Ҷумъа, 26.04.2024, 11:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 21 » Дидори Кабирӣ бо раҳбари Эрон
Дидори Кабирӣ бо раҳбари Эрон
01:32

Муҳиддин Кабирӣ имрӯз (20.02.2011) бо раҳбари Ҷ.И.Эрон Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ дидор кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари Эрон, Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба иттифоқи ҷамъе аз мутафаккирон, андешмандон ва раҳбарони ҷунбишҳо ва ҳаракатҳои исломии кишварҳои ширкаткунанда дар бисту чаҳорумин Конфронси ваҳдати исломӣ, имрӯз (20.02.2011) бо Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ раҳбари Ҷ.И.Эрон, дидор намуданд.

Дар ин дидор, Оятуллоҳ Хоманаӣ, шароити кунунии дунёи исломро як мақтаъи торихӣ ва бисёр ҳассос донист ва таъкид кард, шинохти саҳеҳи ин мақтаъи ҳассос, тақвияти имони динии мардум, ҳифзи ваҳдат, маръуб нашудан дар муқобили ҳайманаи Амрико ва доштани ҳусни занн (гумони нек) ба ваъдаи нусрати илоҳӣ, заминасози муваффақият ва пирӯзии ҳаракати камназири миллионии мардум дар дунёи ислом аст.

Вай дар табйини аҳаммияти шароити кунунии дунёи ислом афзуд: "Иллати аҳаммияти мақтаъи торихии кунунӣ, дар ин аст, ки агар ба сурати саҳеҳ шинохта ва ҳидоят шавад, мушкилоти дунёи исломро ҳал хоҳад кард, аммо агар ба дурустӣ шинохта ва баҳрабардории саҳеҳ нашавад, заминасози мушкилоти ҷадид барои дунёи ислом хоҳад буд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳузури миллионии мардум дар саҳнаро дар шароити феълӣ, дар дунёи ислом беназир хонд ва хотирнишон кард: "Пирӯзии инқилоби исломии Эрон низ марҳуни ҳузури миллионии мардум буд ва ин ҳузури миллионӣ ҷуз бо имон имконпазир нест.”

Вай ҳузури мардум дар саҳна то расидан ба натиҷаи ниҳоӣ ва ҳамчунин ҳифзи натиҷаро ду омили муҳимми дигар дар канори ҳузури миллионӣ баршумурд ва афзуд: "Душманон талош мекунанд, то ҳаракати мардумӣ дар Миср, Тунис ва дигар нуқоти дунёи исломро ғайри исломӣ ҷилва диҳанд, дар ҳоле ки ин ҳаракати мардумӣ қатъан исломӣ аст ва бояд тақвият шавад.”

Раҳбари Эрон Амрикоро мушкили дунёи ислом донист ва таъкид кард: "Бояд ин мушкилро аз дунёи ислом бартараф ва Амрикоро тазъиф кард ва танҳо роҳ ҳам, умед ба Худованд ва доштани ҳусни занн ба ваъдаи илоҳӣ аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки, вақоеи садри ислом тоблуе бисёр печида ва ҳунармандона аз шароити мухталифи уммати исломӣ то ба имрӯз аст, ба шароити мусалмонон дар ҷанги Аҳзоб ишора кард ва афзуд: "Ҳамон гуна ки дар ҷанги Аҳзоб иддае маръуби қудрати душман шуданд ва иддае ҳам бо ҳусни занн ба ваъдаи нусрати илоҳӣ дар муқобили душман истоданд, акнун низ бархе маръуби ҳаймана ва қудрати низомӣ, диплумосӣ, таблиғотӣ ва ҳимоятҳои молии Амрико шудаанд ва мӯътақиданд, наметавон дар муқобили Амрико истод, дар ҳоле ки Худованд ваъдаи қатъӣ кардааст, ки ёридиҳандагони динро ёрӣ хоҳад кард.”

Вай бо ишора ба заиф шудани Амрико нисбат ба солҳои гузашта хотирнишон кард: "Натиҷаи ҳусни занн ба ваъдаи илоҳӣ, истодагӣ ва ҳаракат рӯ ба пеш аст, дар ҳоле ки натиҷаи суи занн (гумони бад) ба Худованд, маръуб ва таслим шудан дар баробари душман аст.”

Раҳбари Эрон, муваффақиятҳо ва пирӯзиҳои чашмгири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 33 соли гузаштаро натиҷаи ҳусни занн ба ваъдаи илоҳӣ донист ва таъкид кард: "Миллати Эрон илова бар зери по гузоштани муҳосираи иқтисодӣ ва пирӯзӣ дар ҷанги таҳмилии 8 сола, акнун дар майдони илму фанноварӣ ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфта, ки фанноварии ҳастаӣ, як намуна аз онҳост.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ пешрафтҳои илмии Эрон ба вижа дар арсаи фанноварии ҳастаиро марҳуни талош ва муҷоҳидати илмии донишмандони ҷавон, мӯъмин ва боихлос донист ва афзуд: "Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи энержии ҳастаӣ тавонистааст бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо, ин мавзӯъро ҳал кунад ва ба пеш биравад.”

Вай таъкид кард: "Ҷанҷоли ғарбиҳо дигар таъсире надорад ва гузашти замон низ ба суди Эрон аст.”

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҷрибае барои ҳамаи кишварҳои исломӣ аст, афзуд: "Имрӯз мардуми Миср, ки мардуме фаҳим ва дорои собиқаи дурахшони исломӣ ҳастанд, дар саҳна ҳузур ва бояд муроқибат шавад то душман ҳаракати мардумро мунҳариф накунад ва як фарди вобаста ба режими Фиръавни Мисрро сари кор наоварад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, муроқибат аз ҳаракати мардуми Мисрро дар ваҳлаи аввал вазифаи мардум, уламо, мутафаккирон ва бузургони Миср ва сипас, вазифаи ҳамаи уммати исломӣ донист ва хотирнишон кард: "Эҳсоси вазифаи миллатҳои исломӣ нисбат ба якдигар муҳимтарин асари ваҳдати исломӣ аст.”

Вай бо таъкид бар ин ки эҷоди ихтилоф миёни мусалмонон ва тарҳи мавзӯи шиа ва суннӣ аз тавтиаҳои душманон аст, ки бояд бар он фоиқ омад, афзуд: "Ҳаракати кунунӣ дар дунёи ислом ба пеш хоҳад рафт ва мо ваъдаи илоҳиро қабул дорем ва мутмаин ҳастем, ки Худованд ба инсонҳои мӯъмин кӯмак хоҳад кард.”

Дар ибтидои ин дидор, Шайх Камол Ҳалбовӣ аз раҳбарони ҷунбиши Ихвонул муслимин, Аллома Шайх Аҳмад ал-Хайлӣ муфтии кулли Уммон, Ҷаъфар Абдуссалом дабири кулли Иттиҳодияи донишгоҳҳои ҷаҳони ислом, Мунир Шафиқ мутафаккири фаластинӣ, Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Набил Сулаймон мушовири вазири авқофи Сурия, Абдураҳим Умар раиси Маҷлиси машваратии Судон, Шайх Аҳмад аз-Зайн раиси Таҷаммуъи уламои муслимин дар Лубнон, Шайх Холид Мулло аз уламои Ироқ, Шайх Мустафо Серич муфтии аъзами Буснӣ ва Шайх Билол Саид Шаъбон раиси ҳаракати Тавҳиди Лубнон, дидгоҳҳои худро дар хусуси масоили ҷаҳони ислом баён карданд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 1231 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz