Шанбе, 04.05.2024, 03:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 6 » Мебоист мо тоҷикон барои амрикоиҳо ислом биёмӯзем, на онҳо барои мо...
Мебоист мо тоҷикон барои амрикоиҳо ислом биёмӯзем, на онҳо барои мо...
11:43

Мулоҳазоте чанд дар мавриди изҳори назарҳои Имом Яҳё Ҳиндӣ дар ҷамъи хабарнигорони тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бар асоси гузориши TojNews, ахиран, шахсе ба номи Яҳё Ҳиндӣ, ки ба унвони сухангӯи Шӯрои фиқҳи исломӣ дар ИМА ва имом-хатиби масҷиди «Ҷорҷтом»-и шаҳри Вашингтон муаррифӣ шудааст, пас аз диду боздидҳои хеш аз Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорони тоҷик (тибқи гузориши TojNews, ки қатъан сиҳҳату суқми суханони манқула аз ӯ бар дӯши ин хабаргузорӣ хоҳад буд), назарҳое чанд перомуни порае аз масоили шаръӣ иброз намуда, ки камина вазифаи шаръии худ медонам дидгоҳи хешро дар мавриди онҳо иброз бидорам.

Бар асоси ин гузориш, ӯ аз ҷумла изҳор дошта, ки:

  1. Сатр бастан ва риш мондан нишонаи мусалмонӣ нест;
  2. Се дини ҷаҳонӣ - дини мубини ислом, масеҳӣ, яҳудӣ бояд як шаванд;

Касе, ки хештанро ҳамчун раиси Шӯрои фиқҳи исломӣ матраҳ мекунад, гар чӣ лозим аст дар ҷамъи хабарнигорон, ба забони сода сухан бигӯяд, аммо вақте масъала марбут ба аҳкоми шариат; ва он ҳам аҳкоми маъруфи исломие чун: сатр, риш ва кайфияти таомули мусалмонон бо ғайри мусалмонон аз яҳуду масеҳият мешавад, ибтидо бояд ҳукми шаръии ин масоилро рӯшан ва бар асоси истилоҳоти шаръӣ баён, ва ҳамчунин гуфтаҳои худро мустанад ба оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва ақволи фуқаҳои мазоҳиб сохта ва он гоҳ метавонад бо забони сода онҳоро тавзеҳ бидиҳад. Вагарна баёни ин масоил ба гунаи куллӣ ва норӯшан ва бидуни истинод ба манобеи ёдшуда, хонандаро сардаргум ва чи басо аҳёнан сабаби бардошти ғалати ӯ аз ин гуфтаҳо гардад.

Масалан, ин ки мегӯяд: "сатр нишонаи мусалмонӣ нест”, муроди ӯ чист? Оё сатр як воҷиби шаръӣ, ки бар ҳар зани мусалмоне пӯшидани он лозим мебошад, нест? Ё мехоҳад бигӯяд, сатр аз шаоири исломӣ ба шумор намеравад? Қуръон, суннат ва фуқаҳои мазоҳиб дар ин замина чӣ гуфтаанд?

Ҳамчунин вақте мегӯяд: "риш аз нишонаи мусалмонӣ нест”, манзураш чист? Оё гузоштани риш воҷиб нест, мустаҳаб нест, ва ё як амали мубоҳ аст? Ё ин ки мақсудаш ин аст, ки ин амал аз шаоири исломӣ маҳсуб намегардад?

Ва низ, он ҷо ки мегӯяд: "се дини ҷаҳонӣ - дини мубини ислом, масеҳӣ, яҳудӣ бояд як шаванд”, муродаш аз ин "як шудан” чист? Оё манзураш ин аст, ки ҳамагӣ, маорифи ворида дар манобеи динии худро дар як дег бирезанд ва аз онҳо махлуте бисозанд ва он гоҳ ҳосили он, ба унвони як оши пухташуда аз он маорифи мухталиф, манбаи воҳид барои ҳамаашон қарор гирад?

Асосан, рӯшан нест ин ҷаноб чӣ манзури мушаххасе аз ин гуфтаҳо дорад?

1. Масъалаи сатр дар ислом:

Агар муроди ҷаноби "Имом” аз ин ки мегӯяд: "сатр нишонаи мусалмонӣ нест”, воҷиби шаръӣ набудани он ва дар натиҷа лозим набудани пӯшидани сатр тавассути занони мусалмон бошад, эшон комилан иштибоҳ мекунад. Зеро, фуқаҳои исломӣ, ба иттифоқи оро, ва бо истинод ба сареҳи Қуръон ва суннат, бар онанд, ки сатр, на танҳо аз воҷиботи мусаллам, балки аз заруриёти исломӣ, ки агар касе лозим будани онро инкор кунад, динаш зери суол хоҳад рафт, қаламдод кардаанд.

Дар Қуръони Карим оятҳое чанд ба таври сареҳ дар мавриди вуҷуби сатр ва ҳадду кайфияти он нозил шудааст. Дар сураи Нур, тайи ояти муфассале омадааст: "...ва ба занони боимон бигӯ, чашмони худро фурӯ пӯшанд ва авратҳои худро аз нигоҳи дигарон пӯшида нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдоре ки зоҳир аст, намоён накунанд ва зинатҳои худро ошкор насозанд, магар барои шавҳаронашон, падаронашон, падари шавҳаронашон, писарони ҳамсаронашон, бародаронашон, писари бародаронашон, занони ҳамкешашон, канизонашон, мардони сафеҳе, ки тамоюле ба занон надоранд, ва ё кӯдаконе, ки аз умури ҷинсӣ бехабаранд (ғайри мумайиз). Ва пойҳои худро бар замин накӯбанд, то зинатҳои пинҳонашон ошкор шавад. Ва ҳамагӣ ба сӯи Худованд бозгардед, эй мӯъминон! Бошад, ки растгор шавед”. (Нур/31).

Ҳамчунин дар сураи Аҳзоб омадааст: "Эй Паёмбар! Ба ҳамсарон ва духтарони худ ва занони боимон бигӯ, ки рӯпӯши худро баргиранд, то ба ифоф ва ҳуррият шинохта шаванд ва мавриди озору тааррузи ҳавасронон қарор нагиранд ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст”. (Аҳзоб/59).

"Эй занони Паёмбар! Шумо агар тақво дошта бошед, монанди дигарон нестед, бинобар ин, ҳаргиз нарму нозук бо мардон сухан магӯед, то он касе ки дилаш бемор аст, ба тамаъ афтад. Балки матин ва некӯ сухан бигӯед ва хонаро манзилгоҳи худ қарор диҳед ва ҳаргиз монанди давраи ҷоҳилияти нахсутин (барои номаҳрамон) ороиш ва худороӣ накунед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва аз Худо ва Расулаш итоат намоед”. (Аҳзоб/32).

Ривоёти исломӣ дар ин замина ба андозаест, ки қобили шумориш нестанд. Аз ҷумла дар ривояте саҳеҳ омадааст: "Рӯзе Асмоъ – ки хоҳарзани Паёмбар (с) буд – бо ҷомаи баданнамо ва нозуке ба хонаи Паёмбар (с) омад. Паёмбар (с) рӯи худро аз ӯ баргардонд ва фармуд: Эй Асмоъ! Зан вақте ба ҳадди булуғ расид, набояд ҷое аз бадану андомаш дида шавад, магар чеҳра ва дастҳо”. (Сунани Абӯдовуд, 2/383).

Паёмбар (с) дар ҳадисе наҳй фармуданд аз ин ки зан барои дигарон худро оройиш диҳад. Фармуданд: "Агар барои ғайри шавҳар худро ороиш намуд, лозим аст Худованд ӯро бо оташ бисӯзонад”. (Маҷмуатул-аҳодис, 103/242).

Ҳамон тавр ки ишора шуд, сатр, аз заруриёти дини ислом аст ва тамоми мазоҳиби исломӣ, ба иттифоқ, онро воҷиб медонанд. Ҳамчунин, ҳамагии эшон дар ин ки занон бояд ҳангоми адои намоз ва дар ҳузури мардони бегона, мӯи сар ва тамоми андоми худро ба ғайр аз чеҳра ва дастҳо (панҷаи дастҳо) бипӯшонанд, иттифоқи назар доранд:

"Воҷиб аст тамоми бадани зан ба ғайр аз чеҳра ва дастҳо то муч, аз номаҳрам пӯшида шавад ва ҳар либосе, агар миқдори воҷибро бипӯшонад, монее надорад, вале аз пӯшидани либосҳое, ки таваҷҷӯҳи номаҳрамро ҷалб кунад, бояд иҷтиноб шавад”. (Аҳкоми занон аз Маҷмӯи фатово/37).

2. Дидгоҳи фуқаҳои мазоҳиби исломӣ дар мавриди риш:

Дар мавриди риш ҳам ҷаноби Яҳё Ҳиндӣ суханони норӯшан мегӯяд. Барои фаҳмидани ҷойгоҳи ислом роҷеъ ба масъалаи риш, шоиста аст дидгоҳи мазоҳиби исломиро пешкаш намоям.

Ҷумҳури фуқаҳои мазоҳиби ҳанафӣ, моликӣ, ҳанбалӣ, ҷаъфарӣ ва баъзе аз шофеиҳо бар он ҳастанд, ки эъфои риш фарз, ва тарошиданаш ҳаром мебошад. Эъфо, дар луғат ба маънои «дароз кардан» аст. Аммо баъзе аз шофеиҳо, тарошидани онро на ҳаром, балки макрӯҳ донистаанд (Рамлӣ дар ҳошияи Фатовои Ибни Ҳаҷар, 4/69).

Дар асри ҳозир, ғолиби фуқаҳои салафӣ ва низ фуқаҳои ҷаъфарӣ, тарошидани ришро ҳаром медонанд, ҳатто бархе аз фуқаҳои ҷаъфарӣ, бо теғ тарошидани онро аломати фосиқ будани шахс донистаанд. Аммо баъзе аз фуқаҳои Ал-азҳар, дар ин замина назари дигаре доранд.

Шайх Ҷодул-ҳақ (р), собиқ шайхи Ал-азҳар, мегӯяд:

«Имрӯзҳо масъалаи риш, ба масъалаи ба ғоят ҷанҷолӣ табдил ёфтааст, ҳатто баъзеҳо мӯътақиданд, ки эъфои риш, нишонаи ҷудокунандаи як шахси мӯъмин аз ғайри он мебошад. Аммо сухани ҳақ дар ин мавзӯъ он аст, ки фуқаҳо иттифоқи назар доранд, ки эъфои риш ва натарошидани он, сирае аст баҷо монда аз ҳазрати Паёмбар (с). Он ҷаноб (с) риш доштанд ва ба покиза нигаҳ доштану шона кардану ба тартиб даровардани он, ниҳоят аҳамият медоданд. Саҳобаи гиром (р) низ дар ин амр пайравии он ҳазрат (с)-ро намудаанд.

Дар аҳодиси шарифа, ба боқӣ гузоштани риш, покизаву мураттаб нигаҳ доштан ва натарошидани он ташвиқ шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷумлаи он чи фуқаҳо бар он иттифоқ намудаанд ин аст, ки эъфои риш, матлуб ва писандида аст, вале ихтилоф доранд, ки оё ин кор фарз аст ё мандуб (суннат)?

Гурӯҳе аз эшон онро фарз медонанд ва қавитарин далеле, ки ин гурӯҳ дар ин замина ба он тамассук ҷустаанд, ривоятест, ки Бухорӣ (р) дар Саҳеҳи худ аз Ибни Умар (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл кардааст, ки ҷанобаш мефармояд: «Хилофи мушрикон амал намойед; ришро фаровон гузоред ва мӯйлабро кӯтоҳ кунед». Ва низ он чи Муслим (р) дар Саҳеҳи худ аз Ибни Умар (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбар (с) ривоят кардааст, ки ҳазраташ мефармояд: «Мӯйлабро кӯтоҳ кунед ва ришро дароз ва баланд гузоред».

Ин гурӯҳ бо таваҷҷӯҳ ба ин ду ривоят, гуфтаанд: «Ба фаровон гузоштани риш, маъмурем, яъне мо ба он амр шудаем, ва асл дар ҳар амри Паёмбар (с), фарз будани он аст, магар қаринае бошад, ки далолат бар мандуб (суннат) будани он намояд. Ва чун қаринае дар ин миён нест, илова бар он ки хилофи мушрикон амал кардан худ фарз аст, натиҷа он мешавад, ки фаровон гузоштани риш яъне эъфои он, фарз мебошад.

Аммо гурӯҳе аз фуқаҳо ҳам ҳастанд, ки қоиланд эъфои риш суннат аст, ки анҷомдиҳандааш савоб мебарад, вале тарккунадаи он мавриди ҷазо қарор намегирад (ба хилофи як амали фарз, ки тарккунандаи он мавриди ҷазои илоҳӣ қарор мегирад), ва тарошидани он ҳам макрӯҳ аст, на ҳаром, ва инчунин, риш тарошидан, аз гуноҳони кабира низ шумурда намешавад.

Далели ин гурӯҳ, ривоятест, ки Муслим (р) дар Сиҳоҳи худ аз ҳазрати Оиша (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл кардааст, ки ҷанобаш мефармояд: «Даҳ чиз аз умури фитрӣ аст: кӯтоҳ кардани мӯйлаб, эъфои риш, мисвок задан, об ба бинӣ бурда онро тоза кардан, нохунҳо кӯтоҳ кардан, мафосили ангуштонро шустан, мӯйҳои зери бағалро тоза кардан, мӯйҳои зери нофро тоза кардан, истинҷо… Мисъаб (р) мегӯяд: даҳумин чизро фаромӯш кардам, ки шояд мазмаза (ба даҳон об бурда ғарғара кардан) бошад».

Ва чун медонем, ки тамомии умури номбурдашуда суннат ҳастанд, аз ин рӯ, дар канори онҳо қарор гирифтани эъфои риш ҳам ҳукми онҳоро хоҳад дошт. (Поёни гуфтори Шайх Ҷодул-ҳақ).

Шайх Абдурраззоқ ал-Қаттон, узви ҳайъати фатвои Кувайт мегӯяд: «Риш гузоштан, назди ҷумҳури уламо аз ҷумлаи суннатҳои муаккада аст... Аммо тарошидани он, бо вуҷуди узр, чи узри ҷасадӣ бошад аз бемориҳои ҳассос дар рӯй, ва чи узре дигар мисли ин ки инсон дар маконе кор кунад, ки риш гузоштан барояш мумкин набошад, дар ин сурат, инсони риштарошида маъзур аст. Аммо дар хусуси миқдори он (дарозӣ ё кӯтоҳияш), ҳеҷ нассе (ишораи сареҳи шаръие) нест, ки миқдори муайянеро мушаххас карда бошад. Зеро он чи дар аҳодис мавриди ташвиқ қарор гирифтааст, мутлақи гузоштани риш мебошад, ва маълум аст, ки он касе ки риш мегузорад, гар чи як миқдори андак, метавон гуфт, ки риш гузоштааст. Оре, он чи дар мавриди ҳазрати Паёмбар (с) дар ривоятҳо омадааст ин аст, ки риши он ҷаноб (с) тибқи урфи ҳамон замон, ки риши дароз мегузоштанд буда, ва ҳамчунин риши саҳобагон (р).

Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ҳаргоҳ аз мавсими ҳаҷ фориғ мешуд, ришашро бо даст қабза намуда, сипас ҳар он чи афзун бар қабзаи даст буд мегирифт.

Ба ҳар ҳол, бояд ба ин масъалаи муҳим таваҷҷӯҳ намуда бошем, ки дар масоили фиқҳӣ, дуруст нест, ки ҷамии мусалмононро ба пойбандӣ танҳо ба як қавлу назар маҷбур созем, ҳамон тавр ки ҷоиз нест агар мусалмоне пайрави як дидгоҳи фиқҳии муайяне бошад, дигар мусалмононеро, ки аз назару дидгоҳи фиқҳии дигаре пайравӣ мекунанд сарзаниш карда ва бо ӯ ҷанҷол намояд». (Поёни гуфтори Шайх Абдурраззоқ ал-Қаттон).

3. Дидгоҳи Шайх Юсуф Қарзовӣ дар бораи тақриб ва наздикии мо бо адёни дигар:

Яке дигар аз суханони норӯшан ва номаълуми Яҳё Ҳиндӣ ин аст, ки мегӯяд: "се дини ҷаҳонӣ - дини мубини ислом, масеҳӣ, яҳудӣ бояд як шаванд”.  Гуфтем, асосан, ин гуфтор навъе куллигӯйӣ, ки аҳёнан бори манфӣ ба худ дорад, мебошад. Дар ин ҷо низ лозим медонам ин масъаларо бо истинод ба суханони муҷтаҳиди замон ҷаноби Шайх Юсуф Қарзовӣ андаке тавзеҳ бидиҳам.

Ин олими вораста дар ин мавзӯъ мефармояд: андешаҳое, ки дар мавриди тақриб байни адён матраҳ мешавад, бархе аслан мавриди қабул нест, аммо баъзеи дигар мавриди қабул аст ва боке надорад.

а) андешае, ки мавриди қабул нест:

Агар мурод аз тақриб ва ба ҳам наздиксозии адён, ба куллӣ ва аз реша бардоштани фарқҳои асосӣ ва решаӣ байни динҳо бошад; монанди ин ки байни тавҳид (яктопарастӣ ва Худоро яке донистан), ки ислом ба сӯйи он мехонад ва байни таслис (Худоро сегона донистан), ки масеҳият ба он эътиқод дорад, ва ё байни танзеҳ (Худоро ба чизе монанд надонистан), ки дар ақидаи исломӣ матраҳ аст ва ташбеҳ (Худоро ба чизе монанд донистан), ки дар эътиқоди масеҳиён роиҷ аст бошад, асосан инчунин тақрибе мавриди қабул нест ва аслан имконнопазир мебошад, магар ин ки мо аз мусалмонии хеш куллан даст бардорем.

Роҷеъ ба ҳазрати Исои Масеҳ (а) ихтилофи решаӣ миёни мусалмонон ва масеҳиён вуҷуд дорад. Масеҳиён ҳазрати Масеҳ (а)-ро ё Худо ва ё писари Худо ва ё ҷузъе аз аҷзои сегона (Падар, Писар ва Руҳул-қудс) медонанд. Вале мусалмонон ба Масеҳ (а) ба унвони паёмбаре аз паёмбарони улул-азм менигаранд:

"Масеҳ фарзанди Марям, паёмбаре, ки қабл аз ӯ (низ) паёмбароне будаанд беш нест. Модари ӯ сиддиқа (ростгӯ ва росткирдор) аст. Ҳар ду (Масеҳ ва модараш ба монанди дигарон) таом меошомиданд...” (Моида/75)

Аз ин ҷост, ки Қуръони карим хитоб ба масеҳиён мефармояд:

"Эй аҳли китоб! Дар дини худ аз андоза фаротар маравед ва бар Худо ҷуз рост магӯед. Ҳамоно Масеҳ – Исо писари Марям, паёмбари Худо ва калимаи Ӯст, ки онро ба сӯйи Марям афканд ва руҳест аз Ӯ. Пас ба Худо ва паёмбарони Ӯ имон оваред ва магӯед: (Худо) сегона аст. (Аз ин эътиқод) бозистед, ки барои шумо беҳтар аст. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ худои яктост, пок аст аз ин ки Ӯро фарзанде бошад. Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Ва Худо корсозе басанда аст”. (Нисо/171).

Ҳамчунин аз фарқҳои асосӣ байни мусалмонон ва аҳли китоб (масеҳият ва яҳудият) ин аст, ки китоби муқаддаси мусалмонон (Қуръон), аз ҳар тағйиру дигаргуние бо тазмин ва ваъдаи илоҳӣ, ки тахаллуфпазир нест, нигаҳдошта шудааст: "Мо зикр (Қуръон)-ро фуруд фиристодем ва худ нигоҳдорандаи он ҳастем”. (Ҳиҷр/9), ба хилофи Таврот ва Инҷил, ки далелҳои муҳкам бар рахна пайдо кардани тағйир ва дигаргуниҳои зиёде дар он ду дар даст ҳаст. Ин танҳо сухани мо мусалмонон нест, балки бисёре аз уламои ғарбӣ (чӣ масеҳӣ ва чӣ яҳудӣ) ба ин воқеият эътироф доранд.

Бинобар ин, тақриб ва наздик кардани динҳо ба ҳам, бо нодида гирифтан ва аз байн бурдани фарқҳои решаӣ миёни онҳо ҷоиз нест. Инро, на мо қабул дорем ва на онҳо.

б) андешаи қобили қабули тақриб миёни динҳо:

Аммо андешаи қобили қабул ва писандида аз наздикшавии миёни динҳо, ба хусус динҳои осмонӣ (ислом, масеҳият, яҳудият) он мебошад, ки агар мурод аз он, наздикшавии соҳибони динҳо дар партави масоили зерин бошад:

1) Гуфтумон ба шеваи некӯ: Мо мусалмонон аз ҷониби парвардигорамон ва ба дастури ошкори Қуръон, маъмур ба мунозира бо мухолифони хеш ба некӯтарин шеваҳо ҳастем. Ин мунозира ва гуфтумон ба некӯтарин шеваҳо, яке аз абзори даъват ба шумор меравад, ки Қуръон ба он дастур дода: "Даъват бикун ба сӯйи роҳи парвардигорат ба шеваи ҳакимона, панд ва андарзи некӯ ва мунозира бикун ба некӯтарин шева. (Наҳл/125).

Дар ҷое низ Қуръон мефармояд: "Мунозира накунед бо аҳли китоб магар ба некӯтарин шеваҳо... (Анкабут/46).

2) Такя бар масоиле, ки байни мо ва онҳо муштарак аст (яъне чизҳое, ки ҳам мо ва ҳам онҳо қабул дорем). Аз ин ҷост, ки дар идомаи ояти қаблӣ омадааст: "Ва бигӯед (ба аҳли китоб), ки мо имон овардем ба он чи ба мо нозил шуда (Қуръон) ва он чи  ба шумо омада (Таврот ва Инҷил) ва худои мо ва худои шумо якест ва мо таслими Худоем”.

3) Дар як саф қарор гирифтани мусалмонон ва аҳли китоб дар баробари душманони имон ва бовари динӣ ва онҳое, ки ба сӣйи инкори ҳар навъ эътиқод, бебандуборӣ дар рафтору кирдор, беҳаёгии ҷинсӣ, издивоҷи мард бо мард ва ё зан бо зан ва … башариятро мехонанд ва ба он ташвиқу тарғиб мекунанд. Дар ин маврид боке надорад, ки ҳамроҳи аҳли китоб дар як ҷабҳа алайҳи онҳое, ки бо ин гуна шиорҳо ва рафторҳои гумроҳкунандаашон нобудии башариятро мехоҳанд, қарор бигирем.

Ҳамагӣ шоҳид будем, ки Ал-азҳар ва Созмони робитаи олами исломӣ ҳамроҳ бо Ватикан дар ҳамоише дар Қоҳира (соли 1994) ва низ дар ҳамоиши занони ҷаҳон дар Пекин (соли 1995) дар як саф дар баробари онҳое, ки мехостанд ба лоқайдӣ ва бебандуборӣ як навъ машрӯият бибахшанд, истоданд.

4) Бо ҳам дар ҷиҳати ёрии адлу инсоф, кӯмак ба мазлумон ва бенавоёни ҷаҳон биистем. (Дар масоиле ба монанди масъалаи Фаластин, пешгирии фишор бар сиёҳпӯстон ва куллан бар зидди нажодгаройӣ, ёрии миллатҳои ранҷдида ва алайҳи ситамкорон ва мустакбирон дар рӯи замин; онҳое, ки мехоҳанд мардумони дигарро барои худ ба бардагӣ бикашанд).

Ислом алайҳи зулму ситам қиём ва ба ёрии мазлумон, ҳар кӣ ва аз ҳар тоифа, миллият, дин ва гаройише бошад, бапо мехезад. Ҳазрати Расули акрам (с) дар ҷавонияш (ки ҳанӯз паёмбар нашуда буд) дар як паймоне ба номи Паймони Фузул, ки паймоне буд барои ёрии мазлумон ва гирифтани ҳаққи онҳо аз ҳар кӣ набошад, ширкат варзида буд. Баъд аз паёмбарӣ ҳар гоҳ он паймонро ёдоварӣ менамуд, мефармуд: "Агар ба монанди ҳамин паймон, дар замони Ислом ҳам даъват мешудам, ба сӯяш мешитофтам”.

5) Аз ҷумла ҷизҳое, ки ин даъват (даъват ба сӯйи наздикшавии динҳо) бояд онро дарбар дошта бошад, пахш кардани руҳи кушодагӣ, боз будан барои ҳама, меҳрубонӣ ва ҳамоҳангӣ дар доду ситад байни пайравони динҳост, на руҳи таассуб, сангдилӣ, хушунат ва тавони таҳаммули ақидаи ғайрро надоштан.

Ин матлаб мувофиқ бо фармудаи Худованди мутаол ба паёмбараш аст: "Мо туро ҷуз барои ин ки раҳмате барои ҷаҳониён бошӣ нафиристодаем”. Ва низ фармудаи Паёмбари акрам (с): "Ҷуз ин нест, ки ман раҳмате ҳадядодашуда ҳастам, ва ҳамчунин: Худованд дўст дорад, ки дар ҳамаи корҳо мудоро ва нармиш нишон дода шавад”.

Паёмбар (с) ҳангоме ки ҷанозаеро аз наздашон мебурданд, аз ҷо бархостанд, ёрон гуфтанд: Ин ҷанозаи як нафар яҳудист? Паёмбар(с) дар посух фармуданд: "Оё ў инсон нест?

Дар поёни ин навиштор, мехоҳам ин матлабро ёдоварӣ намоям, ки камина дар ин ҷо дар мақоми дахолат ба кор ва ё сухани ин ё он шахси муайян ва ё масъули мушаххас нестам, балки ҳаминро мехоҳам тазаккур бидиҳам, ки ҳар масъуле, ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд, ихтиёри ӯст; агар хоҳони ин аст, ки риш дар чеҳра надошта бошад, хуб, риш нагузорад, агар мехоҳад сатр дар ҷомеа набошад, ин ихтиёри ӯст, қонуне вазъ кунад ва хостаашро пиёда созад, аммо ҳақ надорад кору амали худро мустанад ба шариат намояд. Ин кор, кори дурусте нест; на аз дидгоҳи шариат агар ӯ хештанро мусалмон медонад, ва на аз дидгоҳи инсонияту инсоф, зеро фатвои шаръӣ содир кардан ва ё дар мавриди як масъалаи исломӣ изҳори назар кардан, кори олимони динӣ аст. Биравед аз Шӯрои исломии кишвар суол кунед, бароятон назари шариатро тавзеҳ хоҳанд дод. Чаро меойед ва амалкарди хешро рангу бӯйи шаръӣ медиҳед? Ин кор аз инсоф берун аст.

Ба ин ҷаноби Яҳё Ҳиндӣ ҳам, ки бар асоси ин гузориш, мақсад аз сафараш ба Тоҷикистонро омӯзиш ва таълими динӣ унвон кардааст, гуфтаниям, Худоро шукр Тоҷикистони мо, аз вуҷуди олимон ва коршиносони динӣ холӣ нест, ки ниёз ба иршоди ҷаноби шумо дошта бошем. Барои шумо беҳтар аст дар ҳамон Амрикои худатон ба тарвиҷу таблиғи ислом бипардозед; тоза инчунин исломи воруна. Асосан, мебоист ин шумо аз тоҷикон олиму донишманди исломӣ мехостед то ба таблиғу тарвиҷи ислом ва тавзеҳи дурусти аҳкоми шаръӣ дар сарзаминатон камари ҳиммат бибанданд, на мо аз шумо.

Поёни матлаб

Кимиё саодат

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 924 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz