Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки
масъалаи Баҳрайн, аз лиҳози моҳият мисли масоили дигар кишварҳои
минтақа аст, хотирнишон кард: "Агар хайрхоҳоне дар ин байн вуҷуд доранд,
ман ба онҳо эълом мекунам, ки масъаларо шиъа ва суннӣ накунед, чаро ки
ин бузургтарин хидмат ба душманони уммати исломӣ аст, ки ҳаракати умумии
зидди истибдодии як миллатро ҳамл кунанд ба даъвои шиъа ва суннӣ, ва ин
дар ҳолест, ки даъвои шиъа ва суннӣ вуҷуд надорад.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ,
раҳбари Эрон, имрӯз (21.03.2011) дар суханоне ба муносибати фарорасии
соли ҷадиди шамсӣ ва иди Наврӯз, дар ҷамъи мардуми Машҳади Эрон, изҳор
дошт: "Ҳаводиси ахири минтақа; ҳаводиси Миср, Тунис, Либӣ ва Баҳрайн,
ҳаводиси бисёр муҳи
...
идома »