Душанбе, 20.11.2017, 12:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 9 » Сенорюҳои фарорӯи режими Муборак; хаста кардани инқилобиҳо ва бозсозии режим
Сенорюҳои фарорӯи режими Муборак; хаста кардани инқилобиҳо ва бозсозии режим
01:57

Нависанда ва таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони араб, зимни ташреҳи авзои кунунии Миср ва сенорюҳои пеширӯи ин кишвар, ҳадафи режими Муборакро хаста кардани инқилобиҳо аз идомаи роҳ ва бозсозии режими кунунӣ бо рӯи кор овардани чеҳраҳои ҷадид донист.

Абдулборӣ Атвон дар сармақолаи худ дар рӯзномаи Алқудс аларабӣ (чопи Ландан) дар бораи сенорюҳои пеширӯи Миср дар марҳилаи оянда навишт: "Дар ҳоли ҳозир ду сенорю вуҷуд дорад. Нахуст, сенорюи инқилоб аст, ки хоҳони сарнагунии режими Миср ва раъси ҳирами он ҳамзамон бо ҳам ва дар сареътарин замон ва камтарин муддат аст то тағйирот таҳаққуқ ёбад ва низоми демукротик ва такассургаройии ҷадид ва ниҳодҳои он шакл бигирад”.

Хаста кардани инқилобиҳо, сенорюи дуюми режими Муборак

Вай афзуд: "Дуюм, сенорюи режим аст, ки аз ҳама шеваҳои монувр барои хариди замон ва дил бастан ба хаста шудани инқилоб ва инқилобиҳо ва миллат истифода мекунад, ба гунае ки онҳо дар ниҳояти кор ба воқеияти мавҷуд яъне бозсозии режими кунунӣ ва идомаи ҳаёти он дар қудрат бо чеҳраҳои дигаре – чи басо чеҳраҳои радаи дуюм – тан диҳанд ва ин ҳамон тарҳе аст, ки Туни Блер аз он, ба "тағйири муназзам ва кунтрулшуда” ёд мекунад”.

Абдулборӣ Атвон афзуд: "Дар ин замон, артиши Миср вазъиятро аз наздик зери назар дорад ва женеролҳои баландпояи он аҳдофи пинҳонии мавриди тавофуқ бо қудратҳои хориҷӣ ва дар садри он Амрикоро иҷро мекунанд ва намедонем, ки ин давраи назорпт чӣ муддат тӯл хоҳад кашид ва чӣ замоне амалан барои поён додан ба ин вазъияти бӯҳронӣ вориди амал хоҳанд шуд”.

Даргириҳо дар дохили режим

Ба навиштаи Атвон, бархе аз эҳтимоли вуқӯи ногаҳонии дагириҳо дар дохили режим сухан мегӯянд, ба вижа ки раъси ҳирам яъне Муборак аз по афтода ва мариз аст ва чи басо ногаҳонӣ зери фишори таҳдид ва чи басо боҷхоҳӣ аз тариқи ифшои бархе аз расвоиҳо дар пайи бармало шудани мизони сарваташ, тасмим ба рафтан бигирад ва баид нест, ки бархе наздикони ӯ бар асоси дастуроти хориҷӣ, ба сенорюе назири сенорюи Абдулҳаким Омир ё сенорюи Ёсир Арафот мутавассил шаванд.

Эҳтимоли ташдиди даргириҳо тайи ҳафтаҳои оянда

Атвон тасреҳ кард: "Даргирӣ дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда ба таври ҳатм ташдид мешавад ва шояд ба самтусӯҳои бисёр хатарноке ҳаракат кунад, зеро ҷавонони инқилобӣ ҳаргиз намепазиранд, ки майдони Таҳрир дар муҳосираи тонкҳо даромада ва ҳар рӯз аз масоҳати он коста шавад”.

Ба гуфтаи Абдулборӣ Атвон, ин таҳаввулот дар ҳолест, ки режими Миср тоби таҳаммули зиёнҳои иқтисодиро ба хотири вазъияти фалаҷи кунунӣ надорад.

Гуфтугӯ, ба режими Муборак машрӯият медиҳад

Вай дар бахши дигаре аз мақолаи худ навишт: "Бузургтарин дастоварде, ки режими Муборак то ин лаҳза ба даст овардааст, эҷоди гусаст дар ваҳдати суфуфи мухолифон аз тариқи кашондани намояндагони онҳо ба сари мизи музокирот аст ва аз ин тариқ навъе ба расмият шинохтан ё машрӯиятро касб кардааст, ки мустаҳиққи он нест”.

Атвон афзуд: "Муборак бо канорагирӣ мухолифат мекунад ва бар боқӣ мондан дар қудрат то поёни муддати риёсати ҷумҳурии худ дар септомбри оянда исрор меварзад ва шояд кишварро ба сӯи хушунат суқ диҳад, аммо дар он сӯ, ҷавонони инқилобӣ ҳастанд, ки беш аз пеш бар пойбандӣ ба мавозеъ ва иҷрои мутолиботи худ ба таври комил пофишорӣ мекунанд ва бештарин мизони омодагиро барои ҷонфишонӣ ва нисори хуни хеш доранд то шикастхӯрда аз майдони мубориза хориҷ нашаванд”.

Абдулборӣ Атвон дар идомаи ёддошти худ навишт: "Дар ин замон, кумитае аз Ҳукамо дар рӯзҳои ахир дар Миср ташкил шуда, ки худро миёнҷӣ байни инқилобиҳо ва режим медонад, бидуни ин ки инқилобиҳо ин кумитаро маъмур карда бошанд ё аз он кӯмак хоста бошанд, ва мӯътақидам, ки ин кумита барои наҷоти режими фурӯпошида ташкил шудааст”.

Вай гуфт: "Дар ҳоле ки мардуми Миср хоҳони канорагирии Муборак дар ростои манофеи Миср ҳастанд, амрикоиҳо ва исроилиҳо ва бархе режимҳои арабӣ хоҳони боқӣ мондани ӯ ҳастанд; режимҳои арабие, ки дар солиёни гузашта, дар аз байн бурдани Ироқ ва миллати он ва бева кардани як миллион зани ироқӣ ва ятим кардани чаҳор миллион кӯдаки ироқӣ бо ишғолгарон ҳамдастӣ намуданд”.

Ҷавонони Миср дар ин майдони набард аз по нахоҳанд афтод

Абдулборӣ Атвон дар поёни мақолаи худ навишт: "Муборак баъд аз ин ки ҳамаи имтиёзҳо назири сарфи назар кардан аз маврусӣ кардани қудрат ва ҳизби худ ва бонди бозаргононро ироа кард ва дар муқобил ҳеҷ гуна посухе аз инқилобиҳои ҷавон дарёфт накард, барои наҷоти худ ва хонаводааш ва на режимаш, як баргаи дигар дорад ва он ҳам канорагирӣ аз қудрат ва тарки фаврии он аст, чаро ки дар ин набард, ин ҷавонони навпо нестанд, ки аз по хоҳанд афтод, балки ин режими бемор ва хаста ва фосид аст, ки аз по дархоҳад омад, чаро ки ин суннати зиндагӣ ва аз дарсҳои торих аст”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 238 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz