҳокимони исломӣ, хусусан дар асри хулафои чаҳоргона бароямон нақл кардааст. Ҳол, бо нақли яке аз онҳо, ки марҳуми Мутаҳҳарӣ, ин донишманди шаҳири ҷаҳони ислом дар китоби "Достони Ростон”-и хеш овардааст, басанда мекунам:

Марди ношинос

Зани бечора, машки обро ба дӯш кашида буд ва нафасзанон ба сӯйи хонааш мерафт. Марди ношиносе ба ӯ бархӯрд ва машкро аз ӯ гирифт ва худаш ба дӯш кашид. Кӯдакони хурдсоли зан, чашм ба дар дӯхта мунтазири омадани модарашон ба хона буданд. Дари хона боз шуд. Кӯдакони маъсум диданд марди ношиносе ҳамроҳи модарашон ба хона омад ва машки обро ба ҷои модарашон ба дӯш гирифтааст. Марди ношинос машкро ба замин гузошт ва аз зан пурсид:

- Хуб, маълум аст, ки марде надорӣ, ки худат обкашӣ мекунӣ, чи тавр шуда, ки бе кас мондаӣ?

- Шавҳарам сарбоз буд. Алӣ ибни Абӯтолиб, халифаи вақт, ӯро ба яке аз марзҳо фиристод ва ӯ дар он ҷо кушта шуд. Акнун манаму ин чанд тифли хурдсол.

Марди ношинос беш аз ин дигар сухане нагуфт. Сарро ба зер андохт ва худоҳофизӣ кард ва рафт, вале дар он рӯз, лаҳзае ҳолу вазъи он зану баччаҳояш аз фикраш берун намерафт. Шабро натавонист роҳат бихобад. Субҳи зуд занбиле бардошт ва миқдоре озуқа аз гӯшту орду хурмо дар он рехт ва яксара ба тарафи хонаи дирӯзӣ рафт ва дар зад.

- Кистӣ?

- Ҳамон бандаи худои дирӯзӣ ҳастам, ки машки об бароят овардам, ҳоло миқдоре ғизо барои баччаҳо овардаам.

- Худо аз ту розӣ шавад, ва байни мо ва Алӣ ибни Абӯтолиб ҳам Худо худаш ҳукм кунад.

Дарро боз кард ва марди ношинос дохили хона шуд, баъд гуфт:

- Дилам мехоҳад савобе карда бошам, агар иҷоза бидиҳӣ, хамир кардан ва пухтани нон ё нигаҳдории атфолро ман ба ӯҳда бигирам.

- Бисёр хуб, вале ман беҳтар метавонам хамир кунам ва нон пазам, ту баччаҳоро нигоҳ дор, то ман аз пухтани нон фориғ шавам.

Зан рафт думболи хамир кардан. Марди ношинос фавран миқдоре гӯшт, ки худ оварда буд, кабоб кард ва бо хурмо бо дасти худ ба баччаҳо хӯронд. Ба даҳони ҳар кадом, ки луқмае мегузошт, мегуфт:

- Фарзандам! Он халифаро ҳалол кун, агар дар кори шумо кӯтоҳӣ кардааст.

Хамир омода шуд. Зан садо зад:

- Бандаи Худо! Ҳамон танӯрро оташ кун.

Марди ношинос рафта ва танӯрро оташ кард. Шӯълаҳои оташ забона кашид, чеҳраи хешро наздики оташ овард ва бо худ мегуфт: Ҳарорати оташро бичаш, ки ин аст кайфари он кас ки дар кори ятимону бевазанон кӯтоҳӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол буд, ки зане аз ҳамсоягон ба он хона сар кашид ва марди ношиносро шинохт. Ба соҳибхоназан гуфт:

- Вой ба ҳолат! Ин мардро, ки кӯмак гирифтаӣ намешиносӣ? Ин Амири мӯъминон Алӣ ибни Абӯтолиб аст.

Зани бечора пеш омад ва гуфт:

- Эй ҳазор шармсорӣ аз барои ман! Ман аз ту маъзарат мехоҳам.

- На, ман аз ту маъзарат мехоҳам, ки дар кори ту кӯтоҳӣ кардам.

Поёни гуфтор

Худоё! Барои ҳуккоми мо ҳам лоақалл қатрае аз ин тавфиқотат ато фармоӣ, то ба фикри ҳолу вазъи мардумони худ ба сар баранд!

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 1153 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz