Душанбе, 20.11.2017, 12:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 2 » Тарафдори шурӯи билофосилаи ислоҳот бо сарварии элитаи ҳоким ҳастем
Тарафдори шурӯи билофосилаи ислоҳот бо сарварии элитаи ҳоким ҳастем
23:23

Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо ишора ба ин ки имрӯз вазъи ҷаҳон тавре пеш рафта истодааст, ки ҳама дар ғафлат мондаанд ва назари баъзе коршиносон ин аст, ки умри ҳукуматҳои худкома ва яккатоз 4-5 соли дигар ба тӯл намеанҷомад, тасреҳ кард: "Дар шароити кунунӣ, ҳар касе ки ислоҳотро зудтар шурӯъ кард ва мардумро бо худ шарик сохт, бурд хоҳад кард. Ин аст, ки мо тарафдори шурӯи билофосилаи ислоҳот бо сарварии элитаи ҳоким ҳастем ва нақши худро дар кӯмакрасонии ин раванд мебинем.”

Муҳимтарин нукоти мавриди таъкиди раиси ҲНИТ дар ин мусоҳиба:

- Авлавияти ҲНИТ дар марҳалаи кунунӣ: талош барои муаррифии исломи асили дур аз хурофот ва олоишҳо байни мардум ва ҳимояти ислом ва мусалмонон аз ҳамагуна сиёҳсозӣ ва тӯҳматҳо, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақа сурат мегиранд. Ҳамчунин, омода намудани як насли нави мусалмонҳо, ки худшиноси воқеъӣ ва ҳамқадами замони худ бошад;

- Модоме ки рафтори мо аз тарафҳои ба ҳам муқобил интиқод мешавад; яке барои "тундӣ” ва дигаре барои "кундӣ”, пас мо дар мавқеъи эътидол ва васат қарор дорем;

- Чун диданд, ки манъи намоз дар дафтари ҳизб натавонист моро ба эҳсосот бикашонад, баъзеҳо даст ба ҷинояти ошкор алайҳи намояндагони мо заданд, мисли латукуби Сайфуллозода;

- Амнияти давлату манфиатҳои миллӣ, танҳо дар ҳолати ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳо ва нерӯҳои сиёии кишвар таъмин хоҳад шуд;

- Агар ба шароити кишварамон нигоҳ намоем, Президенти амалкунанда (Эмомалӣ Раҳмон) беҳтарин шароит ва бештарин потенсиали роҳбарии кишварро дорад;

- Шароите, ки миллат ва кишвари мо дорад, дар даҳсолаҳои оянда бояд бо роҳбарии сиёсатмадорони дунявӣ пеш биравад. Дар лагери дунявӣ ҳам, аз Президент (Эмомалӣ Раҳмон) мӯътадилтар дар масоили динӣ дигар касеро намебинам.

Инак, машрӯҳи ин гуфтугӯ:

КИМИЁИ САОДАТ: Бо дуруд, дар оғоз лозим мебинам сипоси худ ва дастандаркорони пойгоҳи Кимиёи саодатро аз ин ки вақти пурғанимататонро сарфи гуфтугӯ бо мо мекунед, иброз бидорам. Пурсиши нахустини камина ин аст, ки бифармоед, дар мавқеи кунунӣ ва вақти ҳозир, ҲНИТ авлавиятҳои фаъолияти худро дар чӣ мебинад?

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. ҲНИТ дар марҳалаи имрӯза вазоифи худро гурўҳбандӣ намуда, авлавиятҳои худро аз байни ин вазоиф мушаххас намудааст. Як даста аз вазоифи мо мисли ҳар ҳизби дигар аст, ки атрофи онҳо сӯҳбат нахоҳем кард, чун ба ҳамагон маълуманд.

Аммо ба ҳукми ягона ҳизби сиёсии мазҳабӣ будан дар минтақа, мо вазоифи дигаре низ дорем, ки дигар аҳзоб онро надоранд. Бештари авлавиятҳои мо низ дар ин марҳала, аз байни ҳамон вазоифи ғайримаъмулиамон бармеоянд. Лозим медонам, ки ба яке аз онҳо ишора шавад. Ин ҳам бошад, талош барои муаррифии исломи асили дур аз хурофот ва олоишҳо байни мардум ва ҳимояти ислом ва мусалмонон аз ҳамагуна сиёҳсозӣ ва тӯҳматҳо, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақа сурат мегиранд. Ба хусус, дар шароите, ки раванди гароиши мардум ба ислом дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи баъзе доираҳо ҳамчун хатар маънидод мешавад.

Бинобар ин, вазифаи мо болотар ва фаротар аз як ҳизб мебошад. Агарчӣ қаблан ҳам талошҳо барои ба ҳошия кашонидан ва маҳдуд кардани андешаи исломӣ дар чордевори масҷиду мадрасаҳо мушоҳида мегашт, вале даҳсолаи ахир ин амал аз тарафи баъзе доираҳо ниҳодина шуд ва ҳатто, ҷузъи сиёсатҳои баъзе кишварҳо ва созмонҳо гаштааст.

Албатта, дар сатҳи ҷаҳонӣ, як ҳизб, ҳатто як кишвар, наметавонад ба танҳоӣ пеши роҳи иттиҳомот алайҳи исломро бигирад, вале талоши ҳамагонӣ ва дастаҷамъонаи мусалмонон бенатиҷа нахоҳад буд. Вале, дар сатҳи минтақа ва як кишвар, ин кор дар тавони як ҳизбе мисли ҲНИТ ҳаст ва мо дар ин самт барномаҳои худро амалӣ карда истодаем.

Бузургтарин чолиши мусалмонҳои Осиёи Марказӣ, ин ҳамқадам набудан бо замон ва талаботи он аст. Тӯли садсолаҳо ислом ва мусалмононро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дур андохта шуда буданд ва агар як нафар мехост, ки амалан тибқи арзишҳои мазҳабии хеш зиндагӣ намояд, маҳкум ба он буд, ки ҷуз фаррошу посбону кишоварз шуғли дигаре надошта бошад.

Ҳамин тариқ, чанд аср дину диндорон, аз илми муосир, текнолоҷӣ ва фарҳангу иқтисод дур монданд ва имрӯз пеши руйи мо рақибон саволи зоҳиран мантиқӣ, вале дар асл ноодилонаеро мемонанд, ки андешаи динӣ ба мардум чӣ кард? Куҷост мутахассису кадрҳои варзидаи шумо? Чӣ сармояи илмӣ ва фикрӣ доред, то миллатро кӯмак намоед?

Ба ин ҳама саволҳо, бояд ҲНИТ ҷавоб бигӯяд ва бисёриҳо ҳатто ба мо фурсат доданӣ ҳам нестанд ва ҷавобро имрӯз мехоҳанд.

Беҳтарин роҳи ҷавоб додан ба ин саволҳо ва чолишҳо, омода намудани як насли нави мусалмонҳост, ки худшиноси воқеъӣ ва ҳамқадами замони худ бошад.

Ин аз авлавиятҳои мост ва мо хуб медонем, ки ин барнома вақту заҳмати зиёд мехоҳад. Вале, роҳи ҷуз пеш рафтан надорем ва бо ҳама душвориаш пайгирона ва сабурона ин роҳро идома хоҳем дод.

КИМИЁИ САОДАТ: Хеле хуб. Пурсиши дигари мо, роҷеъ ба порае интиқодҳост. Интиқоди бархе азҳоб ва шахсиятҳо аз ҲНИТ ва ба вижа аз шахси ҷаноби шумо ин аст, ки фаъолиятҳои ҲНИТ, танҳо дар арафаи баргузории интихоботи Маҷлис пуршӯр аст ва намоён мешавад, аммо вақте интихоботе дар миён нест, хабаре аз ҲНИТ ҳам нест. Посухи шумо ба ин интиқодҳо чист?

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Ин иродҳоро қисман қабул дорам. Вале, набояд фаромӯш кард, ки ҳизб корхонаи истеҳсолӣ нест, то ҳисоб намоем, ки ҳар моҳ ё ҳар сол кораш чӣ натиҷа дод? Натиҷаи кори як ҳизб дар интихоботҳо маълум мегардад, агар он ҳам шаффоф ва одилона бошад.

Табиист, ки дар арафаи интихоботҳо, фаъолияти аҳзоб гармтар ва ҷоннок мегардад ва дар муқоиса ба дигар вақтҳо чашмрас аст. Вале, инсофан ҲНИТ камфаъолтарин ҳизби кишвар дар марҳалаи байни интихоботҳо нест, агар нагӯем, ки серфаъолияттарини онҳо мебошад.

Бархе моро барои камфаъолиятӣ интиқод мекунанд ва бархе дигар аз фаъолияти густарда ва васеъи мо дар солҳои охир изҳори ташвиш ва нигаронӣ мекунанд ва ҳатто баъзе дӯстон тавсия мекунанд ки як каме суръати амалро коҳиш бояд дод, то аксуламалҳои бемавқеъро алайҳи ҳизб ба вуҷуд наорем.

Назарҳо дар ин масъала гуногунанд ва мо ҳамаи интиқодоти чапу ростро ба инобат хоҳем гирифт, вале фаъолиятро тибқи барнома ва ниёзҳои ҳизб, бо назардошти шароит, амалӣ хоҳем кард.

КИМИЁИ САОДАТ: Ҳоло чун сухан аз интиқодот матраҳ шуд, иҷоза бидиҳед интиқоди дигареро, ки мутаваҷҷеҳи ҲНИТ ва шахси шумост, арз кунам. Мегӯянд, ҲНИТ ва ба вижа шахси ҷаноби олӣ, беш аз андоза эҳтиёкорӣ мекунед ва аз ин гуна эҳтиёткориҳои шумо, руқабои сиёсиатон суистифода мекунанд. Масалан, вақте рӯи ҲНИТ дар иртибот бо намозгоҳаш фишор ворид шуд, бархе бар ин бовар буданд, ки ҲНИТ метавонист пофишорӣ кунад ва нагузорад кор ба он ҷоҳое бикашад, ки намозгоҳаш баста шавад. Ҳатто роҷеъ ба мазеъгирии шумо пас аз интихоботи Маҷлис ҳам, мӯътақиданд ҲНИТ кӯтоҳ омад. Дидгоҳи шумо дар ин бора чист?

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Мо барои мунтақидони худ ин ҳақро қоилем ки "эҳтиёткории аз ҳад беш”-и моро шадидан интиқод мекунанд ва ҳатто ахиран ҷавоне ҳини сӯҳбат бо мо, даъво дошт, ки ин ҳама даъватҳо ба сӯйи сабру таҳаммул руҳияи мубориз будан ва ҷасорати насли ҷавонро буғӣ кардааст.

Ин маънои онро дорад, ки насли баъдӣ роҳбариятро бо рафтори тундтар дидан мехоҳад. Аммо, ба он дӯстоне ҳам ҳақ бояд дод, ки моро барои рафтору гуфтори тунд интиқод мекунанд. Модоме ки рафтори мо аз тарафҳои ба ҳам муқобил интиқод мешавад, яке барои "тундӣ” ва дигаре барои "кундӣ”, пас мо дар мавқеъи эътидол ва васат қарор дорем. Айнан ҳамон ҷое ки Паёмбари акрам (с) онро беҳтарин донистанд: "Хайрул умури авсатуҳу”, яъне беҳтарини корҳо васат (миёна)-и онҳост.

Албатта аз тарафе, комилан бо шумо розӣ ҳастам, ки сабру таҳаммули мо гоҳо мавриди суистифода қарор мегирад. Баъзе бародарон бар ин назаранд, ки агар мо пас аз интихоботҳои тақаллубӣ, барои дифоъ аз овозҳоямон эътирозҳои шадид ва пофишориҳо мекардем, шояд ин фишорҳои баъдӣ, аз ҷумла манъи намоз, болоямон намеомад.

Ҳоло ки манъи намоз ҳам боиси эътирозҳои шадид нагашт, бояд тибқи пешбиниҳо мунтазири фишорҳои баъдӣ ва сахттар бошем. Чун диданд, ки манъи намоз дар дафтари ҳизб ҳам натавонист моро ба эҳсосот бикашонад, баъзеҳо даст ба ҷинояти ошкор алайҳи намояндагони мо заданд, мисли латукуби Сайфуллозода.

Эҳтимоли зиёд аст, ки баъзе доираҳо бо ин аъмол мехоҳанд фитнаро дар ҷомеъа роҳандозӣ кунанд. Чун медонанд, ки муносибати мақомот пас аз интихоботҳо ба ҳизби мо мисли пешин нест ва фишорҳо бештар шудааст. Барои боз ҳам сардтар кардани равобити дуҷониба, доираҳои манфиатдор метавонанд даст ба чунин аъмол бизананд.

Суистифода аз матбуот ҳам дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст. Дар чунин шароит мақомот бояд бештар талош намоянд, ки пеши роҳи чунин фазосозиҳои носолимро бигиранд, то шубҳа аз болои онҳо дур шавад.

Мо дар санади ҳамдигарбахшӣ ошкор гуфта будем, ки лаънати Худо ва ғазаби халқ бар касе бод, ки матбуотро алайҳи якдигар истифода менамояд. Ба думболи манфиатҳои муваққатии гурӯҳӣ рафтан ва аз услубҳои норавои муборизаи сиёсӣ истифода намудан, аксар вақт бар зарари тамоми ҷомеъа анҷом мешавад ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳама вақт бояд боло гузошт.

Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин амалашон барои ҳифзи манофеъи миллӣ ва амнияти давлат аст, вале иштибоҳи бузург менамоянд. Зеро амнияти давлату манфиатҳои миллӣ танҳо дар ҳолати ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳо ва нерӯҳои сиёии кишвар таъмин хоҳад шуд.

Аз ин хотир, мо ҳамеша талош менамоем, ки эҳсосотро канор гузошта, иштибоҳи дигаронро такрор нанамоем. Агар суистифода аз сабру таҳаммули мо ҷо дошта бошад, Худо худаш шоҳид аст.

КИМИЁИ САОДАТ: Ҳол пурсише дигар Устод. Имрӯза дигар барои касе, чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ, пӯшида намондааст, ки шумо ба унвони як сиёсатмадори вораста ва шинохташудае матраҳ ҳастед. Инро дӯсту душман эътироф мекунад. Ҳатто бисёре умедворанд дар оянда раҳбарии Тоҷикистонро дар симои шумо бибинанд. Оё тасмим доред дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ ширкат намоед ва номзадии худро пешбарӣ намоед?

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Метавонам ба як калима ҷавоб диҳам: Не. Вале, ҳатман ҷавоби манфии мо, саволҳои баъдиро эҷод хоҳад кард. Барои ҳамин, каме муфассал ҷавоб медиҳам.

Аввалан, назари шахсии шумо ва як қисми мардуми хушбин маънии онро надорад, ки қисми зиёди мардум чунин фикр мекунанд.

Сониян, дар шароити имрӯзаи кишвар ва ҷаҳон, набояд ягон ҳизб ё ҳаракати исломӣ номзади худро ба мақоми аввали кишварҳояшон пешниҳод намоянд. Омилҳояш бисёранд, ки зарурати номбар карданро инҷо намебинам. Албатта, ин ба маънои он ҳам нест, ки касе ё гурӯҳе аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, балки фазоро атрофи ислому исломгароён чунин сохтаанд ва мо бояд воқеъбин бошем. Ин назари шахсии ман аст.

Ахиран ва аз ҳама асосиаш, як нафар вақте худро номзад мекунад, мантиқан даъвои беҳтар будан аз нафари амалкунанда ё номзадҳои дигарро дорад. Агар ба шароити кишварамон нигоҳ намоем, Президенти амалкунанда беҳтарин шароит ва бештарин потенсиали роҳбарии кишварро дорад. Албатта на ба ин маъно, ки фаъолияти ӯ идеалӣ аст. Ба хусус, солҳои ахир ҳолатҳое пайдо шуданд, ки қаблан дида намешуданд ва саволҳои зиёдеро ин сиёсатҳо ба вуҷуд овардаанд. Вале, агар ҷузъиётро канор бигузорем, бо ислоҳи қисме аз сиёсатҳо ва муносибати беҳтар бо андешаҳо ва қишрҳои дигари ҷомеъа, ин ҳолатҳо ва саволҳо ҳатман бартараф мешаванд.

КИМИЁИ САОДАТ: Як вақт ҳаст шумо бо таваҷҷӯҳ ба фазои ҳоким дар кишварамон як чунин дидгоҳе роҷеъ ба ин масъала иброз медоред. Аммо як вақт ҳаст, мисли шумо бояд эҳсоси вазифа кунад. Яъне ин шахси шумо нестед, ки мехоҳад ва ё намехоҳад, балки вазифаи як сиёсатмадори огоҳ, миҳандӯст ва масъулиятшинос металабад, ки вориди майдон шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, оё ба назаратон намерасад инак вақти он аст, ки ба гунаи ҷиддӣ вориди бозӣ шавед?

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Як сиёсатмадори ба таъбири Шумо, огоҳу миҳандӯсту масъулиятшинос, бояд тарзе амал намояд, ки ҳар тасмимаш ва ҳар қадамаш ба хидмати ватану миллаташ равона шуда бошад. Шароите, ки миллат ва кишвари мо дорад, дар даҳсолаҳои оянда бояд бо роҳбарии сиёсатмадорони дунявӣ пеш биравад.

Албатта, дунявиҳои мӯътадил, на дунявиҳои "толибонӣ”. Дар лагери дунявӣ ҳам, аз Президент мӯътадилтар дар масоили динӣ дигар касеро намебинам. Бо он шинохте, ки аз баъзе масъулини давлатӣ дорам, агар президент пеши роҳашонро намегирифт, муносибати дину давлатро боз ҳам печидатар мекарданд. Зеро муносибаташон ба дин идеологӣ аст, дар сурате ки президент хеле амалгароёна муносибат мекунанд. Ҳеҷ сабаби истисноиро ҳам намебинам, ки барои ворид шудан ба ин майдон касеро водор намояд.

Аз тарфи дигар, вазъи ҷаҳон имрӯз тавре пеш рафта истодааст, ки ҳама дар ғафлат мондаанд ва комилан розӣ ҳастам ба назари баъзе коршиносони дохиливу хориҷӣ, ки умри ҳукуматҳои худкома ва яккатозро 4-5 соли дигар беш намебинанд. Шояд аз ин ҳам камтар бошад. Ҳар касе, ки ислоҳотро зудтар шурӯъ кард ва мардумро бо худ шарик сохт, бурд хоҳад кард.

Ин аст, ки мо тарафдори шурӯъи билофосилаи ислоҳот бо сарварии элитаи ҳоким ҳастем ва нақши худро дар кӯмакрасонии ин раванд мебинем.

Барои ҲНИТ кофист, ки кишвари мо ба мардумсолории воқеъӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва озодиҳои бештари сиёсиву мазҳабӣ бирасад. Мардумро барои ақидаву либосаш ва назарҳояш таъқиб накунанд. Агар ин ҳадафҳо амалӣ шаванд, мо омода ҳастем , ки дар ин масир ба ҳайси як нерӯи кӯмакрасону шарик ҳамкорӣ намоем.

КИМИЁИ САОДАТ: Ташаккур. Боз ҳам агар иҷозат бидиҳед, интиқоди дигареро матраҳ кунам. Медонам ҷаноби шумо аз сиъаи садри лозим ва ҳавсалаи кофие барои шунидани интиқодот бархӯрдор ҳастед. Асосан, ҳамин вижагиятон аст, ки шуморо дӯстдоштанӣ ва маҳбуби хурду калон намудааст. Агар ёдатон бошад, ҷаноби шумо дар як изҳори назаре дар шабакаи BBC-и форсӣ, вақте баҳс рӯи "моҳият ва ҳақиқати ҳукумате, ки ислом хоҳони барқарории он дар ҷомеа мебошад” рафт, фармудед, ки "Аз дидгоҳи мо, ҳукумати теукротик вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас наметавонад ба номи Худо бар мардум ҳукумат кунад. Ин мардум ҳастанд, ки тақдири худашонро ба даст мегиранд ва худашон онро муайян мекунанд. Аз номи Худо ҳукм рондан ва ҳокимият кардан, масъулияти ҳеҷ кас нест, ҳатто паёмбарон. Масъулияти паёмбарон расондани паём ва рисолат буд, на ҳукумат. Назари мо ин аст, ки ҳукм дар дасти мардум аст”. Ҳоло, агар муроди шумо аз ин суханон, мавзеъгирӣ дар "мартабаи амал ва татбиқ” бошад, ишколе мутаваҷҷеҳи суханонатон нест, назари шумо комилан дуруст аст, чун исломи азиз динест воқеънигар ва ҳамвора дар пиёда сохтани аҳдофаш, шароити маконӣ ва замониро мадди назар қарор медиҳад. Аммо зоҳири суханони ҷаноби олӣ, "мартабаи назария” аст. Яъне шумо гуфтанӣ ҳастед, дидгоҳ ва назари ислом чунин аст. Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба сароҳати Қуръону Суннат дар ин ки яке аз аҳдофи ирсоли Паёмбарон, барпоии ҳукумат аст, оё ба назар намерасад дидгоҳи ҷаноби олӣ мухолифи сароҳати Қуръон бошад?

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Баҳс дар ин мавзӯъ, моро вориди як майдони дигар менамояд, ки масъала байни амалияву назария бештар аз ҳазор сол аст ҳалли худро наёфтааст. Фикр накунам, ки дар чорчӯби ин мусоҳаба, имкони шарҳи мавзӯъ вуҷуд дошта бошад. Саволҳои зиёде ба мо дар ин мавзӯъ ворид мешаванд ва ахиран ваъда ҳам кардам, ки яке аз суханрониҳои худро пурра ба ин мавзӯъ мебахшам ва дар ҳадди тавонам, дидгоҳҳои худро шарҳ хоҳам дод. Дидгоҳҳо ва назарияҳои гуногуне дар ин масъала вуҷуд доранд, ки ҳар кадом барои худ аз Қуръону Суннат далеле доранд.

Дар он сӯҳбати кӯтоҳ бо телевизиони BBC, мо дидгоҳҳои худро мабнӣ бар дидгоҳҳои Устодон Нурӣ ва Ҳимматзода ва дигар назарияпардозони исломӣ гуфтем. Ба хусус, Устод Ҳимматзода рисолаи арзишманде дар ин мавзӯъ доранд, ки умед дорам дӯстон онро мутолиа карда бошанд ё хоҳанд кард. Бо иҷозаи Шумо, шарҳи бештари мавзӯъро ба вақти дигар хоҳем монд ва шояд майдони баҳсамон боз ҳам пойгоҳи Кимиёи саодат бошад.

КИМИЁИ САОДАТ: Мамнун ва сипосгузорам. Дар поён мехостам дуое барои мо ва дастандаркорони пойгоҳи Кимиёи саодат бикунед.

МУҲИДДИН КАБИРӢ: Худовандро дуо мекунам, ки амалу андешаҳоятонро барои миллат мисли номатон бигардонад. Амалатон кимиёи хушбахтии миллат дар ин дунё бигардад ва андешаҳоятон боиси саодати мардум дар охират. Ба Шумо ва дастандаркорони пойгоҳ миннатдорӣ барои чунин тарҳи андешаӣ ва майдони хуби баҳс.

Сӯҳбаторо: Сайидюнуси Истаравшанӣ, мудири пойгоҳи Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 585 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz