Ҷумъа, 26.04.2024, 05:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 27 » Фалсафаи шурур ва бадиҳо
Фалсафаи шурур ва бадиҳо
22:07

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба хилофи пиндори бархе, мабоҳиси фалсафӣ, печидагӯӣ ва ё беҳудасаройӣ нест, ва ҳамчунин, пурсишҳое, ки дониши фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост, масоиле нест, ки танҳо зеҳни як қишри муайян аз ҷомеаро ба худ андармон сохта бошад, балки ҳар инсоне, ҳар кӣ ҳаст, бо онҳо рӯбарӯ ва дар ҷустуҷӯи ёфтани посухашон мебошад. Бад-ин ҷиҳат, ҳунари як файласуф он аст, ки бо забони сода ва бидуни ба кор бастани вожаҳо ва истилоҳоти печида ва номафҳум барои мардумон, масоили фалсафиро баён кунад.

Ҳол, яке аз пурсишҳое, ки пеши ҳамагон худнамоӣ карда, эшонро водор барои пайдо намудани посухи қаноатбахш месозад ин пурсиш аст, ки: чаро мо одамиён, дар олами ҳастӣ мувоҷеҳ бо анвои бадиҳо ва шурур ҳастем; зилзила, сел, ҳайвоноти даранда, одамони бадсиришт ва ситамгар...

Ба вижа агар худобовар бошем, ин пурсишҳо, ранги дигаре барои худ мегиранд ва ёфтани посух ба онҳо мушкилтар менумояд. Аз худ мепурсем: агар ҷаҳони ҳастӣ худое дорад одил, пас чаро шарр офарида; зилзила ва сели вайронгар бар сари мардумони бепаноҳ оварда, ҳайвоноти даранда ва озоррасон офарида? Дар мавриди инсонҳо низ, чаро якеро тандуруст ва дигареро шал ё кӯр ва ё бадқиёфа намуда? Асосан, чаро Иблисе офарида, ки баъдан он бечораро вориди оташи дӯзахаш кунад? Оё намешуд ҳамаро яксону якнавохт биёфаринад? Оё намешуд Иблисе наёфарад то ӯ мо одамиёни хокиро васваса кунад? Ва аз ин қабил чарову чӣ гунаҳо, ки поёне надоранд.

Ин мақола гунҷоиши посухи муфассал ба ин чароҳоро надорад, аз ин рӯ, кӯшиш мекунем ба гунаи мухтасар ба посухи онҳо бипардозем.

Дар нигоҳе дақиқ ва тааммуле амиқ ба ҷаҳон, рӯшан мешавад, ки порае аз шурур ва бадиҳо, асосан аз синхи "нестӣ” ҳастанд, ва порае ҳам, гарчи аз синхи "ҳастӣ” мебошанд, аммо бадии онҳо нисбӣ ҳастанд, на ин ки ба худии худ, бад ва шарр бошанд. Ҳол, андаке бештар тавзеҳ медиҳам.

Пеш аз тавзеҳ, лозим аст ёдоварӣ гардад, ки дар ин навиштор, ду масъала мусаллам гирифта шудааст: яке он ки ҷаҳон офаридгоре дорад, ва дигар он ки ин офаридгор, ороста бо ҳар камол ва пок аз ҳар олойиш аст; бинобар ин, ӯ ҷуз хайр намеофаринад. Ин ду масъала, дар ҷои худаш ба далоил ва бароҳини мутқани ақлӣ ба исбот расида ва ин ҷо маҷоли исботи он ду нест.

1. Адамӣ будани порае аз шурур:

Шурур ва бадиҳое аз қабили ҷаҳлу нодониҳо, фақру тангдастиҳо, аҷзу нотавониҳо, зулму ситамгариҳо, агар воқеан аз синхи "вуҷуд”, "ҳастӣ” ва "чизе офаридашуда” буданд, дар ин сурат, ҳақ доштем чунин эътироз ба дастгоҳи офариниш намойем, ки чаро инҳоро офаридӣ? Аммо агар аз синхи "нестӣ” бошанд, эътирозе надорад. Ҷаҳл, чизе нест, ки бигӯем чаро вуҷуд дорад? Ҷаҳл яъне адами илм. Он чи ҳаст ва либоси вуҷуд бар тан дорад, илм аст. Он чи вуҷуд дорад, дороӣ аст. Он чи ҳаст, адл аст... Мо вақте касеро мебинем, ки чизе медонад; яъне нисбат ба чизе огоҳӣ дорад, мегӯем, нисбат ба ин масъала олим аст, ва каси дигаре ки аз он матлаб огоҳ нест, мегӯем ҷоҳил аст нисбат ба он масъала. Аммо ҳамон аввалӣ, ки олимаш номидем, агар нисбат ба масъалае дигар огоҳӣ надошта бошад, мегӯем ҷоҳил аст. Пас, сифати "ҷаҳл” чизе ҷуз адами илм нест, ва адами илму огоҳӣ, яъне нестӣ.

Пас, ҳар он чи офарида шуда ва либоси вуҷуд бар тан дорад, ҷуз хайр намебошад, аммо чун мавҷудоти ҷаҳони ҳастӣ (чи зот бошад ё сифот) бо ҳам мутафовитанд, мо аз муқоисаи байни онҳо, сифате ба номи "ҷаҳл”-ро дар зеҳни худ дуруст мекунем ва чунин мепиндорем, ки ҷаҳл низ чизе мисли илм вуҷуд дорад. Ҳамчунин аст авсофе чун зулм, фақр, аҷз ва ғайра...

2. Нисбӣ будани бархе аз шурур:

Порае аз падидаҳое ҳам ҳастанд, ки ҳарчанд аз синхи вуҷуданд ва офаридгор халқашон намуда, аммо бадӣ ва шарораташон, сифати зотии онҳо нест; яъне чунин нест, ки Худованд онҳоро ба унвони мавҷуде шарур ва бад офарида бошад, балки ин ҷо ҳам пойи дигарон аст, ки унвони шарр ва ё бад ба онҳо мениҳанд, мисли зилзилаҳо, селҳо, бархе аз мавҷудоти даранда ва озоррасон ва ғайра... Каждум, мавҷуде нест, ки ба худии худ бад ва шарр бошад ва чунин нест, ки мегӯяд: "Неши ақраб на аз раҳи кин аст, иқтизои табиаташ ин аст”. Аз дидгоҳи дақиқи фалсафӣ, ин сухан дуруст нест. Каждум чун моро неш мезанад ва чи басо аз заҳри неши ӯ бимирем, ӯро "бад” ва "шарр” донистем. Чи басо ҳамон каждум вақте бо одамиён мувоҷеҳ мешавад, аз он ҷо ки медонад зуд иқдом ба куштанаш менамоем, пеши худ ба Худояш бинолад, ки Худоё! Чаро мавҷуде шарур ба номи инсон офаридӣ? Вагарна, каждум, ба худии худ, мавҷудест мисли соири маҳлуқоти гетӣ ва ҷойгоҳе барои худ дар ҳастӣ дорад, ки агар набуд, ҳастӣ комил набуд.

Падидаҳои табиие чун зилзила, сели вайронгар, тӯфон ва ғайра, ҳама чунинанд. Барои ҳар яке дар ҷаҳони ҳастӣ ҷойгоҳе ҳаст, ки агар набуд, ҳастӣ дар маҷмӯъ ноқис буд.

Ҷаҳони ҳастӣ, дар маҷмӯъ, дуруст андоми одамиро монад, ки ҳар узве дар он ҷойгоҳи махсусе дорад; чашм вазифае дорад, гӯш барои худ вазифае, дасту по масъулияте доранд ва ғайра... дар айни замон, ин аъзо бо ҳам яксону якнавохт намебошанд, балки мутафовитанд. Шояд олати ҷинсии одамӣ пеши худ бигӯяд, чаро мисли чашм мӯҳтарам офарида нашудам, чаро аз ман ҳамагон мутанаффиранд ва авратам номидаанд, ғофил аз он ки ин узв барои худ ҷойгоҳе дорад, ки агар набуд, андом комил набуд, андоме ноқис буд, ва ба гуфтаи яке аз дӯстонам, шояд олати ҷинсӣ муҳимтарин узв барои андом шумурда шавад, ки агар мард аз он маҳрум бошад, мурданаш беҳ аз зистанаш.

Ҷаҳони ҳастӣ ҳам чунин аст; ҳар мавҷуде дар он ҷойгоҳе барои худ дорад, ки агар набуд, ҷаҳон дар маҷмӯъ, ҷаҳони ноқисе буд. Ҳеҷ мавҷуде дар он, зотан ва ба худии худ, бад ё шарр нест, балки хайри мутлақ аст, шояд мавҷуде дар чашми мавҷуде дигар шарр нумоён шавад, аммо меъёр ӯ нест; меъёр маҷмӯи ҷаҳон аст.

Агар бадӣ набуд, хубӣ шинохта намешуд

Худованди Ҳаким, ҳеҷ чизе беҳуда ва беҳадаф наёфарида; ӯ некӯтарин ва зеботарин низоме офарида, ки беҳтару некӯтар аз он қобили тасаввур нест. Бояд ба ҷаҳон, аз боло нигаҳ афканд, на аз пойин ва бо диде танг. Яке менолид, ки чаро Худованд Иблис офарида? Беҳтар набуд ӯро наёфарад? Чаро Фиръавну фиръавниён офарида ва фурсати ситам бар мардумон бар эшон дода?

Посухи ӯ ин аст, ки аввалан, Худованд аз оғоз на Иблисро Иблис офарида ва на Фиръавнро бо хӯйи дарандагӣ, балки ҳамин Иблис дар оғоз мавҷуде буд мисли соири мавҷудоти осмонӣ, ва аз қазо, чунон ибодатпеша буд, ки фариштагон ангушти ҳайрат мегазиданд ва ғибтаи ӯ мехӯрданд. Аммо муртакиби амале нописанд шуда ва ба ихтиёри хеш аз даргаҳи илоҳӣ ронда шуд.

Ин васвасаи шайтон аст, ки мардумонро аз раҳ мезанад, ва он гоҳ яке дар баробари он васвасаҳо муқовимат мекунад ва дигаре дар муқобили он сар фуруд меоварад. Агар ин васваса набуд, мо ҳеҷ гоҳ инсони комил ва шоистаро аз инсони паст ва нолоиқ намешинохтем.

Фиръавн ҳам дар оғоз бо фитрати солими инсонӣ офарида шуда, аммо туғён намуд ва аз ҷиргаи хубон баромад.

Аз ҳама муҳимтар, агар бадӣ, нописандӣ, ситам ва норавоӣ набуд, магар хубӣ, писандида будан, адл ва равоӣ шинохта мешуданд? Асосан, мо чаро шефтаю дилбохтаи Мӯсою мӯсавиён, Исою исавиҳо, Муҳаммаду маҳаммадиён ҳастем? Чун хубанд. Хубияшон аз куҷо бароямон маълум аст? Чун Фиръавне ҳаст, ки дар баробари Мӯсо истода, чун Қайсаре ҳаст, ки дар баробари Исо ҷилва мекунад, чун Абӯсуфёне ҳаст, ки дар муқобили Муҳаммад (с) қарор дорад. Вагарна, на Мӯсо тафовуте бо Фиръавн дошту на Исо фарқе бо Қайсару на Муҳаммад имтиёзе аз Абӯсуфён.

Сухане ҳаст аз бону Зайнаб духтари Алии Муртазо пас аз воқеаи дилхароши Карбало, ки зеботар аз он қобили тасаввур нест. Он замон ки ӯро ҳамчун асир пеши Язид ибни Муовия, қотили Имом Ҳусайн, меоваранд ва аз ӯ мепурсанд, аз Худо чӣ дидӣ? Язиду язидиён мунтазир буданд, ки бону Зайнаб, ки анқариб ҳамаи бастагон аз даст дода ва сари мубораки бародари бузургвораш дар нӯки найзаҳо мушоҳида кардааст, шиквае ба даргоҳи илоҳӣ бикунад, ки Худоё! Бо мо чӣ кардӣ? Аммо ин бонуи мукаррам ва набераи паёмбари гиромӣ (с) дар посух фармуд: "Мо раайту илла ҷамило”; яъне ман ҷуз зебоӣ аз Ӯ (парваридагор) надидам.

Фалсафаи гуфтори бону Зайнаб ҷуз ин нест, ки мехоҳад бирасонад, ки ҷамоли мардонагӣ, қашангии шуҷоат, некӯии ошиқӣ ва зебоии дилбохтагии бародарам Имом Ҳусайну ҳамраҳонаш дар роҳи барқарории адлу дод то бад-он ҷо, ки ҳозир шуданд ҷони худ дар ин раҳ нисор кунанд, аммо дар баробари ситамгар сар фуруд наёваранд, замоне мутабалвар шуд ва барои ҳамагон ошкор гарид, ки мисли ту ва ҳамраҳонат вуҷуд доред. Агар ту набудӣ, он зебоӣ бармало намешуд ва он гоҳ улгу барои озодихоҳону озодидӯстон мафқуд буд. Агар ту ва амсоли ту набудед, он ҷамол худнамоӣ намекард.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1084 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz