Шанбе, 20.04.2024, 05:10
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 8 » Эй кош ба Алӣ гӯш месупурданд!
Эй кош ба Алӣ гӯш месупурданд!
22:55

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рост гуфта он абармард он ҷо ки мегӯяд: "Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост”. Бархе, ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз фикр мекунанд, сабаби тахаллуф ва ақабафтодагии мо мусалмонон, дар ислом нуҳуфта. Дар ҳоле ки таварруқи сафаҳоти торих, дуруст хилофи ин гуфторро бароямон бармало месозад; яъне торих бароямон мегӯяд, сабаби инҳитоти мусалмонон, дур афтоданашон аз маорифи исломӣ будааст.

Масалан, агар мусалмонони муосири ҳазрати Алӣ (к), ба ҷои даъвову даргирӣ бо ӯ, гуфтаҳо ва фармудаҳои вайро ҷилави чашмони худ қарор дода, зиндагии хеш бар асоси тавсияҳои он абармард пеш мебурданд, қатъан имрӯз мусалмонон вазъе комилан дигар доштанд; на танҳо ақабафтода набуданд, балки дар тамоми ҷавониби ҳаёт, улгу ва пешоҳанги башари рӯи замин буданд.

Алӣ (к) мукаррар ба мусалмонони замонаш мегуфт, имрӯз, ки дар байни шумо ҳастам, аз ман ҳар он чи мояи саодати шумо дар дунё ва охират аст, бипурсед, фардо, ки аз миёнатон рафтам, дигар дер мешавад. Дар ривояте, ки Ҳоким дар Мустадрак нақл мекунад, омадааст, ки ровӣ мегӯяд: Алӣ (р) рӯ ба мардум овард ва гуфт: "Аз ман бипурсед пеш аз он ки маро аз даст диҳед, ва (бидонед, ки) баъд аз ман, ҳаргиз монанди маро нахоҳед ёфт, ки аз ӯ бипурсед”.[1]

Аммо, мутаассифона, гӯши шунавое пайдо намешуд. Дар ривояти дигаре омадааст, ки пас аз он ки Алӣ (к) чунин гуфт, яке аз ҳозирин бо ришханд ва тамасхур аз он ҷаноб пурсид: Ҳол, ки чунин аст, пас бигӯй, ки адади риши ман чанд тост?

Ин буд вазъу ҳолати мусалмонони муосири Алӣ (к). Аз ин рӯст, ки он ҳазрат (к) ҳамвора аз муосиронаш шиква менамуд. Дар ривоят аст, ки Алӣ (к) рӯ ба яке аз ёронаш кард ва бо ишора ба синаи худ ба он мард гуфт: "Бидон, ки дар ин ҷо дониши фаровоне анбошта аст, эй кош касонеро меёфтам, ки метавонистанд онро биёмӯзанд![2]

Дар хилоли панҷ сол аз зимомдории худ, Алӣ (к) се набарди камаршиканеро бо мусалмонони замонаш пушти сар гузаронид, ки агар ин даргириҳо набуданд ва мусалмонон гӯш ба тавсияҳои ӯ менамуданд, имрӯз вазъе комилан дигар доштанд. Дар ривоят аст, ки Алӣ (к) ба ёрони хосси худ мегуфт, агар ин набардҳо ва бемеҳрӣ ва бевафоии тӯдаи мусалмонон набуд, донишҳое барояшон меомӯхтам, ки метавонистанд аз об барои худ рӯшноӣ таҳия кунанд:

حيث كان جالساً على نهر الفرات وبيده قضيب، فضرب به على صفحة الماء وقال: لو شئت لجعلت لكم من الماء نوراً وناراً.

Ровӣ мегӯяд: он ҷаноб (к) ҳангоме ки канори рӯди Фурот нишаста буд ва дар даст чӯбе дошт ва бо он бар об мезад, фармуд: "Агар мехостам, метавонистам барои шумо аз об, нуру оташ эҷод кунам”.[3]

Муҳаддисон, он ҷо ки ин сухани Алӣ (р)-ро нақл мекунанд, дар тафсиру тавзеҳи гуфтори он ҷаноб (к), ки чӣ гуна метавон аз об рӯшноӣ ва ҳарорат эҷод кард буҳтзада шуда ва намедонистанд чӣ гуна шарҳу тавзеҳаш диҳанд. То ин ки ҳудуди сад сол пеш барои башар макшуф гардид, ки метавон аз об нерӯи барқ тавлид кард ва амалан нерӯгоҳҳои обӣ роҳандозӣ шуд. Аммо Алӣ ҳудуди 1400 сол пеш ин сухан мегӯяд.

Дар ривояте дигар аз забони он ҳазрат (к) омадааст:

اذا ركب الحديد على الحديد قرب البعيد.

Ҳар гоҳ оҳане бар оҳан савор шуд, ҷоҳои бисёр дур, наздик хоҳад шуд.[4]

Барои ҳар жарфандеше ҳувайдост, ки муроди он ҷаноб (к) аз ин сухан, ҷуз ишора ба қатору роҳи оҳан нест, зеро қатор (поезд), ки чархҳояш оҳанист, бо қарор гирифтан бар рел, ки он ҳам аз оҳан аст, ва ҳаракат бар рӯи он, масофаҳои дурро дар наздиктарин замон тай хоҳад намуд.

Агар бихоҳем тамоми ривоёти ворида аз забони Алӣ (к) дар заминаи улумро ин ҷо нақл кунем, яке ду мақола басандагӣ намекунад, феълан ба ҳамин миқдор иктифо мекунем ва иншоаллоҳ агар фурсате дигар даст дод, ҳатман дар ин мавзӯъ хоҳем пардохт.

Кимиёи саодат

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 874 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz