Ҷумъа, 19.04.2024, 17:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 11 » Чаро Худо моро офарид?
Чаро Худо моро офарид?
22:27

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин пурсиш, ки чаро Худованд мо одамиёнро офаридааст, яке аз асоситарин пурсишҳои матраҳ дар тӯли торихи андешаи башарист ва ҳамвора дар имтидоди қарнҳову асрҳо, азҳони бисёреро ба худ машғул кардааст, ва башар ҳамеша мехоста то бидонад, ки аз куҷо омада? Барои чӣ омада? Ва ба куҷо меравад?

Ба гуфтаи Мавлавӣ:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам?

Мондаам сахт аҷаб к-аз чӣ сабаб сохт маро?

Ё чӣ будаст муроди вай аз ин сохтанам?

Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд?

Ба куҷо меравам охир, нанамойи ватанам?

Пас, пурсиш ин аст, ки мо чаро офарида шудаем ва ҳадаф аз хилқати инсон чист ва агар Худо моро намеофарид чӣ мешуд?

Барои посух ба пурсиши номбурда, макотиби мухталифе по ба ин арса гузорида ва дар ин бора қаламфарсоӣ кардаанд, ва албатта ҳар кадом, аз зовияи хосси биниш ва ҷаҳонбинии худ посухҳоеро ироа кардаанд, аммо ба назари камина, ҳеҷ кадом аз ин посухҳои макотиби инсонӣ, одамиро қонеъ намекунад. Дар муқобил, посухе, ки мактаби ислом ба ин пурсиш медиҳад, гузашта аз ин ки одамиро қонеъ месозад, айни воқеъ ва ҳақиқат ҳам ҳаст. Ҳол, посухи мактаби ислом дар ин замина:

1. Қуръони Карим, он ҷо ки холиқи ҳастиро барои одамӣ муаррифӣ мекунад, мефармояд: "Ва лаҳул асмоул ҳусно”,[1] яъне Худовандро некӯтарин номҳост. Дар биниши исломӣ, Худованд дорандаи ҷамии сифот ва камолоти ҳастӣ аст ва сифоти ӯро ҳадду марзе нест: "Сипос Худовандеро, ки суханварон аз сутудани ӯ нотавон, шуморандагон аз шумориши неъматҳои ӯ оҷиз ва кӯшишкунандагон аз адои ҳаққи ӯ дармондаанд... Парвардигоре, ки барои сифатҳои ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад...[2]

Камолоти ҳастӣ, яъне сифоте, ки камол маҳсуб мешаванд чун илм, қудрат, ҳаёт ва ... Ҳеҷ камоле нест магар ин ки зоти парвардигор дорандаи он, ва ба гунаи мутлақ ва бениҳоят онро дорост. Агар олим аст, илми ӯ басон дониши башар маҳдуд нест, балки бепоён аст. Агар қодиру тавоност, қудрати ӯро ҳадду марзе нест ва ...

Ҳол, яке аз камолот, файз аст. Файз яъне офаридан, бахшидан ва эҷод кардан. Худованд, ки файёз аст; он ҳам ба гунаи бениҳоят, камоли файёзияти ӯ иқтизо мекунад, ки ҳар чиро лоиқи офарида шудан аст биёфаринад: "Ҳамаро; ин гурӯҳро ва он гурӯҳро, аз атову бахшиши парвардигорат мадад расонем, ва атои парвардигорат аз касе боздошта нест”.[3] Ба иборати дигар, файёз ва атокунанда будани Худо, бо офаридан ва эҷод кардан таҳаққуқ мепазирад.

2. Муқаддимаи дигар ин аст, ки дар мавриди Худованд чунин нест, ки зоти ӯ чизе ва сифоташ чизи дигаре бошад. Дар мартабаи зоти илоҳӣ, дуият (дугонагӣ) матраҳ нест. Дар биниши исломӣ, эътиқод ба дугонагии зоту сифот, навъе ширк маҳсуб мешавад:

"Камоли ихлос Худоро аз сифатҳои махлуқоташ ҷудо кардан аст, чун ҳар сифате (дар мавриди соири мавҷудот ба ғайр аз Худо) нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф (зот) аст, ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас, касе ки Худоро бо сифати махлуқоташ бишносонад, ӯро ба чизе наздик кардааст, ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шудааст, ва бо матараҳ шудани ду Худо, барои Худои бузург аҷзое тасаввур кардааст, ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо, ӯро нашнохтааст...[4]

Пас, Худованд мисли мо одамиён ва ё соири мавҷудот нест, ки сифотамон ғайр аз зоти мо бошад. Масалан, себ як зот дорад ва сурхӣ ва ширинӣ сифати он аст. Ин сурхӣ ва ширинӣ, ғайр аз зоти себ аст; ба ин далел, ки себ метавонад ширин ва ё сурх набошад. Ва ё агар инсоне олим гардад, илми ӯ ғайр аз худи ӯст, чун метавонад олим набошад.

Пас, файёз будани Худо, ки яке аз авсофи ӯст, айни зоти Худост ва хориҷ аз зоти ӯ нест. Пас, агар суол шавад, ки чаро Худованд офарид? Хоҳем гуфт: чун Худост. Агар Худо Худост, лозимаи Худо буданаш, офаридан ва эҷод кардан аст. Худое, ки наёфарад, Худо нест.

3. Ҳол, ки аз ду муқаддимаи болоӣ фаҳмидем, ки файёзияти Худованд иқтизо дорад, ки биёфаринад, акнун пурсиш он аст, ки одамиро чаро офаридааст? Дар чанд оят аз Қуръон, Худованд ба ин пурсиш посух дода, ки хулосавор ба онҳо мепардозем:

а) Худованд мефармояд: "Ман дар замин ҷонишине хоҳам офарид”.[5] Ин оят ҳадаф аз офариниши инсонро хилофат ва ҷонишинии Худо муаррифӣ мекунад. Манзур аз ҷонишинии Худо ин аст, ки Худованд партаве аз сифоти худро дар даруни инсонҳо ба вадиа ниҳодааст, ки агар ин истеъдодҳо ба феълият бирасанд, инсон ба волотарин мароҳили камол даст хоҳад ёфт. Пас, бар асоси ин оят, ҳадаф аз хилқат, инсони комил аст.

Одамӣ, бо расидан ба ин мартаба, ба оромиши абадӣ ва лаззати пойдор даст хоҳад ёфт, чун ба камоли ниҳоии худ мерасад, ва саодату лаззати инсон ҷуз бо расидан ба камол таҳаққуқпазир нест. Ва ин ҳақиқат, дар сиришти ҳар инсоне ниҳода шуда. Чаро инсон огоҳиро бар ҷаҳолат, қудратро бар заъф, зинда буданро бар марг ва хулоса буданро бар набудан тарҷеҳ медиҳад? Чун ин авсоф камолот ҳастанд, ва инсон аз камол ёфтан лаззат мебарад. Вақте аз матлабе огоҳӣ меёбад, боз ҳам мехоҳад бештар огоҳ шавад. Вақте қудрате меёбад, боз ҳам мехоҳад қудрати бештар дастарси ӯ шавад. Хулоса, дар мавриди камолот, инсон дар як нуқтае таваққуф намекунад, мехоҳад ҳар камолеро ба гунаи бениҳоят доро шавад. Чаро? Чун оромиши ӯ фақат ва фақат бо расидан ба камоли ниҳоӣ, ки ҷуз Худованд нест, таҳаққуқ мепазирад. Ин аст маънои ҷонишини Худо будан.

б) Дар ояти дигаре мефармояд: "Ман ҷинну инсро наёфаридам магар то маро ибодат кунанд”.[6] Бино бар ин оят, ҳадафи хилқати инсон, ибодат ва бандагии Худост. Бояд ёдовар шуд, ки ибодат ва бандагии Худо, худ ҳадаф ва матлаби ниҳоӣ нест, балки бад-ин хотир матлуб аст, ки одамиро ба Худо наздик созад: "Ҳамоно манам Худои якто; Худое ҷуз ман нест. Пас, маро бипараст ва намозро барои ёд кардани ман барпо дор”.[7] Дар ин оят, ба рӯшанӣ ҳадаф аз барпоии намозро - ки ибодат аст - ёди Худо медонад. Пас, ибодат, ҳарчанд ба унвони ҳадафи офариниши инсон муаррифӣ шуда, аммо ҳадафи ниҳоӣ нест, балки ҳадафи мутавассит аст, ки инсонро ба як ҳадафи болотаре мерасонад. Ва ҳадафи болотар ҷуз худи Худо, ҷонишинии ӯ ва мазҳари сифоти ҷамоли ӯ гардидан нест. Оре, танҳо ибодат ва бандагии Худост, ки одамиро ба ин мартаба мерасонад.

Бухорӣ дар ҳадиси қудсие аз Абӯҳурайра (р) аз Расули Худо (с) овардааст, ки Худованд мефармояд: "Бандаи ман ба чизе ки маҳбубтар барои ман аз ибодоте, ки бар ӯ фарз гардонидаам бошад, ба ман наздик нашудааст. Бандаи ман ҳамвора ба воситаи нофилаҳо ба ман наздик мешавад то он ки ӯро дӯст дорам. Ва ҳар гоҳ ӯро дӯст доштам, гӯши вай хоҳам шуд, ки бо он мешунавад, чашми ӯ хоҳам гардид, ки ба он мебинад, дасти вай хоҳам шуд, ки бо он мегирад ва пойи ӯ хоҳам гардид, ки бо он роҳ меравад. Ва ҳар гоҳ аз ман чизе бипурсад, медиҳамаш, ва агар паноҳ биталаб, паноҳаш хоҳам дод...[8] Ба баёни дигар, бандае, ки Худоро бандагӣ мекунад ва ба ӯ наздик мешавад, мазҳари сифоти Худо дар рӯи замин хоҳад гардид. Яъне вақте мешунавад, бо гӯши илоҳӣ мешунавад, вақте мебинад, ба чашмони худоӣ мебинад, вақте роҳ меравад, ба пойҳои илоҳӣ роҳ меравад, хулоса, куллан худоӣ мешавад.

Қобили ёдоварӣ бошад, ки ояти дар боло зикр гардида ва ин ривоят, ки василаи тақарруб ва наздикӣ ба Худоро фақат бандагӣ ва ибодати Худо қаламдод мекунад, пиндори бархе аз сӯфимаобонро, ки мепиндоранд, ҳадаф тақарруб ба Худост ва намозу рӯзаву закоту ҳаҷҷу бақияи ибодот ҳамагӣ василаҳое барои расидан ба ҳадаф беш нестанд, аз ин рӯ, агар касе бидуни тавассул ба ин маросими ибодӣ ба Худо наздик гардад, дигар ниёзе ба анҷоми маросими номбурда нест, такзиб мекунад. Худо худ ба камоли вузуҳ ва рӯшанӣ мефармояд, роҳи тақарруб ва наздикӣ ба ман ҷуз ибодат нест, аммо он бехирадон мепиндоранд, ба анҷоми онҳо ниёзе нест! Ҳайҳот!

Пас, хулоса ин шуд, ки:

Аввалан: Худоии Худо иқтизо мекунад, ки биёфаринад ва эҷод кунад. Пас, агар суол шавад, ки чаро Худованд офарид? Хоҳем гуфт: чун Худост. Агар Худо Худост, лозимаи Худо буданаш, офаридан ва эҷод кардан аст. Худое, ки наёфарад, Худо нест;

Сониян: Худо, ки инсонро офарида, офаридааст то халифа ва ҷонишини Худо дар рӯи замин гардад, ва ҷонишинии Худо, яъне мазҳари сифоти ҷамоли ӯ шудан. Ва бо расидан ба ин мартаба, инсон ба саодат ва лаззати абадӣ даст меёбад. Ва гумон намеравад, касе дар ин гетӣ пайдо шавад, ки бигӯяд, ман намехоҳам саодатманд гардам, ва ё бигӯяд, ман намехоҳам лаззат барам, то навбат ба ин суол бирасад, ки чаро Худо моро офарида?

Солисан: Роҳи расидан ба ин мартаба, ҷуз ба парастиш ва ибодати Худо ба ҳамон ибодоте, ки Худо худ дастур фармудааст, муяссар нест. Ба баёни дигар, ҳар кас бихоҳад ба камоли ниҳоии худ, ки ҳамоно ҷонишинии Худо дар рӯи замин аст, бирасад, чорае надорад ҷуз ин ки ба дастуроти Худо сар фуруд оварад ва бо анҷоми маросими ибодие чун намозу закоту рӯзаву ҳаҷҷу ғайра аз ибодоти мавқуфӣ, бандагии ӯ анҷом диҳад.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 2055 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/3 |
Всего комментариев: 2
21.11.2012
2. gaughepaita [Материал]
Unbribed soul; the manlier indifference; the paying our way by what we.

11.10.2012
1. auuglw [Материал]
uygvzalc

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz