Ҷумъа, 26.04.2024, 10:21
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Июн » 15 » Ислом ва интихоби ҳамсар
Ислом ва интихоби ҳамсар
04:52

Ҳакимҷон Камолов, коршиноси илми фиқҳ ва усули исломӣ

Ибни Моҷа дар Сунани худ аз Анас овардааст: Муғира ибни Шӯъба мехост бо зане издивоҷ кунад. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд, бирав ва ӯро бубин, зеро ин кор сабаби муҳаббат ва созиши бештар миёни шумо хоҳад шуд.

Издивоҷ ва ташкили хонавода, аз дидгоҳи дини мубини ислом одобе дорад, ки дар ин навиштор ба порае аз он чи дар ин замина дар забони мубораки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ва бузургони дин ҷорӣ шудааст, ишора хоҳем набуд. Ривоёте, ки дар ин навиштор оварда шудааст, ҳамагӣ аз китоби "Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” оварда шуда ва барои ошноӣ бо санади ривоёт ба он китоб муроҷеа гардад.

Ангезаи дуруст

1. Паёмбари Худо (с): "Ҳар кас барои хушнудии Худо издивоҷ кунад ва барои Худо ба касе ҳамсар диҳад, сазовори вилоят ва дӯстии Худост.”

2. Дар Даоимул-ислом овардааст: нақл аст, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) аз издивоҷе, ки барои ғайри ризои Худо ва ҳифзи покдоманӣ бошад наҳй фармуд ва аз издивоҷ барои худситоию шӯҳратталабӣ низ наҳй фармуд.

3. Паёмбари Худо (с): "Се касанд, ки бар Худованд воҷиб аст, ки ононро кӯмак кунад: муҷоҳиди роҳи Худо, бандае, ки барои озодии худ бо мавлояш қарордод бинависад ва бихоҳад ба қарораш амал кунад ва касе ки барои ҳифзи покдоманияш издивоҷ кунад.”

4. Паёмбари Худо (с): "Бо занон ба хотири зебоияшон издивоҷ накунед; зеро чи басо зебоӣ онҳоро ба табоҳӣ афканад. Барои молу сарваташон ҳам издивоҷ накунед, чи басо ки сарваташон ононро ба саркашӣ водорад, балки барои динашон бо онҳо издивоҷ кунед.”

5. Паёмбари Худо (с): "Ҳар кас бо зане ба хотири қудраташ издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар хории ӯ намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане ба хотири дороияш издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар нодории ӯ намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане ба хотири бузургзодагияш издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар пастии ӯ намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане фақат барои ин издивоҷ кунад, ки чашмашро аз ҳарому номаҳрам фурӯ пӯшонад, ё доманашро пок нигаҳ дорад, ё пайванди хешовандияшро барқарор бидорад, Худованд дар он марду зан барои якдигар баракат қарор медиҳад.”

6. Паёмбари Худо (с): "Ба хотири чаҳор чиз набояд бо зан издивоҷ кард: сарваташ, зебоияш, ҳасабу насабаш ва лаззаташ. Пас бар ту бод издивоҷ бо зани диндор!”

7. Паёмбари Худо (с): "Ҳаргоҳ марде бо зане ба хотири диндорию зебоияш издивоҷ кунад, зан аз фурӯ рафтани мард дар гирдоби ҳалокат монеъ мешавад.”

8. Паёмбари Худо (с): "Ҳар кас бо зане фақат ба хотири зебоияш издивоҷ кунад, дилхоҳи худро дар ӯ намебинад. Ва ҳар кас фақат ба хотири дороияш бо ӯ издивоҷ кунад, Худованд ӯро ба ҳамон дороӣ вомегузорад. Пас бар шумо бод издивоҷ бо зани диндор!”

Дуо кардан

1. Паёмбари Худо (с): "Нахуст нияти хостгорӣ бикун, сипас вузӯи комиле бисоз ва намозеро, ки Худо бар ту фарз кардааст ба ҷой овар. Сипас Парвардигоратро ситоиш кун ва аз ӯ ба бузургӣ ёд кун. Онгоҳ бигӯ: Бор Худоё! Ту метавонӣ ва ман наметавонам. Ту медонӣ ва ман намедонам. Ту донои ниҳонҳоӣ. Пас агар дар фалонӣ (номи ӯро мебарӣ) барои дину дунё ва охирати ман хайр мебинӣ, ӯро бароям қисмат фармо ва агар ғайри ӯро барои дину дунё ва охирати ман беҳтар мебинӣ, ӯро бароям қисмат фармо!”

Раҳнамудҳое барои интихоби беҳтар

а) Шоистагии хонаводагӣ:

1. Паёмбари Худо (с): "Бо хонаводаи хубу шоиста васлат кунед, зеро рагу реша асар дорад.”

2. Паёмбари Худо (с): "Барои нутфаҳои худ беҳтаринро гузиниш кунед, зеро занон фарзандоне монанди бародарону хоҳарони худ ба дунё меоваранд.”

б) Нигаристан:

1. Паёмбари Худо (с): "Касе ки хоҳони издивоҷ бо зане аст, метавонад ба он қисматҳое аз бадани зан, ки ӯро ба издивоҷ бо он зан мехонад, нигоҳ кунад.”

2. Сунани Ибни Моҷа ба нақл аз Анас: "Муғира ибни Шӯъба мехост бо зане издивоҷ кунад. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: Бирав ва ӯро бубин, зеро ин кор сабаби муҳаббат ва созиши бештар миёни шумо мешавад. Муғира чунин кард ва бо он зан издивоҷ намуд ва аз созгории ӯ ёд кард.”

3. Паёмбари Худо (с): "Ҳаргоҳ яке аз шумо хоҳони ҳамсаргузинӣ аст, ҳамчунон ки аз чеҳраи ӯ пурсуҷӯ мекунад, аз мӯи ӯ низ бипурсад, зеро мӯ яке аз ду зебоӣ аст.”

4. Муслим дар Саҳеҳ ба нақл аз Абӯҳурайра: "Назди Паёмбар (с) будам, ки марде омад ва гуфт, ки бо зане аз ансор издивоҷ кардааст. Паёмбари Худо (с) аз ӯ пурсид: оё ӯро дидаӣ? Гуфт: на. Фармуд: бирав ва ӯро бубин, зеро чашмони ансор чизе (андак айбе) вуҷуд дорад.

в) Интихоби ҳамсари шоиста:

1. Паёмбари Худо (с): "Аз хушбахтии мард, доштани ҳамсари шоиста аст.”

2. Паёмбари Худо (с): "Як зани шоиста беҳтар аз ҳазор марди ношоиста аст.”

3. Паёмбари Худо (с): "Мӯъмин, пас аз тақвои илоҳӣ, баҳрае беҳтар аз ҳамсари шоиста набурдааст.”

4. Паёмбари Худо (с): "Дунё, матоъ аст ва беҳтарин матои он, зани шоиста аст.”

г) Интихоби зани бокира:

1. Паёмбари Худо (с): "Бо зани бокира издивоҷ кунед, зеро даҳони онон хушбӯтару синаҳояшон ширафшонтар ва ахлоқашон некӯтар ва раҳимашон гушодтар аст.[1] Оё намедонед, ки дар рӯзи қиёмат ба бисёрии адади шумо бар дигар умматҳо меболам? Ҳатто ба ҷанини сиқтшудае, ки қаҳр карда ва нороҳат бар дари биҳишт мемонад ва Худои азза ва ҷалла ба ӯ мегӯяд: "Ба биҳишт дарой!” Ӯ мегӯяд: "На, ба биҳишт намедароям то ин ки пеш аз ман падару модарам дароянд.” Пас Худои Мутаол ба фариштае мефармояд: "Падару модарашро назди ман биёваред.” Онгоҳ дастур медиҳад, ки он дуро ба биҳишт бибаранд. Сипас мефармояд: "Ин, аз лутфу раҳмати ман ба туст.”

2. Доримӣ дар сунани худ ба нақл аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р): "Дар сафаре бо Паёмбари Худо (с) будем. Ҳангоме ки баргаштем, ман дар рафтан пешӣ гирифтам. Саворае бар ман расид, баргаштам ва дидам, ки Паёмбари Худо (с) аст. Фармуд: Чӣ чиз туро ба шитоб водоштааст, эй Ҷобир? Гуфтам: Ман домоди нав ҳастам. Фармуд: Бо духтар издивоҷ кардаӣ, ё бо бева? Гуфтам: Бева. Фармуд: Пас чаро духтар нагирифтӣ, ки бо ҳам ба мулоиба бипардозед? Сипас ба ман фармуд: Ҳаргоҳ ворид шудӣ, ҳуш дор, ҳуш дор![2] Вақте расидем, хостем, ки вориди шавем, аммо Паёмбари Худо (с) фармуд: Сабр кунед то шаб (яъне шомгоҳ) дароем, то занон шонае бар сари хеш бикашанд ва мӯе аз худ бисутуранд.”

2. Бухорӣ дар Саҳеҳи худ ба нақл аз ҳазрати Оиша (р): "Гуфтам: эй Паёмбари Худо! Агар ба водие фуруд омадӣ ва дар он дарахте буд, ки аз он хӯрдаанд ва дарахти дигаре ёфтӣ, ки аз он хӯрда нашудааст, дар кадом як аз онон уштуратро мечаронӣ? Паёмбар (с) фармуд: Дар он дарахте, ки аз он чарида нашудааст. Муроди модарамон Оиша (р) он буд, ки Паёмбари Худо (с) ҷуз ӯ бокираи дигаре ба ҳамсарӣ нагирифт.

д) Интихоби зани ҷавон:

Паёмбари Худо (с): "Бо духтарони ҷавон издивоҷ кунед, ки онон хушхӯтаранд.”

е) Вижагиҳои зане, ки мехоҳед бо вай издивоҷ кунед:

1. Паёмбари Худо (с): "Бо занони сиёҳчашм издивоҷ кунед, зеро ин гуна занон муборактаранд.”

2. Паёмбари Худо (с): "Барои нутфаи худ гузиниш кунед ва ҳамсаронро интихоб намоед. Бар шумо бод заноне, ки лагани бузург доранд, зеро онон зоётаранд.”

3. Паёмбари Худо (с): "Бар шумо бод заноне, ки рони бузург доранд, зеро ин гуна занон зоётар ва муборактаранд.”

4. Дар ривоят аст, ки: "Ҳар кас бихоҳад издивоҷ кунад, бо зани кӯтоҳқади чоршонаи сабзина издивоҷ кунад. Агар аз ӯ лаззат набарад, маҳрияаш[3] бар ӯҳдаи ман аст.”

5. Дар ривоят аст, ки: "Бо зани сабзина, дуруштчашми сонбузурги чоршона издивоҷ кунед, агар писандатон наяфтод, маҳрияаш бар ӯҳдаи ман аст.”

Заноне, ки шоистаи интихоб нестанд

а) Зебои ношоиста:

1. Паёмбари Худо (с): "Зебоии рӯи занро набояд аз зебоии динаш беҳтар донист.”

2. Луқмон (а) ба писараш фармуд: Писарам! Агар занон монанди шароб чашидани буданд, ҳаргиз ҳеҷ марде бо зани бад издивоҷ намекард.

б) Зебои бадгуҳар:[4]

Дар ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) ба хитоба истод ва фармуд: Эй мардум! Аз хазрои диман (зебои бадгуҳар) бипарҳезед! Гуфтанд: эй Паёмбари Худо! Хазрои диман чист? Фармуд: Зани зебо дар рӯишгоҳи бад.

в) Аҳмақ:

1. Паёмбари Худо (с): "Аз издивоҷ бо зани аҳмақ бипарҳезед, зеро ҳамнишинӣ бо ӯ, мояи ранҷ асту фарзандаш табоҳ.”

2. Дар ривоят аст, ки: "Ба марди аҳмақ зан бидиҳед, аммо зани аҳмақ нагиред, зеро аз марди аҳмақ фарзанди боҳуш ба дунё меояд, вале аз зани аҳмақ фарзанди боҳуш ба дунё намеояд.”

г) Нозо:

1. Паёмбари Худо (с): "Бо бокираи баччазо издивоҷ кунед ва бо зани зебои нозо издивоҷ накунед, зеро ман дар рӯзи қиёмат ба ҷамъияти шумо бар дигар умматҳо меболам.”

2. Дар ривоят аст, ки: "Марде назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: эй Паёмбари Худо! Духтари амак дорам, ки зебоӣ, некӯӣ ва диндории ӯро писандидаам, аммо нозост. Паёмбар (с) фармуд: Бо ӯ издивоҷ макун.

д) Зани пир:

Дар ривоят аст, ки: "Се чиз аст, ки баданро вайрон мекунад ва чи басо мекушад: хӯрдани гӯшти намакини гандида, ҳаммом рафтан бо шиками пур ва издивоҷ бо занони пир.”

Вақте мехоҳед духтарони худро ба шавҳар диҳед

а) Назархоҳӣ аз зан:

Дар Алмуъҷамул-кабир ба нақл аз ҳазрати Умар (р) овардааст: "Паёмбари Худо (с) ҳаргоҳ мехост зане аз хонаводаашро шавҳар диҳад, аз пушти парда ба ӯ мефармуд: Духтарам! Фалонӣ аз ту хостгорӣ кардааст, агар ӯро дӯст надорӣ, бигӯ на. Зеро ҳеҷ кас набояд аз на гуфтан шарм кунад. Агар ҳам дӯст дорӣ, сукути ту нишонаи ризоят аст.”

б) Диранг накардан, бо омадани ҳамсанг

1. Паёмбари Худо (с): "Ҳаргоҳ ашхоси ҳамсанг барои хостгорӣ назди шумо омаданд, духтаронатонро ба ҳамсарии онҳо дароваред ва дирангу имрӯзу фардо накунед.”

2. Паёмбари Худо (с): "Ҳаргоҳ мардони ҳамшаъне назди шумо омаданд, духтаронатонро бедаранг ба ҳамсарии онҳо дароваред.”

3. Паёмбари Худо (с): "Эй Алӣ! Се корро ба таъхир маяндоз: намозро ҳаргоҳ вақташ расад; хоксупории ҷанозаро ҳаргоҳ омода шавад; издивоҷи зани беҳамсарро ҳаргоҳ ҳамсанге барояш ёфтӣ.”

в) Худдорӣ аз зан додан ба марди фосид ва шаробхор:

1. Паёмбари Худо (с): "Ҳар кас духтарашро ба марди фосиде бидиҳад, рӯзе ҳазор лаънат бар ӯ фуруд меояд ва ҳеҷ кори неке аз ӯ ба осмон боло намеравад ва дуояш мустаҷоб намегардад ва ҳеҷ тавбаю фидяе аз ӯ қабул намешавад.”

2. Паёмбари Худо (с): "Шаробхор ҳаргоҳ бемор шавад набояд ба аёдаташ рафт ва дар ташйеи ҷанозааш набояд ширкат кард ва ҳаргоҳ шаҳодат диҳад, ӯро таъйид накунед ва ҳаргоҳ хостгорӣ кунад, ба ӯ зан надиҳед ва ӯро бар амонате амин машуморед ва амонатро ба ӯ масупоред.”

3. Паёмбари Худо (с): "Агар шаробхор ба хостгорӣ ояд, ба ӯ зан надиҳед.”

г) Парҳез аз таъйини маҳрияи[5] сангин:

1.Паёмбари Худо (с): "Дар маҳрияи занон зиёдаравӣ накунед, зеро занон дар воқеъ борони Худои Субҳонанд.”[6]

2. Паёмбари Худо (с): "Эй Ҳавро! Қасам ба он зоте ки маро ба ростӣ паёмбар ва расул фиристод, ҳеҷ зане нест ки маҳрияашро бар шавҳараш сангин созад, магар он ки Худо занҷирҳои гароне аз оташи дӯзах бар ӯ биниҳад.”

Кимиёи саодат


[1] Киноя аз фарзандзоии бештари онҳост.

[2] Асли арабии ин таъбир, «ал-кайс» аст ва шореҳон дар баёни ин таъбир гуфтаанд: Ал-кайс, яъне ҷимоъ ё ақл. Мурод, ташвиқ ба талаби фарзанд аст ва ба қавле, барҳазар доштан аз тарки ҷимоъ аст, ки ҳамон ташвиқ ба муҷомиат аст. Яъне вақте ворид шудӣ, дар кори фарзанд бикӯш. Бархе низ гуфтаанд, ки амр ба ҷимоъ аст ё наҳй аз шитоб ба он, бо бакоргирии ақл, то мабодо ташнагии шаҳват сабаб шавад, ки як вақт дар ҳоли ҳайз бо занаш муҷомиат кунад.

[3] Маҳрия: садоқ, пул ё чизи дигаре, ки ҳангоми ақди никоҳ бар ӯҳдаи мард муқаррар мешавад.

[4] Дар матни арабӣ таъбири «хазрои диман» омадааст, ки ба маънои сабзаест, ки дар мазбала ва саргингоҳ бирӯяд. Диман, ҷамъи димна ба маънои саргин ва зубола аст.

[5] Маҳрия: садоқ, пул ё чизи дигаре, ки ҳангоми ақди никоҳ бар ӯҳдаи мард муқаррар мешавад.

[6] Дар ин ҳадис ташбеҳи балиғ аст, зеро Паёмбар (с) занонро ба борон ташбеҳ кардаанд, ки ба яке мерасад ва яке маҳрум мемонад ва дар сарзамине мебораду дар сарзамини дигар намеборад.

Бахш: Аҳкоми никоҳ ва талоқ | Просмотров: 2375 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/3 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz