Душанбе, 26.10.2020, 10:34
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 3 » Фатвои сарнавиштсоз
Фатвои сарнавиштсоз
16:53

Фатвои раҳбари Эрон ва марҷаи тақлиди мусалмонони шиа Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳаром донистани ҳар гуна иҳонат ба саҳоба ва ҳамсарони Паёмбари Аркам (с) ва намодҳои мусалмонони Аҳли суннат, бо истиқболи густардае аз сӯйи уламо ва шахсиятҳои динии ҷаҳон, ба вижа донишмандони Аҳли тасаннун рӯбарӯ гардид.

Шайх Аҳмад ат-Таййиб, раиси Донишгоҳи Ал-азҳари Миср, дар баёнияе эълом кард, ки фатвои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар мавриди мамнуияти ҳар гуна иҳонат ба саҳоба ва ҳамсарони Паёмбари Акрам (с), фатвое аст, ки "бо илми дуруст ва дарки амиқи хатароти фитнагарон содир шуда ва баёнгари тамойули шадид ба ваҳдати мусалмонон аст”.

Дар ин баёния, ки дар рӯзномаи Ал-ҳаёт дарҷ гардидааст, омада: "Он чи бар аҳамияти ин фатво меафзояд ин аст, ки аз як олими бузург ва яке аз уламои барҷастаи мусалмонон ва боризтарин марҷаи шиаён ва раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон содир шудааст”.

Шайхи Ал-азҳар ҳамчунин таъкид кард: "Ман аз ҷойгоҳи илм ва масъулияти шаръӣ эътироф мекунам, ки талош барои ваҳдати мусалмонон як фариза аст ва ихтилоф байни тарафдорони мазоҳиби исломӣ бояд дар доираи ихтилоф дар раъйу иҷтиҳод байни уламо ва соҳибназарон маҳсур бимонад ва набояд ба ваҳдати уммат латма бизанад”.

Вай ҳамчунин изҳор дошт: "Ҳар кас оташи фитна байни мусалмононро шӯълавар кунад, гунаҳкор аст ва мустаҳиққи муҷозоти Худост”.

Шайх Абдунносир ал-Ҷабрӣ, яке аз боризтарин уламои Аҳли суннат ва дабири кулли Ҷунбиши Уммати Лубнон низ, фатвои Оятуллоҳ Хоманаиро сутуд ва таъкид кард: "Ҳушёрии раҳбарони уммати исломӣ роҳро бар ҳамаи тарҳҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои эҷоди фитнаи мазҳабӣ хоҳад баст”.

Ҳамчунин Шайх Моҳир Мизҳир, яке дигар аз уламои Аҳли суннат ва раиси "Ҳайъати Аҳли тасаннуни ҳимоят аз муқовимат” низ, аз дурандешии раҳбари Эрон дар ҷоиз надонистани иҳонат ба намодҳои Аҳли суннат истиқбол кард.

Ваҷиҳ ал-Баъринӣ, раиси Маҷмаи Аккорӣ низ гуфт: "Мавозеи масъул, ки ба думболи дафни фитнаҳо ва якпорчагии суфуфи мусалмонон бошад, қобили тақдир аст”.

Ҷабҳаи амали исломӣ дар Лубнон низ, дар баёнияе эълом кард, "судури инчунин фатвое аз болотарин марҷаи динӣ ва сиёсии бародарони шиаи мо, ба иловаи судури чандин фатво, ки иҳонат ба ҳазрати Оиша (р) ҳамсари Паёмбар (с) ва дигар ҳамсарони эшонро ҳаром медонад, беҳтарин нишонаи саломати уммати исломӣ ва ҳушёрии онҳо дар муқобила бо дасисаҳо ва нақшаҳо барои фитнаангезӣ аст”.

Фатвои Оятуллоҳ Хоманаӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба истифтое эълом кард: "Иҳонат ба намодҳои бародарони Аҳли суннат, аз ҷумла иттиҳомзанӣ ба ҳамсари Паёмбари ислом (ҳазрати Оиша (р)) ҳаром аст. Ин мавзӯъ шомили занони ҳамаи паёмбарон ва ба вижа сарвари анбиё Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад (с) мешавад”.

Вай ин мавзӯъро дар посух ба истифтое матраҳ кард, ки дар он хоста шуда буд то назари худро дар бораи "иҳонат ва истифода аз калимоти таҳқиромез ва тавҳин ба ҳамсари Паёмбари ислом Уммул-муъминин Оиша (р)” эълом кунад.

Ин дархости судури фатво, аз сӯи ҷамъе аз уламо ва фарҳехтагони шиаи минтақаи Эҳсои Арабистони Саудӣ ироа шуд.

Истифто аз Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи тавҳин ба Уммул-муъминин Оиша (р) тавассути Ёсир ал-Ҳабиб, руҳонии шиаи кувайтӣ сурат гирифт, ки бо вокунишҳо ва мухолифатҳои бисёре рӯбарӯ шуд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 859 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz