Душанбе, 16.05.2022, 08:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 31 » Оростагии зоҳир, суннати Паёмбар (с)
Оростагии зоҳир, суннати Паёмбар (с)
01:26

Акрамхон Зиёдулло

Аз суннатҳои Паёмбари Акрам (с) ва пешвоёни дин, оростагии зоҳир аст. Асосан ин табиати худодоии одамист, ки ӯро мулзам ба риояти ҳусни зоҳир ва оростагӣ дар пӯшиш ва дигар шууни зиндагӣ менамояд.

Қуръони Карим дар мавриди оростагиву зинат, дар оёти мутааддиде баёноти арзишманд дорад, аз ҷумла: "Бигӯ чӣ касе зинатеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда, ва низ рӯзиҳои покизаро ҳаром кардааст? Бигӯ ин чизҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯзи қиёмат низ махсуси онҳост”, (сураи Аъроф, ояти 32).

Оростагии зоҳир аз забони мубораки Паёмбари Акрам (с) низ ба таъкид супориш шудааст, аз ҷумла ин ҳадиси муборак, ки мефармояд: "Худованди Мутаол зебост, зебоиро дӯст дорад ва дӯст дорад осори неъмати худро дар бандааш бибинад, ӯ фақру фақрнамоиро душман медорад”, (Канзул-уммол, 17166).

Дар ривояти дигаре омадааст, ки Паёмбари Худо (с) вақте мардеро диданд, ки мӯйҳои жӯлида ва либоси чиркин ва вазъи номураттабе дошт, ба он мард фармуданд: "Истифода аз неъматҳои Худо ва ошкор сохтани неъмат ҷузъи дин аст”.

Бояд ба ин масъала диққат дошта бошем, ки ислом дар баробари оростагии ботин ва маънавияти ботинӣ, ки оростагии ҳақиқии инсон аст, ба оростагии зоҳир низ таваҷҷӯҳ дошта ва нисбат ба назму ороста будани сару вазъ, покизагию оростагии либос ва ободии хонаву кошонаи бандаи мӯъмин таъкид меварзад; ҳамчунон ки аз Русули Гиромӣ (с) нақл шудааст: "Либоси хуб бипӯшед ва хонаҳоятонро обод кунед то байни мардум мисли холе намоён бошед”, (Канзул-уммол, 17164).

Дар баробари оростагӣ дар муҳити хонавода, ки таъкидоти фаровоне шуда, дар мавриди ороста будан дар ҷомеа ва назди дигарон, супоришотеро аз Набии Мукаррами ислом (с) дорем, ки мефармоянд: "Худованд дӯст дорад, ки бандааш, ҳангоми хуруҷ ба сӯи бародаронаш, бо ҳайъати пардохтаву оростае биравад”, (Макоримул-ахлоқ, 1/85/1).

Дар мавриди оростагии зану шавҳар дар муҳити хонавода, ки сабаби истеҳкоми пояҳои зиндагии зану шаваҳар дониста шудааст, таъкидоти фаровоне шудааст. Дар ин ҷо ба порае аз он ишора мекунем.

Расули Гиромии ислом (с) мефармоянд: "Сазовор нест, ки зан худашро вогузорад, балки ҳадди ақал бо овехтани гарданбанде худро барои шавҳараш биорояд”, - дар канори ин гуна ривоёт, ки таъкидоте бар занони мусалмон дорад, бар мардон низ, бар оростагии мӯй, чеҳра, хушлибосӣ ва покизагӣ дар баробари ҳамсар супориш шудааст; зеро ҳамон гуна ки мард мехоҳад зани худро зебо, покиза, хушлибос, муаттару хишбӯй бибинад, зан ҳам аз марди худ ҳамин интизорро дорад ва покизагии зоҳир, ҳаммом, мисвок, сар шустан, шона задан, нохун гирифтан, атр задан, либоси муназзам ва покиза пӯшидан ва дигар зинатҳои ҳалол бар андоми мард, занро хушдилу розӣ мекунад ва ба иффату покдомании ӯ меафзояд ва аз чашм дӯхтан ба дигарон ва дар зеҳн овардани ғайри шавҳар ҳифз мекунад.

Муҳимтарин масъалае, ки бояд ин ҷо ёдовар шавем ин аст, ки ифрот ва зиёдаравӣ дар оростагӣ, офоти бисёре дар пай дорад, бинобар ин агар оростагии зоҳир сабаби тафохуру фахрфурӯшӣ,  кибр ва сабаби майл ба гуноҳ шуд, бояд тарк шавад. Нуктаи дигар ин ки оростагӣ бояд дур аз исроф бошад.

Ҳамчунин ба ин масъала низ бояд ишора намоем, ки дар дастуроти динӣ, пӯшидани чанд навъ либос мамнӯъ дониста шудааст, ки аз ҷумлаи он либоси шӯҳрат, пӯшиши ҳарир ва тилло барои мард, либоси махсуси куффор, либоси зан барои мард баръакс ва либоси нозук ва баданнамо барои занон мебошад.

Дар поён умедворем, дар канори оростагии зоҳир, либоси тақво ва оростагии ботинро низ Худованди Маннон насиби ҳамаи мо гардонад.

Кимиёи саодат

Бахш: Одоби исломӣ | Просмотров: 758 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.7/3 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2022
Бесплатный хостинг uCoz