Чоршанбе, 08.05.2024, 15:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 7 » Роҳкорҳои амалии тақриб байни мазоҳиб
Роҳкорҳои амалии тақриб байни мазоҳиб
22:06

Доктор Абдулқаюми Саҷҷодӣ

Бо талхӣ бояд ёдовар шуд, ки дар байни ташайюъ ва тасаннун, пешгоми ҳаракатҳои манфӣ ва ғайри мантиқӣ, иддае аз муллоҳои бесавод ва ё камсаводе ҳастанд, ки ба содагӣ дар доми тарфандҳои сиёсатбозон қарор гирифта ва ба гумони хидмат ба мазҳаб, ба дини ислом хиёнат ва ҷафо мекунанд.

Тақриб байни мазоҳиб, ё худ ба ҳам наздик шудани мазҳабҳои мухталифи исломӣ, ормонест, ки бар мабнои ухувват ва бародарии динӣ ва уммати воҳидаи исломӣ устувор мебошад. Аз дер боз тақриб байни мазоҳиб ба унвони гоми муҳим ва амалӣ дар ростои таҳаққуқи айнии ваҳдати исломӣ ва бародарии динӣ, мавриди таваҷҷӯҳи олимони бузурги ҷаҳони ислом қарор доштааст.

Тақриби мазоҳиб, баёнгари як биниши фикрӣ ва амалӣ барои эҷоди зеҳнияти мусбат ва созанда байни пайравони мазоҳиби исломӣ нисбат ба ҳамдигар мебошад. Ин зеҳният, аз тариқи нафйи таассуботи мазҳабӣ ва ҷазмнигариҳои ғайри илмӣ, пайравони мазоҳиби исломиро ба ҳампазирии динӣ ва эҳтиром ба тафовути назар дар бархе аз фуруоти динӣ фаро мехонад.

Имрӯз дар асри ҷаҳонӣ шудан ва давраи вобастагии мутақобили ҷавомеи башарӣ ба якдигар, гуфтумони либерализм ва моддигаро, низоми арзишии ислом ва гуфтумони диниро ба чолиш кашидааст. Тарҳи теории бархӯрди тамаддунҳо, намунае аз талош дар ростои барҷаста сохтани хатари исломгароӣ ва густариши ислом дар паҳнаи гетӣ аст. Аз ҷониби дигар, ҷаҳони ислом низ бо чолишҳо ва мушкилоти дохилии гуногуне рӯбарӯ аст, ки дар ниҳоят чеҳраи нурониии таолими исломиро зери суол бурда ва ҳамвора бовар ва имони динии ҷавонони мусалмонро бо шакку тардид рӯбарӯ месозад. Ҳосили ҷамъи чолишҳои дарунӣ ва ҳуҷумҳои берунӣ, баробар аст бо зарурати бедории уммати исломӣ ва талоши ҳамаҷониба дар ростои тақриби мазоҳиби исломӣ ва таҳкими ухувват ва бародарӣ байни пайравони азоҳиби исломӣ.

Аммо суоли асосӣ ин аст, ки дар амал тақриби мазоҳиби исломӣ ва ухуввати динӣ чӣ гуна анҷом мепазирад?

Посухи ин суол моро ба зурурати тадвини ҷомеъ ва коромади Стратегияи тақриб рӯбарӯ месозад. Дар ин навиштор, муҳимтарин меҳварҳои Стратегияи тақриб байни мазоҳиби исломӣ, ки дар воқеъ роҳкорҳои айнӣ ва амалии расидан ба ин идеяи бузурги исломӣ аст, мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад, ки ба сурати феҳристгуна ва ба ихтисор ёдоварӣ мегардад.

1. Тарвиҷи таълимоти исломӣ бар меҳварияти Китоб ва суннат:

Қуръони Карим ва суннати набавӣ, меҳвари муштараки тамоми мазоҳиб ва фирақи исломӣ аст. Пайравони мазоҳиби исломӣ ба иттифоқи назар, Қуръон ва суннати набавиро ба унвони ду манбаи ғанӣ ва арзишманди фиқҳу аҳкоми исломӣ, мавриди таъкид қарор дода, куллияи фирақ ва мазоҳиби исломиро бар меҳварияти ин ду манбаи арзишманд, ҷузъи хонаводаи бузурги уммати исломӣ маҳсуб мекунад.

Бинобар ин, барҷаста сохтани ин меҳвари муштарак, роҳро ба рӯи ҳар навъ ҳаракати тафриқаафканона, ки миёни уммати исломӣ ҷудоӣ меандозад, мебандад. Фурӯоти фиқҳии мавриди ихтилофи назари фақеҳони мусалмон, дар партави иштироки назари онҳо бар сари меҳварияти Қуръон ва суннат, бисёр ҷузъитар ва камаҳамиттар аз он аст, ки битавонад ҳалқаи мустаҳками уммати исломиро хадшадор кунад.

Пас, лозим аст тамоми олимони динӣ ва андешмандони мусалмон, бар ин меҳварияти азим таъкид намуда ва тамоми фирақи исломиро, ки ба ин ду мероси гаронсанги набии мукаррами ислом (с) имон доранд, бо дидаи бародари динӣ нигариста ва мавриди эҳтироми мутақобил қарор диҳанд.

2. Таъкид бар ҳифзу ҳиросат аз низоми арзишӣ ва ахлоқии ислом:

Имрӯза, ҷаҳони ислом беш аз ҳар замон, дар маърази ҳуҷуми фарҳангӣ ва улгусозиҳои ғайри динӣ ва мутаноқиз бо арзишҳои ахлоқӣ ва инсонии ислом қарор доранд. Ҷаҳони ислом ва мусалмонон ҳувияти динӣ ва дунявиашонро бар асоси низоми арзшии ислом, ки мутобиқ бо фитрати инсонӣ ва баргирифта аз ваҳйи илоҳист, таъриф мекунанд.

Бинобар ин, ҳиросат ва ҳифозат аз ҳувияти исломии мусалмонон, зарурати посдорӣ аз низоми арзишӣ ва ахлоқии муслмонон, вазифаи муштараки тамоми андешамандони мусалмон аст. Посдорӣ аз ҳувияти исломӣ, рисолат ва вазифаи ҳамаи олимони динӣ ва уммати исломӣ аст. Барҷаста сохтан ва зинда нигаҳ доштани ҳувияти исломӣ, ба мафҳуми нафйи идеяҳо ва боварҳои фарҳангии муғойир бо арзишҳои исломӣ аст. Бинобар ин, таҳкими ҳувияти исломӣ ба унвони ҳувияти ҷамъии мусалмонон, гоми амалӣ ва асосӣ дар ростои таҳаққуқи айнии уммати воҳидаи исломӣ аст.

3. Тақвият ва густариши муштаракоти исломӣ, ва таъкид бар сарнавишти муштараки уммати исломӣ:

Ҷаҳони ислом бахши азиме аз ҷуғрофиёи инсонӣ ва сиёсии ҷаҳонро ба худ ихтисос медиҳад. Дар ин ҷуғрофиёи бузург, уммати исломӣ дорои сарнавишти иҷтимоии муштарак мебошад. Аз назари мӯътақидоти исломӣ, аҳамият ба умури муслимин ва расидагӣ ба ваъияти нобасомони бародарон ва хоҳарони мусалмон дар атрофу акнофи олам, яке аз вазоифи мусалмонон маҳсуб мегардад. Зеро ин гуфтаи паёмбари ислом (с) аст, ки фармуд: "Ҳар касе шабашро ба рӯз расонад, дар ҳоле ки дар фикри умури муслимин набошад, мусалмон нест”.

Ба ҳукми ин фармудаи паёмбари ислом (с), мусалмонон бояд нисбат вазъияти бародарони динии хеш эҳсоси масъулият намуда ва худро дар ранҷу дарди онҳо шарик бидонанд. Густариш ва тақвияти руҳияи ҳамдардӣ ва ҳамсарнавиштӣ дар ниҳоят заминаҳои инсиҷоми бештар ва иттиҳоди амалии мусалмононро фароҳам месозад.

4. Таъкид бар таҳдидоти муштарак:

Имрӯза, ҷаҳони ислом ва уммати исломӣ, бо таҳдидоти муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯбарӯ ҳастанд. Таҳдиди фарҳангӣ, ки мӯътақидоти динии мусалмононро ба чолиш металабад, аз муҳимтарин таҳдидоти ҷаҳони кунунӣ аст, ки куллияти андеша ва тафаккури исломиро ба мубориза металабад. Ин таҳдидот аз марзҳои ҷуғрофиёӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ гузашта, ҳувияти муштараки уммати исломиро, ки ҳамоно диндорӣ ва пойбандӣ ба низоми арзишии ислом аст, зери суол мебарад. Таваҷҷӯҳ додани мусалмонон, нависандагон ва олимони динӣ ба ин хатар ва таҳдиди муштарак, онҳоро аз рафтан ба сӯи ихтилофҳои ҷузъӣ барҳазар дошта ва мутаваҷҷеҳи дифои дастаҷамъӣ ва муштарак аз куллияти низоми исломӣ ва мӯътақидоти динӣ месозад. Кӣ метавонад бипазирад, ки дар ҷаҳони кунунӣ таҳоҷуми фарҳангӣ ва эътиқодӣ асли имони динӣ ва динбовариро тахриб менамояд, аммо вай ҳамчунон даргири баёни ихтилофи назарҳои ҷузъии фиқҳии фақеҳони исломӣ бошад? Ба таври мантиқӣ он гоҳ ки куллияти низоми динӣ ва диндорӣ ба чолиш кашида мешавад, дилмашғулии олимони динӣ ба баёни масоили мазҳабӣ ва ҷузъӣ дур аз савоб хоҳад буд. Бинобар ин, андешмандони мусалмон вазифа доранд то дар ростои ҳиросат аз диндорӣ ва имонбоварӣ ба унвони ҳадафи муштарак дар сангари воҳиде ба номи ҳиросат аз диндорӣ қарор гиранд. Ин амр низ ба навбати худ тамсили айнии ухувват ва бародарии исломӣ хоҳад буд.

5. Баргузории конфронсҳои илмии муштарак аз сӯи олимон ва рӯшанфикрони динӣ:

Бидуни тардид, таомули фикрӣ ва тазоруби оро миёни андешмандони мусалмони шиа ва суннӣ, яке аз авомили дурии онон ва гоҳе эҷоди зеҳниятҳои манфӣ дар байни онон ва уммати исломӣ аст. Ба ин манзур, баргузории нишастҳои илмии муштарак, ки олимони шиа ва суннӣ дар канори ҳам ба баёни дидгоҳҳо ва нуқта назароти исломӣ ва динӣ бипардозанд, нақши муҳиммеро дар эҷоди ваҳдати исломӣ ва тақриби байни мазоҳиби исломӣ хоҳад дошт. Дарки дуруст аз нуқта назароти фиқҳӣ ва динии олимони мусалмони шиа ва суннӣ аз ҳамдигар, дар ниҳоят ба густариши нуқоти иштирок ва камранг гардидани тафовутҳои ҷузъӣ дар масоили фиқҳӣ кӯмак намуда ва заминаҳои таҳаққуқи амалии ваҳдати исломиро фароҳам месозад.

6. Пешгирӣ аз таблиғоти манфии мазҳабӣ:

Ҷаҳони ислом таҷрибаҳои талху ногуворе аз бархӯрди такфирӣ ва ифротӣ дар байни мазоҳиби исломӣ аз сӯи бархе аз афрод ва ҳалақот ба номи мазҳаи хоссеро таҷриба намудааст. Имрӯз низ дар бархе аз билоди исломӣ ҳанӯз ҳастанд касоне, ки ба номи шиа ва суннӣ ва ё дигар фирқаҳои исломӣ бо дидгоҳи инҳисорӣ, ба таблиғи манфӣ алайҳи дигарон мепардозанд. Пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи мазоҳиби исломӣ, яке аз роҳкорҳои асосии тақриби байни мазоҳиби исломӣ аст. Ин вазифаи муҳимми олимони динист, ки аз анҷоми чунин бархӯрдҳои сабук ва мунофӣ бо болотарин масолеҳи уммати исломӣ пешгирӣ намоянд.

Бо талхӣ бояд ёдовар шуд, ки дар байни ташайюъ ва тасаннун, пешгоми ин гуна ҳаракатҳои манфӣ ва ғайри мантиқӣ, иддае аз муллоҳои бесавод ва ё камсаводе ҳастанд, ки ба содагӣ дар доми тарфандҳои сиёсатбозон қарор гирифта ва ба гумони хидмат ба мазҳаб, ба дини ислом хиёнат ва ҷафо мекунанд.

Пайравони мазоҳиби исломӣ ҳақ доранд ба таври озодона аз таълимоти мазҳабии хеш таблиғ намоянд. Аммо на мантиқи исломӣ ва на маслиҳати ҷаҳони исломӣ ва на асли ухувват ва бародарӣ, ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад аз таблиғоти манфӣ алайҳи дигар мазоҳиби исломӣ истифода намояд. Пешгирӣ аз бархӯрдҳои мутаасибона, ки на ба нафъи мазҳаб аст ва на ба нафъи дин, аз вазоифи муҳимми уламои исломӣ буда ва қадами муҳимме дар ростои таҳаққуқи ухуввату бародарии исломӣ аст.

7.Таъкид бар асли эҳтиром ба ихтилофи назарҳои фиқҳӣ:

Зиндагии илмӣ ва иҷтимоии раҳбарони исломӣ улгуи коромад ва арзишманд аз таомули иҷтимоӣ аст. Раҳбарони мазоҳиби исломӣ агар дар иҷтиҳодоти фиқҳӣ бо ҳам ихтилофи назар намедоштанд, шояд фиқҳи исломии имрӯза аз боландагӣ ва пӯёие, ки дорад бархӯрдор намебуд. Онон бо дар назардоши асли меҳварияти Қуръон ва суннат, ихтилоф дар равишҳои иҷтиҳодӣ ва назариёти фиқҳиро бо дидаи қадр нигариста ва назариёти мухолифро бо диди эҳтиром менигаристанд.

Агар имрӯза уммати исломӣ ва олимони мусалмон дар мавриди ихтилофи назари фиқҳӣ, бар назариёти ҳамдигар асли эҳтироми мутақобил ва маъзурияти шаръиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд, ба яқин тафовути назари фиқҳӣ на танҳо монеи ухувват ва бародарии онон нахоҳад шуд, балки замнаҳои рушду таолии фиқҳи исломиро низ фароҳам хоҳад сохт.

Кимиёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 673 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz