Ҷумъа, 26.04.2024, 22:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 17 » Ончи мардумони минтақаи Ховари Миёнаро бархезонд
Ончи мардумони минтақаи Ховари Миёнаро бархезонд
01:51

Мухолифат бо режимҳои сарсупурда, мухолифат бо султаи истикбор ба вижа Амрико, мухолифат бо режими саҳюнистӣ, ва аз ҳама муҳим, исломхоҳӣ, ваҷҳи муштараки тамоми инқилобҳо ва хезишҳои мардумии ахири минтақа ба шумор меравад.

Дар нигоҳи оғозин ба ин таҳаввулот, ончи ғайри қобили тардид аст, ин ҳақиқат аст, ки талоши сию чандсолаи амрикоиҳо барои маҳори ҳаракати исломхоҳӣ дар минтақа аз тариқи ҳукуматҳои дастнишондеҳ ва ҳамчунин талош барои эҷоди инҳироф дар ин ҳаракат бо ба роҳ андохтани гурӯҳҳои ифротӣ мисли Алқоида ва Толибон, на танҳо натиҷае надода, балки корро бар зарари султаи истикбор поён бахшида ва имрӯза мардуми бедори минтақа якпорча алайҳи ҳукуматҳои сарсупурдаи худ ва низ бо шиори "бидуни Амрико низ қодирем демукросии воқеӣ дар минтақа барпо бидорем!” бархостаанд.

Ончи дар ин навиштор пешкаш мекунем, ироаи муҳимтарин хусусиятҳои инқилобҳои ахир аст, ки иборат ҳастанд аз:

1. Хусусиёти муштараки мутолиботи мардум дар ин кишварҳо:

Мухолифат бо режимҳои сарсупурдаи ҳоким дар ин кишварҳо, мухолифат бо султаи истикбор ба вижа Амрико, мухолифат бо режими саҳюнистӣ, ва аз ҳама муҳим, исломхоҳӣ, ваҷҳи муштараки тамоми инқилобҳо ва хезишҳои мардумии ахири минтақа ба шумор мераванд;

2. Рушди рӯзафзуни шиорҳои исломӣ:

Оғози бархе аз ин ҳаракатҳои инқилобӣ гарчи мумкин аст таъсирпазир аз бархе мутолиботи иқтисодӣ ва сиёсӣ бошад, вале табдили маконҳо ё ниҳодҳои динӣ назири намозҳои ҷумъа ва намозҳои ҷамоат ва масоҷид ба унвони хостгоҳ ва нуқтаи оғози ин таҳаррукот ва шиорҳои исломӣ, намоёнгари ҷиҳатгирии аслии ин таҳаррукоти инқилобӣ аст;

3. Талоши нокоми Ғарб бар гуфтумонсозӣ барои ин таҳаррукот:

Тӯли ҳафтаҳои ахир, тамаркузи аслии марокизи мутолиотӣ ва андешкадаҳои Амрико, равонаи талош барои гуфтумонсозии ҷойгузини гуфтумони исломӣ барои ин ҳаракатҳои инқилобӣ шудааст, масалан, дар мутолиоти андешкадаи Маркази амрикоии Вудро Вилсон(Woodrow Wilson), дар канори исломгароии мардуми минтақа, ба бархе аз муаллифаҳое назири арабгароӣ, қабилагароӣ ёҷаҳоншаҳргароӣ, ба унвони гуфтумонҳои ҷойгузин таъкид шудааст;

4. Бархӯрди дугонаи Ғарб:

Бархӯрди дугонаи Ғарб нисбат ба таҳаввулоти Миср ва Либӣ аз як сӯ нишонаи хостгоҳи роҳбурдии Ғарб дар мавриди ин ҳаракатҳо аст ба навъе, ки амрикоиҳо сукут нисбат ба фаҷоеи Қаззофӣ дар Либиро бархоста аз ин медонанд, ки дар Либӣ манофеи роҳбурдӣ надоранд, ва ин, дар ҳолест, ки талош барои ироаи як тасвири даҳшатнок барои мардуми минтақа аз кишвари Либӣ метавонад мардуми дигар кишварҳоро аз пайгирии мутолиботи инқилобӣ боздорад, то ба мутолиботи пойинтар басанда кунанд;

5. Роҳбурдҳои ба тамаъ андохтани мардум:

Интихоби роҳбурдҳое назири тақсими пул, афзоиши ҳуқуқи кормандон ва монанди он барои маҳори ҳаракатҳо аз сӯи ҳуккоми кишварҳое назири Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Уммон, Ӯрдун ва ғайра, ҷилваи дигаре аз вокунишҳои инфиъолии истикбор ва ҳукуматҳои дастнишонда ба ин иқдомоти инқилобӣ аст ва ин амр баёнгари бебарномагӣ ва нотавонии онҳо дар маҳори ин таҳаррукоти инқилоӣ аст;

6. Зиддият бо режими саҳюнистӣ:

Муруре бар ҷунбишҳои мардумии минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо нишондиҳандаи ин аст, ки ин иқдомот умдатан дар кишварҳое ба вуқӯъ пайвастааст, ки ё ҳомиёни аслии режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳастанд ё ин ки ақаллан нисбат ба фаҷоеи режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва минтақа бетафовут будаанд ва ин амр метавонад ба унвони хатти шохисе дар раванди ин таҳаввулот матраҳ бошад;

7. Улгугирӣ аз хезиши мардуми инқилобии Эрон дар 32 сол пеш:

Дар поён, ёдоварии ин нукта лозим ба назар мерасад, ки ҳарчанд Ғарб ва дунболаравонаш кӯшиш мекунанд, хезишҳои мардумии минтақаро чизе ғайр аз ончи 32 сол пеш дар Эрон ба вуқӯъ пайваст нишон диҳанд ва тамоми саъйи хешро равонаи ин мекунанд, ки хостгоҳи ин инқилобҳоро исломхоҳӣ қаламдод накунанд, аммо нигоҳе ба раванди ин инқилобҳо худ гӯёст, ки хезишҳои ахир, шабеҳи ҳамон таҳаррукест, ки 32 сол пеш мардуми Эрон алайҳи шоҳи сарсупурдаашон анҷом дода ва тавонистанд низоме мардумӣ бапо бидоранд.

Дар ҳамин замина, ишора ба бархе аз охирин дидгоҳҳои расонаҳои ғарбӣ ва саҳюнистӣ дар ин замина қобили таваҷҷӯҳ аст, инак, унвони таҳлилҳои ахири ин расонаҳо:

Рӯзномаи амрикоии Лос Онҷелес Тоймз: "Танҳо барандаи воқеии инқилобҳои мардумии минтақа Эрон аст.”

Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Тоймз: "Тағйироти зилзилавори арабӣ ба суди Эрон ва ба зарари Арабистони Саудӣ аст.”

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳоаретз: "Хатар, дар афзоиши қудрати Эрон пас аз инқилобҳои арабӣ аст, ки қудрати бузурги Ховари Миёна мешавад.”

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 550 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz