Аз ин пас, навиштаҳо ва мақолоти пойгоҳи Кимиёи саодат, ба хатти форсӣ низ бар рӯи сафҳаи интернет қобили дастрасии боздидкунандагон ва хонандагон хоҳад буд.
Агар мо тоҷикон чанд сабоҳе ночор ба
хатти кирил менавиштем ва ҳанӯз ҳастем, ва он ҳам ба хотири таҳмили ин
хатти бегона барои мо будааст, аммо аз ин пас, бояд бикӯшем ба ҳамон
хатти аслиямон, ки расмулхатти арабист, баргардем. Агар имрӯз ва дар
мавқеи кунунӣ, имкони баргашти дафъӣ вуҷуд надорад, аммо чанд сабоҳе
дигар, ва ба сурати тадриҷӣ, ба хотири бозёфти хеш ва ақиб наяфтодан аз
ҳаракат ба пеш, аз руҷӯъ ба хатти ниёконамон ногузирем.
Ба назари қосири мо, бешак яке аз
авомили интиқоли тадриҷӣ ба ин хат, таъсис ва роҳандозии расонаҳо, чи
рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва чи сомона ва пойгоҳҳои интернетӣ, ба хатти
форсӣ аст.
Бинобар ин, дастандаркорони пойгоҳи Кимиёи саодат,
имсол, бо оғози соли нави шамсӣ, тасмим бар таъсиси пойгоҳи Кимиёи
саодат ба хатти форсӣ намуданд, ва ҳамарӯза, ҳамзамон бо дарзи матолиб
ба хатти кирил, форсии онро низ рӯи сафҳаи интернет хоҳанд овард.
Умедворем ин иқдоми ноқобил мавриди
писанд ва мояи хушҳолӣ ва хурсандии боздидкунандагон ва хонандагони ин
пойгоҳ қарор хоҳад гирифт. Мо бо камоли тавозӯъ ва хоксорӣ, аз ҷамии
дӯстон хоҳеш менамоем, агар камбуд ва нуқсоне дар ин замина диданд,
муҳаббат фармоянд ва назари гиромии хешро бароямон бирасонанд.
Ҳамчунин, аз қаламбадастони шарифи
тоҷик, хоҳиш мешавад, агар матлабе ба хатти форсӣ ва дар робита бо
масоили кишвари азизамон доштанд, метавонанд бароямон ирсол бифармоянд,
то бар рӯи сафҳа бигузорем.
Дӯстон метавонанд ба ин нишонӣ
istaravshani1969@mail.ruThis e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it
матолиби хешро ирсол бифармоянд.
Ва аммо нишонии пойгоҳи Кимиёи саодат ба хатти форсӣ иборат аст аз:
http://www.kemyaesaadat.ir/
http://farsi.kemyaesaadat.com/
Комёб бошед
Кимиёи саодат
|