Шанбе, 27.04.2024, 01:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 16 » Андар назарсанҷии Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон
Андар назарсанҷии Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон
04:19

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯза, амали назарсанҷӣ, на танҳо дар гунаи тасмимот ва мавзеъгириҳои ҳукуматҳо таъсиргузор мебошад, балки ҳатто дар навъи мавзеъгириҳои шаҳрвандони ҷомеа низ муассир аст; бад-ин шарҳ, ки ҳаргоҳ ҷомеа бо масъалае рӯбарӯ ва раъю назари мардум дар бораи он муҳим бошад, аксарият мунтазири натоиҷи назарсанҷии аввалӣ мемонанд, то бибинанд назари дигарон чист, ки то бар асоси он мавзеъи худро мушаххас бикунанд.

Ба унвони мисол, агар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ пеши рӯ дошта ва чанд нафар барои он номзад бишаванд, ғолиби шаҳрвандон мавзеи худ ҷиҳати таъйини фарди шоиста барои эҳрози мақоми риёсати ҷумҳурӣ-ро бар пояи ташхиси дигарон муайян мекунанд.

Бад-ин ҷиҳат аст, ки дида мешавад, дар бештари кишварҳо, пеш аз баргузории интихобот, номзадҳо ҳар яке ба таври ҷудогона назарсанҷиҳое гузаронида (албатта бо гузиниши назардиҳандагон) ва он гоҳ ҳар як иддао мекунад, ки натиҷаи назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки гӯи ӯст ҳамон касе ки бештарин шонси пирӯзӣ дар интихоботро дорад.

Ба иборати дигар, сиёсатмадорон амали назарсанҷиро, ки мебоист бетарафона анҷом дода шавад, мавриди суистифодаи сиёсӣ қарор дода ва аз он дар ростои пиёда сохтани аҳдофи хеш баҳрабардорӣ мекунанд.

Албатта ин амал на танҳо дар мавриди интихобот, балки дар соири масоили марбут ба ҷомеа, чи масоили сиёсӣ бошад ва чи иҷтимоӣ, иҷро мешавад.

Ахиран, бархе ҷиҳоти ҳукуматӣ дар кишварамон низ аз ин шигирд дар робита бо масъалаи сатру ҳиҷоб ва ин ки чаро падидаи сатрпӯшӣ миёни хоҳарони азизи ҷомеаи мо фарогир шудааст, истифода намуданд, то нишон бидиҳанд, ки гӯи бештари хоҳарони сатрпӯш ё маҷбуран ба ин амал иқдом намудаанд ва ё ҳадди ақал аз рӯи адами огоҳӣ сатр бар сар гирифтаанд.

Ба гузориши радиои Озодӣ, Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, дар миёни беш аз 2 ҳазор хоҳарони азизи сатрпӯшамон назарсанҷӣ гузаронида ва ба чунин натиҷа даст ёфтааст, ки гӯи беш аз 20 дар сади онон гуфта бошанд, ки иҷборан сатр мепӯшанд; бад-ин тартиб, ки 40 дар садро шавҳарони онҳо ва боқимондаро волидайну бародарон барои пӯшидани сатр маҷбур кардаанд.

Ин суханони ҳамешагии шумост, чи пеш аз назарсанҷӣ ва чи пас аз он

Гузашта аз ин ки гӯи хоҳарон иҷборан сатр бар сар гирифта бошанд, он чи шигифтангез аст, изҳороти мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мебошад; ҳамон изҳороти кӯҳнае, ки солиён аз шунидани он гӯши ҷомеаи мусалмони мо пур ва дилаш безор шудааст. Албатта, бо иҷрои ин назарсанҷӣ, амсоли ин мудирон мехоҳанд дидгоҳи худро навъе илмӣ ва мубарҳан ҷилва диҳанд.

Ба гузориши радиои Озодӣ, Саодат Мӯъминова, мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, ки ҳадаф аз иҷрои ин назарсанҷиро муайян кардани қишри аслии сатрпӯши ҷомеа унвон кардааст, мегӯяд, "аксари занони ҳиҷобпӯш, таълимоти мукаммали динӣ надоранд ва танҳо рисолати худро дар сатрпӯшӣ ва кунҷи хона нишастан медонанд...

Ҳам ӯ мегӯяд, "мутаасифона, дар кишвари мо бештар хурофоти динӣ дар байни занҳо паҳн гаштааст. Бовар дорам, ки таълимоти динии онҳо ҳам бисёр маҳдуд аст. Вақте ки занҳо ба кумитаи мо меоянд, мепурсем, онҳо Қуръонро ба забони тоҷикӣ нахондаанд ва намедонанд. Мегӯянд мо бояд сатр пӯшем, тамом. Вале ҷойгоҳи зан дар ислом бисёр баланд аст, мақоми зан баланд аст.

Дар ҷое дигар тасреҳ мекунад, "вақте ҳама сиҳҳату саломат аст, тамоман сиёҳ пӯшидан барои мо ин фоҷеа аст ва нусхабардории кӯрӯрона ба фарҳанги бегонагон аст. Ин чиз бисёр хатарнок аст. Ман дар ин бора сӯҳбат доштам бо чанд духтарон, мегӯянд дар ислом ҳаст. Ман гуфтам ин либоси хосси худи арабҳост”.

Ин суханон худ гӯёст, ки ҳадафи ин кумита аз иҷрои назарсанҷӣ чист? Албатта, камина мункири он нестам, ки яке ду нафар аз хоҳарони мо, асосан ҳадаф аз пӯшидани сатр ва ин ки назари дини ислом роҷеъ ба он чист надонанд. Чи басо такяи мудири мӯҳтарами Кумитаи кор бо занон дар ин изҳорот, гуфтаҳои хоҳароне бошад, ки воқеан огоҳ нестанд. Аммо, оё ӯ ҳақ дорад бо такя бар изҳори назари яке ду нафар, чунин натоиҷе ироа бидиҳад? Ҳол, бибинем, ӯ чӣ мехоҳад бигӯяд:

1. бештари хоҳарони сатрпӯш бесаводанд;

2. сатрпӯшӣ мусовӣ бо нишастан дар кунҷи хонаҳост;

3. сатрпӯш на танҳо аз саводи дунявӣ бебаҳра аст, балки саводи динӣ ҳам надорад ва Қуръон хондан наметавонад;

4. хоҳарони сатрпӯш хурофотӣ ҳастанд;

5. духтарони сатрпӯш аз фарҳанги бегонагон кӯр-кӯрона тақлид мекунанд ва сатр либоси хосси арабҳост.

Аммо лозимаи ин суханон чист?

1. сатрпӯшӣ ношӣ аз бесаводист; яъне ҳар кӣ савод дорад, сатр намегирад ва ҳар кӣ бесавод аст, сатр мепӯшад;

2. сатрпӯшӣ занро дар кунҷи хонаҳо нигаҳ медорад;

3. ҳар кӣ Қуръон медонад, сатр намегирад ва ҳар кӣ аз он беиттилоъ аст, сатр мепӯшад;

4. сатрпӯшӣ ношӣ аз эътиқод ба хурофот аст;

5. сатр тақлид аз бегонагон ва хосси арабҳост; яъне рабте ба ислом надорад.

Ин лавозим, айнан ҳамон чизҳоест, ки замони Шӯравии собиқ тавассути динситезони коммунист гуфта мешуд; бо ин тафовут, ки дар он замон аз мавзеи мубориза бо дину мазҳабу падидаҳои динӣ изҳор мешуд, аммо имрӯз аз мавзеи ин ки мо ҳам дин дорем на бедин, ва дин ҳамон мегӯяд, ки мо мегӯем.

Ҳол, роҷеъ ба ин суханон ва лавозими он, мехоҳам нукотеро ёдовар бишавам:

1. Оё дуруст аст муддаӣ шавем, ки сатрпӯшӣ сарчашма дар бесаводӣ дорад? Гузашта аз хоҳарони сатрпӯши ҷомеаи худамон, ки босаводу таҳсилкарда дар миёни онон фаровонанд, магар метавон гуфт, ки чанд сад миллион занони сатрпӯш дар ҷомеаҳои исломии имрӯз, ки дар байнашон садҳо ва ҳазорон донишманду мутафаккиру ҳатто вузаро дида мешаванд, савод надоранд? Оё вазири беҳдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки як зани комилан сатрпӯш аст, бесавод аст? Оё ҳамсар ва духтарони Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия ва ё Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири ин кишвар, ки сатр бар сар доранд, аз савод бебаҳра ҳастанд?

2. Чӣ касе гуфтааст, ки зани сатрпӯш ҷояш кунҷи хонаҳост? Магар ислом чунин мегӯяд? Ин иддаои пуч, на асос дорад ва на поя.

3. Ин чӣ иддаои ботил, ки ҳар кас Қуръон бидонад, сатр намегирад? Агар ин иддао дуруст бошад, пас тамоми заноне, ки Қуръон намедонанд, ва чӣ зиёданд, бояд сатр мегирифтанд, ва баръакс, хоҳароне, ки Қуръон некӯ бидонанд, сатр бар сар намекарданд. Дар поёни ин мақол, дидгоҳи Қуръон роҷеъ ба сатрро хоҳам овард.

4. Чӣ касе гуфтааст, ки сатрпӯшӣ ношӣ аз эътиқод ба хурофот аст, магар ин ки ойини исломро, ки муддаӣ ҳастем мусалмонем, як ойини хурофотӣ қаламдод намоем? Зеро ин ислом аст, ки мегӯяд, бояд зани мусалмон сатр бар сар гирад. Чаро ҳам иддаои мусалмон будан сар бидиҳем ва ҳам мункири яке аз заруриёт ва рӯшантарин ҳукми исломӣ бишавем?

5. Чӣ касе гуфтааст, ки сатр хосси арабҳост? Ҳар зани мусалмон, аз он ҷо ки мусалмон аст ва ойини мубини исломро як ойини ҳақ медонад, бар ӯ воҷиб аст сатр бар сар гирад, зеро Қуръон чунин дастур медиҳад. Дар Қуръони Карим оятҳое чанд ба таври ошкор дар мавриди вуҷуби ҳиҷоб ва ҳадду кайфияти он нозил шудааст.

Дар сураи Аҳзоб омадааст: "Эй Паёмбар! Ба ҳамсарон ва духтарони худ ва занони боимон бигӯ, ки рӯпӯши худро баргиранд, то ба ифоф ва ҳуррият шинохта шаванд ва мавриди озору тааррузи ҳавасронон қарор нагиранд...” (Сураи Аҳзоб, ояти 59), ва ё хитоб ба занони Паёмбар (с) ва соири занони мӯъмина мефармояд: "Эй занони Паёмбар! Шумо агар тақво дошта бошед, монанди дигарон нестед, бинобар ин, ҳаргиз нарму нозук бо мардон сухан магӯед, то он касе ки дилаш бемор аст, ба тамаъ афтад. Балки матин ва некӯ сухан бигӯед ва хонаро манзилгоҳи худ қарор диҳед ва ҳаргиз монанди давраи ҷоҳилияти нахустин (барои номаҳрамон) ороиш ва худороӣ накунед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва аз Худо ва Расулаш итоат намоед”. (Сураи Аҳзоб, ояти 32).

Дар сураи Нур, тайи ояти муфассале омадааст: "...ва ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмҳо ва домони худро фурӯ пӯшанд, ки барои онҳо покизатар аст. Ҳамоно Худованд ба ончи анҷом медиҳанд огоҳ аст. Ва ба занони боимон бигӯ, чашмони худро фурӯ пӯшанд ва авратҳои худро аз нигоҳи дигарон пӯшида нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдоре, ки зоҳир аст, намоён накунанд ва зинатҳои худро ошкор насозанд, магар барои шавҳаронашон, падаронашон, падари шавҳаронашон, писарони ҳамсаронашон, бародаронашон, писари бародаронашон, занони ҳамкешашон, канизонашон, мардони сафеҳе, ки тамоюле ба занон надоранд, ва ё кӯдаконе, ки аз умури ҷинсӣ бехабаранд (ғайри мумайиз). Ва пойҳои худро бар замин накӯбанд, то зинатҳои пинҳонашон ошкор шавад. Ва ҳамагӣ ба сӯи Худованд бозгардед, эй мӯъминон! Бошад, ки растгор шавед”. (Сураи Нур, ояти 31).

Гузашта аз Қуръон, дар ривоёти исломӣ низ дастуроти сареҳ ва ошкор дар ин бора ворид шудааст.

Рӯзе Асмоъ – ки хоҳарзани Паёмбар (с) буд – бо либоси нозуке ба хонаи Паёмбар (с) омад. Паёмбар (с) рӯи худро аз ӯ баргардонд ва фармуд: Эй Асмоъ! Зан вақте ба ҳадди булуғ расид, набояд ҷое аз бадану андомаш дида шавад, магар чеҳра ва дастҳо”. (Сунани Абӯдовуд, ҷ. 2, с. 383).

Ва аммо назари фақеҳони тамоми мазоҳиби исломӣ:

Ҳиҷоб, аз заруриёти дини ислом аст ва тамоми мазоҳиби исломӣ онро воҷиб медонанд ва дар ин ки занон бояд ҳангоми адои намоз ва дар ҳузури мардони бегона, мӯи сар ва тамоми андоми худро ба ғайр аз чеҳра ва дастҳо (панҷаи дастҳо) бипӯшонанд, иттифоқи назар доранд.

Дар мавриди ҳудуди ҳиҷоби исломӣ уламо мегӯянд:

"Воҷиб аст тамоми бадани зан ба ғайр аз чеҳра ва дастҳо то муч, аз номаҳрам пӯшида шавад ва ҳар либосе, агар миқдори воҷибро бипӯшонад, монее надорад, вале аз пӯшидани либосҳое, ки таваҷҷӯҳи номаҳрамро ҷалб кунад, бояд иҷтиноб шавад”.

Албатта, шоёни зикр аст, ки сатр ва пӯшише, ки хостгоҳи ойни мубини ислом барои занон аст, либосе вижа ва бо як ранги хос нест; яъне чунин нест, ки ислом гуфта бошад, бояд зани мусалмон либосеро бар тан кунад, ки масалан махсуси занони араб аст, ки бурқаъ номида мешавад ва ё занҳои эронӣ, ки чодураш меноманд, балки муҳим пӯшонидани он миқдор аз бадан (тамоми бадан ба ҷуз чеҳра ва дастону пойҳо) аст, ки Қуръон дастур фармудааст, бо ҳар либосе, ки мумкин бошад. Ва албатта, беҳтар аст дар ҳар ҷомеа, аз ҳамон пӯшише истифода шавад, ки махсуси одоту сунану фарҳанги он ҷомеа мебошад. Бинобар ин, лозим нест як зани тоҷик бурқаъ ва ё чодури сиёҳ бар тан кунад ва асосан мақбул ҳам нест.

Дар поён, ҷуз ин намемонад, ки бигӯям, агар муддаӣ ҳастем кишвари мо кишваре демукросӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳар кӣ набошад, дар он муроот мешавад, пас коре кунем, ки риояти ҳуқуқи хоҳарони сатрпӯш низ, ки аз пӯшидани сатри онон зараре барои ҷомеа ворид намешавад, риоят гардад.

Кимиёи саодат

Акс аз родиои Озодӣ

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 1212 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz