Панҷшанбе, 25.04.2024, 20:56
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 6 » Чаро иқдом ба маргталабӣ менамоянд?
Чаро иқдом ба маргталабӣ менамоянд?
01:29

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷомеае, ки дар он ақлу мантиқ ҳукмфармост, пеш аз бурузи беморӣ, камар ба пешгирӣ аз он мебандад. Ҳол, ки нишонаҳои бемории маргталабӣ дар ҷомеаи мо намоён мешавад, бар уқалои ҷомеа аст, ки қабл аз гиребонгир шудан бо он, бо канор ниҳодани эҳсосоту авотиф, ба андешаи решаёбӣ ва сипас хушконидани он бароянд, то фардо дигар дер нашавад.

Ин ки коршиносони ноошно ба дину эътиқодоти динӣ, дар бораи решаҳои маргталабӣ изҳори назарҳое карда, бархе изҳор медоранд, ки иллати иқдом ба ин навъ аъмол, бекорист, ва ё бархе мӯътақиданд, ки навъе бемории равонист, ё бархе дигар онро гунае аз ибрози норизоят аз вазъи мавҷуд қаламдод мекунанд, ҳамаи ин изҳори назарҳо, гарчи нодуруст нестанд, аммо ҳикоят аз аслу решаи он надоранд.

Ба назари бештари коршиносоне, ки ҷомеаҳои онон бо ин гуна бемории саъбулилоҷ рӯбарӯ шуда ва то ҳудуде дар хушконидани решаҳои он комёб шудаанд, сабаби асосии ин навъ амал аз сӯйи бархе, дар гунаи шинохт ва маърифати ӯ аз дин (ислом) нуҳуфта аст. Ба иборати дигар, решаи аслии ин иқдом, бардошти нодуруст ва ғалати ӯ аз ислом аст. Вақте барои як ҷавони алоқаманд ба дину мазҳаб, дин аз оғоз нодуруст шиносонда мешавад, ба далели доштани замири поку беолойиш, бе чуну чаро он гуна бардошт аз динро, ба унвони "сироти мустақим” мепазирад, ва ҳозир мешавад дар роҳи он аз ҷону моли худ дареғ наварзад.

Боз ба иборате рӯшантар, чун бинои ислом, бар ду пояи имон ва амал устувор аст, ҷавони покзамир, ба маҳзи имон овардан, ба думболи амал меравад; амале, ки Худоро розӣ кунад. Мехоҳад коре кунад ва ризои илоҳӣ ба даст оварад. Мехоҳад коре кунад ва асбоби вуруди хештан ба биҳишт фароҳам созад.

Албатта, ин комилан дуруст аст. Мантиқи ислом чунин мегӯяд. Диндор, аз дидгоҳи ислом, касе аст, ки имон ба офаридгори якто дорад ва низ, ба муқтазои имони хеш амал мекунад. Имони бе амал, дар мантиқи ислом, мавриди қабули даргоҳи илоҳӣ нест. Дар ин ҳақиқат, ҷои ҳеҷ шакку тардиде нест. Аммо ...

... тамоми сухан, дар ноҳияи гунаи шинохти шахс аз ислом аст, ки аз оғоз ба унвони "сироти мустақим” барои ӯ омӯзонда мешавад. Агар аз оғоз, дин барои ӯ, бар асоси хостгоҳи ислом (Қуръону суннат), ки ба зудӣ баён хоҳем кард, матраҳ шавад, диндории ӯ саҳеҳ хоҳад буд, аммо агар воруна ва нодуруст таълим дода шавад, нохудогоҳ, аз ҷодаи ҳақ берун шуда, даст ба аъмоле хоҳад зад, ки намунааш ҳамин иқдом ба маргталабист. Ҳол, ба тавзеҳи ин масъала мепардозем.

Мухотаби Қуръон, ақли башарист

Нахустин матлабе, ки огоҳӣ аз он барои шахсе, ки мехоҳад бо руҳи ислом ошно шавад ин аст, ки бояд бидонад, Қуръон дар хитобҳои хеш, чӣ касеро мухотаби худ қарор додааст? Қуръони Карим, ин сарчашмаи нахустини ислом, он ҷо ки башарро ба сӯйи дину ойини ислом мехонад, ақлу хиради ӯро мухотаби хеш қарор медиҳад:

"Бигӯ: оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд баробаранд? Танҳо хирадмандон панд мепазиранд” (Зумар/9).

"... пас, бандагони маро мужда бидеҳ; онҳоеро, ки суханро мешунаванд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд, инонад касоне, ки Худованд роҳашон намуда ва эшонанд хирадмандон” (Зумар/18).

"Оё касе, ки медонад он чи аз парвардигорат ба ту фурӯ фиристода шуда рост ва дуруст аст ҳамчун касе аст, ки нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд” (Раъд/19).

"Ин (Қуръон) барои мардум паёме расо ва басанда аст (то бад-он панд дода шаванд) ва то бад-он бим карда шаванд ва бидонанд, ки ӯ Худои ягона аст, то хирадмандон ёд кунанд ва панд гиранд” (Иброҳим/52).

"(Ин Қуръон) китобест фархунда ва бобаракат, ки онро ба сӯйи ту фурӯ фиристодем, то дар оятҳои он биандешанд ва то хирадмандон панд гиранд” (Сод/29) ва ғайра ...

Пас, Қуръон аввал хирадманд ва оқилеро фарз менамояд, сипас ӯро мавриди хитоби худ қарор дода, матлаби хешро баён медорад, он гоҳ мегӯяд, танҳо хирадмандону оқилон ҳастанд, ки панд мегиранд.

Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (с) низ он ҷо ки мардумро ба сӯйи ойини ислом мехонад, басират, биноӣ ва хирадмандиро пояи аслии ин ойин муаррифӣ мекунад. Қуръони Карим аз забони он ҷаноб (с) мефармояд: "Бигӯ: ин роҳи ман аст, ки бо басират ба сӯйи Худо мехонам; худ ва ҳар киро, ки аз ман пайравӣ кунад...” (Юсуф/108).

Басират; яъне доноӣ, биноӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ ва яқин.[1] Дар ривояте ҳаст, ки Паёмбар (с) мефармоянд: "Касе, ки хирад дорад, растгор мегардад”,[2] ва низ ҷанобаш (с) мефармояд: "Ҳамоно бо хирадварзист, ки ҳамаи некиҳо ба даст меояд, ва касе ки хирадманду оқил набошад, дин надорад”.[3]

Ҳол, хирадманд, оқил ва бобасират кист, ки ислом танҳо ӯро мухотаби худ қарор медиҳад ва мӯътақид аст, ки фақат хирадманд ва оқил аст, ки панд мегирад ва ба маорифи қуръонӣ ва исломӣ пай мебарад, ва касе ки аз он бебаҳра аст, асосан дин надорад?

Хушбахтона, барои ҳамагон рӯшан аст, ки барҷастатарин нишонаи оқил ва хирадманд он аст, ки битавонад роҳро аз чоҳ, ҳақро аз ботил, хайрро аз шар, хубро аз бад ва писандидаро аз нописанд ташхис бидиҳад; яъне бидонад кадомин кор дуруст аст ва кадомин кор нодуруст?

Бобасират будан; яъне ин ки ту бидонӣ, аз коре ки мекунӣ, ба чӣ натиҷае даст меёбӣ? Оё коре, ки барои расидан ба ҳадафе анҷом медиҳӣ, туро ба он ҳадаф хоҳад расонд, ё на? Касоне, ки аз неъмати хираду басират баҳра надоранд, гоҳе коре мекунанд - ба хаёли худашон кори нек - аммо чун басират надоранд ва дурандеш нестанд, чи басо натиҷаи он амал баръакс онҳоро ба ҳадаф намерасонад, балки аз ҳадаф дур месозад.

Хидмати хирсона

Достони маъруфе ҳаст, ки мегӯянд, як нафар хирс дошт ва он хирс хеле вафодор ба соҳиби худ буд. Рӯзе он мард хобид ва бо ишора ба он ҳайвони забонбаста фаҳмонд, ки вақте мехобам, пашшаҳое, ки музоҳими ман мешаванд, аз ман дур кун. Ҳангоме ки хобид, пашшае музоҳими ӯ мешуд, ва хирс ҳам, ки вафодор буд, мехост бо дастонаш пашшаро дур кунад, вақте дид намешавад санги бузургеро бардошт ва он замон ки пашша бар рӯйи соҳибаш нишаст, сангро бар рӯйи он мард партоб кард, то пашшаро бикушад; пашша, ки намурд, вале ба ҷои ӯ соҳибаш аз зарбати санг кушта шуд. Ин достон зарбулмасал ҳам шудааст, ки вақте мебинанд як бебасират ва аблаҳ аз ин навъ хадамоти аҳмақона мехоҳад бикунад, мегӯянд: "Хидмати хирсона макун”.

Ин касоне ҳам, ки ба хаёли худашон дар роҳи ислом мехоҳанд "амали худописандона”-е бикунанд ва мехоҳанд ҷони худро дар роҳи Худо нисор кунанд, дақиқан хидмати хирсона анҷом медиҳанд. Зарару зиёне, ки аз аъмоли аҳмақонаи ин ҷамоати аблаҳ дар тӯли ин чанд сол, чи дар Ироқ, чи дар Покистон ва чи дар Афғонистон, бар ислом ворид шуда ва номи ин ойини покро олуда намудааст, ба андозае аст, ки шояд ислом дар тӯли умри беш аз 1400 солаи худ надида бошад.

Фардои қиёмат мавриди бозхости илоҳӣ қарор хоҳанд гирифт

Ин гурӯҳи аҳмақ бояд некӯ бидонанд, ки фардои қиёмат, ҳам худашон ва ҳам касоне ки ин ҷамоати аблаҳро аз пушт ҳидоят мекунанд, дар маҳзари додгоҳи адли илоҳӣ хоҳанд истод ва Худо эшонро мавриди сахттарин муҷозот қарор хоҳад дод. Хоҳад пурсид, ки ту чӣ гуна ба ин роҳатӣ даҳҳо ва садҳо мусалмони бегуноҳро ба куштан додӣ, магар нашунидаӣ, ки: "Ва ҳар кӣ мӯъминеро қасдан бикушад, сазои ӯ дӯзах аст, ки ҷовидона дар он бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифта ва ӯро лаънат карда ва барои ӯ азобе бузург омода сохтааст” (Нисо/93)?

Ва агар бигӯяд, ман ӯро мусалмон намедонистам, балки кофир ва ё мушрикаш мешумурдам, чун аъмоле ширколуд анҷом медод, дар ин сурат, Худо ба ӯ хоҳад фармуд, ки ту ҳатто ҳаққи куштани ҳеҷ мушрик ва ё кофиреро, бидуни ин ки муҷавиззи шаръӣ дар даст дошта бошӣ, надорӣ, зеро: "Ҳар кӣ касеро бикушад бе он ки касеро кушта ё табоҳӣ дар замин карда бошад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад ...” (Моида/32)

Агар бигӯяд, магар дар садри ислом мусалмонон бо куффор наҷангиданд ва ононро накуштанд? Посухаш ин аст, ки ҷанги мусалмонони садри ислом бо куффор, тамомияш характери дифоӣ дошт, ва дифоъ аз нафс ва ё ҷомеа, корест писандида ва матлуб, ва на танҳо ислом, балки тамоми уқалои олам онро машрӯъ медонанд. Магар нашунидаӣ, ки Худо он ҷо ки ба пайкору ҷиҳод иҷоза медиҳад, иллаташро мазлум воқеъ шудани мусалмонон медонад ва мефармояд: "Ба касоне ки бо онон ҷанг кардаанд, аз он рӯ, ки ситам дидаанд, рухсати пайкор ва ҷанг дода шуд; ва ҳар ойина Худованд ба ёрии эшон тавоност; онон, ки ба нораво аз диёри хеш ронда шуданд танҳо бад-ин сабаб, ки гуфтанд: парвардигори мо Худои Яктост. Ва агар Худованд бархе аз мардумро ба бархе бознамедошт, ҳар ойина дайрҳо (-и роҳибон), калисо (-и насоро), канисаҳо (-и яҳудиён) ва масҷидҳо (-и мусалмонон), ки дар онҳо номи Худо бисёр ёд мешавад, вайрон мегардид; ва албатта Худо касеро, ки (дини) ӯро ёрӣ кунад, ӯро ёрӣ хоҳад кард, ки Худо ҳар ойина нерӯманду тавонои беҳамтост” (Ҳаҷ/39-40).

Бад-ин сабаб аст, ки муҷтаҳидони ҳозиқ ва фуқаҳои бобасират, ҷиҳоду пайкори мусалмонони мазлуми Фаластин ва ё Ироқ алайҳи ишғолгарон ва кӯмак ба ононро машрӯъ ва ҳатто як воҷиби динӣ медонанд. Чаро? Чун он ситамдидаҳо ба нораво аз хонаву кошонаи худ ронда ва овора гардиданд. Ҳатто ҷон нисор кардан дар роҳи озодии Фаластинро, ки ба ҳақ номаш амалиёти шаҳодатталабона аст, машрӯъ ва анҷомдиҳандагони онро меситоянд.

Мусалмон, ё муҷтаҳид аст ва ё муқаллид

Мушкили ин ҷамоати аблаҳ, на танҳо ин аст, ки аз неъмати хирад ва басират бебаҳра ҳастанд, балки ислом ва аҳкоми шаръиро низ намедонанд. Инонро чунон тарбият додаанд, ки фақат ва фақат хештанро огоҳ ба шариат ва бақияро ҷоҳилу нодон ҳисобанд. Ҳар чи мегӯйӣ, ҷаноб! Гӯш бидеҳ, ин ҳарфе, ки ту мезанӣ, ва ин коре ки ту мекунӣ, нодуруст аст, уламо ва фуқаҳое, ки солҳо умри худро бо мутолеаи китобҳо ва ҳузур дар ҷаласоти уламо сипарӣ кардаанд, чунин нагуфтаанд, мегӯяд: ман медонам, вале онҳо намедонанд!

Он кас ки надонад ва бидонад, ки надонад

Лангон харакаи хеш ба мақсад бирасонад

Он кас ки надонад ва надонад, ки надонад

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад

Оре, ин ҷамоат дар як ҷаҳли мураккаби лоилоҷ гирифтор шудаанд, ки мутаассифона шояд давое барои он натавон пайдо кард.

Ҳол, дуюмин матлабе, ки ёдоварии он барои касе, ки мехоҳад бо руҳи ислом ошно шавад лозим аст ин аст, ки Қуръони Карим, дар як тақсимбандӣ, мусалмононро ба ду гурӯҳ: коршиносони динӣ ва муқаллидон (пайравон) тақсим кардааст:

"Ва ҳамаи мӯъминонро нашояд, ки кӯч кунанд, пас, чаро аз ҳар гурӯҳе аз онҳо ҷамъе кӯч намекунанд то дар дин "тафаққуҳ” пайдо кунанд ва чун ба сӯйи қавми худ бозгаштанд, онҳоро ҳушдор диҳанд, ки то шояд қавм бо ҳазар ва эҳтиёт (амал) кунанд?” (Тавба/122)

Ба иттифоқи уламои исломӣ, ояти номбурда, мӯъминонро ба ду даста тақсим мекунад: гурӯҳи аввал касоне ҳастанд, ки бояд дар дини Худо "тафаққуҳ” пайдо карда ва он гоҳ пас аз тайи мароҳили тафаққуҳ, ба сӯйи мардум бозгашта ва онҳоро биму ҳушдор диҳанд. Гурӯҳи дуюм дар воқеъ бақияи мардум ҳастанд; яъне касоне, ки бояд тибқи биму ҳушдори гурӯҳи аввал амал кунанд.

Тафаққуҳ ба маънои "фаҳми амиқ ҳосил кардан” аст, ва мурод аз "тафаққуҳ дар дин”, фаҳми амиқ ҳосил кардан дар маҷоли улуми динӣ - ҷамии маорифи динӣ аз усул ва фурӯи он - мебошад. Ба ҷои "тафаққуҳ”, вожаи "иҷтиҳод”-ро низ ба кор мебаранд, ва асосан вожаи "иҷтиҳод” корбурди бештар дорад. Пас, тафаққуҳ ва ё иҷтиҳод, ба маънои фаҳми амиқ пайдо кардан дар дин ва соҳибназар шудан дар амри дин ва изҳори назар кардан дар умури динист.

Бо таваҷҷӯҳ ба ояти номбурда, уламо мегӯянд: мӯъмин, ё бояд худ ба марҳилаи иҷтиҳод расида, соҳибназар дар дин гардад, ва ё агар ба ин марҳила нарасидааст (ва одатан барои ҳар касе муяссар нест ба осонӣ ба чунин марҳилае бирасад), ҳақ надорад дар заминаи умури динӣ изҳори назар кунад, балки бояд аз касе, ки муҷтаҳид аст тақлид намояд. Пас, ҳар мӯъмине, ё муҷтаҳид аст ва ё муқаллид.

Мушкили он ҷамоати аблаҳу аҳмақ ин аст, ки дар паймоиши роҳи дин, хештанро пойбанд ба орои ҳеҷ як аз муҷтаҳидон намедонанд ва мудддаӣ ҳастанд, ки ҳар касе, бо муроҷеа ба Қуръону суннат, тавоноии фаҳми динро дорост. Яке аз мушкилоти ин ҷамоат ҳамин аст.

Бинобар ин, имрӯза бар уламо ва муллоҳои мо воҷиб аст, ки аз ҳамон рӯзи аввал, мусалмонро ба ин матлаб, ки ту худат тавоноии истинботи аҳком надорӣ ва дар фаҳми дин бояд ба як нафар муҷтаҳиди ҳозиқ руҷӯъ намоӣ, огоҳ созанд. Ин муҷтаҳид аст, ки ташхис медиҳад куҷо ҷиҳод аст ва куҷо ҷиҳод нест? Ва асосан, ҳам ӯст, ки барои мусалмонон таъйини таклиф мекунад.

Дар ҷомеаи мо низ, гарчи наметавон иддао кард, ки оё муҷтаҳиди маорифи исломӣ дорем ё на, аммо қадри мусаллам ин аст, ки уламои рӯшане ҳастанд, ки огоҳ ба орои муҷтаҳидони муосир ва низ дар ҷоҳое худ тавоноии истинботи аҳком доранд, (амсоли Эшони Нуриддинҷон, Эшони Маҳмудҷон, Қози Акбар Тӯраҷонзода, Домулло Маъруфҷон, Мавлави Муҳаммадалӣ (қозии ҲНИТ), Мулло Ҳикматуллоҳ, Мулло Зубайдуллоҳ ва бархе аз фуқаҳои Шӯрои Уламои Тоҷикистон ва ғайра, ки шояд камина эшонро нашиносам), бояд мусалмонони ҷомеаамон хештанро дар умури динӣ, пойбанд ба фатвоҳои эшон намоянд. Танҳо дар ин сурат аст, ки вазъи динмадории ҷомеа сарусомон пайдо хоҳад кард.

Ҳукумат ва Кумитаи дин ҳам, ҳар чи метавонад, дар кори ин уламо дахолат накунад, бигузор озодона орои худро ба мусалмонони ҷомеа биросонанд. Ҷилавгирӣ ва ё садди роҳи уламо шудан, паёмадҳои ногуворе ба думбол дорад, ки шояд баъдан натавон ҷуброн намуд. Кумитаи дин, бояд бидонад, ки вай ҳаргиз ҷойгузини уламои ҷомеа ва мардумӣ нахоҳад шуд.

Эй кош, Худованд барои масъулини мо чунин басирате ато намояд, ки дастгоҳи Қозиёти Ҷумҳуриро мисли замони пешин аз нав эҳё кунанд ва ҷудо аз Ҳукумат фаъолият дошта ва ба кори як дигар дахолат надошта бошанд.

Гарчи дар ин маҷол мехостам ба матолибе дигар низ ишора намоям, вале мебинам дигар фурсате боқӣ намонда, иншоаллоҳ дар як фурсате дигар он матолибро ёдовар хоҳам шуд.

Комёб бошед

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 867 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz