Ҷумъа, 03.05.2024, 09:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 2 » Ҳусни Муборак аз нигоҳи Имом Хумайнӣ
Ҳусни Муборак аз нигоҳи Имом Хумайнӣ
17:05

Имом Хумайнӣ пеш аз 20 сол гуфта буд, Ҳусни Муборак ҳамохур бо Исроили ҷинояткор аст ва дар роҳи хидмат ба Амрико ва "Исроил”, аз ҳеҷ хиёнате ба миллати худ рӯйгардон нест.

Имом Хумайнӣ, поягузори инқилоби исломӣ дар Эрон, ки дар ҳамин рӯзҳо ва соатҳо, ба раҳбарии ӯ, иниқлоби мардумӣ ва исломӣ дар Эрон пирӯз гардидааст, дар ҷое аз васиятнома сиёсӣ-илоҳии худ бо ишора ба ин ки душманони мардуми инқилобии Эрон ва низ соири мустазъафони ҷаҳон, даррандагоне ҳастанд, ки аз ҳеҷ ҷинояту хиёнате барои мақосиди шуми ҷинояткоронаи худ даст намекашанд, гуфтааст: "Миллатҳои исломӣ ва мустазъафони ҷаҳон муфтахиранд, ки душманони онҳо Ҳусейни урдунӣ, ин ҷиноятпешаи даврагард, Ҳасан (пошоҳи собиқи Марокаш) ва Ҳусни Муборак ҳамохур бо Исроили ҷинояткоранд ва дар роҳи хидмат ба Амрико ва "Исроил”, аз ҳеҷ хиёнате ба миллатҳои худ рӯйгардон нестанд”.

Дар зайл, порае аз ин васиятнома сиёсӣ-илоҳии Имом Хумайнӣ (р)-ро пешкаши хонандагон мекунем:

"...Миллати мо, балки миллатҳои исломӣ ва мустазъафони ҷаҳон муфтахиранд ба ин ки душманони онон, ки душманони Худои Бузург ва Қуръони Карим ва Исломи Азизанд, даррандагоне ҳастанд, ки аз ҳеҷ ҷинояту хиёнате барои мақосиди шуми ҷинояткоронаи худ, даст намекашанд ва барои расидан ба риёсат ва тамаъҳои пасти худ дӯсту душманро намешиносанд. Ва дар раъси онон, Амрико, ин террористи биззоти давлатӣ аст, ки сар то сари ҷаҳонро ба оташ кашида ва ҳампаймони ӯ саҳюнисти ҷаҳонӣ аст, ки барои расидан ба тамаъҳои худ, ҷиноёте муртакиб мешавад, ки қаламҳо аз навиштан ва забонҳо аз гуфтани он шарм дорад. Ва хаёли аблаҳонаи «Исроил Бузург», ононро ба ҳар ҷинояте мекашонад.

Миллатҳои исломӣ ва мустазъафони ҷаҳон муфтахиранд, ки душманони онҳо Ҳусейни урдунӣ ин ҷиноятпешаи даврагард, Ҳасан (пошоҳи собиқи Марокаш) ва Ҳусни Муборак ҳамохур бо Исроили ҷинояткоранд ва дар роҳи хидмат ба Амрико ва "Исроил”, аз ҳеҷ хиёнате ба миллатҳои худ рӯйгардон нестанд. Ва мо муфтахирем, ки душмани мо Саддом аблаҳест, ки дӯсту душман ӯро ба ҷинояткорӣ ва нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар мешиносанд ва ҳама медонанд, ки хиёнаткории ӯ ба миллати мазлуми Ироқ ва шайхнишинони халиҷ, камтар аз хиёнат ба миллати Эрон намебошад.

Ва мо ва миллатҳои мазлуми дунё муфтахирем, ки расонаҳои гурӯҳӣ ва дастгоҳҳои таблиғотии ҷаҳонӣ, мо ва ҳамаи мазлумони ҷаҳонро ба ҳар ҷинояту хиёнате, ки абарқудратҳои ҷинояткор дастур медиҳанд, муттаҳам мекунанд.

Кадом ифтихор болотару волотар аз ин аст, ки Амрико бо ҳамаи иддаоҳо ва созу баргҳои ҷангияш ва он ҳама давлатҳои сарсупурда ва дар чанг доштани сарватҳои бепоёни миллатҳои мазлуми ақибафтода ва дар даст доштани тамоми расонаҳои гурӯҳӣ, дар муқобили миллати ғаюри Эрон, он чунон дармондаву расво шудааст, ки намедонад ба кӣ мутавассил шавад ва ба ҳар кас рӯ мекунад, ҷавоби рад мешунавад...

Ман акнун ба миллатҳои шарифи ситамдида ва ба миллати азизи Эрон тавсия мекунам, ки аз ин роҳи мустақими илоҳӣ, ки на ба Шарқи мулҳид (Иттиҳоди Шӯравии собиқ) ва на ба Ғарби ситамгари кофир вобаста аст, балки ба сироте, ки Худованд ба онҳо насиб фармудааст, муҳкаму устувор ва мутааҳҳиду пойдор монда, лаҳзае аз шукри ин неъмат ғафлат накунанд, ва нагузоранд дастҳои нопоки хизматгорони хориҷӣ ва дохилии бадтар аз хориҷии абарқудратҳо, дудилагие дар нияти пок ва иродаи оҳанини онон эҷод кунад. Ва бидонед, ки ҳарчи бештар расонаҳои гурӯҳии олам ва қудратҳои шайтонии Ғарбу Шарқ зӯр бизананд, нишонаи қудрати бештар ва таъйиди илоҳӣ аз шумо аст ва Худованди Бузург сазои ононро ҳам дар ин олам ва ҳам дар аволими дигар, хоҳад дод...

Руҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 698 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz