Панҷшанбе, 18.10.2018, 16:31
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 26 » Озодагӣ фаротар аз озодист
Озодагӣ фаротар аз озодист
12:02
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Аз тафовутҳои умдаи ҳаракати озодихоҳонаи мардуми Ховари Миёна, ки бештари онҳоро мусалмонон ташкил медиҳанд, бо кӯшишҳои озодихоҳонаи дигар умматҳо ва ба вижа мағрибиён, яке он аст, ки агар натиҷаи кӯшиши мағрибзаминиён фақат дар "озодии инсон” хулоса шуда бошад, самараи талоши мусалмонон, на танҳо озодӣ ва раҳоииинсон аз зери султаи зӯргӯён хоҳад буд, балки "озодагии ӯ”-ро низ дарбар хоҳад гирифт.

Озодагӣ, маъноест фаротар аз озодӣ. Басо мардумоне, ки озоданд, вале озода нестанд. Озодӣ, танҳо раҳоӣ аз асорати дигарон аст, валеозодагӣ, афзун бар он, раҳоӣ аз асорати хештан низ мебошад.

Агар озодӣ барои инсон замоне ба даст ояд, ки аз зери султаи дигарӣ раҳоӣ биёбад, озодагӣ барояш ҳангоме ҳосил хоҳад шуд, ки илова бар раҳоӣ аз асорати дигарон, аз султаи ҳавоҳои нафсонии хеш низ раҳо бигардад.

Агар таҳаққуқи озодӣ танҳо бо аз байн бурдани мавонеъи берунӣ ва зоҳирӣ фароҳам ояд, ҳусули озодагӣ, афзун бар он, ниёз ба худсозӣ, тазкияи нафс ва поксозии дарун низ дорад.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ дар ин миён ин аст, ки лозимаи озодагӣ, ба гунае эҷоди маҳдудият барои инсон ҳам ҳаст; маҳдудияте, ки бархе мепиндоранд хилофи озодист, ҳол он ки ин маҳдудият муқтазои озодагист. Масалан, вақте мехоҳӣ хештанро аз асорати ҳавоҳои нафсонӣ раҳо созӣ ва озода бошӣ, ногузир барои худат маҳдудиятҳое эҷод кардаӣ. Ба унвони мисол, онҷо ки нафсат аз ту бихоҳад, ки аз ҳар зане, ки хушат омад, ком баровар ва ту аз ин дархости нафси аммора сарбоз бизанӣ ва хештандорӣ бикунӣ – ки озода будан ҷуз ин нест - барои худат навъе маҳдудият эҷод кардаӣ.

Мушкили дунёи имрӯзи мо ин аст, ки дар он, сухан аз озодӣ бисёр аст ва аз озодагӣ кам. Шумо дар ҳеч як аз донишномаҳо ва доиратулмаорифҳои машҳури дунё, таърифе аз озодагӣ намебинед. Озодихоҳӣ дар ин донишномаҳо ҳамон гуна таъриф шудааст, ки донишмандони мағрибзамин аз он пеши худ таъриф ба амал овардаанд.

Бинобар ин, ҳаргоҳ сухан аз озодихоҳӣ ба миён ояд, ончи ба зеҳни донишмандон ва сиёсатдонҳои ғарбӣ ва ғарбзадаҳо хутур мекунад, ҳамон кӯшишест, ки замоне ғарбиҳо ба манассаи зуҳур расониданд ва самарааш, озодӣ ва раҳоии инсон аз зери султаи дигарӣ буду бас. Фикр мекунанд, моҳасали ҳар ҳаракати озодихоҳонае, мебоист ҳамон бошад, ки онон ба армуғон овардаанд.

Аз ин рӯ, вақте бибинанд, ки натиҷаи ҳаракати озодихоҳонаи мардуме ғайри ончи бошад, ки мепиндоранд, ҳаргиз исми онро "кӯшиши озодихоҳона” намениҳанд, балки гумон мекунанд, моҳасали ин талош "раҳоӣ аз султаи А ва гирифтор шудан ба султаи Б аст”.

Чанд рӯз пеш, дар буҳбуҳаи ҳаводиси Тунису Миср, як донишманди фаронсавӣ, дар мақолае (тарҷумаи арабияш дар пойгоҳи интернетии Алҷазира дарҷ шудааст) навишта буд: "Мо (ғарбиён ва озодихоҳон) набояд аз ин ҳаводис ба гунае истиқбол бикунем, ки гӯи натиҷаи ин хезишҳо ва ҳаракот ин аст, ки ба зудӣ ҷавомеи исломӣ мисли ҷавомеи мо озод ва демукросӣ дар онҳо бақарор хоҳад шуд. Агар пешоҳанги ин хезишҳо ҷунбишҳое чун Ан-наҳзаи Тунису Ихвонул муслимини Миср бошанд, мо дар рӯзҳои на чандон дур бо ду Эрони дигар дар минтақа мувоҷеҳ хоҳем шуд; Эроне, ки на танҳо мояи дарди сари озодихоҳон дар дохили худи Эрон аст, балки то кунун мушкилоти мутааддидеро барои моён низ ба армуғон овардааст. Оё натиҷаи хезиши мардумӣ дар Эрон дар 32 сол пеш, раҳоӣ ва озодии эрониён буд? Дуруст аст, ки Эрони Исломӣ Эрони шаҳанҳоҳӣ нест, ва кишварест рӯи пои худ истода ва аз истиқлоли сиёсӣ бархӯрдор, аммо оё кишваре озод ва демукросӣ ва меъёрҳои як кишвари демукросиро дорост? Хулоса, самараи инқилоби 32 соли пеш дар Эрон ин буд, ки мардумонаш аз султаи бегона раҳо ва гирифтори султаи дигаре ба номи "султаи охундҳо” шуданд...”

Ончи ин донишмандро водор кардааст, ки дар бораи хезишҳои ахири мусалмонон як чунин изҳори назаре бикунад, ҳамон аст, ки гуфтем. Яъне инон замоне хезиш ва инқилоберо "талоши озодихоҳона” унвон хоҳанд кард, ки моҳасали он ҳамон бошад, ки онҳо дар назар доранд; яъне озодӣ ба маънои ғарбияш. Озодагӣ, ба он маъно, ки дар боло овардем, пеши онон ҳаргиз озодӣ маҳсуб намешавад.

Ҳол, инон чи бихоҳанд ва чи нахоҳанд, самараи ҳаракат ва хезиши озодихоҳонаи имрӯзи мардумони Ховари Миёна, озодагист, на он маъно аз озодӣ, ки ин донишманду муқаллидонаш пеши худ тасаввур менамоянд.

Ин донишманд дуруст ташхис додааст, ки ба зудӣ ҷаҳон бо чанд Эрони дигар, ки озода аст, рӯбарӯ хоҳад шуд; Эроне, ки 32 пеш мардумонаш барои озодагӣ бапо хостанд ва пирӯз гардиданд. Оре, моҳасали инқилоби исломӣ дар Эрон на танҳо раҳоӣ ва озодии эрониён аз султаи бегонагон ва бинои кишваре буд сад дар сад мустақил, балки таҳаққуқи ҷомеае буд, ки дар он, ахлоқу маънавият ҳарфи аввалу охирро мезанад; меъёрҳое, ки озодиву озодагӣ барои инсон – чи мусалмон бошад ва чи ғайри мусалмон – ҷуз бо ҳокимияти ӯ (яъне ҳокимияти ахлоқу маънавият) таҳаққуқпазир нестанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 410 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2018
Бесплатный хостинг uCoz