Душанбе, 20.11.2017, 12:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 1 » Newsweek: Таҳаввулоти Ховари Миёна, пирӯзии қудрати Эрон бар Амрикост
Newsweek: Таҳаввулоти Ховари Миёна, пирӯзии қудрати Эрон бар Амрикост
01:39

Як рӯзноманигори амрикоӣ дар мақолае менависад: "Аз назари Вошингтун, даргириҳои минтақа, бахше аз набард байни ҳежмунии (Hegemon) Амрико ва Эрон дар Ховари Миёна аст, ки агар чунин бошад, ин Амрикост, ки ин набардро мебозад”.

Ҳафтаномаи Newsweek дар мақолае ба қалами Стефан Кинзер (Stephen Kinzer), зимни ишора ба канорагирии сиёсии Амрико дар ҷараёни нооромиҳои ахири Ховари Миёна ва низ ишора ба ин дидгоҳи Вошингтун, ки таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёнаро ҷанги Амрико ва Эрон барои расидан ба султаи сиёсӣ дар минтақа медонад, шикасти Амрикоро ҳатмӣ хонд ва канорагирии сиёсату роҳбурди маҳкум ба шикасти Амрико дар Ховари Миёнаро зарурӣ хонд.

Дар ҳоле ки рӯз ба рӯз ба нооромиҳои Ховари Миёна афзуда мешавад, Амрико, ки тавоноии ҳидояти таҳаввулоти минтақаиро надорад ва танҳо назорагар аст ва фақат ба вуҷуди ҳампаймонони худ, ки онҳо низ мавзеи рокиде дар қиболи таҳаввулоти Ховари Миёна иттихоз кардаанд, дил хуш карда ва дар айни ҳол умедвор аст, ки аз хашми умумии мардуми минтақа дар амон бимонад.

Амрико, бозандаи ҷанги сиёсии Ховари Миёна

Аз назари Вошингтун, даргириҳои минтақа бахше аз набард байни ҳежмунии Амрико ва Эрон дар Ховари Миёна аст, ки агар чунин бошад, ин Амрикост, ки ин набардро мебозад. Зеро Амрико, сарсахтона ба он даста аз роҳбурдҳои сиёсӣ дар Ховари Миёна муттакӣ аст, ки замони шаклгирии онҳо ба замони вуқӯи ҷанги сард марбут мешавад, дар ҳоле ки фазои амниятии ҳоким дар Ховари Миёна, аз замони ҷанги сард то кунун, ба таври қобили таваҷҷӯҳе тағйир кардааст.

Бо вуҷуди мавзеи аҳмақонае, ки Амрико ба лиҳози сиёсӣ дар қиболи таҳаввулоти Ховари Миёна иттихоз кардааст, Эрон талош мекунад то бо эъмоли нуфуз дар минтақа, бо ҷамъияти тазоҳуркунандагони мисрӣ ҳампаймон ва муттаҳид шавад ва дар шароите, ки Амрико дилашро ба ҳампаймононе хуш кардааст, ки 30 ё 40 соли пеш, на дар ҳоли ҳозир, соҳиби қудрат буданд, Эрон талош мекунад бар рӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва аҳзоби ироқӣ, ки барандаи интихобот буданд, сармоягузорӣ кунад.

Дар соли 2006 милодӣ ва ҳамзамон бо ҳамлаи "Исроил” ба Лубнон, Ҳамос ба далели доштани ҳомиёни эронии худ пирӯз гардид ва ба хотири муқовимат дар баробари "Исроил”, таҳсини ҷаҳони арабро барангехт.

Аз тарафе, нерӯҳои ҳомии Эрон дар Ироқ ҳамвора тавонистанд дастовардҳои хубе ба даст биёваранд ва дар шароите, ки Муқтадо Садр раҳбари мазҳабии шиаи Ироқ ҳам ба кишвари худ бозгаштааст, нерӯҳои ҳомии Эрон дар Ироқ тавонистаанд ба таври комил ва муассир, кунтрули давлати Ироқро бар ӯҳда бигиранд.

Амрико бо ҳамлаи соли 2003 милодӣ ба Ироқ ва барканор кардани Саддома Ҳусайн аз қудрат, кунтрули ин кишварро амалан ба дасти Эрон дод ва дар ҳоли ҳозир Эрон дар ҳоли такмили мавзеи қудратманди худ дар Бағдод аст.

Амрико барои рӯи кор омадани чӣ касоне дар Ховари Миёна сармоягузорӣ мекунад?

Кинзер бо ишора ба сармоягузории Эрон бар рӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва аҳзоби динии Ироқ, дар мақолаи худ, дар ҷавоб ба ин суол, ки дар буҳбуҳаи тазоҳурот ва нооромиҳои Ховари Миёна, Амрико барои рӯи кор омадани чӣ касоне сармоягузорӣ мекунад, бо ишора ба режими фиръавнии Ҳусни Муборак раиси ҷумҳури Миср, Маҳмуд Аббос ва мақомоти фаластинии ӯ, ҳукумати салтанатии Арабистони Саудӣ ва сиёсатмадорони ифротгарои рӯ ба рушд дар "Исроил”, ин тавр посух додааст: "Ҳамон дӯстоне, ки Амрико даҳаҳост, ки рӯи онҳо сармоягузорӣ кардааст”.

Бо вуҷуди фурӯпошии низоми таҳмилии Амрико дар минтақа, ҷои тааҷҷубе надорад, ки қудрати Эрон дар Ховари Миёна рӯ ба рушд бошад.

Кинзер дар мақолаи худ, бо ишора ба мавзеи Амрико дар Ховари Миёна менависад: "Амрико раиси ҷумҳури Мисрро бар маснади қудрат ҳифз мекунад ва соли гузашта ба далели ҳимояти Муборак аз сиёсатҳои мудофеонаи Амрико аз "Исроил” ва кӯмаки ӯ ба ҳифзи пойгоҳҳои "Исроил” дар Ғазза, ба режими Муборак кӯмаке муодили 1.5 миллиард дулор мекард”.

Кинзер бо ишора ба ҳимояти Амрико аз Маҳмуд Аббос менависад: "Далели ҳимояти Амрико аз раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ин аст, ки Маҳмуд Аббос хоҳони мусолиҳа ва созиш бо "Исроил” аст ва бинобар ин, метавонад шарики муносиб ва идеале барои музокира ба ҳисоб ояд. Ҳимояти Амрико аз Муборак ва Мамҳумуд Аббос идома дорад ҳатто бо ин ки қудрате, ки онҳо дар даст доранд, машрӯият ва виҷҳаи қонунӣ надорад”.

Таслиҳоти "Исроил” тазмине барои ҳифзи мавқеияти амниятии ин режим дар минтақа нест

Бар асоси он чи Кинзер дар мақолаи худ овардааст, яке дигар аз роҳбурдҳои ғалати сиёсии Амрико, самимият бо мақомоти Арабистони Саудӣ аст, ки бо вуҷуди огоҳии мақомоти амрикоӣ аз асноди мунташиршуда дар Викиликс ва маълум шудани ин ки Арабситони Саудӣ аслитарин сармоягузори амалиёти гурӯҳҳои ҷангталаби ифротӣ мисли Алқоида аст, ҳамчунон робитаи самимонаи Амрико бо мақомоти ин кишвар идома дорад ва аз тарафи дигар, ин ки раиси ҷумҳури Тунис дар пайи сарнагунии давлати худ ба Арабистон паноҳ мебарад низ нишондиҳандаи ҳимояти Арабистон аз низом ва роҳбурди қадимӣ ва фосиди сиёсии худ дар Ховари Миёна аст.

Кинзер дар идомаи мақолаи худ бо ишора ба ин ки ошуфтагии роҳбурди сиёсии Амрико ба далели ҳимояти ин кишвар аз манофеи режими саҳюнистӣ аст менависад: "Даҳаҳост, ки сиёсати хориҷии Амрико аз сӯи нерӯҳои режими саҳюнистӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба манофеи ин режим, дар давлати Амрико таъйин мешавад. Даҳаҳост, ки Амрико манобеъ ва захоири худро дар ростои нобудии душманони режими яҳуд ба кор мегирад. Амрико ҳатто дар ростои таҳаққуқ бахшидан ба манофеи режими саҳюнистӣ, низомиёни ҷавони худро сипари ҷангҳои ин режим, аз ҷумла ҷанги дуюми Ироқ, мекунад. Ба ин тартиб, комилан мушаххас аст, ки тасмимгирандагони амрикоӣ манофеи мардуми худро дар ростои таҳаққуқи манофеи режими саҳюнистӣ қурбонӣ мекунанд”.

Ин нависанда дар идома менависад: "Дар шароите, ки "Исроил” ҳамчунон тасаввур мекунад, ки бо ба коргирии таслиҳот метавонад амнияти тӯлонимуддати худ дар минтақаро тазмин кунад, аммо дар айни ҳол, нигарони рӯи кор омадани роҳбарони арабие аст, ки тамоюле ба ҳифзи "Исроил” ба унвони шарики хомӯши худ дар минтақа надоранд”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 316 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz