Панҷшанбе, 02.05.2024, 17:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 26 » Роже Гародӣ: нигоҳе ба зиндагӣ ва андешаҳо
Роже Гародӣ: нигоҳе ба зиндагӣ ва андешаҳо
00:46

"Ман фалсафаи вуҷудро ёфтам, ва он дар ислом буд ба ҳамроҳи се асли асосӣ, ки бузургтарин усули ҷаҳонӣ аст: аввал ин ки Худованди якто молики ҳастӣ аст... дуюм ин ки Худованди якто ҳокими ҳастӣ аст.... ва сеюм ин ки Худованди якто алим аст”.

Роже Гародӣ

Зиндагинома

Роже Гародӣ (Раҷо) 17 июли соли 1913 дар шаҳри Марсели Фаронса мутаваллид шуд. Соли 1936 номзадӣ дар риштаи фалсафаро дар донишгоҳи Страсбург дифоъ ва ба унвони профессори фалсафа дар Алби таъйин гардид. Дар соли 1939 вориди артиши Фаронса шуд ва дар соли 1940 дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дуюм ба асорати сарбозони олмонӣ даромад ва дар урдугоҳи усарои Алҷазоир ба муддати 3 сол дар асорат ба сар бурд.

Вай масеҳӣ ва пайрави мазҳаби католик буд, вале баъдан дучори тағйироте дар назароти худ шуд ва дар соли 1945 вориди Ҳизби Коммунисти Фаронса шуд. Дар солҳои 1945 – 1951 ба унвони намояндаи мардуми Тарн ба узвияти Маҷлиси муассисон даромад. Байни солҳои 1956 – 1962 ба тартиб вакили Маҷлиси Фаронса ва Маҷлиси сено шуд. Дар соли 1956 ба узвияти кодри сиёсии Ҳизби Коммунисти Фаронса даромад. Вай дар донишгоҳҳои Clermant revand ва Provence тадрис намуда аст.

Гародӣ ҳамзамон бо тадриси фалсафа дар донишгоҳҳои Фаронса, риёсати донишкадаи мутолеоти марксизм−ленинизми Фаронсаро бар ӯҳда дошт ва солҳое низ дар мансаби риёсати Ҳизби Коммунисти Фаронса буд.

Дар замони ишғоли Чехославакия тавассути Шӯравӣ, Гародӣ зимни мухолифат бо ин иқдом, назароти Густав Гусак ва Александр Дубчек − ро, ки аз раҳбарони сиёсии машҳури Чехославакия буданд, дар китоби худ таҳти унвони "Озодие, ки ҳаргиз тулӯъ накард” мунъакис намуд ва ба ин далел аз Ҳизби Коммунист ихроҷ шуд.

Гародӣ дар соли 1970 дар китобе таҳти унвони "Ҳақиқати бузург”, ҳақоиқи ихроҷи худро аз Ҳизби Коммунист унвон кард.

Саранҷом дар соли 1982 пас аз мутолеоти доманадоре дар мавриди соири адён, ба дини ислом гаравид. Вай дар мавриди далоили ислом овардани худ дар китоби "Ваъдаҳои ислом” ин чунин изҳор медорад:

"Дар 20 солагӣ масеҳият ва ширкат дар Ҳизби Коммунисти Фаронсаро бо ҳам интихоб кардам. Ин интихоби дугона барои ман тазодде дарбар надошт ва ба далели интихоби худ хиҷолат намекашидам ва ҳанӯз ҳам пушаймон нестам. Аммо замоне ки сотсиалист набудани Иттиҳоди Шӯравӣ бар ман исбот шуд ва ҳамчунин шоҳиди ба ҳақиқат напайвастани орзуҳои бузурги калисо будам, ба ҳамроҳи яке аз дӯстонам, ки олими дини масеҳият буд, ба мутолеа дар мавриди соири адён пардохтем ва дар мутолеотамон бо фирқаҳои исломӣ ошно шудем ва ин боиси гаравидани ман ба дини ислом шуд”.

Вай дар ҷои дигар изҳор медорад:

"Ман фалсафаи вуҷудро ёфтам, ва он дар ислом буд ба ҳамроҳи се асли асосӣ, ки бузургтарин усули ҷаҳонӣ аст: аввал ин ки Худованди якто молики ҳастӣ аст... дуюм ин ки Худованди якто ҳокими ҳастӣ аст.... ва сеюм ин ки Худованди якто алим аст”.

Муҳокамаи Гародӣ

Соли 1998, як додгоҳи фаронсавӣ Роже Гародиро ба хотири китоби "Устураҳои бунёнгузори сиёсати Исроил” (Mythes fondateurs de la politique israélienne), ки Гародӣ дар соли 1995 навишта ва дар он ба исботи бепоягии Ҳолокост пардохта аст, муҷрим шинохта ва ӯро маҳкум сохт.

Чаро ҷаҳони Ғарб, бо муҳокамаи Роже Гародӣ – он ҳам дар маҳди демократия яъне Фаронса – худро шарманда сохт? Зоҳири достон бармегардад ба "Қонуни Фабиус−Гюссо”. Бар асоси ин қонун, ки ба унвони моддаи 24 дар соли 1990 дар қонуни озодии матбуоти Фаронса гунҷонда шуд, "касоне ки дар вуҷуди як ё чанд ҷиноят алайҳи башарият чуну чаро кунанд, бо муҷозотҳои пешбинишуда тавассути банди 6-уми моддаи 24 танбеҳ хоҳанд шуд”.

Дар ҳақиқат, бо тасвиби ин қонун, ҳеҷ таърихнигоре наметавонад натиҷагириҳои Додгоҳи Нюрнберг-ро зери суол бубарад; ҳамон додгоҳе, ки ҳатто раиси ҷумҳури Амрико эътироф мекунад, ки "охирин пардаи намоиши ҷанг” буда аст.

Ин ки чаро ин қонун истиноди муҳокамаи Гародӣ қарор мегирад ва оё бар асоси ҳамин қонун метавон Гародиро маҳкум сохт, ҷои тааммули фаровон дорад. Оё агар нишон дода шавад, ки ҷиноёти нозӣ танҳо бар зидди яҳудиён набуда, балки дар ин набард даҳҳо миллион нафар кушта шудаанд, ба маънои нажодпарастиест, ки табъиз ва кинаи нажодиро тарғиб мекунад, ё ба маънои табриаи Ҳитлер ва ҷиноёти ӯ мебошад?

Аз ин рӯ, ба назар мерасад иттиҳоми "мухолифат бо ҷиноёт алайҳи башарият” ва "нашри шойеоти зидди сомӣ”, аз ибтидо, бепоя, ғайри илмӣ ва ғаразварзона аст, ва ин иқдом, танҳо пӯшише барои пинҳон сохтани ағрози аслии сиёсате аст, ки ба манзури маҳори Гародӣ ва зарба ба ҳайсияти фарҳангии ӯ тарҳрезӣ шуда аст.

Пас, чаро додгоҳи ҷазоии Порис бо тан додан ба муҳокама ва дар ниҳоят маҳкумияти ӯ (ба пардохти 120 ҳазор франк) тан ба нанге таърихӣ медиҳад? Агар ба воқеиёти ҷаҳони имрӯз ба вижа сайтараи саҳюнизм ва империализм, бо диди амиқе нигариста шавад, аҳамияти устураҳо ва нақши муҳимми таблиғот дар тасбиту таъмиқи онҳо ғайри қобили инкор хоҳад буд. Расонаҳои ҳоким бар ҷаҳон, хабаргузориҳо, китобҳо, филмҳо ва суханони масъулони сиёсӣ ва фарҳангӣ, чунон фазое бар дунё ҳоким сохтаанд, ки сухан гуфтан бар хилофи он, ҳамчун зери суол бурдани муҳаррамот ва бадеҳиёти нописанд бошад. Касе ҷуръат надорад, ки бо ин фазо ба муқобила бархезад.

Рӯшанфикрони ҷаҳон низ ин устураҳоро бовар карда, ё ба иҷбор ва барои ҳифзи эътибор ва ҷойгоҳи хеш, аз баррасӣ ва нақди онҳо шона холӣ кардаанд. Ҳатто қавонини бархе кишварҳо ҳамчун Фаронса ба ёрии ин хафақони тааҷҷубовари қарни 20-ум бархоста аст.

Дар сояи чунин устураҳоест, ки саҳюнизм бо қатлу ғорату таҷовуз, миллатеро аз сарзамини худ берун меронад ва ғосибона ба ташкили ҳукумат ва кишвари ҷаълӣ мепардозад, ва ин ҳама, мавриди таъйид ва бар асоси нақшаест, ки истикбори ҷаҳонӣ барои эҷоди шикоф дар ҷаҳони ислом ва ғорати манофеи онон кашида аст ва бо истиқрори гурӯҳи муздуре ба ин муҳим даст ёфта аст. Худи Гародӣ чунин мегӯяд:

"Лорд Бальфур, он ҷо ки ба саҳюнистҳо кишвареро, ки ба онҳо тааллуқ надошт таҳвил медод, эълом кард: "Чандон аҳамияте надорад чӣ системае барқарор шавад то мо нафти Ховари Миёнаро нигаҳ дорем. Муҳим ин аст, ки ин нафт дар дастрас бимонад”.[1] Вазири хориҷаи Амрико Корделл Халл гуфт: "Бояд ба дурустӣ дарёфт, ки навти Арабистони Саудӣ яке аз тавонмандтарин аҳрумҳои дунёро ташкил медиҳад”.[2] Яъне аз Лорд Бальфур то Корделл Халл, ҳамон сиёсати воҳид аст, ки маъмурияти воҳидеро бар ӯҳдаи раҳбарони саҳюнисти исроилӣ мегузорад. Ҳамон маъмурияте, ки Йозеф Лунс, дабири кулли пешини НАТО, бад-ин гуна таъриф карда аст: "Исроил камҳазинатарин муздури даврони ҷадиди мо буда аст”.

Гародӣ дар китоби арзандаи худ, ба баррасии устураҳои дурӯғине мепардозад, ки афсонаи сӯзондани яҳудиён дар давлати нозиро табдил ба воқеият кард, Фаластинро сарзамини мавъуди саҳюнистҳо намуд ва сокинони Фаластинро ба унвони мавҷудоти афсонаӣ, ки ҳаргиз набудаанд, аз ҳаққи хеш маҳрум намуд.

Дар бахши "Устураҳои худошиносӣ”, Гародӣ, зимни эҳтиром ба паёмбари яҳуд, бунёнҳои худошиносии устураӣ, ки саҳюнистҳои сиёсӣ сохта ва пардохта шуда аст-ро ошкор месозад.

Дар бахши аслии китоб, мабонии сохтагии машрӯиятсози сиёсии саҳюнистҳо дар чаҳор бахш ва бо унвони "Устураҳои қарни бистум” шомили:

  1. Устураи фашисзмситезӣ;
  2. Устураи Додгоҳи Нюрнберг;
  3. Устураи 6 миллион қурбонии яҳудӣ;
  4. Устураи як сарзамини бидуни мардум барои мардуми бидуни сарзамин, бармало мегардад.

Дар поёни китоб, Гародӣ ба ин натиҷа мерасад, ки саҳюнизми сиёсӣ дунболаи носюнолизми аврупои қарни 19-ум аст ва иттиҳод ва ҳамроҳии онҳо аз як сӯ саҳюнисзмро ба аҳдофи худ мерасонад ва аз сӯйи дигар, Ғарб ба манофеи истеъмории худ дар минтақаи Ховари Миёна, ки нафт дар раъси он қарор дорад даст меёбад.

Роже Гародӣ бо истинод ба мадорики фаровон, собит мекунад, ки қатли 6 миллион яҳудӣ дар кураҳои одамсӯзӣ, дурӯғи ғайри қобили бовар аст, зеро аслитарин урдуи одамсӯзӣ, ки филми он дар ҷараёни Додгоҳи Нюрнберг ба унвони "Утоқи газ" нишон дода шуд, "Утоқи гази Дахау” буд. Имрӯз рӯшан аст, ки ҳеҷ кас наметавониста дар он ҷо газдиҳӣ шавад, зеро ки ин "утоқи газ” ҳаргиз комил нашуда аст. Ҳеҷ як аз сарони ҳизби нозӣ ё омилони ҷиноятҳои кураҳо то лаҳзаи печида шудани таноби марг бар гарданашон на танҳо ба ин ҷиноятҳо эътироф накарданд, балки тамоми ин ҷараёнҳоро танҳо иттиҳоме аз ҷониби яҳудиён дониста ва ба шиддат онро такзиб карданд.

Ин сухан, устураеро мешиканад, ки бар мабнои он миллате қурбонӣ шуда ва дар ҳақиқат давлати "Исроил” посухи Худованд ба нобудии яҳудиён аст ва бар асоси он тамоми иқдомоти "Исроил” дар Фаластин ва нуқоти дигари ҷаҳон тавҷеҳ меёбад; устурае, ки зулм бар яҳудиёнро ба тасвир мекашад ва тараҳҳуми тамоми миллатҳоро бармеангезад.

Гародӣ дар китоби дигараш ба номи "Амрико, пештози инҳитот” рафтори истикбории давлатҳои Ғарб бо миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳони сеюмро ба нақд мекашад ва убуҳҳати дурӯғини Амрикоро, ки дар қолаби "Назми навини ҷаҳонӣ” дар талош барои султа бар ҷаҳон аст, дарҳам мешиканад.

Вай куштори сурхпӯстон ва бардагии сиёҳонро ду нишонаи асосии таърихи тамаддуни Амрико мешуморад ва шиори озодӣ ва баробарӣ ва доштани ҳаққи раъйро, ки дар Эъломияи истиқлоли Амрико ва Эъломияи ҳуқуқи башар ва шаҳрванди Фаронса баён шуда аст, дар ҳадди шиоре медонад, ки на оммаи мардум, балки танҳо соҳибони сармоя аз он бархӯрдоранд.

Раҳбарони Гурӯҳи ҳашт-ро омили терроризми ҷаҳонӣ медонад, ки бо ҷиноятҳои гузашта ва ҳолашон аз куштори сурхпӯстон ва бардагии сиёҳон то нобудии мардуми Вьетнам ва Руанда ва кӯдакони бегуноҳи ироқӣ, бадтарин ҷиноятҳоро муртакиб мешаванд ва тоза, барои мубориза бо терроризм, дар Леон гирди ҳам меоянд.

Раҳбарони ин кишварҳо дигаронро ба бунёдгароӣ ба маънои иддаои доштани ҳақиқати мутлақ ва дар натиҷа иддаои ҳаққи таҳмили ин ҳақиқат ба дигарон муттаҳам месозанд, дар ҳоле ки худ ибтидо бо баҳонаи "масеҳӣ кардан”, бардошти хосси худ аз мазҳабро ба дунё таҳмил мекарданд ва он гоҳ ки мазҳаб ба ақаб ронда шуд, имрӯз "модернита”-и худро ба дунё таҳмил мекунанд.

Мулоҳаза мешавад, ки Гародӣ рӯшанфикри суннатшикан аст, вале на суннатшикан дар оламҳои хиёлӣ, балки дар майдоне, ки истикбору саҳюнизм бо барнома ва солҳо таблиғ онро басон бинои муҳкам ва бенақс ороста аст ва имрӯз рӯшанфикри ошно бо ҷаҳони Ғарб ва мабонии фикрии он, ҳаракатеро шурӯъ карда, ки нишон медиҳад бинои демократияи ғарбӣ, назми навини ҷаҳонӣ ва ҳукумати ғарбӣ ва зоидаи он "Исроил”, суст ва басон хонаи анкабут аст, ки "Ҳамоно сусттарини хонаҳо, хонаи анкабут аст агар медонистанд”. (Сураи Анкабут).

"Ин ҳаракат − чунон ки Гародӣ мегӯяд − мавҷе аз паёми инқилоби исломӣ аст, ки аз дарёи бекарони ваҳйи илоҳӣ дар сарзамини Эрон ва бо раҳбарияти Имом Хумайнӣ ба ҳаракат даромад ва аз дарун холӣ будани истикборро эълом дошт ва сипас дунёи исломро мутаҳаввил сохт. Инак, амвоҷи хурӯшони он ба Ғарб расида ва бунёни онро ба талотум водошта аст. Ин ҳаракат, ба ҳеҷ ваҷҳ аз сӯйи истикбор таҳаммул нахоҳад шуд”.

Қисмати дуюм ва поёнӣ: Роже Гародӣ: нигоҳе ба зиндагӣ ва андешаҳо (2)

 


[1] John Kimhe, Фаластин ва Исроил, интишороти Albin Michel, 1973, с 27.

[2] Ҳамон манбаъ, с 240.

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 1064 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz