Чоршанбе, 12.12.2018, 13:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 4 » Рӯзҳои номуборак барои Муборак
Рӯзҳои номуборак барои Муборак
01:30

Солҳо бояд мегузашт то ин мардуми ситамдида фурсати эътироз алайҳи режими худкомаи Ҳусни Муборакро пайдо кунанд. Онҳо танҳо дар интизори ҷараққае буданд, ки битавонанд буғзи чанд даҳаи ахири худро бишкананд ва фарёди хашми худро бароваранд.

Шиорҳо ва мавҷи шабонарӯзии мардуми Миср дар шаҳрҳои Қоҳира, Искандария ва бисёре аз шаҳрҳои бузурги ин кишвар, нишондиҳандаи норизоятии онҳо аз зимомдорӣ ва ҳукумати Муборак аст.

Ҳоло ин буғз шикаста шуда, мардуми Миср дар асри ҷадиде гом бармедоранд, ки метавон онро асри "эътироз алайҳи Муборак” донист. Онҳо масиреро интихоб кардаанд, ки бозгаште барояш мутасаввар нест. Ҳадди ақал ин аст, ки мардуми Миср барои қиёми худ масири бозгаште тарсим накардаанд.

Албатта шояд Ҳусни Муборак ва ҳамдастони дохилӣ ва хориҷиаш талош дошта бошанд, ки бо ҳар ҳазинае бар сари қудрат боқӣ бимонанд, аммо таҳаввулоти ахир нишон медиҳад хонадони Муборак аз ин кишвар рафтанӣ аст, хоҳ ин барнома як ҳафта ба дарозо кашида шавад ва ё чанд моҳ низ идома ёбад.

Бар ин асос, Муборак ва аъзои ҳукумати вай, ки то кунун бештари афроди хонаводаи худро фирорӣ додаанд, охирин дасту поҳоро барои мондан дар қудрат мезананд. Албатта бархе мӯътақиданд шефтагии Ҳусни Муборак ба қудрат, шояд сабаб шавад вай то охирин соат аз ҳукмронӣ бар сарзамини Фароина худоҳофизӣ накунад. Дар воқеъ, Муборак то замоне ки маҷбур нашавад, аз қудрат канорагирӣ нахоҳад кард.

Бар ин асос, мушоҳида мешавад дар рӯзҳои ахир роҳкорҳое тавассути мақомоти амниятии Миср баргузида мешавад, ки ба назар мерасад воридотӣ бошад. Дар ҷое ки бо ифшои бархе асноди маҳрамонаи Вазорати кишвари Миср мушаххас мешавад, арозилу авбош ба истихдоми ҳукумат даромада то мардумро саркӯб кунанд. Манотиқи мухталиф ва муассисоти мисрӣ ғорат мешаванд то мардум нисбат ба қиёмашон бадбин шаванд. Кумитаҳои ба истилоҳ мардумӣ ташкил мешаванд то аз мардум бихоҳанд бо таваҷҷӯҳ ба нооромиҳо дар кишвар, аз идомаи эътирозоти худ даст кашида ва роҳии манозили худ шаванд.

Дар талоши Муборак барои ором кардани мардум, таноқузоти зиёде ба чашм мехӯрад. Истифода аз вожаи "тағйир”, аз ҷумла аҳрумҳои бемаъниест, ки бо вуҷуди суръати интиқол ва интишори ахбор дар дунёи имрӯз ҳатто дар кишварҳои тавсианаёфта низ корбурде надорад. Шароити имрӯзи Миср монанди ҳамаи хезишҳо ва инқилобҳост. Эътироз ва норизоятӣ аз шароити мавҷуд ва талош барои расидан ба шароити матлуб, дар муқобили саркӯби эътирозҳо ва додани ваъдаҳои аҷулонае, ки адами таҳаққуқи онҳо аз ибтидо ҳувайдост, нишон аз даступочагӣ, нотавонӣ ва заъфи давлатмардоне аз ҷинси Муборак дорад, ки нобоварона ба камранг шудани ҳимоятҳо ва бозии сиёсии Амрико чашм дӯхта ва умед ба мондан дорад.

Ин шева ёдовари бархӯрди Кортер раиси ҷумҳури вақти Амрико дар рӯзҳои авҷи инқилоби исломӣ дар Эрон (соли 1979) аст, ки ба Шоҳи он вақти Эрон тавсия мекард муроқиби ҳуқуқи мардум бошад ва тағйиротеро дар низоми ҳукуматӣ ба вуҷуд биёварад, ки комилан шабеҳи аксуламале аст, ки раиси ҷумҳури феълӣ ва вазири умури хориҷаи Амрико тайи чанд рӯзи гузашта дар муқобили таҳаввулоти Миср аз худ нишон додаанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 472 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2018
Бесплатный хостинг uCoz