Душанбе, 20.11.2017, 12:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 18 » Нақди дарунӣ
Нақди дарунӣ
01:33

Ёддоште аз Муҳаммадалии Абтаҳӣ, раиси дафтари Сайидмуҳаммади Хотамӣ, роҷеъ ба рухдоди ахири Эрон

Муҳаммадалии Абтаҳӣ, раиси дафтари Сайидмуҳаммади Хотамӣ (раиси ҷумҳури собиқи Эрон) ва узви "Маҷмаи руҳониёни мубориз”, яке аз гурӯҳҳои ислоҳгаро ва мухолифи давлати Аҳмадинажод, дар ёддоште бо унвони "Нақди дарунӣ” дар сомонаи хусусии худ (Вебнавишт), ба таҳлили ҳодисаи се рӯз пеши Эрон (14.02.2011) пардохтааст, ки қироати он ҷиҳати фаҳми ҳақиқати ончи чанд рӯз пеш рух дод, холӣ аз фоида нест. Вай дар ин ёддошти худ мегӯяд:

Агар қарор бошад берӯдарбоистӣ ва содиқона таҳлил кунем, эътирозот, аз натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Хости аввалия, баррасии натоиҷи интихобот буд. Касоне, ки ба таҷрибаи торихӣ рафтори ҳокимиятро мешинохтанд, ба хубӣ медонистанд ва пешбинӣ мекарданд, ки ин низом бо пуштвонаи нерӯҳои вафодораш, паҳн шудан дар хиёбон ва муборизоти хиёбониро барнаметобад. Таҷрибаи амалӣ дар рӯзҳои Ошуро ва 22 баҳмани 88 (2009) ҳам нишон дода буд, ки ҷуз осеби ҷавонон ва ҳатки ҳурматҳои фаровон ба ҳамаи муқаддасот, натиҷаи дигаре надорад. Ва муҳимтар ин ки ин рафторҳо бо хости иҷрои қонуни асосӣ ва бозгашт ба хатти Имом, ҳеҷ таносубе надошт. Дар ин миён таклифи ду даста хеле рӯшан буд:

Яке, касоне, ки расман ва берӯдарбоистӣ хостори суқути низоми ҷумҳурии исломӣ буданд ва дигар, касоне, ки пои инқилоби исломӣ ва дифоъ аз ормонҳои аввалияи он муҳкам истода буданд. Ин ду тиф (гурӯҳ) фосилаи замин то осмонро бо якдигар дар мабонӣ бояд дошта бошанд. Махлут шудани ин ду тиф, бо ин ҳама фосила, ҳамаи ормонҳо ва зиндагии насли феълиро дарҳам рехт.

Даъват ба роҳпаймоии 25 баҳман (14.02.2001) ҳам, яке аз ин иттифоқоти пуртаноқуз буд, ки ошноён ба сиёсат метавонистанд бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи гузашта, натоиҷи талхи онро пешбинӣ кунанд. Вақте чанд моҳ қабл оқои Хотамӣ сӯҳбат аз ширкат дар интихоботро – бо шароите, ки эълом карданд – мекунад ва ё ташаккули бузурге мисли "Маҷмаи руҳониёни мубориз” бо ҳузур ва риёсати оқои Хотамӣ дар шаби 25 баҳман ташкили ҷаласа медиҳад ва фақат дар мавриди ҳаводиси Миср изҳори назар мекунад, нишонаи ин аст, ки бахши муҳимме аз ин ҷараён, воқеиятҳои дуруст ё нодурусти ҳокимият ва ҷомеаро дарк кардааст.

Нақди масъулони ҳукуматӣ борҳо дар бархӯрд бо ин ҳаводис аз сӯи тифҳои мухталиф матраҳ шудааст, аммо агар мо ба нақди дарунии ҷабҳаи ислоҳот дар ин ҳаводисе, ки асароти дарозмуддати он  барои насли муосир бисёр дарднок аст, напардозем, ҳамвора дар маърази осеб ва ҳазф шудан ва ба даст наёвардани ҳеҷ дастоварде маҳкум хоҳем буд.

Дар ин ёддошт, ба нукоти нақдомезе аз ин иттифоқот ва таноқузот дар ҳаводиси рӯзи 25 хурдод мепардозам. Гарчи медонам, дар ин фазои ғуборолуд, навиштани инҳо, ки онро ҳақиқат медонам, сахт аст ва аксуламалҳоеро бармеангезад, ба ҳамин далел, барои шунидани ҳар нақди мунсифонае омодаам:

1. Моҷаро аз даъвати оқоён Каррубӣ ва Мӯсавӣ барои роҳпаймоии ҳимоят аз мардуми Миср шурӯъ шуд. Дар дили ҳамин даъват нуҳуфтааст, ки сарнавишти соири миллатҳо барои оқоён муҳим аст ва наметавон танҳо ба сарнавишти миллати Эрон басанда кард. Табъан, агар сарнавишти соири милал пураҳаммият аст, сарнавишти мардуми Фаластин, ки мазлумтарин мардуми нимқарни ахир ҳастанд, дорои аҳаммияти фаровонтаре аст. Табиатан, марзи ошкоре байни ин идея ва тафаккури касоне, ки шиори "На Ғазза, на Лубнон”-ро доданд, вуҷуд дорад. Зимни ин ки ҳеҷ кас инкор намекунад, ки ҷинси инқилоби мардуми Миср, аз ҷинси инқилоби исломист, ки мардуми Эрон дар соли 57 (1979) онро таҷриба карданд ва дар он хостори тағйири низом ва рафтани Шоҳ ва ҳокимияти шоҳаншоҳӣ буданд;

2. Агар иддао шавад, ки даъват ба роҳпаймоӣ барои ҳимоят аз мардуми Миср ва Тунис, баҳонае барои даъвати мардум ба хиёбонҳо будааст, билофосила ин суол матраҳ мешавад, ки ҳадаф аз кашондани мардум ба хиёбонҳо чӣ метавонад бошад? Ҳузури пурҷамъияти мардум дар эътироз ба шеваи интихобот дар 25 хурдоди 88 (2009), намунаи боризест, ки пушти ин даъватҳо, ҳадафи қобили иҷроӣ вуҷуд надошт. Раҳбароне, ки ҳамчунон иддаои ҳифзи низом, пойбандӣ ба қонуни асосӣ, табаият аз хатти нуронии Имом Хумайниро мекунанд ва дунболи ислоҳ на инқилоб ҳастанд ва ҳатман низомро қобили ислоҳ медонанд, мухотабони худро ба инқилоб ва аз байн бурдани асли низом даъват намекунанд... Роҳи ҳалли ислоҳ дар ҳамаи дунё, гуфтугӯ ва таомул бо дастандаркорони ҳокимиятҳост на мушобеҳсозӣ бо ҳаракатҳое мисли ҳаракати мардуми Миср, ки расман хостори суқути низом буданд;

3. Истиқлол, аз миёни шиорҳои аввалияи инқилоби исломӣ, бино ба пазириши ҳамаи таҳлилгарони дохилӣ ва хориҷӣ, пуррангтар ва ҷиддитар дар тӯли солҳои 32 солаи баъд аз инқилоб дар Эрон амалӣ шудааст. Ғурури торихии мардуми Эрон ҳам ҳамин иқтизоро доштааст, ки дар ҳар шароит, аз дахолати қудратҳои хориҷӣ мутанаффир ва безор бошанд. Дар ҳаводиси баъд аз интихоботи даҳум (интихоботи соли 2009), борҳо ин истиқлол бо дахолатҳои мустақими қудратҳои хориҷӣ ва минҷумла дар ҳаводиси 25 баҳман (14.02.2011), мавриди ҳаҷма қарор гирифтааст. Ба унвони як эронӣ ва ба унвони як ватандӯст, намешавад дар баробари ин дахолатҳои таҳқиромез бетафовут буд. Масоили дохили кишвар бо ихтилофи салиқаҳои гуногун, агар роҳро бар дахолати қудратҳои хориҷӣ боз кунад, ҳатман бояд дар баробари он мавзеъ гирифт. Умуми мардуми имрӯзи Эрон ҳатто касоне, ки ба шиддат аз амалкарди муҷриён норозӣ ҳастанд, аз эъломи ҳимоят ва ризояти Иттиҳодияи Урупо ва раиси ҷумҳур ва вазири хориҷаи Амрико ва салтанатталабон ва ҳамроҳони душмани баъсӣ, эҳсоси таҳқир ва зиллат мекунанд;

4. Насле, ки инқилоби исломиро ба вуҷуд овардааст, вақте мушкилотро мебинад, ҳатто агар наслҳои баъд бихоҳанд инқилоби ҷадиде бикунад, наметавонанд ва ҳақ надоранд, ки ба унвони шарики он насл худро қаламдод кунанд. Инқилоби исломӣ, самараи талоши насли мост. Хубӣ ва бадии онро бояд насли мо бипазирад ва агар метавонад, бадиҳоро ислоҳ кунад. Фурсатталабонатарин кор ин аст, ки насли инқилоби 57 (1979) худро раҳбар ва шарики насле бидонад, ки аҳёнан хостҳои мутафовите доранд. Бешак касоне дар ҷомеа ҳастанд, ки ё асли инқилоби исломиро қабул надоранд ва ё мабонии асосии онро. Агар бо ин насл берӯдарбоистӣ ҳарф бизанем ва бо онон содиқ бошем, бояд бо сароҳат ба онон бигӯем, ки насли мо инқилоб кард ва барои ҳифзи он талош кард ва алорағми эътироз ба шеваҳои иҷроӣ, аз мабонии он дифоъ мекунад. Истодан дар ҷойгоҳи раҳбарии касоне, ки ба ҳар далел ин мабонӣ ва ё асли инқилобро намехоҳанд, аз сӯи мӯътақидон ба ҳифзи низом, ҳам зулм ба нафс аст ва ҳам зулм ба онҳо;

5. Дар сурати шаффоф набудани мавозеи мо ва ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибиёти гузашта, дар вазъияти мавҷуд, истифодаи абзорӣ аз ин насл ва қурбонӣ кардани онон, ки хостҳои мутафовите доранд ва дар пардаи ибҳоме, ки мо ба вуҷуд меоварем, гумон мебаранд хости муштараке бо мо доранд, хиёнати нобахшуданӣ маҳсуб мешавад ва ҷомеаи ҷавони кишварро ба йаъси (ноумедии) торихии бедалеле мекашонад, ки садҳо баробар аз хостҳои мақтаъии мо барои ин насл дардноктар аст. Фаромӯш накунем, ки насли ҷавон дар оғози зиндагӣ аст ва мисли мо дар бахши поёнии зиндагӣ қарор надорад ва ҳақ дорад, ки аз зиндагӣ баҳра бигирад;

6. Рӯдарбоистиҳое, ки раҳбарони мухолифони феълӣ бо ҷомеа доранд, ояндаи мубҳам ва талхро барои насли ҷавони кишвар рақам мезананд. Дар таҷаммуоти рӯзи 25 баҳман (14.02.2011), бино ба ривоёти ҳамаи таҳлилгарон, таҷаммуъкунандагон хостори ҳазфи раҳбарии низом буданд. Ин хост, бо исрор ба амал ба қонуни асосӣ, ки дар он вилояти мутлақаи фақеҳ вуҷуд дорад ва ё бо пойбандӣ ба хатти Имом, мунофот дорад. Чаро ин марзро рӯшан намекунем? Касоне, ки дар таҷаммуоти 25 баҳман шиори ҳазфи раҳбарӣ ва асли низомро доданд, тасаввур мекунанд, ки раҳбарони даъваткунанда низ чунин хостҳое доранд ва ё медонанд, ки назари онҳо ин нест (аммо) аз раҳбарон ба унвони як сипар истифодаи абзорӣ мекунанд. Ин сӯ ҳам агар шуҷоътар буд, содиқона ҳамин шиорҳоро медод ва ё расман эълом мекард, ки намехоҳанд абзор бошанд ва таклифи ин насле, ки ҳамаи ҳазинаҳо мисли гӯшти қурбонӣ ба ӯҳдаи онон аст, рӯшан мешуд. Воқеият ҳам ин аст, ки агар ба ислоҳот бовар ҳаст, намешавад ин хостҳои сохторшиканро рад накард ва агар фикр мекунанд ин низом ислоҳпазир нест, бояд расман барои суқути он талош кард ва ҳазинаҳоро ҳам худ бипазиранд ва касоне, ки ба ин фикр бовар доранд. Вазъи мавҷуд шутурсаворӣ дулоӣ аст, ки бо ҳеҷ мантиқе қобили қабул нест;

7. Иттифоқи талхтари ҳодисаи рӯзи 25 баҳман, вуруди хушунати созмонёфта ба даруни мардум буд, ки ҳадди ақал ду нафар кушта шуданд. Дастгоҳҳои иттилоотӣ аз нуфузи мунофиқин хабар медиҳанд. Ин як фоҷеа аст. Вақте чунин имконе ҳаст, дар чунин вазъияте бояд барои даъвати мардум ба хиёбон ин муҳосиботро ҳам кард;

8. Ифротиҳо ҳамеша душмани бузурги мардум будаанд. Роҳи наҷоти ояндаи кишвар ҳам, аз долони дурӣ аз ифротиҳо ва эътиқод ба ислоҳи мустамирри ғайри сохторӣ ва сафбандӣ дар баробари бегонагон ва дурӣ аз хушунат ва пойбандӣ ба қонун мегузарад. Касоне ҳастанд, ки бар ин бовар нестанд, ба ҳазфи ҳадди аксарӣ ва ҷазби ҳадди ақаллӣ ба хилофи назари раҳбари инқилоб меандешанд ва абзори кофӣ ҳам доранд. Мо набояд роҳро барои ғалабаи ин маҷмӯа боз кунем.

Бовар кунем: ваҳдат, ҳамдилӣ, ҳамкорӣ барои рафъи навоқис ва мафосид, парҳез аз интиқомҷӯӣ, дурӣ аз тӯҳмат ва иттиҳом ва фаҳҳошӣ, ҳифзи истиқлол ва марзбандӣ бо қудратҳои хориҷӣ, ҳифзи каромат ва озодиҳои мусарраҳ (тасреҳшуда) дар қонуни асосӣ ва фарохон ба ислоҳ зери сақфи низом ва раҳбарӣ, зарурати феълии кишвари мост.

Ба нақл аз вебнавишти Муҳаммадалии Абтаҳӣ: http://www.webneveshteha.com/

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 349 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz