Шанбе, 20.04.2024, 16:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 9 » Истиқлолият яъне ...
Истиқлолият яъне ...
01:08

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳол, ки кишвари азизи мо ва мардуми шарифамон нуздаҳумин солгарди истиқлоли худро ҷашн мегиранд, дар ин навиштор, бар он шудам, андаке перомуни ин ки истиқлолият чист ва низ мустақиллу озод ба чӣ касе мегӯянд, сӯҳбат биёроям.

Албатта, қасди баёни мафҳуми истиқлолият дар луғату истилоҳ ва ҳам ин ки мустақиллу озод дар вожа ба чӣ маъное омадааст надорам, балки дар мақоми баёни мисдоқи ин ду мафҳум дар хориҷ ва воқеъ мебошам. Ба баёни рӯшантар, мехоҳам ба забони сода ва оммафаҳм, бо ба кор бастани калимаҳо ва вожаҳои кӯчаву бозор, барои хонандаи азиз, ҳақиқати истиқлолият ва мустақиллу озод будану зистанро гӯшзад намоям.

Истиқлолият яъне ин ки кишваре, ки муддаии он аст, кишваре бошад рӯи пои худ истода ...

Истиқлолият яъне ин ки сардамдоронаш аз миёни мардум ва ба воситаи худи мардум баргузида ва ба сари қудрат нишастаанд, на ин ки расидани худ ба қудратро мадюни касе бегона бошанд ...

Истиқлолият яъне ин ки сардамдоронаш фақат ба фикри рафоҳи мардуми худ бошанд, на ба андешаи бақои хештан дар мансабе, ки қарор доранд ...

Истиқлолият яъне ин ки ҳокимонаш ҳамвора дар фикри ин бошанд, ки чӣ гуна ва ба чӣ сурат мардуми худро ҳамаҷониба таъмин намоянд, на ин ки дар ин андеша ба сар баранд, ки чӣ гуна ва ба чӣ сурат, ҳар чи бештар аз мардум бистонанд ...

Истиқлолият яъне ин ки мардумонаш, бо вуҷуди ҳокимон, эҳсоси амнияту оромиш намоянд, на ин ки ҳамвора дар тарсу ҳаросу нигаронӣ аз давлату савлат ба сар баранд ...

Истиқлолият яъне ин ки кишваре, ки муддаии он аст, кишваре бошад, ки дар он на танҳо як ҳизб ва ё як гурӯҳ сухангӯ ва тасмимгирандаи воҳид бошад, балки аҳзобу гурӯҳҳои мутанаввеъ, бо оро ва афкори мухталиф, дар рақам задани сарнавишти кишварашон саҳмгузор бошанд, ва барояшон озодии комил барои фаъолият дода шавад ...

Истиқлолият яъне ин ки сардамдоронаш агар қарор бошад аз касе битарсанд ва ё касеро розӣ кунанд, ин кас, мардумони худашон бошанд, на ҷиҳате бегона ...

Истиқлолият яъне ин ки соҳиби қудрат, ҳамвора ба думболи ин бошад, ки дӯст дорад мардумаш ӯро интиқод намоянд, ҳатто сахттарин интиқодҳо, на ин ки бо таърифу тавсифҳои дурӯғини яке ду чоплусу мунофиқ, хештанро саргарм намояд ...

Истиқлолият яъне ин ки соҳиби шавкат, касонеро барои адои вазифа баргузинад, ки дилсӯзи мардум ва ба фикри мардум, ва аз ҳама муҳим, тавоноӣ ва лаёқати қарор доштан дар мансаберо дошта бошанд, на касонеро, ки боракаллоҳгӯи ӯ ва ҳамму ғамме ҷуз розӣ кардани ӯро ба сар надошта бошанд ...

Истиқлолият яъне ин ки соҳиби савлат, дар навбати аввал, ба фикри ояндаи кишвари худ бошад, на танҳо ба андешаи имрӯзу фардо ...

Ва аммо мустақиллу озод ...

Мустақиллу озод яъне касе ки дар навбати аввал, хештанро бишносад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки пас аз шинохти хештан, Худояшро бишносад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки барои худ ҳувият қоил бошад, хештанро "касе” бидонад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки асири ҳавову ҳавасҳои зудгузари худ набошад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки аз гуфтани сухани ҳақ ҳатто дар баробари ситамгар наҳаросад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки сарнавишти кишвараш барои ӯ муҳим бошад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки бидонад агар ҳокимонаш афроде некӯ ҳастанд, ин ба маънои он аст, ки ӯ некӯст, аммо агар ҳокимонаш одамони баде ҳастанд, пас бидонад, ки ин бад-он сабаб аст, ки ӯ худ шоистаи чунин ҳукком будааст, чи агар некӯ буду ҳақҷӯ, одил буду далер, маҳол аст дастгоҳи офариниш бар сари ӯ афроде нолоиқ биёварад, зеро суннати илоҳӣ он аст, ки "Худо вазъи мардумоне дигаргун накунад магар он замон, ки худашон он чи дар дарунашон аст дигаргун намоянд” ...

Мустақиллу озод яъне касе ки дар баробари ҳамватанони худ хоксору фурӯтан, аммо дар муқобили душмани миллату ойину фарҳанг сарсахту мутакаббир ...

Мустақиллу озод яъне касе ки дар айни эҳтиром ба ҷамии адёну фарҳангу ойини бегона, посдори ойину фарҳангу гузаштаи хеш аст ...

Мустақиллу озод яъне касе ки бо гузаштаи худ, фарҳанг, ойин ва суннатҳои хеш биболад ва ифтихор намояд, на шарм кунаду онҳоро навъе ор бишуморад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки дар айни истифода аз дастовардҳои дигарон, ҳувияти худ нигаҳ дорад ...

Мустақиллу озод яъне касе ки ҳамвора дар талош буда ва лаҳзае ба худ ноумедӣ ва йаъс роҳ надиҳад ...

Худо ҳамаи моро озоду мустақил нигаҳ дорад!

Комёб бошед

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 712 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz