Шанбе, 27.04.2024, 06:34
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Январ » 27 » Ҷойгоҳи мантиқи “зӯр” дар асри ҳозир
Ҷойгоҳи мантиқи “зӯр” дар асри ҳозир
23:06

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар муодилоти сиёсии ҷаҳони имрӯз, ба назари шумо, "зӯр” аз чӣ ҷойгоҳе бархӯрдор аст? Агар шумо "зӯр” бошед, мавриди эҳтиромед, ё ин ки на, ҳар чи бештар пойбанди усул ва муқаррароти "ҷомеаи мутамаддин” ва созмонҳои дар зоҳир "мустақил”, вале дар асл вобаста ба чанд кишвари зӯргӯе чун Амрикову Англису Русияву Чин бошед?

Ба сухани дигар, агар кишваре ва ё ҳатто фарде, бихоҳад як ҷойгоҳи муносиб дар ҷаҳони имрӯз барои худ дошта ва сарбаланд бошад ва ҷаҳониён ӯро эҳтиром кунанд, ба назари шумо, оё амсоли он созмонҳо барояш эҳтиром бибахшанд, ё ин ки на, бояд бо "зӯр” эҳтироми худро бар дигарон таҳмил кунад?

Шояд, нопухтае бигӯяд, қатъан дар ҷаҳони имрӯз, ки дигар мантиқи "зӯр”-у "зӯргӯӣ” ҷои худро ба мантиқи "ақлоният” додааст, рӯшан аст, ки бо "зӯр” наметавон барои худ ҷойгоҳе пайдо карда ва мавриди эҳтиром қарор гирифт. Асри ҳозир, ки асри ҳаҷар ва ё асри миёна нест... Мо, ки дар асри "постмодерн” ба сар мебарем...

Ин ки чунин касеро "нопухта” хондем, на ба ин хотир аст, ки хилофи он чи фитрати инсонӣ мунодии он аст гуфта бошад. Башар, ба муқтазои фитрати худододияш, бояд чунин бигӯяд. Дар феҳристи ахлоқу кирдори башарӣ, афъоле чун "эъмоли зӯр”-у "номардӣ”, ҷойгоҳе надоранд ва қатъан аз "рафторҳои нописандӣ”-и башарӣ қаламдод мешаванд.

Пас, ба лиҳози назарӣ, бечора сухани дурусте гуфтааст. Оре, дар сатҳи назарӣ, дидгоҳи донишмандоне чун Ницше, ки мегӯянд: "Қавитарин ва волотарин хост дар зиндагӣ, талош барои будан нест, балки ҳамоно хости қудрат яъне майл ба ҷангу тасаллут аст”, мардуд ва нописанд аст.

"Нопухта”-аш хондем, чун бовар кардааст, ки "ҷомеаи мутамаддин”, пойбанди усуле чун "демократия”, "озодӣ”, "ҳуқуқи башар” ва амсоли он мебошад, ва ҳамвора мухолифи зӯру зӯргӯён ва ҳомии заифу бечорагон аст.

Ғофил аз ин ки ин "мутамаддин”-ҳо ҷуз "зӯр” намешиносанд, ба касе ҷуз "зӯр” эҳтиром қоил нестанд, бо касе ҷуз "зӯр” вориди муомила намешаванд...

Дирӯз, Созмони Милал номи афроде чанд аз гурӯҳаки Толибон, ки дар гузашта ба унвони "террорист”, "ифротӣ”, "поймолкунандаи ҳуқуқи башар” дар листи "сиёҳ”-и ин созмон ҷой доштанд-ро пок карда ва эшонро мавриди "авф” қарор дод. Чаро?

Оё воқеан мавриди "авф” ҳастанд? Яъне воқеан аз кардаҳои худ пушаймон шуда ва ба зорию тавалло дар баробари "ҷаҳони мутамаддин” ба зону нишастанд, ки "Тавба кардем, дигар такрор намешавад, ғалат кардем, лутфан номи мо аз ин лист ҳазф кунед”, ва он гоҳ Созмони Милал тавбаашон пазируфт ва авфашон кард?

Ё на, бо куштану азияти нерӯҳои амрикоиву сарбозони НАТО, ин қадр "зӯр” гуфтанд, ки барои амрикоиҳову англисҳо фақат монда буд, ки садои "вой!” сар диҳанд. Ин ҷо буд, ки оҳиста ба гӯши ҷаноби Пан Ги Мун фармуданд, ки "Оқо, лутфан коре кун ва номи эшон аз ин листи сиёҳ пок кун, дигар мехоҳем бо инон вориди муомила шавем”?

Оре, мантиқи ҳоким дар муодилоти сиёсии ҷаҳони имрӯз, ҷуз мантиқи "зӯр” нест. Агар "зӯр” бошӣ, ту "озодихоҳ”, "демократ”, "тарафдори ҳуқуқи башар” ва аз ин қабил ановин ҳастӣ, гар чи ту Усома бин Лодан ё Мулло Умар бошӣ. Аммо агар заифу нотавонӣ, он гоҳ агар "Худой нокарда” лаҳзае дар баробари хостаҳои абарқудратҳо муқовимат нишон дода, ба гапашон гӯш насупорӣ, ҳар лаҳза бими он меравад, ки ба ҷурми ин "сарпечӣ” номат вориди листи "сиёҳ”-и Созмони Милал шавад ва "террорист”-ат хонанд.

Ин, гар чи ниҳояти суқуту инҳитоти ҷомеаи ба истилоҳ "мутамаддин”-и имрӯз аст ва аз назари фитрати инсонии инсон, мантиқе пазируфтанӣ нест ва нописанд аст, аммо бароямон чунин дарсе меомӯзад, ки дар ҷаҳони имрӯз, мо набояд гӯли суханону шиорҳои ин созмонҳои дурӯғинро бихӯрем, балки агар бихоҳем моро эҳтиром кунанд ва ҷойгоҳе барои худ дар ҷаҳони имрӯз дошта бошем, ҷуз ба "зӯр”-и худ эътимод накунем, ҷуз бо "зӯр”-и худ пеш наравем, ҷуз аз мавзеи "зӯр”-у "қудрат” бо касе вориди муомила нашавем.

Комёб бошед,

http://kemyaesaadat.com/

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 730 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2014
1. Reginaldo [Материал]
As Charlie Sheen says, this article is "WIINNNG!"

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz