Панҷшанбе, 02.05.2024, 01:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 1 » Ба Худо савганд, хиҷолат дорад мо худамонро мусалмон бидонем!
Ба Худо савганд, хиҷолат дорад мо худамонро мусалмон бидонем!
00:21

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо мусалмонон гоҳе фаромӯшамон мешавад, ки ду қибла дорем; яке Каъба дар Маккаи Мукаррама ва дигаре, Қудси Шариф, ки инак беш аз 60 сол аст, ки дар қабзаи як мушт одамони террорист; яъне саҳюнистҳои худобехабар асир аст.

Ҳамон гуна ки Каъбаи Муаззама бароямон арзишманд аст ва бояд мисли гавҳараки чашм аз он нигаҳдорӣ кунем, ҳамчунин вазифа дорем аз Қудси Шариф низ муҳофизат намоем. Ба Худо савганд, ки мо мусалмонон, на танҳо фаластиниён ва ё аъроб, балки яко-яки марду зани мусалмон, фардои қиёмат пеши Худо аз сарнавишти ин қибла мавриди бозхост қарор хоҳем гирифт.

Оре, Худованди Мутаол аз так-таки мо суол хоҳад кард, ки чаро дар баробари ишғоли ин макони муқаддас тавассути ишғолгарони саҳюнист сукут ихтиёр кардӣ? Чаро садоят баланд нашуд вақте дидӣ мавриди таҷовуз воқеъ мешавад?

Худо раҳмат кунад Имом Хумайнӣ (р)-ро, ки охирин ҷумъа аз моҳи мубораки Рамазони ҳар солро ба унвони "Рӯзи Қудс” эълом, ва аз так-таки мо мусалмонон ва низ озодагони ҷаҳон хост то садои худро баланд кунем ва барои озодии ин макони муқаддас саҳми хешро бигузорем.

Паёми таърихии Имом Хумайнӣ (р) ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Ман тайи солиёни дароз, хатари "Исроили ғосиб”-ро гӯшзади муслимин намудам, ки акнун, ин рӯзҳо ба ҳамалоти ваҳшиёнаи худ ба бародарон ва хоҳарони фаластинӣ шиддат бахшидааст ва ба вижа дар ҷануби Лубнон ба қасди нобудии муборизони фаластинӣ паёпай хонаву кошонаи эшонро бомбборон мекунад.

Ман аз умуми мусалмонони ҷаҳон ва давлатҳои исломӣ мехоҳам, ки барои кӯтоҳ кардани дасти ин ғосиб ва пуштибонони он, ба ҳам бипайванданд, ва ҷамии мусалмонони ҷаҳонро даъват мекунам, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро, ки аз айёми қадр аст ва метавонад таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Фаластин низ бошад, ба унвони "Рӯзи Қудс” интихоб ва тайи маросиме ҳамбастагии байналмилалии мусалмононро дар ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуми Фаластин эълом намоянд. Аз Худованди Мутаол приӯзии мусалмононро бар аҳли куфр хосторам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Руҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ

Суханони Муртазо Мутаҳҳарӣ роҷеъ ба масъалаи Фаластин

Он чи дар идома хоҳад омад, суханронии устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар Ошӯрои соли 1390 ҳиҷрии қамарӣ (1969) аст, ки дар ҷилди дуюми китоби "Ҳамосаи Ҳусейнӣ” низ омадааст.

Ин сухаронӣ он замон аз сӯйи шаҳид ронда шуд, ки ҳанӯз дар Эрон шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ ҳоким буд ва Эрон дар он замон аз наздиктарин ҳампаймонҳои "Исроил” дар минтақа шумурда мешуд, ба ҳамин хотир, Мутаҳҳарӣ пас аз ин суханронии пуршӯр, тавассути нируҳои СОВОК (Созмони амнияти шоҳ) дастгир ва муддатеро дар зиндон басар бурд.

Шӯру ҳарорати ин суханони устоди шаҳид он қадар зиёд аст, ки шунавандаро нохудогоҳ то охирин калима маҷзуби худ мекунад. Худи ӯ дар аснои ин суханронӣ, чанд бор нохудогоҳ ашк рехтааст.

Инак, матни ин суханронӣ:

... Агар Паёмбари ислом зинда мебуд, имрӯз чӣ мекард? Дар бораи чӣ масъалае меандешид? Валлоҳ, биллоҳ қасам мехӯрам, ки Пайғамбари Акрам дар қабри муқаддасаш имрӯз аз яҳуд меларзад! Ин як масъалаи хеле рӯшан, мисли ду карат ду чаҳор аст! Агар касе ин масъаларо нагӯяд, гуноҳ кардааст. Ман агар нагӯям, валлоҳ муртакиби гуноҳ шудаам. Ҳар хатиб ва воизе агар нагӯяд муртакиби гуноҳ шудааст. Гузашта аз ҷанбаи исломӣ, Фаластин марбут ба давлате аз давлатҳои исломӣ ҳам нест, марбут ба як миллат аст; миллате, ки ӯро ба зӯр аз хонааш берун кардаанд. Таърихчаи Фаластин чист?

Муддаӣ ҳастанд, ки се ҳазор сол пеш ду нафар аз мо: Довуд ва Сулаймон барои муддати муваққате дар он ҷо салтанат кардаанд. Таърихро бихонед, дар тамоми ин муддати ду се ҳазорсола кай будааст, ки сарзамини Фаластин ба яҳуд тааллуқ доштааст? Кай будааст, ки бештари сарзамини Фаластин моли миллати яҳуд бошад? Оё бештари сарзамини Фаластин аз они миллати яҳуд аст? Қабл аз ислом ҳам моли онҳо набуд, баъд аз ислом ҳам моли онҳо набуд. Рӯзе, ки мусалмонон Фаластинро фатҳ карданд, Фаластин дар ихтиёри масеҳиҳо буд, на дар ихтиёри яҳудиҳо. Иттифоқан масеҳиҳо, ки бо муслимин сулҳ карданд, яке аз мавориде, ки дар сулҳнома гунҷонданд, ин буд, ки шумо яҳудро дар ин ҷо роҳ надиҳед. Гуфтанд: Мо бо шумо зиндагӣ мекунем, вале бо яҳуд зиндагӣ намекунем. Чӣ тавр шуд, ки якбора номи ватани яҳудӣ ба худ гирифт? Яке аз қазоёе, ки корномаи қарни моро торик мекунад; ин қарне, ки ба дурӯғ, номи ҳуқуқи башар, номи озодӣ, номи инсоният бар он гузоштаанд, ҳамин қазия аст. Яҳудиҳои дунё баъд аз ин ки аз миллатҳои ғайри мусалмон заҷру шиканҷа ва озор мебинанд, бузургонашон менишинанд мегӯянд то вақте ки мо дар атрофи дунё мутафарриқ ҳастем, дар ҳар ҷо ақаллияте ҳастем, сарнавишти мо ҳамин аст. Мо бояд марказеро интихоб кунем ва ҳамаамон он ҷо ҷамъ шавем, атбои мазҳаби яҳуд он ҷо ҷамъ шаванд.

Аввал ҳам, ҷоеро, ки фикр мекунанд, Фаластин набуд, ҷойҳои дигарро фикр мекунанд, баъд ҷанги байналмилалии аввал пеш меояд.

Муттафиқин бо усмониҳо меҷанганд. Ман намехоҳам аз усмониҳо дифоъ кунам, вале ҳар чи буд, ҳукумати воҳиде буд. Агар золим ҳам буд, билохира воҳид буд. Аъроби содалавҳ аз ҳукумати усмонӣ ба сутӯҳ омада буданд. Таҳрики муттафиқинро пазируфтанд. Аз дохил, алайҳи ҳукумати усмонӣ ҷангиданд, ба ваъдаи ин ки ба худи онҳо дар муқобили усмониҳо истиқлол бидиҳанд.

Англисҳо ба инҳо қавли қатъӣ доданд, ки мо ба шумо истиқлол медиҳем, ба шарти ин ки ба нафъи мо бо усмониҳо биҷангед. Дар хилоле, ки ин бабдбахтҳои нодони ноогоҳ, бо давлати исломии худашон меҷангиданд, Англия қавлу қарори худашро бо ҳизби саҳюнист, ки тоза ташкил шуда буд, муҳкам кард, ки Фаластинро медиҳем ба шумо дар қалби кишварҳои исломӣ.

Ҷомеаи байналмилал ба вуҷуд меояд. Адолатро бубинед! Тасвиб мекунад, ки дар дунё миллатҳое ҳастанд, махсусан миллатҳое, ки аз усмонӣ ҷудо шудаанд, ки чун рушд надоранд, мо бояд бар эшон сарпараст таъйин кунем то инҳоро идора кунанд. Яъне дар воқеъ мехостанд, ирсияи усмониҳоро тақсим кунанд. Қисмате аз онро доданд ба Фаронса, қисматеро доданд ба Англия... Аз ҷумла ҷойҳое, ки Англия гирифт Фаластин буд. Гуфт ман қаййим ва сарпарасти шумо ҳастам, расман шуд кафил. Баъд ба саҳюнистҳо ваъда дод, ки ман ин ҷоро ба шумо месупорам.

Саҳюнистҳо яъне яҳудиёне, ки даҳҳо қарн ин ҷониб дар гӯшаҳои дигари дунё зиндагӣ мекарданд ва аз нажодҳои дигар буданд. Ман худам фикр мекардам, ки яҳудиёни мавҷуд, ҳама аз насли Исроиланд. Ҳоло мебинам, ки таърих ташкик мекунад, мегӯяд ин ҳарф дурӯғ аст. Бисёре аз яҳудиён аслан аз насли Исроил нестанд, ҷомеи муштаракашон фақат мазҳаб асту бас. Ҳатто нажодашон ҳам холис намондааст.

Яҳудиёне, ки дар атрофи дунё зиндагӣ мекарданд, фақат ба далели ин ки фарангиҳо ба инҳо заҷр додаанд ва инҳо дар пайи нуқтае мегарданд, ки он ҷо ҷамъ шаванд ва ба далели ин ки мардуми хиёнатпешае ҳастанд ва ба далели ин ки китоби муқаддасашон ба онҳо иҷозат додааст, ки агар ба сарзамине рафтед, раҳм набояд дар шумо вуҷуд дошта бошад ва аз ҳеҷ василае барои пешбурди ҳадафатон имтиноъ накунед. Баъд, ки Англия василаи муҳоҷираташонро фароҳам кард, ба ин сарзамин муҳоҷират карданд ва заминҳоро хариданд, дар ҳоле ки яҳудии таҳҷоӣ дар Фаластин беш аз панҷоҳ ҳазор нафар нест, алъон ҳам он бечораҳо дар бадбахтии фавқулоддае зиндагӣ мекунанд. Яъне яҳудиёни аврупоӣ ва амрикоӣ, ки омаданд, аз ҷумла бадбахтиҳое, ки ба вуҷуд оварданд, ин аст, ки сарбори яҳудиёни аслие ҳастанд, ки ҳақ доранд дар он ҷо зиндагӣ кунанд.

Як идда рӯшанфикр дар байни аъроб буд, қиём карданд, инқилоб карданд. Аммо яҳудиён онҳоро куштанд, эъдом карданд, ба дор кашиданд. Мураттаб яҳудиҳоро фиристоданд, ҳамин ки иддаи зиёд шуд, аслиҳаи зиёдеро ҳам байнашон пахш карданд, баъд инҳо афтоданд ба ҷони мусалмонони таҳҷоӣ, куштанду заданд ва баъд ҳам овора карданд. Пушти сари якдигар аз кишварҳои аврупоӣ муҳоҷират мешуд, омаданду омаданд. Ин яҳудиёне, ки шумо имрӯз исмашонро мешунавед, Муше Даян, Зули Ашкол, Голдамайер, зуҳри мор... охир бубинед инҳо аз куҷои дунё омадаанд? Муддаӣ ҳастанд, ки ин сарзамин, сарзамини мост. Имрӯз дар ҳудуди се миллион нафар мусалмон овора аз хонаву зиндагияшон ҳастанд. Ҳадаф магар танҳо ҳамин аст, ки як давлати кӯчак дар он ҷо ташкил шавад? Хеле иштибоҳ кардаед, хеле ҳам иштибоҳ мекунем. Ӯ медонад, ки як давлати кӯчак наметавонад он ҷо зиндагӣ кунад, як Исроили бузург, ки доманааш аз ин тараф шояд то Эрон ҳам кашида шавад.

Ба қавли Абдураҳмон Фаромарзӣ ин Исроиле, ки ман мешиносам, фардо иддаои Шерозро ҳам мекунад ва мегӯяд, шоирҳои шумо ҳамеша дар ашъорашон исми Шерозро гузоштаанд Мулки Сулаймон! Ҳар чи бигӯӣ, ки ин ташбеҳ аст, мегӯяд санади аз ин ҳам беҳтар мехоҳӣ? Магар иддаои Хайбарро, ки наздики Мадина аст, надоранд? Магар Рузвелт ба подшоҳи вақти Арабистони Саудӣ пешниҳод надод, ки шумо биёед ин шаҳрро ба инҳо бифурӯшед? Магар инҳо иддаои Ироқ ва сарзаминҳои муқаддаси шуморо надоранд?

Валлоҳ ва биллоҳ мо дар баробари ин қазия масъулем. Ба Худо қасам, масъулият дорем. Ба Худо қасам мо ғофил ҳастем. Валлоҳ, қазияе, ки дили Паёғамбари Акрамро имрӯз хун кардааст, ин қазия аст! Достоне, ки дили Ҳусейн ибни Алиро хун кардааст, ин қазия аст!

Агар мехоҳем ба худамон арзиш бидиҳем, агар мехоҳем ба азодории Ҳусейн ибни Алӣ арзиш бидиҳем, бояд фикр кунем, ки агар Ҳусейн ибни Алӣ имрӯз буд ва худаш мегуфт барои ман азодорӣ кунед, мегуфт, чӣ шиоре бидиҳед? Оё мегуфт, бихонед: Навҷавон Акбари ман? Ё мегуфт, бигӯед, Зайнаби музтарам! Алвидоъ, алвидоъ? Чизҳое, ки ман (Имом Ҳусейн) дар умрам ҳаргиз ба ин гуна шиорҳои пасту зиллатовар тан надодам ва як калима аз ин ҳарфҳо нагуфтаам!

Агар Ҳусейн ибни Алӣ буд, мегуфт, агар мехоҳӣ барои ман азодорӣ кунӣ, барои ман ба сару синаат бизанӣ, шиори имрӯзи ту бояд Фаластин бошад! Шимри имрӯз Муше Даян аст. Шимри ҳазору сесад сол пеш мурд. Шимри имрӯзро бишнос! Имрӯз бояд дару девори ин шаҳр бо шиори Фаластин такон мехӯрд. Ҳей дурӯғ дар мағзи мо карданд, ки ин як масъалаи дохилӣ аст, марбут ба арабу Исроил аст.

Боз ба қавли Абдураҳмони Фаромарзӣ, агар моли инҳост ва мазҳабе нест, чаро яҳудиёни дигари дунё мураттаб барои инҳо пул мефиристанд? Мо чӣ ҷавобе дар муқобили ислом ва Паёмбари Худо дорем?

Оё чанд рӯз пеш дар рӯзнома нахондед, ки дар соли гузашта яҳудиёни соири нуқоти дунё, ба яҳудиёне, ки феълан шиносномаи исроилӣ доранд, 500 миллион доллар барои инҳо фиристоданд, ки бо ин пулҳо аслиҳа бихаранд, бомб бирезанд бар сари мусалмонон.

Шунидаам яҳудиёни Эрон дар соли гузашта муодили пули ду фонтум фиристоданд. 36 миллион доллар пул аз яҳудиёни Эрони худамон барои онҳо ба унвони кӯмак рафт.

Ман он яҳудиҳоро ба унвони ин ки яҳудӣ ҳастанд, маломат намекунам, мо худамонро бояд маломат кунем, ӯ ба ҳамкеши худ кӯмак кардааст, бо камоли ифтихор пул мефиристад, расид (фактура)-аш ҳам аз Муше Даян меояд ва онро дар бозор ҳам нишон медиҳад, мегӯяд биё расидашро бубин. Магар ҳамин ду се шаб пеш нанавиштанд, ки алъон фақат яҳудиёни муқими Амрико, рӯзе як миллион доллар ба Исроил кӯмак мекунанд?!

Он вақт талоши мо мусалмонон дар ин замина чӣ будааст? Ба Худо, хиҷолат дорад, мо худамонро мусалмон бидонем, пайрави Алӣ ибни Абӯтолиб бихонем. Аслан ман бояд бигӯям, баъд аз ин достонеро, ки мо аз Алӣ ибни Абӯтолиб нақл мекунем, ҳаром аст, ки дигар дар минбарҳо нақл кунем, ки рӯзе Алӣ ибни Абӯтолиб шунид, ки душман ба кишвари исломие ҳамла кардааст, баъд фармуд, шунидаам як зани мусалмон ё занеро, ки дар таҳти ҳимояти мусалмонон аст, гирифтаанд. Шунидаам душман сарзамини муслиминро ғорат кардааст, мардонашро куштааст, асир кардааст, мутаарризи занони онҳо шудааст, зеварҳоро аз гӯшу дасти онҳо рабудааст. Баъд ҳамин Алӣ, ки мо изҳори пайравии ӯро дорем ва нисбат ба ӯ ҳассосиятҳои бемаъно ва дурӯғин нишон медиҳем, фармуд: "Агар як марди мусулмон бо шунидани ин хабар аз шиддати нороҳатӣ бимирад, сазовор аст ва мавриди маломат нест!

Оё мо вазифа надорем, ки кӯмаки молӣ ба онҳо бикунем? Оё инҳо мусалмон нестанд, азизон надоранд? Оё инҳо барои ҳаққи машрӯи башарӣ қиём намекунанд? Кист, ки имрӯз мункир шавад, ки фаластиниҳои овора ҳаққи бозгашт ба ватани худро надоранд? Ман дар сафари Макка баъзе аз инҳоро дидам. Як ҷавонҳое, фақат мегуфтанд: Мо умедамон фақат ба хуни шуҳадоямон аст.

Афроде дар байни онҳо ҳастанд, ки валлоҳ барои либосашон мӯҳтоҷанд ва бараҳна меҷанганд. Агар 700 миллион ҷамъияти мусалмони дунё ҳар рӯзе як риёл бидиҳад, дар сол наздик ба 300 миллиард доллар мешавад. Агар фақат мардуми Эрон, ки 25 миллион нафар ҳастем ва 98 фоизи мо мусалмон аст, ҳар фард рӯзе як риёл ба Фаластин кӯмак кунад, дар сол ҳудуди 90 миллион туман мешавад. Агар як ушри мусалмонон ҳам ҳар кас рӯзе як риёл кӯмак кунад, дар сол 9 миллион туман мешавад...

Ба василаи мол, ки метавонем кӯмак кунем. Валлоҳ, ин инфоқ воҷиб аст, мисли намоз хондан ва рӯза гирифтан воҷиб аст. Аввалин суоле, ки баъд аз мурдан аз мо мепурсанд, ҳамин аст, ки дар заминаи ҳамбастагии исломӣ чӣ кардед? Пайғамбар фармуд: Ҳар кас бишнавад садои мусалмонеро, ки фарёд мекунад: мусалмонон ба фарёди ман бирасед! ва ӯро кӯмак накунад, дигар мусалмон нест, ман ӯро мусалмон намедонам.

Чӣ монее дорад, ки миқдори каме аз даромади худамонро ихтисос ба инҳо диҳем? Чаро яҳудиёни дунё ҳатто яҳудиёни Эрон кӯмак кунанд ва миллатҳои дигар онҳоро таҳсин кунанд, боракаллоҳ бигӯянд, миллати бедор бигӯянд, вале мо накунем? Мардуми бедор он мардуме ҳастанд, ки фурсатшинос бошанд, дардшинос бошанд, ҳақшинос бошанд. Ман вазифаи худамро амал кардам. Вазифаи ман гуфтан буд ва Худо медонад, ҷуз таҳти фишори виҷдон ва вазифаи худам чизи дигаре набуд. Ин кӯмаки молиро вазифаи шумо медонам ва вазифаи худам ва ҳар хатиб ва воизе медонам, ки инро бигӯяд, бар ҳар хатибу воизе ман воҷиб медонам, ки чунин ҳарферо бизанад. Мароҷеи бузурге мисли Оятуллоҳ Ҳаким ва дигарон, расман фатво додаанд, ки касе, ки дар он ҷо кушта мешавад, агар намоз ҳам нахонад, шаҳид дар роҳи Худост. Пас биёем ба худамон арзиш бидиҳем, ба кору фикри худамон арзиш бидиҳем, ба китобҳои худамон арзиш бидиҳем, ба пулҳои худамон арзиш бидиҳем, худамонро дар байни миллатҳои дунё обрӯманд кунем. Иллати ин ки давлатҳои бузурги ҷаҳон чандон дар бораи сарнавишти мо намеандешанд, ин аст, ки мӯътақиданд, мусалмон ғайрат надорад. Амрикоро фақат ҳамин як масъала ҷуръат бахшидааст. Мегӯянд, мусалмон ғайрат надорад, ҳамбастагию ҳамдардӣ надорад.

Мегӯяд, яҳудие, ки барои пул мемирад, ҷуз пул чизе намешиносад, худояш пул аст, зиндагияш пул аст, ҳаёту мамоташ пул аст... Вақте ба чунин масъалаи ҳассосе мерасад, рӯзе як миллион доллар ба ҳамкешонаш кӯмак мекунад, вале 700 миллион мусалмони дунё камтарин кӯмаке ба ҳамкеши худ намекунанд!

Поёни суханони шаҳид Мутаҳҳарӣ

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 641 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz