Ҳақоиқе дар бораи Умари Хайём
Саломуддин Муҳаммадамин
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак низ ба коре будаст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст. Хайёме, ки имрӯз машҳури гетӣ гардида,
қалби ҳазорон хонандаро ба худ ҷалб карда ва қариб ба ҳар хонае роҳ ёфтааст, Хаёме аст рубоисаро ва шоир. Ба
ҳадде, ки рубоиёти ӯ
василаи шинохти фалсафааш гардидааст. Хайёме, ки бештар дар борааш таҳқиқу баррасӣ мешавад ва муаррифӣ мегардад
Хайёмест, ки тарвиҷкунандаи
хушбошӣ, майгусорӣ, ишратталабӣ, беғамӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба поёни кор, мубҳам
будани умури дунё, нақд будани лаззатҳои дунявӣ ва ғайра аст. Агарчи
ин кор аз як тараф боиси шӯҳрати
Хайём гардидааст, вале аз тарафи дигар шахсият ва арзиши фалсафию илмии ӯро, ки бар пояи
эътиқодоти мазҳабӣ
устувор аст, мубҳам ва ношинохта кардааст. Зеро агар рубоиёти Хайём арзише
доранд ба хотири дигар абъоди арзишманди Хайём аст. Мутаассифона бисёре аз
таҳқиқот бар рӯи
ҷанбаи адабӣ, махсусан баррасии
чанд рубоӣ,
сурат гирифта ва афродро водор ба додани назарияҳои бемазҳаб, даҳрӣ ва табиӣ будани Хайём
намудааст...
Идома...
|