Сешанбе, 23.04.2024, 18:27
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 20 » Усул ва пояҳои тақриб байни мазоҳиб
Усул ва пояҳои тақриб байни мазоҳиб
22:06

Қисмати аввал

Шайх Юсуф Қарзовӣ

Таҷриба нишон додааст, ки душманони ислом мехоҳанд бо ҳилаву найранг, ҷамъи ҳамоҳанги уммати исломиро мутафарриқ созанд ва ваҳдат ва иҷтимои ононро аз ҳам бигсаланд то дар натиҷа эшонро тазъиф ва ғалаба бар оноро осон кунанд.

Имрӯз ин сиёсатро ҳамонанди офтоби рӯшан мебинем. Шиори истеъмор аз гузашта ин буда: "Ихтилоф бияндоз ва ҳукумат кун”. Ва ҳамчунон истеъмори ҷадид ва душманони ислом дар шарқу ғарби олам, бо шеваҳои гуногун барои эҷоди ҷудоӣ миёни соҳибони қиблаи воҳид талош мекунанд. Яке аз роҳҳои падид овардани ихтилоф дар байни мусалмонон, зинда кардани ихтилофоти гузашта ва эҷоди низоъҳои ҷадид ва шӯълавар намудани ихтилофоти мазҳабӣ, махсусан миёни шиа ва суннӣ аст. Агар дар ҷое заминаи чунин ихтилофҳое набошад, душман дар пайи эҷоди ихтилофоти дигар, мисли ихтилофи зоҳиргароӣ ва сӯфигарӣ, таҷаддудгароӣ ва суннатгароӣ аст.

Мубаллиғони мухлис ва андешмандони содиқ бояд мутаваҷҷеҳи ҳилаҳои душманон бошанд ва роҳҳоро бар онон бибанданд ва бар меҳварҳои иттиҳод таъкид варзанд ва бо силоҳҳои хеш синаи душманро нишона бигиранд ва пайванди бародарӣ миёни мусалмонон ва иттиҳоди исломиро тақвият кунанд.

Дар ҳоле ки куффор бар ботилашон муттаҳиданд ва бо ҳамдигар робитаи дӯстона доранд, чӣ қадр зишт ва нописанд аст, ки мусалмонон аз ҳам дур бошанд ва ҳамдигарро душман бидоранд. Ин ҳамон чизе аст, ки Қуръон уммати исломиро аз он барҳазар доштааст: "Ва касоне ки кофир шуданд дӯстон ва пайванддорони якдигаранд; агар он корро накунед (яъне агар бастагӣ ва пайвандатон бо кофирон бошад на бо мӯъминон), фитна ва табоҳии бузурге дар замин рӯй хоҳад намуд” (Анфол/73).

Бад-ин ҷиҳат иштирок дар Семинори "тақриби мазоҳиб"-ро пазируфтем ва ин мақоларо барои табйини усули асосии назарӣ ва корбурдии тақриби матлуб ироа мекунем.

Умедворам Худованд онро нофеъ қарор диҳад ва уммати моро бар меҳвари ҳидоят, тақво, дӯстӣ ва анҷоми корҳои писандида ҷамъ кунад.

Зарурати ваҳдати мусалмонон

Уммати исломӣ, умматест, ки Худо, Қуръон, паёмбар, қибла, шариат ва одоби муштарак доранд. Худованд уммати исломиро ба иттиҳоду инсиҷом дастур дода ва аз ихтилофу парокандагӣ барҳазар доштааст, чунон ки мефармояд: "Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед...” (Оли Имрон/103), ва низ ба он чи мўҷиби иттиҳоди калима ва иҷтимои суфуфи онон мешавад огоҳ сохтааст, ва он ҳамон даъват ба корҳои хайр, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст: "Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд, ки ба некӣ бихонанд ва ба корҳои писандида фармон диҳанд ва аз корҳои зишту нописанд боздоранд, ва ононанд растгорон” (Оли Имрон/104), ва ҳамчунин аз он чи боиси ҳалокати умматҳои пешин шудааст барҳазар дошта ва фармудааст: "Ва ҳамонанди касоне мабошед, ки пас аз он ки далелҳои рӯшан бад-эшон расид, парокандагӣ ва ихтилоф намуданд, ва онҳоро азобе аст бузург” (Оли Имрон/105), ва оятҳои дигаре ки мӯъминонро бародари ҳамдигар (Ҳуҷурот/10) хондаанд ва ишора ба масъалаи иттиҳод доранд.

Паёмбари гиромии ислом (с) низ умматро ба иртибот, ҳамёрӣ ва дӯстӣ бо ҳамдигар фаро хондааст, чунон ки фармудааст: "Мӯъмин бо мӯъмини дигар ҳамонанди бофте аст, ки ҳамдигарро муҳкам мекунад”, "Мӯъминон дар дӯстӣ, ҳамдардӣ ва ҳамёрӣ, ҳамонанди бадани воҳиданд, ки агар узве нороҳат бошад, ҳамаи аъзо нороҳатанд”,[1] "Бар ҳамдигар хашм нагиред, пушт накунед ва ҳасад наварзед. Бо бандагони Худо бародар бошед чунон ки Худо ба шумо дастур додааст. Бар ҳеҷ мусалмоне ҷоиз нест бо бародараш беш аз се рӯз қаҳр кунад[2] ва "Ихтилоф наварзед, ки гузаштагони шумо ба воситаи ихтилоф нобуд шуданд”.[3]

Тамомии ин ривоёт ва ривоёти дигар, бар зарурати ваҳдати исломӣ таъкид меварзанд ва якпорчагиро лозим медонанд. Пас, иттиҳоди исломӣ аз дидгоҳи ман, махсусан дар асри ҳозир, зарурӣ ва воҷиб аст.

Ҳадиси ифтироқи уммат бар 73 фирқа

Ҳадисе ба номи "Ҳадиси ифтироқи уммати исломӣ ба 73 фирқа”, дар китобҳои ривоӣ, эътиқодӣ ва фирақу мазоҳиб машҳур шудааст. Тибқи ин ҳадис, мусалмонон ба 73 гурӯҳ тақсим мешаванд, ки ба ҷуз як гурӯҳ, дигарон дар оташанд. Зоҳири ҳадис мерасонад, ки ихтилоф дар миёни уммати исломӣ, як падидаи гурезнопазир аст. Ин ҳадис боиси ошуфтагии ваҳдат мешавад, аз ин рӯ, сазовор аст ҳадиси ёдшударо аз ҷиҳати санад ва муҳтаво мавриди баҳс ва арзёбӣ қарор диҳем.

Арзиши санадӣ:

1. Ин ҳадис, бо ин ки аз мавзӯи муҳимме сухан мегӯяд, дар ҳеҷ кадом аз Саҳеҳи Муслим ва Бухорӣ наомадаст, ки ин худ мерасонад, ин ривоят бо шароити Шайхайн (Бухорӣ ва Муслим) саҳеҳ нест.

2. Дар бархе аз ривоёт, монанди ҳадиси Абӯҳурайра (р), ки Абӯдовуд ва Ибни Моҷа ва ғайра нақл кардаанд,[4] қисмати охири ҳадис, ки: "Тамоми фирқаҳо ба ҷуз яке ҳама дар оташанд” наомадааст, балки танҳо теъдоди фирқаҳо зикр шудааст.

Ҳадисро Тирмизӣ, Ибни Ҳаббон ва Ҳоким саҳеҳ донистаанд, вале дар санади ин ривоятҳо Муҳаммад ибни Амр ибни Алқама ибни Ваққоси Лайсӣ қарор дорад ва касоне ки тарҷумаи ҳоли вайро дар китоби Таҳзибул-камол дидаанд, медонанд, ки дар мавриди забту ҳифзи ӯ бисёр суханони манфӣ гуфта шудааст. Ҳеҷ кас ба таври мутлақ ӯро тавсиқ накардааст, танҳо ин ки ӯро бар заифтар аз вай тарҷеҳ додаанд. Аз ин рӯ, Ҳофиз дар Тақриб мегӯяд: "Ӯ ростгӯи хаёлотӣ аст” ва сидқ ба танҳоӣ кифоят намекунад то чи расад, ки ваҳмгароӣ низ ба зобит набудан афзуда шавад. Вале Тирмизӣ, Ҳоким ва Ибни Ҳаббон аҳли тасомуҳ дар аҳодисанд, ба хусус Ҳоким, ки дар тасҳеҳи ривоёт васеъназар аст. Ӯ ин ҳадисро тибқи шарти Муслим, аз он рӯ саҳеҳ медонад, ки дар санади ривоят Муҳаммад ибни Умар аст. Заҳабӣ истидлоли ӯро рад карда, мегӯяд, Муслим ривояти ӯро дар сурате саҳеҳ мешуморид, ки ҳамроҳи дигаре бошад.

Илова бар ин ки дар ривояти Абӯҳурайра, ҷумлаи "Тамоми фирқаҳо ба ҷуз яке ҳама дар оташанд” вуҷуд надорад. Ривояти ёдшуда ҳарчанд аз тариқи касоне монанди Абдуллоҳ ибни Умар, Муовия ва Авф ибни Молик нақл шудааст, вале санади тамоми онҳо заиф аст.

Ишколи ҷиддӣ дар мавриди ҳатмияти ифтироқи уммат ба 73 фирқа ва расидани теъдоди фирқаҳои исломӣ ба бештар аз теъдоди фирақи Яҳуду Насоро ва аҳли наҷот будани танҳо як фирқа, ин аст, ки дар ин фарз, ҳар фирқа муддаӣ мешавад, ки фақат ӯ фирқаи наҷотёфта ва дигар фирқаҳо бар ҳалокат аст. Чунин боваре мояи шамотат ва сарзаниши дигар фирқаҳои исломӣ ва дар натиҷа тазъифи ҳамаи мусалмонон ва тақвияти душманони ислом мешавад. Аз ин рӯ, Аллома Ибни Вазир ин ҳадисро, махсусан зиёдиеро, ки боис шудааст муслимин ҳамдигарро такфир кунанд, намепазирад. Ӯ дар бораи зиёдии охири ҳадис мегӯяд: "Мабодо, ҷумлаи "Тамоми фирқаҳо ба ҷуз яке, ҳама дар оташанд” шуморо фиреб диҳад, зеро ин зиёдӣ дуруст нест. Мумкин аст дасисаи мулҳидин бошад”. Боз ҳам эшон дар китоби "Ал-овсим вал-қавосим” мегӯяд: "Ибни Ҳазм ин ривоятро ривояти сохтагӣ медонад”.[5]

Бархе аз уламои гузашта ва муосир, санади ҳадис ё матни онро напазируфтаанд. Абӯмуҳаммад ибни Ҳазм касонеро, ки ба сабаби ихтилоф дар эътиқодот, ба истиноди ин ривоят ҳамдигарро такфир мекунанд, сарзаниш мекунад. Муҳаммад Иброҳим имоми яманӣ, ки ҷомеи маъқулу манқул аст, дар зимни тарҳи аҳодисе, ки Муовия ривоят кардааст, аз ҷумла ҳамин ривоят, мегӯяд: "Дар санади ин ривоят носибӣ[6] вуҷуд дорад ва ривояти вай дуруст нест”.

Ҳофиз Ибни Касир дар тафсири яке оятҳо (ояти "...ва юзиқу баъзукум баъса баъз”) ин ривоятро оварда, аммо онро тавсиф ба сиҳҳату ҳусн накардааст. Имом Шавконӣ пас аз нақли сухани Ибни Касир дар ин бора мегӯяд: "Аммо ҷумлаи "Тамоми фирқаҳо ба ҷуз яке ҳама дар оташанд”, гурӯҳе онро заиф шумурда ва иддае низ онро маҷъул (сохтагӣ) донистаанд”.

Арзиши муҳтавоӣ

Бар фарзе ки санади ҳадис дуруст бошад, чунин ифтироқе масъалаи ҳамешагӣ ва доимӣ нест. Барои рост будани ҳадис, падид омадани 73 фирқа дар яке аз замонҳои гузашта, ҳол ва оянда кофӣ аст, чунон ки бархе аз ин фирқаҳо ба вуҷуд омада, сипас мунқариз шуда ва ҳаргиз идомаи ҳаёт надштаанд.

Аз тарафе, худи ривоят далолат мекунад, ки ҳамаи ин фирқаҳо ҷузъе аз уммати паёмбар (с)-анд, зеро ҳазрат фармудааст: "Уммати ман муфтариқ хоҳад шуд...” ба ин маъно, ки он фирқаҳо бо вуҷуди доштани инҳироф, аз миллати ислом хориҷ нашудаанд, чунон ки Имом Хаттобӣ дар Маолимус-сунан мегӯяд: "Ин ҷумла далолат дорад ба ин ки фирқаҳо аз дин хориҷ нестанд, зеро паёмбар (с) ононро аз уммати худ донистааст”.

Аз сӯи дигар, "дар оташ будани фирқаҳо” ба маънои хулуд дар оташ нест он гуна ки куффор ҳамеша дар он мемонанд, балки фирқаҳои исломӣ ҳамонанди гуноҳкорон вориди оташ мешаванд ва саранҷом аз он наҷот меёбанд.

Усул ва пояҳои тақриб байни мазоҳиб (2)

Усул ва пояҳои тақриб байни мазоҳиб (3)

Усул ва пояҳои тақриб байни мазоҳиб (4)


[1] Муттафақун алайҳ, аз Нӯъмон Абишубайр, Ал-луълуъ вал-марҷон (1671).

[2] Муттафақун алайҳ, аз Анас чунон ки дар Саҳеҳул-ҷомеис-сағир омада, (7200).

[3] Абӯдовуд, Сунан, (4596) ва Тирмизӣ дар Ал-имон (2642).

[4] Ал-авосим вал-қавосим, (18611).

[5] Ҳамон манбаъ.

[6] Носибӣ ба касе гӯянд, ки душманӣ бо Аҳли Байти паёмбар (с) дошта бошад.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 790 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz