Душанбе, 20.11.2017, 12:33
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 2 » Тӯраҷонзода: “Инқилоби исломии Эрон, нақши бисёр муҳимме дар бедории миллатҳои минтақа дошт”
Тӯраҷонзода: “Инқилоби исломии Эрон, нақши бисёр муҳимме дар бедории миллатҳои минтақа дошт”
17:06

Чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва динии Тоҷикистон, нақши инқилоби исломии Эронро дар бедории миллатҳои минтақа инкорнопазир донист.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, дар тавсифи ин рӯйдоди муҳимми сиёсии Эрон гуфт: "Беш аз 30 сол аст, ки кишварҳои минтақа, шоҳиди таҳаввулоти муҳимме таҳти таъсири инқилоби исломии Эрон ҳастанд ба тавре ки дар ҳар як аз рӯйдодҳои муҳимми ин минтақа, метавон нақш ва асари инқилоби исломиро мушоҳида кард”.

Ба эътиқоди Қозидомулло, вижагии аслии инқилоби исломии Эрон дар он буда, ки иддаоҳои ботил ва бепояи пайравони андешаҳои лоик ва моддигароро дар бораи рушди ҷавомеъ рад кард.

Қозии собиқи Тоҷикистон афзуд: "Бар асоси иддаои соҳибназарони моддигаро, нерӯ ва омили аслии таҳаввул дар ҳар ҷомеае, танҳо қишри коргар аст ва соири бахшҳои ҷомеа танҳо таҳти таъсири иқдомоти коргарон метавонанд ба таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсиргузор бошанд.

Вай тасреҳ кард: "Аммо пирӯзии инқилоби исломии Эрон нишон дод, ки рӯшанфикрон ва руҳониён низ метавонанд ба унвони мутури муҳаррики ҳар навъ таҳаввули сиёсӣ дар ҷомеа амал кунанд”.

Тӯраҷонзода афзуд: "Ширкати фаъоли қишри руҳонии ҷомеа дар инқилоби исломӣ, навъи нигариши миллатҳои минтақаро нисбат ба нақш ва ҷойгоҳи дин ва руҳоният дар ҷаҳони муосир тағйир дод”.

Қозидомулло тасреҳ кард: "Нуфуз ва таъсири ин вижагии инқилоби исломии Эрон дар солҳои баъд аз пирӯзии инқилоб, дар таҳаввулот ва рӯйдодҳои сиёсии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин ба вузуҳ мушоҳида шудааст”.

Намояндаи собиқи Маҷлиси Тоҷикистон хотирнишон кард: "Рӯйдодҳо ва таҳаввулоти чанд рӯзи ахир дар бархе аз кишварҳои арабӣ низ таҳти таъсири инқилоби исломии Эрон ва ба далели рушд ва муваффақиятҳои ҷомеаи Эрон дар солҳои пас аз пирӯзии инқилоб ба вуқӯъ пайвастааст”.

Вай дар идома афзуд: "Ин танҳо ман нестам, ки мӯътақид ба таъсири инкорнопазири инқилоби исломии Эрон бар ҳаводиси ин кишварҳо ҳастам, балки душманони сарсахти низоми исломии Эрон ва ҳатто режими саҳюнистӣ аз ҷумла Натаняҳу нахуствазири ин режим низ эълом кардааст, ки "Ончи дар Миср мегузарад, шабоҳатҳои зиёде ба рӯйдодҳои 30 сол пеши Эрон дорад ва ончи дар Эрон ба вуқӯъ пайваст, метавонад дар Миср низ такрор шавад” ва аз тарси чунин таҳаввулоте аз кишварҳои урупоӣ, Амрико ва ҳампаймонони худ даъват кард то аз Ҳусни Муборак ҳимоят кунанд”.

Тӯраҷонзода такъид кард: "Тарси мухолифони Эрон ва инқилоби исломӣ аз он аст, ки мардуми ин кишварҳо бо илҳом гирифтан аз таҷрубаи инқилоби исломӣ дар Эрон, ба ин нукта пай бурдаанд, ки мардуми ҳар кишваре метавонанд дар таъйини сарнавишти худ нақши муҳимме ифо кунанд”.

Ин шахсияти барҷаста гуфт: "Кишварҳои ғарбӣ, ки аз мунтақидони исломи сиёсӣ ва душмани сарсахти тавсиъаи ислом ҳастанд, пайваста дар баробари ҳар таҳаввуле, ки бар пояи усули исломӣ анҷом мешавад, монеъ эҷод мекунанд”.

Вай гуфт: "Эрони Исломӣ дар беш аз 30 сол баъд аз инқилоб, бо мушкилот ва мавонеи бисёр зиёде аз сӯи Ғарб ва душманони ислом мувоҷеҳ шуд, ки ҷанги таҳмилӣ бо Ироқ, ки аз сӯи Ғарб ба раҳбарии Амрико ва кишварҳои шарқӣ ба раҳбарии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва ҳамчунин кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, ки аз режими Саддом ҳимоят мекарданд, аз чунин фишорҳо ва таҳдидҳои ошкоре дар баробари низоми исломии Эрон ҳикоят мекунад, ки ба хости Худо ҳамаи ин тарҳҳо ноком шуданд”.

Тӯраҷонзода ҳимояти Ғарб аз мухолифони Эрон ва ба вижа мунофиқони дохил ва хориҷ аз Эрон, ҳамчунин таҳримҳои мукаррарро аз дигар тарҳҳои хасмона алайҳи инқилоби исломӣ унвон кард.

Қозидомулло афзуд: "Иттиҳоди миллати Эрон танҳо омиле буд, ки ҳамаи ин таҳдидҳо ва хатароти ношӣ аз душмании нерӯҳои хориҷӣ ва дохилиро рафъ ва заминаи пойдорӣ ва тақвияти инқилоби исломии Эронро фароҳам кард”.

Тӯраҷонзода ибрози умедворӣ кард, ки миллати Эрон бо ҳифзи бедории сиёсии хеш дар оянда низ битавонад тамоми дасисаҳои душманонашро, ки рӯз ба рӯз бар онҳо афзуда мешавад хунсо кунад.

Вай масъулияти мақомоти Эронро низ бисёр муҳим донист ва гуфт: "Онон бояд аҳдофи душманони мардуми Эронро ошкоро барои миллати Эрон баён кунанд то мардуми Эрон бидонанд, ки душманони онон чи нақшаҳоеро барои ин кишвар ва мардуми Эрон дар сар мепарваронанд, ки дар он сурат бо ҷиддияти бештаре бо онон муқобила хоҳанд кард”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 328 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz