Панҷшанбе, 28.03.2024, 16:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 7 » Худоё! Ҷуз Ту мар гуноҳони хешро бахшандае намеёбам...
Худоё! Ҷуз Ту мар гуноҳони хешро бахшандае намеёбам...
01:30

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Одамӣ, гарчи саъй дар олуда насохтани домани хеш ба гуноҳон бикунад ва бар фарз касе бошад, ки аз субҳ то шом муроқиби рафтору кирдори худ аст, то аз ӯ кучактарин маъсияте сар назанад, аммо боз ҳам, ниёз ба тавба ба даргоҳи Парвардигори Бахшоишгару Тавбапазир дорад, зеро ба ҳукми хокӣ будан ва аз насли ҳазрати Одам (а) шумурда шуданаш, аҳёнан аз ӯ хатоҳое сар мезанад, ки худ ба онҳо огоҳ нест,бад-ин ҷиҳат аст, ки мо маъмурем, ҳамвора ба даргоҳи Эзади Маннонтавба намоем.

Аз тарафи дигар, тавба ба пешгоҳи Худованди Тавбапазир, гузашта аз ин ки мояи маҳви гуноҳонамон – он ҷо ки гуноҳе аз мо сар зада ва даст ба даргоҳи Ӯ бардоштаем – аст, ба худии худ, матлуб ва камолофарин низ ҳаст; яъне одамӣ, чи гунаҳкор бошад ё набошад, бо тавба кардан, ба камоли ниҳоии худ, ки ҳамоно тақарруб ва наздикӣ ба Худост, зудтар ноил хоҳад шуд, зеро, асосан ин розу ниёз ба пешгоҳи Парвардигор аст, ки моёнро ба Ӯ наздик мекунад.

Бад-ин хотир аст, ки ҳазрати Расули Акрам (с) сеяке аз шаби худро ба розу ниёз бо Парвардигори хеш ихтисос медод ва чунон бандагӣ дар баробари Ӯ Таоло баҷо меовард, ки ҳамвора ашк аз гунаҳояш ҷорӣ ва поҳои муборак аз зиёдии истодан варам мекарданд. Боре, яке аз ҳамсарони гиромияш аз ӯ пурсид, ту, ки бахшида шудаӣ, пас чаро то ба ин андоза бар худ сахт мегирӣ ва ҳамвора дар ҳоли гиристанӣ? Он ҷаноб (с) посух фармуд, ки магар бандаи шукргузори Ӯ Таоло набошам?!

Оре, агар паёмбар паёмбар аст, ба ин розу ниёзҳо, ба ин тавба карданҳо, ба ин ашк ҷорӣ намуданҳо ва ба ин зиёд истоданҳо дар баробари Эзади Маннон аст.

Бештарин тавсияи авлиёуллоҳ ва бандагони муқарраби Худованд барои касоне ки мехоҳанд ҷойгоҳе пеши Худо дошта бошанд, ҳамвора дасти тавба баланд кардан ба пешгоҳи Парвардигори Тавбапазир аст. Аз Имом Зайнулобидин (а), фарзанди барӯманди Имом Ҳусайн (а) ва яке аз авлиёуллоҳ, дуоҳое нақл шудааст, ки гузашта аз он ки ҳар як аз ин дуоҳо нишондиҳандаи бузургӣ ва азамати шахсияти ӯст, беҳтарин василаи розу ниёзи банда ба пешгоҳи Парвардигор низ ба шумор мераванд.

Яке аз он дуоҳо, дуоест маъруф ба "Дуои тавбакунандагон”, ки бидуни муқаддимачинӣ ва баёни бузургии он, яксара мехоҳам онро барои хонандагон нақл кунам, ки худ ба азамати ин дуо пай бибаранд. Албатта, асли дуо ба арабист, аммо талош мекунам, бо тарҷума, муҳтавои онро барои хонанда бирасонам. Дар тарҷумаи форсӣ, илова бар талоши шахсӣ, аз кӯшишҳои ҷаноби устод Шуҷоӣ низ баҳра мегирам.

Дуои тавбакунандагон

Ба номи Худованди Меҳргустару Густардамеҳр!

Худои ман!

Гуноҳонам либоси хорӣ бар танам кардааст, ва дурӣ аз ту пироҳани дармондагӣ бар андомам намудааст, ва афзунии лаҷани гуноҳонам моҳии диламро мирондааст.

Эй ниҳояти орзуям! Эй зеботарин матлубам! Эй танҳотарин посухгӯям! Ва эй маҳбуби дилам! Моҳии диламро бо ҷараёни зулоли тавбапазирият зинда гардон!

Ба иззатат савганд, ки ҷуз Ту мар гуноҳони хешро бахшандае намеёбам ва ҷуз Ту мар шикастагии хешро пайвандзанандае пайдо намекунам.

Ман, инак, бо болҳои тавозӯъ ба боргоҳи ту бозгаштаам ва пешонии хушӯъ ва хории хеш бар даргоҳи қудратат ниҳодаам.

Агар аз даргаҳи раҳмати хеш бирониям, ба кадомин дар паноҳанда шавам? Ва агар аз қуллаи раъфатат фурӯ афканиям, ба кадомин домана бигурезам?... Сад афсӯс аз расвоиям, ҳазор афғон аз тӯшаи роҳам!

Эй бузургбахшояндаи гуноҳони бузург ва эй баҳамоваранда ва пайвандзанандаи устухонҳои шикаста! Аз гуноҳони бузургам ҳалоккунандаҳояшро бибахш ва аз пинҳониҳои зиштам расвокунандаҳояшро бипӯш ва маро дар гармои ҳузури қиёматат аз хунуки гуворои афват бинӯш!

Худовандо!

Пардаи зебои гузаштатро бар чашмони гунаҳкори хастаам дареғ макун!

Худоё!

Мар гуноҳонамро сояи рӯшани раҳматат биёр ва мар айбҳоямро абри пурбори раъфатат бибор!..

Худои ман!

Оё бандаи фирорӣ (ки ба сабаби гуноҳон аз мавлояш гурехтааст), ҷуз ба сӯи мавлои хеш бармегардад? Ва аз хашми кайфари ӯ, ҷуз дар канори ӯ паноҳ мегирад?..

Маъбуди ман!

Агар дари вуруд ба боргоҳи тавбаат пушаймонист, ба иззатат савганд, ки ман ба ин дар овехтаам, ва агар истиғфор аз гуноҳ, тешае мар решаи гуноҳонрост, ин тешаи истиғфори ман! Ҳаққи хушнудӣ азони туст; туӣ, ки бо борони раҳматат ғубори гуноҳонро аз сафҳаи дил мешӯйӣ.

Худоё!

Ба қудратат, ба сӯям чашм бигардон, ва бо абри бурдборият, бар бекарони дашти гуноҳонам бигзар!

Ва алорағми ончи фақат ту медонӣ, бар сарам дасти мудоро бикаш!..

Маъбуди ман!

Туӣ, ки бандагонро ба боргоҳи афват даре гушудӣ ва тавбааш номидӣ ва фарёд задӣ, ки: "Ҳон мардумон! Ба сӯи ман ойед; омадане нодимона ва ошиқона!

Пас чист узри он ки дарро гушода бибинад ва орому қарор бигирад?

Худои ман!

Агар гуноҳ аз банда зишт аст, афву гузашт, ки аз сӯи ту зебост.

Маъбудам!

Ман аввалин маъсияткори ту нестам, ки бар ӯ бахшидӣ ва дар сояи абри эҳсонат бар ӯ боридӣ.

Эй дарёбандаи дармондагон!.. Ва эй бузурги некпардозон! Эй донандаи ҳарчи ниҳон ва эй зебопӯшонандаи ҳар ошкору пинҳон!..

Истиҷобат кун дуои маро ва масӯзон решаи ниҳоли орзуи маро ва бипазир бозгаштам ба сӯятро ва бипӯшон зиштиҳоямро!

Эй пазирандатарини пазирандагон! Ва эй пӯшандатарини розпӯшон! Ва эй меҳргустардатарини меҳрубонон!

Кимиёи саодат

Бахш: Дуо ва муноҷот | Просмотров: 1097 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz