Шанбе, 23.09.2017, 12:10
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 10 » Ин буд саргузашти инқилоб дар Эрон
Ин буд саргузашти инқилоб дар Эрон
01:23

Ба баҳонаи 32 мин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон

32 сол пеш, дар ҳамин рӯзҳо, дар Эрон, инқилобе ба вуқӯъ пайваст, ки сабаби таҳаввулоти бузурге на танҳо дар худи Эрон, балки дар кулли минтақа гардид. Барои огоҳии бештар ва беҳтар аз моҳият ва ҳақиқати ин инқилоб, бахше аз суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар Созмони Милали Муттаҳидро, ки дар он мавқеъ раиси ҷумҳури Эрон буд, пешкаши хонандагони гиромии пойгоҳи Кимиёи саодат менамоем, то ҳақиқат ва моҳияти ин инқилоб барои хонанда бештар рӯшан шавад.

Оқои раис, Оқои дабири кул, ҳозирони мӯҳтарам!

Ман аз Эрон меоям, ки зодгоҳи пуровозатарин ва дар айни ҳол ношинохтатарин инқилоби даврони муосир аст; инқилобе, ки бар пояи дини Худо ва дар имтидоди роҳи паёмбарон ва муслиҳони бузурги илоҳӣ... роҳе, ки ба дарозои ҳамаи торихи башар... ва акнун низ қаламрави низоме аст, ки бар ҳамон пешинаи устувор бино шуда ва ба пуштвонаи фарҳанги беназири он, ки акнун ба баракати бедории исломӣ ғинои бештар ёфта, такя кардааст.

Решаи устувор ва андешаи зербиноии ин инқилоб, "ҷаҳонбинии тавҳидии ислом” аст. Тафсири инсон, тафсири торих, таҳлили ҳаводиси ҳол, гузашта ва оянда, тафсири табиат, табйини ҳамаи алоиқе, ки инсонро бо дунёи берун аз вуҷуди ӯ – ҷаҳон, инсонҳо ва ашё – муртабит мекунад ва низ фаҳму дарки одамиро вуҷуди худ ва хулоса ҳамаи чизҳое, ки низоми арзишии ҷомеаро месозад ва онро бар идораи матлуби худ қодир мекунад... ҳама ва ҳама, аз ин ҷаҳонбинии илоҳӣ реша ва моя мегирад ва муншаиб мешавад.

Дар андешаи илоҳии ислом, ҳамаи ҳастӣ, офаридаи Худо ва ҷилвагоҳи илму қудрати ӯ ва пӯянда ба сӯи ӯст ва инсон, бартарин офарида ва ҷонишини ӯ.

Дар андешаи илоҳии ислом, афроди башар бародарон ва хоҳарони якдигар ва ҳама бандагони Худоянд. Миёни нажодҳо, рангҳо ва мардуми сарзаминҳо ҳеҷ тафовут нест ва инҳо мояи бартарии кас ё миллате нест. Инсоният пайваста аст ва таарруз ба як инсон, таҷовуз ба ҳамаи инсоният аст бидуни дахолати хусусиёти ҷуғрофиёӣ ва нажодӣ.

Пайғамбарон мардумро ба бандагии Худо, ки путке бар сари худхоҳӣ ва бартариҷӯӣ аст фаро хонданд ва ойине, ки биҳишти сафо ва оромишро ҳатто пеш аз биҳишти ухравӣ ба башар арзонӣ медошт, бад-ӯ арза карданд ва ӯро ба маҳор кардани ғаризаи афзунхоҳӣ ва султаҷӯӣ ташвиқ намуданд ва аз табоҳ шудан ва ҳарз рафтани истеъдодҳо ва ғалтидан дар лаҷанзори фасоди ахлоқӣ барҳазар доштанд ва сарчашмаҳои фазилат, ростӣ, муҳаббат, кору ибтикор, дониш ва огоҳиро дар ӯ ҷорӣ сохтанд ва ёди Худо ва ишқ ба ӯро, ки зомини ин ҳама ва таолибахши равони ӯст, бад-ӯ талқин карданд.

Онҳо ҳамчунин ба ӯ омӯхтанд, ки бозуи худро барои ҳиросат аз ин арзишҳо нерӯманд кунад ва роҳро бар шайтонҳои шарру фасоду инҳитотофарин бибанданд; бо ҷаҳлу зулму истибдод биситезанд ва аз илму адлу озодӣ посдорӣ кунад; бад-ӯ омӯхтанд, ки бояд на ситам кунад ва на ситам пазирад; бояд барои иҷрои қисту адл қиём кунад ва бояд ба роҳзанони салоҳу фалоҳи инсон амон надиҳад. Таслим дар баробари душманони фазилату адолату салоҳ, ризо додан ба нобудии ин арзишҳо ва қабули разилат ва зулм ва фасод аст.

Дар андешаи илоҳии ислом, дини Худо, қолаб ва шакли зиндагии башар аст ва на танҳо гавҳаре бар торики он. Дин, як низоми иҷтимоӣ ба башар ироа мекунад ва на фақат як силсила ибодот ва одот; ҳарчанд ки ибодот ва одот низ анбошта ва руҳи зиндагӣ ва дар ҷиҳати ҳамон низом аст ва ин низоми иҷтимоӣ мубтанӣ бар ҳамон ҷаҳаонбинӣ ва сохта ба шакли он аст.

Озодӣ, баробарии инсонҳо, адли иҷтимоӣ, худогоҳии афроди ҷомеа, мубориза бо каҷӣ ва зиштӣ, тарҷеҳи ормонҳои инсонӣ бар орзуҳои шахсӣ, таваҷҷӯҳ ба ёди илоҳӣ, нафйи султаҳои шайтонӣ ва дигар усули иҷтимоии низоми исломӣ ва низ ахлоқу рафтори шахсӣ ва тақвои сиёсӣ ва шуғлӣ, ҳама ва ҳама, мулҳам ва зоидаи он ҷаҳонбинӣ ва бардошти куллӣ аз ҷаҳону инсон аст.

Ислом низомҳои мубтанӣ бар зӯру қулдурӣ ва зоидаи зулм, ҷаҳл, ихтиноқ, истибдод, таҳқири инсон ва табъизи нажодҳо, миллатҳо, хунҳо ва забонҳоро рад мекунад ва ғалат мешуморад ва бо ҳар он низом ва кас ки ба ситезаи низоми исломӣ камар бандад, бо шиддат ва муқовимат, меситезад... ва ба ҷуз онон, бо ҳамаи инсонҳо – чи ҳамкеш ва чи ноҳамкеш – ба муҳаббат ва мусоидат амр мекунад.

Бар чунин пояҳо ва бо чунин ҳадафҳое, инқилоби исломӣ дар Эрон падид омад ва низоми Ҷумҳурии Исломиро бино ниҳод. Бисёре пайдоиши инқилоби исломӣ дар баҳмани 57 (феврали 1079)-ро решаҷӯӣ карда ва бисёре ба хато дар фаҳми дурусти ин масъала дучор шудаанд. Мо ин падидаи азимро аз ҷумла ношӣ аз норасоии системҳои мавҷуди ҷаҳон ва пуч даромадани шиорҳои озодӣ, демукросӣ ва баробарӣ дар ин системҳо медонем.

Ислом дар ин торикии дилҳираомез тавонист аз лобалои ғубори таваҳҳум ва таҳрифе, ки перомунаш дар тайи чанд қарн барангехта буданд, барқ бизанад. Дар Эрон, ин барқ, ба дурахшише ва сипас ба тӯфоне анҷомид ва дар бисёре аз нуқоти дигари ҷаҳон ҳанӯз бояд чашм ба роҳи ҳаводис буд... Наҳзати бедории мусалмонон дар бисёре аз кишварҳои исломӣ – бар хилофи ончи тасаввур ва таблиғ мешавад – фарзанди инқилоби исломии Эрон нест; бародари он аст.

Дар инқилоби мо чанд нуқтаи ихтисосӣ ҳаст, ки метавон онро истисное аз саргузашти маъмулии инқилобҳо шумурд. Ман ба он нуқтаҳо мепардозам:

1. Ин инқилоб сад дар сад мардумӣ буд; на як гурӯҳи чарикии мусаллаҳ, на як ҳизби фаъоли сиёсӣ-низомӣ, на гурӯҳе аз афсарони инқилобӣ ва озодихоҳ ва на ҳеҷ як аз дигар анвои роиҷ ва маъмулӣ, ки таҳаввулоти инқилоби кишварҳоро падид меоваранд, дар инқилоби мо вуҷуд ва ҳузур ва фаъолият надоштанд; фақат мардум буданд ва мардум, ки дар Теҳрон ва ҳама ҷои дигар, чунон фазоро ва хиёбонҳоро ва муҳити зиндагии шаҳрро аз вуҷуду ҳузури худ ва шиорҳои инқилобии худ пур карданд, ки дигар ҷое барои ҳайъати ҳоким ва ҳукуматаш боқӣ намонд... ва онон маҷбур шуданд яке яке ва дастаҷамъӣ аз кохҳо ва марокизи иқтидори худ ва сипас аз кишвар хориҷ шаванд... Шоҳ, нахуствазир, бузургони артиш, вузаро ва дигар сарҷунбонон, ҳар кадом, ки тавонистанд, аз мардум гурехтанд...

Ин, пас аз он буд, ки дар муддате беш аз як сол, онон бо истифода аз ҳамаи тавоноии худ – сиёсӣ, низомӣ, пулисӣ – кӯшида буданд мардумро мутафарриқ созанд ва ба хонаҳо ё марокизи корашон баргардонанд. Ва дар ин муддат ҳазорон нафар аз мардум ҷилави чашми дигарон дар хиёбонҳо, дар масҷид, дар донишгоҳ, дар муҳити кор кушта шуда буданд. Аммо ҳузури мардум рӯз ба рӯз бештар шуда буд. Дар охирин моҳҳо, хушунати дастгоҳ бештар ва мутақобилан ҳузури мардум ҳам бештар шуд.

Режим, ки зери фишори хашми мардум даст аз ҷон шуста, қодир ба муқовимат набуд, маҷбур шуд бузургтарин имтиёзи худро бидиҳад; шоҳ рафт... ва баъд аз он, ақибнишиниҳояш пай дар пай ва сареъ шуд. Раҳбари бузурги инқилоб, ки калима-калима суханонаш ба миллат руҳу огоҳиву дарс медод, ба иттикои Худованди Мутаол, ки ҳамаи қудратҳо дар яди қудрати ӯст ва бо эътимод ба ҳамин иродаи азим ва хадшанопазири мардум, давлати инқилобро ташкил дод... Давлати ситамшоҳӣ худ ба худ ва бе он ки роҳи дигаре дошта бошад, маснадро раҳо кард ва гурехт... Охирин сангарҳо, подгонҳои холӣ аз сарбозу афсар буд... Онҳо ҳам гурехта буданд ва бисёре ба саффи мардум пайваста, дар охирин лаҳазот чанд подгон, андаке муқовимат карданд, аммо беҳуда. Дар он ҷо ҳам мардум ҳузур доштанд... Ва мӯъҷизаи ин инқилоб, пирӯзии мардум буд... Танҳо пас аз суқути подгонҳо буд, ки мардум ба аслиҳа даст ёфтанд, аммо он рӯз дигар низоми подшоҳӣ суқут карда буд. Ин силоҳҳо барои муроқибат аз ниҳоли навраси инқилоб ба кор гирифта шуд. Мардум, ҷавонону пирон, занону мардон, танҳо касоне буданд, ки режими Паҳлавиро, ки ба назар қавӣ ва комилан мусаллаҳ мерасид ва аз пуштибонии бузургтарин қудратҳо бархӯрдор буд, шикастанд ва низоми Ҷумҳурии Исломиро бар сари кор оварданд. Силоҳи онон, имонашон, иродаи нерӯмандашон ва хунашон буд... ва хун бар шамшер пирӯз шуд.

2. Ин инқилоб муттакӣ ба дин буд ва ба ислом. Бисёранд инқилобҳое, ки решаҳои муборизотии он аз имони динӣ тағзия кардааст; ҳарчанд дар сохтори инқилоб, ин имон чандон ё ҳеҷ ба ҳисоб наёмадааст, аммо инқилоби мо, ҳама чизашро, ҳадафҳоро, усулро ва ҳатто равишҳои муборизотиро ва низ шакли низоми навин ва навъи идораи онро... аз ислом гирифт.

Ин, абъоди шигифтоваре ба инқилоб мебахшад ва таърифи тозае аз пирӯзии он ироа медиҳад; чи, ислом ба хотири доро будани ин зарфияти азими инқилобӣ ва созандагӣ, акнун ҳадди ақал 150 сол аст, ки мавриди таҳоҷуми қудратҳои истеъморгар ва авомили муртаҷеъ ва забуни онон будааст. Ба илова, ислом дар беш аз 50 кишвар ва миёни як миллиард инсон, як имони муқаддас, як дини илоҳӣ аст. Пирӯзии инқилобе, ки руҳу муҳтавояш ислом аст, дар ҳақиқат, пирӯзӣ бар ҳамаи он муҳоҷимон ва дар арсаи зиндагии ҳамаи ин як миллиард аст. Садҳо миллион марду зани мусалмон дар даҳҳо кишвар, аз пирӯзии инқилоби мо, эҳсоси пирӯзӣ карданд.

Ин хусусиёт, ҳамчунин роҳи ақибнишинӣ, шикаст, заъф ва тарсро бар мардум ва раҳбари инқилоб ва мудирони он мебандад. Дар роҳи Худо шикаст нест то заъфу тарсу ақибнишинӣ бошад.

3. Адами иттико ба Шарқ ё Ғарб, хусусияти истисноии дигари ин инқилоб буд ва ҳамакнун низ сиёсати қотеи низоми инқилобии мост. Ин, худ яке аз мазоҳири эътиқод ва иттико ба Худо дар ҳамаи саҳнаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии мост. Имрӯз тафаккури мусаллат бар дунёи сиёсат дар саросари ҷаҳон ин аст, ки бидуни иттико ба яке аз қутбҳои қудрат наметавон дар саҳнаи сиёсии муосир зинда монд. Агар дар шиддату заъфи ин иттико ихтилофи назар бошад, дар асли он, ҳарфе нест; ҳатто онон, ки дар андеша, адами иттико ва адами тааҳҳудро пазируфтаанд, мӯътақиданд дар амал наметавон чунин буд.

Инқилоби мо дар чунин ҷавве, як фалсафаи ҷадидро арза кард ва то имрӯз ба он пойбанд монд. Инқилоби мо собит кард, ки метавон қудратҳои султагарро ба худ роҳ надод ва қулдурии ононро ҷиддӣ нагирифт ва ба онон боҷ надод; машрут бар ин ки нуқтаи иттикои қавитар аз қудрати моддиро бовар дошт; Худоро.

4. Як хусусияти истисноии дигар низ дар инқилоби мо буд ва ҳаст, ва он, хусуматҳо ва зарбаҳои истисноӣ алайҳи он аст. Ҳеҷ инқилобе, аз душмании низоми "султа” дар ҷаҳон барканор намемонад, аммо танаввуъ, умқ, густардагӣ ва хашмолудагии хусуматҳое, ки дар тӯли ин солҳо бо мо шуда, ҳикояте истисноӣ ва шуниданӣ аст.

Оқои раис, оқои дабири кул, ҳозирони мӯҳтарам!

Ин буд саргузашти инқилоби мо; инқилобе, ки агар мавҷи умеде густарда миёни миллатҳои ранҷдида аз султаи истикбор падид овард, мавҷи мухолифате ба ҳамон густардагӣ низ миёни қутбҳои султаи байналмилалӣ эҷод кард ва ин мухолифатҳо ҳарчанд ҷиддӣ, амиқ ва мутанаввеъ буд, натавонист ниҳолеро, ки реша дар аъмоқ дошт ва рӯз ба рӯз устувортар мешуд, аз по биандозад; ҳарчанд сангу захми фаровон ба он зада шуда...

Акнун ҳамаи дунё бибинад ва мебинад, ки мо ба рағми унфи султаҳо, зиндаем ва зинда хоҳем буд. суннатҳои илоҳӣ дар торих инро ҳукм карда ва ҷуз ин нахоҳад буд ва ин, зиндатарин ва гӯётарин паёми мост. Низоми султа ҳамвора хостааст акси инро собит кунад ва иродаи худро барои миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳони сеюм сарнавиштсоз бидонад.

Мо инро тахтиа кардем. Шак нест, ки низоми султа ҳаёт ва истимрори Ҷумҳурии Исломиро намехост, вале иродаи мо ғолиб шуд. Паёми мо ба ҳамаи миллатҳо ва давлатҳое, ки мехоҳанд мустақил ва беэътино ба хосту иродаи султаҳои бузурги ҷаҳонӣ бимонанд, ин аст, ки аз онон натарсанд ва ба худ ва миллати худ эътимод кунанд...

Farsnews

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 499 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz