Чоршанбе, 22.11.2017, 06:31
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 8 » Сайидҳасан Насруллоҳ: “Пирӯзии шумо (мисриҳо) чеҳраи минтақаро ба таври комил тағйир хоҳад дод”
Сайидҳасан Насруллоҳ: “Пирӯзии шумо (мисриҳо) чеҳраи минтақаро ба таври комил тағйир хоҳад дод”
03:26

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, хитоб ба мӯътаризони мисрӣ, бо ишора ба ин ки коре, ки шумо анҷом медиҳед, воқеан бузург ва аз муҳимтарин фаслҳои торихи уммат аст, гуфт: "Пирӯзии шумо чеҳраи минтақаро ба таври комил ба нафъи миллатҳои минтақа тағйир хоҳад дод. Шумо вориди набарди каромати арабӣ шудаед; каромате, ки бархе ҳукком дар тӯли даҳаҳои гузашта онро хор карда ва ба он иҳонат кардаанд”.

Ба гузориши шабакаи Алманор, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, имрӯз (07.02.2011) дар гирдиҳамое алайҳи паймони Камп Девид ва ҳимоят аз миллати Миср, дар оғози суханронии худ, изҳор дошт: "Мулоҳиза мекунед, ки атрофиёни муғризи Муборак, аз тариқи расонаҳои худ такрор мекунанд, ки гӯи мӯътаризоне, ки дар шаҳрҳои Миср ва майдони Таҳрир ҷамъ шудаанд, тавассути гурӯҳҳои Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва ё Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ таҳрик ва ташвиқ мешаванд. Мутаассифона, аз инчунин суханон бисёр шунида ва мешунавем”.

Насруллоҳ дар идомаи ин суханронӣ ба мавзӯи асорати теъдоде аз аъзои Ҳизбуллоҳ дар Миср ишора кард ва гуфт: "Ҳизбуллоҳ танҳо дар пайи ин буд, ки ба бародарони мубориз дар Ғазза хӯрокворӣ ва доруворӣ бифиристад, аммо онҳо (режими Муборак) бо бузургнамоӣ ва таҳрифи ин воқеа саъй карданд то онро талоши Ҳизбуллоҳ барои нуфуз дар Миср қаламдод кунанд”.

Ҳизбуллоҳ ҳамбастагии худро бо миллати Миср эълом мекунад

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: "Мо тамоми ин тӯҳматҳоро бо ҷон харидем ва гилае накардем, аммо акнун мо ҳамбастагӣ ва истодагии худро дар канори миллати Миср ва ҷавононаш эълом мекунем, ҳамон тавре ки ҳамбастагӣ ва истодагии худро дар канори миллати Тунис ва ҷавононаш низ эълом менамоем, аммо пеш аз пардохтан ба суханонам лозим аст аз миллатҳои Тунис ва Миср, ба хотири таъхири чандрӯза дар эъломи мавзеъамон узрхоҳӣ кунам ва таъкид менамоям, ки ин таъхир, на ба хотири тардид ва шигифтазадагӣ ё тааммул дар ҳаводис буда. Чаро ки тамоми аҳзоби лубноние, ки торихи деринае дар муқовимат дар баробари тарҳҳои саҳюнистӣ-амрикоӣ дар минтақа доранд, ҳеҷ гоҳ дар низои байни ҳаққу ботил мавзеи назорагарро нахоҳанд гирифт ва бидонед, ки ҳамеша нигарони шумо будааст”.

Ҷунбиши мардуми Миср як инқилоби воқеӣ аст

Насруллоҳ зимни ибрози ҳамбастагӣ бо мисриҳо дар инқилобашон гуфт: "Мо шоҳиди як инқилоби воқеӣ ва комил дар Миср ҳастем; инқилобе, ки масеҳиён низ дар канори мусалмонон ва соири адён ва зану мард ва кӯчаку бузург ва бахусус ҷавонон дар он нақш доранд”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: "Мо акнун дар баробари инқилоби миллӣ ва воқеии миллати Миср қарор дорем, ки дар он мусалмонон ва масеҳиён ва ҷараёнҳо ва ҷиноҳҳои мухталифи исломгаро ва секулор ва миллӣ ва қавмӣ дар канори ҳам дар ин инқилоб мушорикат доранд ва ҳамаи мисриҳо; аз зану мард ва пиру ҷавон, донишманду кишоварз ва нухба ҳузур доранд. Бо ин ҳол, ҳузури ҷавонони мисрӣ дар ин инқилоб, аз аҳмияти дигаре бархурдор аст ва ба ҳамин далел аст, ки мо мегӯем, дар баробари як инқилоби воқеӣ қарор дорем, ки натиҷаи хост, ирода ва азми миллати Миср аст ва ҳамин хосту ирода ва азм аст, ки шаҳиду захмӣ тақдими инқилоб мекунад ва дар эътисоб басар мебарад, то худ тасмим бигирад, ки чӣ мехоҳад ва чӣ бояд анҷом диҳад ва то чӣ андоза бояд анҷом диҳад ва ба куҷо мехоҳад бирасад. Оре ин худи ӯст, ки тасмим мегирад чӣ бигӯяд ва чӣ анҷом диҳад, ва тамоми ин дурӯғҳое, ки дар расонаҳо гуфта мешавад, ки ин ҷавонон аз хориҷ таҳрик ва таъмин мешаванд, иттиҳомоте беш нестанд, ва дар айни ҳол, ҳар кӯмаке, ки аз берун ба режими Миср шавад, мутмаин ҳастем, ки дар баробари иродаи миллати Миср ва ҷавононаш дарҳам хоҳад шикаст”.

Муҳимтарин вазифаи мо, табйини моҳияти воқеии инқилоби Миср аст

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: "Мо аз ҳамон рӯзи аввал бо бародарони мисриамон, ки дар арса ҳузур доранд, машварат кардем ва онҳо ба мо гуфтанд, ки аз маврусӣ шудани ҳукумат норозианд ва алайҳи он бапо хоҳанд хост. Имрӯз ҳама чиз ба поён расид ва ман аз бархе телевизионҳои расмии Миср суханоне шунидам, ки мо аз он воҳима надорем ва мутмаин ҳастем, ки ин суханон иттиҳомоте беш нестанд, ки дар баробари асолат ва покдомании мисриҳо суқут хоҳад кард. Имрӯз мо ҳамбастагии худро бо миллати Миср ва дифоъ аз ин инқилоб эълом дошта ва таъкид мекунем, яке аз муҳимтарин масъулиятҳое, ки бар ӯҳдаи мост, табйини моҳияти воқеӣ ва ҳақиқии ин инқилоб аст”.

Инқилоби Миср таслим шудан дар баробари Амрикоро намепазирад

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идомаи суханони худ, моҳият ва меҳвари аслии инқилоби Мисрро инсонӣ будан донист ва гуфт: "Тафсирҳои бисёре аз касоне ки дӯсти "Исроил” ва Амрико ҳастанд мешунавем, ки саъй доранд, ин инқилобро инқилоби нону гуруснагӣ муаррифӣ кунанд, аммо ҳақиқат он аст, ки бар асоси афроде, ки дар Миср таҷаммӯъ кардаанд, мо дар муқобили инқилоби комиле қарор дорем, ки инқилоби фуқаро ва озодагон ва инқилоби касоне аст, ки хорӣ ва зиллатро рад мекунанд. Ин инқилоб барои касонест, ки таслим шудан дар баробари Амрикоро рад мекунанд, ва ин инқилоби инсонӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва алайҳи зулму истибдод ва фасоду гуруснагӣ ва аз байн бурдани имконоти кишвар ва алайҳи сиёсатҳои давлати Миср дар заминаи даргириҳои аъроб ва "Исроил” аст”.

Бояд барчаспҳое, ки амрикоиҳо ба инқилоби Миср мезананд, бизудоем

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ тасреҳ кард: "Аз муҳимтарин вазоифи касоне, ки бо инқилоби Миср эъломи ҳамбастагӣ мекунанд, пок кардани он аз тамоми чизҳое аст, ки амрикоиҳо ва исроилиҳо мехоҳанд ба он бичаспонанд. Касоне ҳастанд, ки мегӯянд инқилоб дар Тунис ба дасти амрикоиҳо эҷод шуд ва бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории амрикоиҳо бавуҷуд омадааст. Ин (ҳарф) зулми бузурге ба ҳар инсони араб ва мусалмон ва озод аст, ки ин гуна дар бораи инқилобҳои Мисру Тунис фикр кунад. Ин зулм ва иҳонат алайҳи миллати Миср ва Тунис аст ва ирода ва фарҳанги ин ҷавонон ва миллатҳоро зери суол мебарад”.

Барандозии режими Муборакро аз сӯи Амрико донистан, иҳонат ва зулм ба миллати Миср аст

Вай идома дод: "Чӣ касоне метавонанд бовар кунанд, ки Амрико режимеро барандозӣ кунад, ки ин ҳама хидмати муфид ва арзанда ба он арзонӣ дошта ва мухлисона ва содиқона дар хидмати манофеъ ва ормонҳо ва барномаҳои он дар минтақа кор кардааст? Ҳатто агар аз мақомоти ҷумҳурихоҳ ва демукрот низ ин мавзӯъро бишнавем, аммо оё мумкин аст, касе бовар кунад, ки Амрико ба ин сурат низоми Муборакро барандозӣ кунад?”

Насруллоҳ тасреҳ кард: "Ин (тӯҳматҳо), шабеҳи ҳамон ҳарфҳоест, ки ҳангоми инқилоби соли 1979 дар Эрони исломӣ низ мешунидем. Дар он замон мегуфтанд, ки Имом Хумайнӣ вобаста ба CIA аст ва давлати Амрико инқилоби исломиро дар Исфаҳон ва дигар шаҳрҳои Эрон эҷод кардааст, аммо ҳақиқате, ки бо пирӯзии инқилоб ва бо гузашти солҳои мутамодӣ возеҳ шуд, ин буд, ки Имом Хумайнӣ шахси вафодор ва содиқ ва мӯътақид ба ислом буд ва дар пайи хостаҳои миллат ва уммати ислом буд. Дар мавриди ҷавонони Миср ва Тунис низ вазъ ба ҳамин сурат аст”.

Муборак бадтарин диктотури минтақа аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ иброз дошт: "Албатта амрикоиҳо талош мекунанд, ки ин инқилобро барои худ мусодира кунанд; онҳо мехоҳанд ба ин тартиб виҷҳаи худро дар минтақа беҳбуд бахшанд ва худро ҳомии миллатҳо биноманд, он ҳам баъд аз ин ки даҳҳо сол аз бадтарин диктотури минтақа, ки ҳамин Ҳусни Муборак аст, ҳимоят карданд”.

Бештари миллатҳои арабӣ ва исломӣ душмани сиёсатҳои Амрико дар минтақа ҳастанд

Насруллоҳ ба тарҳҳои иттилоотӣ ва таҳқиқотии амрикоиҳо дар заминаи мардуми Ховари Миёна ишора кард ва гуфт: "Онҳо аз солҳои тӯлонӣ моро зери назар доранд; онҳо барномаҳои зиёдеро барои шинохти рӯйкардҳои миллатҳои минтақа анҷом додаанд. Натиҷаи ин таҳқиқот низ дар рӯзномаҳои онҳо мавҷуд аст. Натиҷаи ин баронмаҳо ба ин сурат аст, ки бештари миллати арабӣ ва исломӣ душмани сиёсатҳои Амрико дар минтақа ҳастанд, албатта ин ба ин маъно нест, ки бо мардуми Амрико душман ҳастанд, чаро ки бисёре аз мардуми Амрико низ аз сиёсатҳои кишварашон дар хориҷ хабар надоранд ва бисёре ин сиёсатҳоро қабул намекунанд”.

Сайидҳасан Насруллоҳ ба ҷанги 33 рӯза дар Лубнон ва ҷанги 22 рӯза дар Ғазза ишора кард ва гуфт: "Ин ҷангҳо бо ҳимояти Амрико аз "Исроил” анҷом шуд, дар Ироқ ва Афғонистон низ ин кишвар ба сурати мустақим вориди амал шуд. Амрико дар заминаи ҳуқуқи башар ва озодӣ низ сиёсатҳои дупаҳлӯ дорад”.

Ба гуфтаи Насруллоҳ, "натиҷаи ин таҳқиқот нишон дод, ки тағйироти бузурге дар минтақа дар ҳоли вуқӯъ аст. Онҳо фаҳмиданд, ки режимҳои арабӣ ва диктотури ҳомии Амрико ва Ғарб, ки бар хилофи иродаи миллатҳо бо Амрико ва "Исроил” ҳамкорӣ мекунанд, наметавонанд зиёд сари по бимонанд. Онҳо фаҳмиданд, ки сарони кишварҳои арабӣ назди миллатҳо арзишу эътиборе надоранд. Таҳқиқоти онҳо нишон додааст, ки бархе сарони арабӣ ва исломӣ, ки сарафрозона дар заминаи Фаластин эъломи мавзеъ кардаанд, мавриди эътимод ва маҳбуби миллатҳо ҳастанд”.

Амрико намехоҳад таҷрибаи инқилоби Эрон дубора такрор  шавад

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома афзуд: "Ба ҳамин иллат аст, ки Амрико нигарони ояндаи минтақа аст. Онҳо аз таҷрибаи талхи инқилоби исломии Эрон барои худ ибрат гирифтанд ва намехоҳанд, ки ин мавзӯъ дубора барои онҳо такрор шавад. Онҳо медонанд, ки ҳампаймонони Амрико ва Ғарб ояндаи хубе дар минтақа надоранд”.

Танҳо амният ва манофеи "Исроил” барои Амрико муҳим аст

Вай дар идомаи суханони худ таъкид кард: "Танҳо чизе ки барои амрикоиҳо дар минтақа муҳим аст, амният ва манофеи "Исроил” аст; барои онҳо муҳим нест, ки дар кишварҳои минтақа кӣ қудратро дар даст дошта бошад; барои онҳо танҳо ин муҳим аст, ки касе ки қудратро дар ин кишварҳо дар даст дорад ва раиси ҷумҳури кишваре аст, дар манофеи "Исроил” кор кунад”.

Насруллоҳ идома дод: "Онҳо медонанд, ки муқобила ва даргириҳои хунин дар ин инқилоб барои онҳо натиҷаҳои мусибатборе дорад, ба ҳамин иллат аст, ки Амрико мехоҳад дар ин интиқоли қудрат дар Миср манофеи худро таъмин кунад. Онҳо мехоҳанд дар ин интиқол, муносибот ва барномаҳои худро дар минтақа муҳофизат намоянд”.

Ҳимояти сареҳи "Исроил” аз Муборак ва диктотурҳои минтақа

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идомаи суханронаш дар ин гирдиҳамоӣ гуфт: "Нигоҳ кунед, ки исроилиҳо аз чордаҳ рӯз пеш чӣ гуна аз ҳаводиси Миср ошуфта шуданд? Нигоҳ кунед, ки исроилиҳо дар мавриди арзёбии режими Миср ва хадамоти стротежикии он аз замони паймони Камп Девид то ба имрӯз, иттифоқи назар доранд. "Исроил” имрӯз аз дарди шадиде сухан мегӯяд ва ба хотири аз даст додани ҳампаймони қудратманди худ дар минтақа ранҷ мебарад”.

Вай изҳор дошт: "Исроилиҳо дар мавриди ҳимоят аз режими Миср ва раиси он иттифоқи назар доранд ва дар ниҳояти бешармӣ эътироф мекунанд, ки ҳомии "Исроил” дар минтақа, режимҳои диктотуриҳо аст ва амрикоиҳоро сарзаниш мекунанд”.

Режими саҳюнистӣ барои ҳифзи Муборак барои маҳофили тасмимсози дунё фишор меоварад

Насруллоҳ тасреҳ кард: "Мо шоҳиди як саҳнаи рӯшан ва ошкор ҳастем, ки онро дар муқобили миллатҳои арабӣ ва исломӣ қарор медиҳем; режиме ҳаст, ки "Исроил” ба иттифоқи оро хоҳони он аст ва шабонарӯз талош мекунад ва бар маҳофили сиёсии тасмимгиранда дар ҷаҳон фишор меоварад то аз он ҳимоят кунанд, ва дар муқобил миллат хоҳони сарнагунии он аст ва майдонҳо пур аз миллионҳо нафар аст ва садҳо шаҳид ва ҳазорҳо маҷрӯҳ доданд. Ва акнун суоле, ки аз мароҷеи динӣ дар кулли ҷаҳон ва тамоми озодагон матраҳ аст, ин аст, ки шумо бояд дар кадом ҷабҳа қарор бигиред? Дар ҷабҳаи "Исроил”-и мудофеи ин режим ва ё ҷабҳаи миллати Миср, ки хоҳони сарнагунии ин режим аст?”

Вай ҳамчунин таъкид кард: "Ман ба тамоми касоне, ки ба рӯзи ҳисоб имон доранд, мегӯям, ки Худованд дар мавриди мавзеъгирӣ дар ин лаҳзаи торихӣ суол хоҳад кард, зеро ин масъала қазияи миллат, уммат, торих ва оянда аст. Ва касоне, ки имрӯз эъломи бетарафӣ мекунанд ва ё дар ҷабҳаи дигаре ҳастанд, агар ин инқилоб ноком бимонад, дар тӯли даҳаҳои дигар ба далели натоиҷи он муҳосиба хоҳанд шуд”.

Инқилоби Миср чеҳраи минтақаро бар нафъи муқовимат тағйир медиҳад

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идомаи суханронии худ гуфт: "Мавзеи мо бояд ба таври қотеъ истодагӣ дар канори миллати вафодори Миср ва ҷавонони шуҷои он бошад. Ба миллати Миср, бахусус ҷавонони он, мегӯям, ки мо дар умури дохилии шумо дахолат намекунем, шумо худ тасмим мегиред, ки чӣ кор кунед, аммо ба унвони дӯст ва бародар, мехоҳем имон, эҳсос ва тамоюлоти худро баён кунем”.

Вай изҳор дошт: "Имони мо мегӯяд, коре, ки шумо анҷом медиҳед, воқеан бузург ва аз муҳимтарин фаслҳои торихи уммат аст. Пирӯзии шумо чеҳраи минтақаро ба таври комил ба нафъи миллатҳои минтақа тағйир хоҳад дод. Шумо вориди набарди каромати арабӣ шудаед; каромате, ки бархе ҳукком дар тӯли даҳаҳои гузашта онро хор карда ва ба он иҳонат кардаанд”.

Вай афзуд: "Коре, ки шумо анҷом медиҳед, аҳамияти он камтар аз пойдории торихии муқовимати Лубнон дар ҷанги 33 рӯза ва пойдории торихӣ дар ҷанги Ғазза нест. Мо дар чеҳраи шуҳадои шумо, чеҳраи шуҳадои худро мебинем ва дар пойдории шумо дар майдонҳо, пойдории қаҳрамонони муқовимат дар Лубнон ва Фаластин дар муқобила бо тамомии ҷангҳоро мушоҳида мекунем”.

Эй кош, дар канори мӯътаризони мисрӣ ҷонамро фидо мекардам

Насруллоҳ хитоб ба миллати Миср ва ҷавонони он тасреҳ кард: "Миллати мазлуми мо имрӯз умедҳои зиёде ба шумо ва суботу пирӯзии қотеи шумо дорад ва чӣ басо ба ҳақ гуфтаанд, ки Миср "Уммуд-дунё” аст. Мо ба тавоноии шумо барои эҷоди тағйир имон дорем ва муштоқи рӯзе ҳастем, ки бубинем, ҷойгоҳи торихӣ ва мутамаддини Мисрро ба он бозгардондаед”.

Вай дар поён гуфт: "Эй ҷавонони азизи Миср! Аз Бейрут чӣ метавонам дар поёни суханонам ба шумо бигӯям? Эй кош мо бо шумо дар майдони Аттаҳрир, майдонҳои Қоҳира, хиёбонҳои Искандария, Исмоилия, Суез ва дигар шаҳрҳои бузурги Миср будем! Худо медонад, ки чӣ қадар иштиёқ дорам, ки эй кош, метавонистам бо шумо бошам ва хуну ҷонамро монанди як ҷавони мисрӣ барои ин аҳдофи шариф ва гаронқадр фидо мекардам!”

Насруллоҳ афзуд: "Ман имрӯз ба намояндагӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳ ва тамоми гурӯҳҳои муқовимати исломии Лубнон ва аҳзоби миллӣ ва тамоми касоне, ки дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, эълом мекунам, ки тамоми инконоти худро дар ихтиёри миллати Миср ва ҷавонони он қарор медиҳем ва дуо мекунем ва умедворем, ки Худованд шуморо пирӯз ва собитқадам гардонад ва тамоми мустазъафони ҷаҳонро азиз бидорад”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 375 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz