Панҷшанбе, 28.03.2024, 16:41
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 24 » Ман кофир шудам
Ман кофир шудам
23:25

Савол:

Ман аз хурдиям ҳоҷатҳое аз Худо доштам. Ман як шахси диндор будам. Аммо Худо ҷавоби хостаҳои маро намедод. Рӯзе аҳд бастам, ки агар Худо ҳоҷатамро надиҳад, аз дин баргардам. Худо боз ҳам хостаамро набаровард. Ҳоло ман ба аҳдам вафо кардам ва акнун бедин ҳастам, ман ба Худо кофир шудам, гарчи азоб мекашам. Чӣ кор кунам? Гуфтам, диндор будам, ва ҳанӯз ҳам боварии комил дорам, ки Худо агар бихоҳад, метавонад хостаи маро бароварда кунад. Чун ки мебинам барои хеле аз одамҳо хостаҳояшонро бароварда мекунад. Имони комил дорам, ки агар бихоҳад, ҳоҷатамро мебарорад. Ман пеши Худои қодир омада будам, вале ӯ маро бо дастони холӣ баргардонд. Зимнан, шумо аввалин касе ҳастед, ки ман бо ӯ дар ин бора сухан мегӯям ва дарди дил мекунам. Агар дуруст шуд, ман бармегардам, вагарна бо ҳамин куфр мемонам. Аслан ман Худое, ки хостаи маро бароварда насозад, намехоҳам.

Бо эҳтиром Фарҳод!

Ҷавоб:

Дӯсти мӯҳтарам!

Шумо ба ҳеҷ унвон кофир нестед. Мутмаин бошед. Бо камоли итминон ба шумо мегӯям, ки Шумо кофир нестед, зеро дар калимоти шумо имон мавҷ мезанад ва нишон медиҳад, ки дар умқи вуҷуди худ Худоро эҳсос кардаед ва ҳанӯз мекунед. Танҳо чизе ки ҳаст ин аст, ки Шумо вақте хостае доштед ва шояд бароятон хеле муҳим ва сарнавиштсоз буд, аз Худо хостед онро бароварда созад ва ба сабабҳое, ки хоҳам гуфт, Худои Ҳаким онро бароварда насохт, акнун, бо забон - на бо дил - аз худатон адои куфр дармеоваред ва як навъ лаҷоҷат нисбат ба зоти ӯ аз худ нишон медиҳед.

Бародари азиз ва гиромии боимони ман! Нек бидонед, ки мо одамиён, бар масолеҳу манофеи худ, чунон ки Худо бар онҳо огоҳ аст, огоҳ нестем, ҳамчунин, замони муносиб барои таҳаққуқи масолеҳи худро низ намедонем. Худованд ҳаргиз дуоеро, ки ба маслиҳати мо нест, иҷобат намекунад, чунон ки меҳрубонии ҳеҷ падаре иҷозат намедиҳад, ки ба ҳоҷати ғайри солим ва ғайри муфиди фарзандаш таваҷҷӯҳ кунад. Дар чунин мавориде, Худованд дуои моро табдил ба муқаддаре некӯтар бар ҳоламон мекунад, ҳол дар дунё ва ё дар охират.

Дар баъзе ривоёт ҳаст, ки Худованд ҳамаи дуоҳои аҳли имон ва аҳли тақворо иҷобат мекунад, вале иҷобати ӯ, дар бархе мавоқеъ, бароварда кардани ҳамон ҳоҷат аст, ва дар мавоқеи дигар, табдил ба некӯтар ва беҳтар аз он.

Парвини Эътисомӣ шоираи муосири эронӣ ин маъноро ба назм кашида, ба шакли хеле зебое дар қолаби як достон баён кардааст:

Буд марде муфлису баргашта бахт,

Рӯзгоре дошт ноҳамвору сахт.

Рафт сӯи осиё ҳангоми шом,

Гандумаш бахшид деҳқон як ду ҷом.

Зад гиреҳ дар доман он гандум фақир,

Шуд равону гуфт: "К-эй Ҳаййи Қадир!

Гар ту пеш орӣ ба фазли хеш даст,

Баргушоӣ ҳар гиреҳ, к-айём баст.

Мехарид ин гандум ар як ҷой кас,

Ҳам асал з-он мехаридам, ҳам адас.

Бас гиреҳ бигшудаӣ аз ҳар қабил,

Ин гиреҳро низ бигшой эй Ҷалил!”

Ин дуо мекарду мепаймуд роҳ,

Ногаҳ уфтодаш ба пеши по нигоҳ.

Дид гуфтораш фасод ангехта,

В-он гиреҳ бигшуда, гандум рехта.

Бонг барзад: "К-эй Худои Додгар!

Чун ту доное намедонад магар?

Ин чӣ кор аст эй Худои шаҳру деҳ!

Фарқҳо буд ин гиреҳро з-он гиреҳ,

Ман туро кай гуфтам эй ёри азиз!

К-ин гиреҳ бигшову гандумро бирез?

Аблаҳӣ кардам, ки гуфтам эй Худой!

Гар тавонӣ ин гиреҳро баргушой!

Ман Худованде надидам з-ин намат,

Як гиреҳ бигшудиву он ҳам ғалат”.

Алғараз, баргашт мискин дарднок,

То магар барчинад он гандум зи хок.

Чун барои ҷустуҷӯ хам кард сар,

Дид уфтода яке ҳамёни зар.

Саҷда карду гуфт: "К-эй Рабби Вадуд!

Ман чӣ донистам туро ҳикмат чӣ буд?

Ҳар балое к-аз ту ояд раҳматест,

Ҳар киро фақре диҳӣ, он давлатест.

З-он ба дарҳо бурдӣ ин дарвешро,

То ки бишносад Худои хешро.

Андар ин пастӣ қазоям з-он фиканд,

То туро ҷӯям, Туро хонам баланд.

Ман ба мардум доштам рӯи ниёз,

Гарчи рӯзу шаб дари Ҳақ буд боз.

Гандумамро рехтӣ то зар диҳӣ,

Риштаам бурдӣ ки то гавҳар диҳӣ.

Ва ин ҳам, ки дар оғоз ишора шуд, мо одамиён чунон ки бар масолеҳу манофеи хеш огоҳ нестем, ҳамчунин замони муносиб барои таҳаққуқи масолеҳи худро низ намедонем, далелаш он аст, ки агар ба гузаштаи зиндагии худ нигоҳе биандозем, мебинем, ки чӣ бисёр аз дуоҳои мо бидуни он ки худамон мутаваҷҷеҳ шуда бошем, дар вақти муносибе таҳаққуқ ёфтааст. Ин ҳамон иҷобати илоҳӣ мар дуоҳои морост, ки худ гоҳе аз он ғофилем.

Аммо ин ки бархе фикр мекунанд, Худо маслиҳати эшонро дар хостаҳои онон қарор диҳад, ба назар мерасад ин каме бузурггӯӣ бошад. Худованд, дар айни ин ки метавонад чунин кунад, вале агар қарор бошад мо дастур диҳем ва Худо амал кунад, мо худоем ва ӯ банда, пас, куҷо бандагӣ бояд кард?

Истиҷобати дуо, шароите дорад

Матлаби охир ин ки дар ин шакке нест, ки бисёре аз мо дуо мекунем, вале шароити истиҷобати дуоро баҷо намеоварем, ё аслан мустаҳиққи иҷобати илоҳӣ нестем. Дар ривоят ҳаст, ки "Дуокунандаи беамал мисли тирандози бидуни камон аст”.

Мо гоҳе беҷо гумон мекунем, ки мустаҳиққи иҷобати дуо ҳастем. Агар ба атрофи худ нигоҳ кунем, мебинем, ки чӣ қадар гуноҳ мешавад; ҳам гуноҳоне, ки оқибати фардро дар маърази хатар қарор медиҳад ва ҳам гуноҳоне, ки ҷомеаеро фосид мекунад ва тару хушкро бо ҳам месӯзонад.

Дар ривоёти бисёре омадааст, ки гуноҳ монеи истиҷобати дуоҳост, ҳамчунон ки дар ривоёт ҳаст, ки агар мардум аҳли тақво ва вараъ буданд, аз замину замон баракат бар онҳо нозил мешуд.

Бо ин вуҷуд, набояд гумон бурд, ки дуои мо беасар аст. Нафси иртиботи мо бо Худо аз тариқи тазаррӯъ ва дуо худ матлуб аст ва сабаби камоли мост.

Барои шумо орзуи муваффақият ва беҳрӯзӣ дорам.

Комёб бошед

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 1105 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz