Ҷумъа, 26.04.2024, 12:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 26 » Эрони зудбовар ва Русияи аҳдшикан
Эрони зудбовар ва Русияи аҳдшикан
21:54

Ҳарчанд давлатмардони эронӣ дар майдони сиёсат хештанро "заранг” меангоранд, аммо гунаи доду ситадашон бо русҳо дар ин чанд соли ахир нишон медиҳад, он чунон ҳам ки мепиндоранд набудаанд.

Зоҳиран, барои эрониён, ин ҳақиқат пӯшида мондааст, ки русҳо аз ҷинси одамони пойбанд ба мақулаи "Алваъда вафо” намебошанд; на дар баробари эрониён ва на дар қиболи дигарон. Дуруст аст, ки доду ситади сиёсии ҳар кишваре бо дигарӣ, бар мабнои "маслиҳат” устувор аст, аммо дар ин миён як силсила меъёрҳое дар муомилоти байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки ҳар кишваре, ки кучактарин эҳтироме барои худ қоил аст, хештанро ба он пойбанд месозад, ва мутаассифона Русия дар ин миён мустасност.

Ҳол, имрӯз ихтилоф миёни Эрон ва Русия боло гирифтааст, ва ин, барои эрониён ғайри мунтазар буд, зеро Русия, ҳарчанд дар зумраи кишварҳое буд, ки дар Шӯрои амният аҳёнан раъйи мусбати худро алайҳи Эрон сарф мекард, аммо амалан хештанро ба он пойбанд намесохт. Ва ин, эрониёнро ба ин бовар расонда буд, ки бипиндоранд, русҳо абадулабад дар қиболи Эрон ҳамин гуна мавзеъ хоҳанд дошт. Ғофил аз он ки ҳадафи русҳо аз ин гуна мавзеъгириҳои дупаҳлӯӣ, дар ҳақиқат, ҳам ҷалби эътимоди Ғарб буд, ва ҳам дар даст доштани дасти Теҳрон.

Муддатест русҳо ба сози душманони сарсахти Эрон; яъне Амрико ва "Исроил” мерақсанд. Ахиран Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҳукмеро бо дастони худ имзо кард, ки таниш бо ҳамсояи ҷанубиашро барои Маскав ба бор овард. Бар асоси ин ҳукм, таҳвили мушакҳои C-300 ба Теҳрон, ки тавофуқномаи он пеш аз тасвиби чаҳорумин қатънома алайҳи Эрон ба имзо расида буд мутаваққиф шуд. Эрон дигар ранги мушакҳои C-300-ро намебинад ва русҳо ҳам боз ҳадафи тирҳои шадидтарин интиқод аз сӯи Теҳрон хоҳанд гардид.

Тарҳи фурӯши мушакҳои C-300 ба Теҳрон, дар шароите мутаваққиф шуд, ки аз наздик ба ду моҳ пеш русҳо барои таҳвили он ба Теҳрон нозу карашмапардозӣ мекарданд, ва албатта Теҳрон ҳам бо тавассул ба забони таҳдид, ҳушдор дод, ки дар шароите, ки русҳо ба сози дили Вашингтон бирақсанд, Теҳрон бешак аз ин кишвар дархости ғаромат хоҳад кард.

Декабри соли 2005, Русия мутааҳҳид шуда буд, ки ҳадди ақал 5 сомонаи дифои мушакии "Замин ба ҳаво”-и C-300-ро дар ихтиёри Эрон қарор диҳад. Дар ҳукме, ки ба имзои Медведев расидааст, Теҳрон аз ин пас наметавонад ҳеҷ гуна танк, ҷетҳои ҷанганда, болгардҳо, киштиҳо ва сомонаҳои мушакиро аз Русия харидорӣ кунад.

Дар шароите, ки Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар Нюйорк ба сар мебурд ва дар тамомии гуфтугӯҳо бо расонаҳои хабарӣ таъкид кард, ки ҷамии фаъолиятҳои Эрон дар чорчӯби қавонини Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мебошад, Русия таҳрими таслиҳотии Эронро калид мезанад. Раиси ситоди кулли артиши Русия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон таъкид мекунад, ки адами таҳвили ин мушакҳо ба Теҳрон, дар ҳақиқат дар ростои таҳримҳои байналмилалии эъмолшуда алайҳи Эрон аст.

Русия дар ду моҳи ахир беш аз Ғарб бозиии "Чамоқу ҳавич”-ро бо Эрон таҷриба мекунад. Русҳо як бор хабари ҳамкорӣ бо Эрон барои ба поён расондани кор дар нерӯгоҳи Бушаҳрро мунташир мекунанд ва рӯзи дигар, аз қатъи ҳамкориҳои таслиҳотӣ бо Теҳрон хабар медиҳанд.

"Исроил” то кунун борҳо аз Русия хоста буд, ки бо адами таҳвили мушакҳои C-300 ба Теҳрон, ба таҳримҳои байналмилалии Эрон бипайвандад. Русҳо то кунун дар баробари ин дархости Тел-авив ва Вашингтон муқовимат карда буданд, аммо ҳамзамон бо ҳузури раҳбарони ҷаҳон дар Иёлоти Муттаҳида, ба назар мерасад, ки Маскав дар масири таомули бештар бо рақиби рӯзҳои ҷанги сард қарор гирифтааст.

Русҳо ҳафтаи гузашта дар баробари исрорҳои паёпайи "Исроил” барои худдорӣ аз идомаи ҳамкориҳои таслиҳотӣ бо Сурия ҳам истодагӣ карда ва таъкид карда буданд, ки Маскав наметавонад доим ба дағдағаҳои амниятии Тел-авив фикр кунад. Аммо ин бор зоҳиран Русия ҳамзамон бо наздик шудани бесобиқа ба мавозеи Амрико дар минтақаи Осиё, метавонад Теҳрон ва "дӯстӣ” бо ҳамсояи ҷанубиро қурбонии лабханди ҳамроҳон дар Кохи Сафед кунад.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия, ки дар қолаби гурӯҳи эъзомшуда ба Нюйорк дар Кохи Иёлоти Муттаҳида ба сар мебарад, дар гуфтугӯ бо расонаҳои хабарӣ дар хусуси таҳрими таслиҳотии Эрон мегӯяд: "Ҳамкориҳои низомии мо бо Теҳрон, бо вуҷуди тарҳи таваққуфи фурӯши мушакҳои C-300 ба ин кишвар, ҳамчунон идома хоҳад дошт”.

Сергей Рябков, ҳамзамон таъкид кард, ки кишвараш мойил ба ҳамкорӣ бо Ғарб дар бозгардондани Эрон бар сари мизи музокироти 5+1 ва хориҷ кардани парвандаи ҳастаии Теҳрон аз бӯҳрон аст. Вай бо таъкид бар идомаи исрорҳо барои гуфтугӯ бо Эрон бо меҳварияти тарҳи табодули сӯхт гуфт: "Набояд иҷоза дод то дар раванди дидорҳои ба истилоҳ гурӯҳи Вена бо Эрон дар хусуси масоили фаннии марбут ба табодули сӯхт барои реактори таҳқиқотии Теҳрон, вақфае эҷод шавад”.[1]

Ҳол, ин ҳукме, ки ахиран ба имзои Дмитрий Медведев расид, танҳо ба мамнӯияти тиҷорати таслиҳотӣ бо Теҳрон ишора намекунад, балки бархе маҳдудиятҳо бар масоили тиҷориро ҳам шомил мешавад. Бар асоси ин ҳукм, бархе амалиётҳои молии Русия бо Эрон машмули таҳрим мешавад ва чеҳраҳои муртабит бо барномаи ҳастаии Эрон наметавонанд ба хоки Русия ворид шаванд.

Вашингтон наздик ба чанд моҳ аст, ки барои мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Эрон, кишварҳои осиёиро барои ҳамроҳӣ бо Ғарб ташвиқ мекунад. Дар ин миён, бисёре аз таҳлилгарон эътиқод доранд, ки то замоне ки кишварҳое монанди Чин, Ҳинд ва Русия дасти рад ба синаи барномаҳои тиҷории Эрон назананд, таҳримҳо ба самар нахоҳад нишаст. Аз ин рӯ, имзои ҳукми таҳрими таслиҳотии Эрон аз сӯи Медведев, шодии амрикоиҳоро барангехтааст.

Майк Хаммер (Mike Hammer), сухангӯи Шӯрои амнияти милли Амрико, бо судури баёнияе дар ин хусус мегӯяд: "Кохи Сафед аз ин дастури иҷроӣ, ки тавассути раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев ба имзо даромада ва интиқоли таслиҳот ба Эрон аз ҷумла интиқоли мушаки C-300 ба Эрон-ро мамнӯъ мекунад, ба шиддат истиқбол мекунад”.

Ҳол, эрониён аз ин пас, на танҳо шиори "Марг бар Амрико!  Марг бар Исроил!” сар диҳанд, балки вақти он аст, ки шиори "Марг бар Русия!”-ро низ, ҳарчанд дар амал, пиёда созанд. Зеро, чунин ба назар мерасад, ки русҳо, дар душманӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ ва низ сар фуруд овардан дар баробари хостаҳои "Исроил”, аз амрикоиҳо ва ё аврупоиҳо чизе камӣ надоранд.

Кимиёи саодат


[1] Октябри соли 2009 дар Вена, намояндагони кишварҳои Русия, Амрико, Фаронса ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, тарҳеро дар хусуси истифода аз ураниюми ғанисозишудаи Эрон барои ғанисозии муҷаддад дар кишвари солис ва бозгардондани сӯхти ҳастаии таҳияшуда аз он ба манзури истифодаи реактори таҳқиқотии Теҳрон дар аҳдофи пизишкӣ, ироа доданд.

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 637 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz