Душанбе, 26.10.2020, 10:23
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 21 » Ойини давлатдорӣ
Ойини давлатдорӣ
01:42

Аҳдномаи Алӣ ибни Абӯтолиб (к) ба Молики Аштари Нахаӣ, волии ӯ дар Миср

Қисмати аввал

Эй кош равишу шеваи ҳукуматдории исломӣ мавриди таваҷҷӯҳи зимомдорон ва сиёсатпешагони замон қарор бигирад! Мо намегӯем ҳукумати исломӣ барпо кунанд, танҳо суханамон ин аст, ки бибинанд ислом чӣ тавсия ва дастуруламалҳое барои ҳукуматдорон мекунад.

Яке аз баргҳои заррини даврони ҳукумати хулафои рошидин, номаест, ки Имом Алӣ (к) ҳангоми супурдани фармонравоии Миср ба яке аз ёронаш ба номи Молики Аштари Нахаӣ, дар қолаби паймонномае ба вай навиштааст. Дар чанд навиштор, бар онам то тарҷумаи аҳдномаи ёдшударо пешкаши хонандаи азиз намоям:

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ин фармони бандаи Худо Алӣ амири мӯъминон, ба Молики Аштар писари Ҳорис аст ҳангоме ки ӯро фармондори Миср интихоб кард, то умури он диёрро ислоҳ кунад ва бо душманонаш биҷангад ва ба кори мардуми он диёр расидагӣ ва шаҳрҳои Мисрро обод созад.

1. Зарурати худсозӣ:

Ӯро ба тарс аз Худо фармон медиҳам ва ин ки итоати Худоро бар дигар корҳо муқаддам дорад ва он чи дар китоби Худо аз воҷибот ва суннатҳо омада, пайравӣ кунад; дастуроте, ки ҷуз бо пайравии он, растгор нахоҳад шуд, ва ҷуз бо нашинохтану аз байн бурдани он, ҷинояткор нахоҳад гардид.

Ба ӯ фармон медиҳам, ки Худоро бо дилу дасту забон ёрӣ кунад, чун Худованд зомини пирӯзии касест, ки Худоро ёрӣ кунад ва бузург дорад касеро, ки ӯро бузург шуморад.

Ба ӯ фармон медиҳам, ки нафси худро аз пайравии орзуҳо боздорад ва ҳангоми нофармонӣ, ромаш кунад (ки Худо фармудааст:) "Ҳамоно нафс ҳамеша соҳибашро ба бадӣ амр мекунад магар он ки Худо раҳм кунад”.

Эй Молик! Бидон, ки ман туро ба диёре фиристодам, ки пеш аз ту давлатҳои одил ва ё золиме бар он ҳукм ронданд. Мардум ба корҳои ту чунон менигаранд, ки ту ба корҳои ҳокимони пеш аз худ менигарӣ. Дар бораи ту чизеро мегӯянд, ки ту дар бораи раҳбарони қабл аз худ мегӯӣ.

Ҳамоно некӯкоронро бо номи неке метавон шинохт, ки Худо аз онон бар забони бандагонаш ҷорӣ намуд. Пас некӯтарин захираи ту бояд амалҳои солеҳ бошад.

Ҳавои нафсро дар ихтиёр гир ва аз он чи ҳалол нест, худдорӣ кун, чун бухл варзидан ба нафси худ он аст, ки дар он чи дӯст дорад ё бадаш меояд роҳи инсофро интихоб кунӣ.

2. Ахлоқи раҳбар (равиши бархӯрд бо мардум):

Меҳрубонӣ бо мардумро пӯшиши дили худ бикун ва бо ҳама дӯсту меҳрубон бош. Мабодо монанди ҳайвони шикорӣ бошӣ, ки хӯрдани онҳоро ғанимат шуморӣ, зеро мардум ду дастаанд: дастае бародари динии ту (яъне мусалмонон) ва дастаи дигар, дар офариниш монанди ту мебошанд (яъне кофирон, ки бояд бо ҳамагон меҳрубон бошӣ). Агар гуноҳе аз онҳо сар мезанад ё гирифтори иллатҳое мешаванд ё хоставу нохоста хатое мекунанд, онҳоро бибахш ва ба онҳо осон бигир ҳамон гуна ки дӯст дорӣ Худо туро бибахшад ва бар ту осон гирад.

Ҳамоно ту аз онҳо бартар ва имоми ту, аз ту бартар ва Худо бар он кас, ки туро фармондори Миср кард, волотар аст. Ҳаргиз бо Худо ситеза макун, ки туро аз ҷазои он наҷот нест ва аз бахшишу раҳмати ӯ бениёз нахоҳӣ буд.

Бар бахшидани дигарон пушаймон мабош ва аз азоб додани касе шодӣ макун...

Ба мардум магӯ, ки "ба ман фармон доданд ва ман низ фармон медиҳам, пас бояд итоат шавам”, ки ин гуна худбузургбинӣ дилро фосид ва динро пажмурда ва сабаби аз даст рафтани неъмат мешавад. Агар ба мақому қудрате, ки дорӣ, дучори такаббур ва худбузургбинӣ шавӣ, ба бузургии ҳукумати Парвардигор, ки бартар аз туст бингар, туро аз саркашӣ наҷот медиҳад ва тундравии туро ором мекунад ва ақлу фикратро ба ҷойгоҳи аслиаш бармегардонад.

3. Парҳез аз ғуруру худписандӣ:

Бипарҳез аз ин ки худро дар бузургӣ монанди Худо пиндорӣ ва дар шукӯҳи худовандӣ, худро монанди ӯ донӣ, зеро Худованд ҳар саркашеро хор месозад ва ҳар худписандеро беарзиш мекунад.

Бо Худо ва мардум ва бо хешовандони наздик ва бо афроде аз зердастони худ, ки ононро дӯст дорӣ, инсофро риоят кун. Агар чунин накунӣ, ситам кардӣ ва касе ки ба бандагони Худо ситам кунад, Худо ба ҷои бандагонаш душмани ӯ хоҳад буд ва касеро, ки Худо душманаш шавад, далели ӯро намепазирад, зеро ки бо Худо ба ҷанг баромада, то вақте ки баргардад ё тавба кунад. Ва чизе монанди ситамкорӣ неъмати Худоро дигаргун намекунад ва азоби ӯро наздик намекунад, ки Худо дуои ситамдидагонро мешунавад ва дар камини золимон аст.

4. Мардумгароӣ, ҳақгароӣ:

Дӯстдоштанитарин чизҳо назди ту, дар ҳақ миёнатарин ва дар адл, фарогиртарин ва дар ҷалби хушнудии мардум, густардатарин бошад, ки ҳамоно хашми умумии мардум, хушнудии наздиконро аз байн мебарад, аммо хашми наздиконро хушнудии ҳамагон беасар мекунад.

Хешону наздикон ҳамеша бори вазнинеро бар сари ҳукумат меоваранд, чун дар рӯзгори сахте ёрияшон камтар ва дар иҷрои адолат аз ҳама норозитар ва дар хостаҳояшон пофишортар ва дар бахшишҳо камсипостаранд. Ба ҳангоми манъи хостаҳо, узрро дертар мепазиранд ва дар баробари мушкилот, камтар истодагию сабр мекунанд. Дар сурате ки сутунҳои устувори дин ва ҷамоатҳои пуршӯри мусалмонон ва нерӯҳои захираи дифоъкунанда, умуми мардум мебошанд, пас ба онҳо гароиш дошта ва иштиёқи ту ба онон бошад.

5. Зарурати роздорӣ:

Аз зердастон касонеро, ки айбҷӯтаранд, аз худ дур кун, зеро мардум айбҳое доранд, ки раҳбари уммат бар пинҳон доштани онҳо сазовортар аст. Пас, мабодо он чи бар ту пинҳон аст, ошкор кунӣ ва он чи ки ҳувайдост, бипӯшонӣ, ки доварӣ дар бораи чизе, ки аз ту пинҳон аст, бар ӯҳда Худои ҷаҳон аст.

Пас, ҳар қадар ки метавонӣ, зиштиҳоро бипӯшон, то он чиро ки дӯст дорӣ аз назари мардум пӯшида монад, Худо бар ту мепӯшонад. Гиреҳи ҳар кинаеро аз мардум бикушо ва риштаи ҳар гуна душманиро бибур ва аз он чи ки рӯшан нест, канорагирӣ кун.

Дар тасдиқи суханчин шитоб макун, чун суханчин гарчӣ дар либоси насиҳатгар зоҳир мешавад, аммо хиёнаткор аст.

6. Ҷойгоҳи саҳеҳи машварат:

Бахилро дар машварат кардан ҳамроҳ макун, ки туро аз кори нек бозмедорад ва аз тангдастӣ метарсонад.

Тарсуро дар машваратат шарик макун, ки дар анҷоми корҳо рӯҳияи туро суст мекунад.

Ҳарисро дар машрават шарик макун, ки ҳирсро бо ситамкорӣ дар назарат зинат медиҳад.

Ҳамоно бахилию тарсу ҳирс ғаризаҳое ҳастанд, ки решаи онҳо бадгумонӣ ба Худои Бузург аст.

Бадтарин вазирони ту касест, ки пеш аз ту, ба бадкорон вазир буда ва дар гуноҳони онҳо шарик будааст. Пас, мабодо чунин касоне маҳрами рози ту бошанд, чун онҳо ёварони гунаҳкорон ва ёридиҳандагони золимонанд.

Ту бояд ҷонишиноне беҳтар аз онҳо дошта бошӣ, ки қудрати фикрии онҳоро дошта, аммо гуноҳону кирдори зишти онҳоро надошта бошанд; касоне, ки ситамкореро дар ситамаш ёрӣ накарда ва гунаҳкореро дар гуноҳаш кӯмак накарда бошанд.

Ҳазинаи ин гуна инсонҳо бар ту сабуктар ва ёрияшон беҳтар ва меҳрубонияшон бештар ва дӯстии онҳо бо ғайри ту, камтар аст. Онҳоро аз дӯстони наздик ва роздорони худ қарор деҳ, сипас аз миёни онҳо касонеро, ки дар ҳақтгӯӣ аз ҳама сареҳтаранд ва дар он чи ки Худо барои дӯстонаш намеписандад туро кӯмак накунанд, интихоб кун, чӣ хушоянди ту бошад ё набошад.

Идома дорад

Ойини давлатдорӣ (2)

Ойини давлатдорӣ (3)

Ойини давлатдорӣ (4)

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 803 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz