Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳар кӣ бо
фарҳанги ислом ошност, гар чи андак, медонад, ки бузургтарин гуноҳ дар
ислом, ки нобахшуданист, қатли инсон ва ба хусус қатли як нафар мӯъмин
аст. Қуръони карим қатли нафси бегуноҳеро, ҳар кӣ бошад, хоҳ мусалмон ва
хоҳ кофир, баробар бо қатли тамоми мардум мешуморад, он ҷо ки
мефармояд:
"Ҳар кӣ касеро бикушад бе он ки
касеро кушта ё табоҳӣ дар замин карда бошад, чунон аст, ки ҳамаи
мардумро кушта бошад” (Сураи Моида, ояти 32).
Дар Қуръони карим, барои ҳеҷ гуноҳе, ба
андозаи қатли як нафар мӯъмин, ваъдаи азоб ва лаънати илоҳӣ нашуда аст,
он ҷо ки мефармояд:
"Ҳар кӣ мӯъминеро амдан бикушад,
сазои ӯ дӯзах аст, ки ҷовидона дар он бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифта
ва ӯро лаънат карда ва барои ӯ азобе бузург омода сохта аст”.
(Сураи Нисо, ояти 93).
Ин ҷо шояд бароятон чунин пурсише
худнамоӣ кунад, ки агар чунин аст, пас чаро мебинем бархе аз мусалмонон,
ба роҳатӣ ба ин кор иқдом мекунанд; гӯи куштани инсон барои эшон, мисли
куштани як барра бошад? Тоза, на танҳо ин кор барояшон осон аст, балки
аҳёнан, аз варои он, умеди подоши илоҳӣ, ва болотар аз он, умеди вуруд
ба биҳишт ҳам доранд. Магар намебинем, ки як ҷавонписар ва ё
ҷавондухтари мусалмон, бо таркондани хештан миёни анбӯҳе аз мардумон, ки
номи ин корро "шаҳодатталабӣ” ҳам гузошта аст, ба роҳатӣ даҳҳо, балки
садҳо мардумони бегуноҳро ба куштан медиҳад?
Посух ин аст, ки аввалан, рабт додани
чунин аъмоле ба ислом, ҳарчанд аз сӯйи мусалмон сурат бипазирад, худ
кори нодурустест. Ҳаргиз кирдору рафтори бархе аз мусалмонон, ҳарчанд бо
шиори ислому ҷиҳод сурат бигирад, ҳикоятгари худи ислом намебошад.
Чунон ки аъмоли ваҳшиёнаи бархе аз ҷавонони нажодгарои русӣ рабте ба
ойини масеҳият надорад; он ҷо ки бе ҳеҷ гуноҳе ба қатлу куштори
мардумони соири нажодҳо даст меёзанд, ҳамин тавр кирдори бархе аз
"мусалмонон”-и худобехабар низ алоқае ба ислом надорад. Аслан, террор,
дину ойин надорад. Дар назди ҳар дине, ин амал маҳкум аст.
Дирӯз, дар Маскав, пойтахти Русия, дар
як иқдоми ваҳшиёнае, ки таҳлилгарон мӯътақиданд ба эҳтимоли зиёд аз сӯйи
ҷангҷӯёни ба ном "муҷоҳид”-и Қафқоз сурат пазируфта аст, даҳҳо инсони
бегуноҳ кушта ва даҳҳои дигар маҷрӯҳ гардиданд. Ҳар касе ба ҳар далеле
ба ин амали ваҳшиёна даст ёзида аст, қатъан аз дидгоҳи ислом маҳкум аст.
Афроде, ки ба ин амал даст задаанд, агар
ба хотири эътироз ба ҳукумати Русия ва амалкарди вай дар Чечен ва ё
Ингуш ва ё ба ҷиҳати интиқоми хуни бархе аз бародарони "муҷоҳид”-и хеш
бошад, дар ин миён, гуноҳи мардумони бегуноҳе, ки дар ин васат қурбонӣ
мешаванд, чист?
Ба назари роқими сутур, яке аз
асоситарин илали иқдом ба як чунин аъмоле аз сӯйи баъзе аз ҷавонони
мусалмон ин аст, ки бархе худобехабарон, бе он ки аз илму дониши кофӣ ва
лозими исломӣ бархӯрдор бошанд, фатвои қатлу куштор медиҳанд. Дар
воқеъ, айб дар ин миён, мутаваҷҷеҳи ин ҷавонписар ва ё ҷавондухтари
"шаҳодатталаб” нест. Айб, бар гардани касонест, ки ба роҳатӣ ва бе ин ки
эҳсоси масъулияте бикунанд, фатво содир мекунанд; фатвои қатл, фатвои
мубоҳ донистани хуни мардумон, ҳатто мусалмононе, ки бо эшон дар ақида
ихтилоф дошта бошанд.
Албатта, ин худобехабарон, ба он ҷавони
"шаҳодатталаб” намегӯянд, ки бирав фалониро бикуш. Ҳаргиз. Балки кофист
коғазу қаламе ба даст бигиранд ва бинависанд: агар инсоне муртакиби
фалон амал шуд ва ё фалон амалро дуруст ангошт, кофир аст ва рехтани
хунаш мубоҳ аст. Он гоҳ, "шаҳодатталаб” худаш медонад чӣ кор кунад,
дигар ниёзе нест барояш касе бигӯяд фалониро бикуш, худаш метавонад
ташхис бидиҳад, ки чӣ касеро равонаи он дунё намуда ва ноил ба мақоми
"шаҳодат” дар роҳи Худо гардад.
Ахиран, дар арафаи иди Наврӯз ҳам, дар
яке аз пойгоҳҳои интернетӣ, зимни мақолае, бо як чунин "фатвое” рӯбарӯ
шудем. Нависандаи мақола, ба роҳатӣ ва бе ин ки эҳсоси масъулияте аз
навиштаҳои худ бикунад, менависад: "Дорои аҳамияти бузург будани ин
мавзӯъ, аз он маълум мегардад, ки ҳатто дар китобҳои фиқҳи уламо, боберо
ба номи «Риддат» зикр кардаанд ва дар он, лафзҳоеро баён намудаанд, ки
бо гуфтани он, шахси муслим муртадд шуда, аз дин хориҷ мегардад ва
хуну моли ӯ мубоҳ
мегардад, агарчи калимаи тайибаро ба забон ронад, намоз хонад,
закот диҳад ва рӯзаву ҳаҷро анҷом диҳад”. Сипас, нависанда, бо истинод
ба гуфтаи яке аз уламо, мегӯяд: "Иртикоби амалҳо ва суханҳои зерин куфр
аст...”, ки яке аз он аъмол, "Муқаддас
донистани иди Наврӯз, ки аз иди маҷусиён
аст”. Ба ҳамин роҳатӣ, соҳиби ин навиштор, ҳазорон, балки
миллионҳо мусалмонеро, ки иди Наврӯзро ид медонанд, аз доираи ислом
хориҷ ва рехтани хуни эшонро мубоҳ месозад.
Камина дар ин миён дар садади исботи
дурустӣ ё нодурустии ҷашн гирифтани ин ид нестам (дар ин бора, дар
мақолаи дигаре, ба тафсил баҳс намудаам), балки мехоҳам мутазаккири ин
нукта бишавам, ки наметавон ба ҳамин роҳатӣ фатво содир кард. Фатво
содир кардан, кори ҳар кӯчагарде нест, кори муҷтаҳидон аст. Агар дар яке
ё ду то китобҳои фиқҳӣ як чунин фатвое вуҷуд дошта бошад, ин далел
намешавад, ки фақат бо истинод ба он, ва бидуни муроҷеа ба китобҳои
дигар ва ё донистани назари муҷтаҳидони муосир, фатво содир кунем. Ин
кор паёмадҳои ногувореро ба дунбол дорад. Хуни мусалмон дар миён аст.
Имрӯза бар уламои рӯшан ва
масъулиятпазир дар ҷомеа воҷиб аст, ки пеши роҳи як чунин "муфтиён”-ро
бигиранд, нагузоранд ба ҳамин роҳатӣ ва бидуни эҳсоси ҳеҷ масъулияте
"фатво” содир кунанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
|