Ҷумъа, 26.04.2024, 20:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 9 » Асбоби ақабафтодагии мо тоҷикон
Асбоби ақабафтодагии мо тоҷикон
01:08

Сайидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ

Мо тоҷикон замоне маҳди илму тамаддун будаем, фарзандоне ҳамчун Бӯалӣ Синову Берунӣ, Рӯдакиву Носири Хусрав доштаем, ки ҳанӯз модари таърих монанди онро назодааст. Замоне шаҳрҳои мо марокизи аслии илму фарҳанг буд, ки аз саросари ҷаҳон барои таҳсили илм ба он ҷо меомаданд. Вале акнун ҳоламон ба ҷое расидааст, ки бояд мурғони ҳаво ва моҳиёни дарё ба ҳоли мо бигирянд.

Нигоҳе ба сарнавишти ҷомеаҳои инсонӣ

Инсон мавҷудест бе ниҳоят камолҷӯ, ва ин бад-он маъност, ки бе ниҳоят истеъдод дорад, пас бояд бе ниҳоят талошу кӯшиш намояд то битавонад ин истеъдоди худро ба феълият бирасонад.

Вақте мо як нигоҳе ба таърих ва гузаштаи инсон меандозем, мебинем, ки ҷомеаи инсонӣ ҳаргиз яксон набудааст. Ҷомеае муддате соҳиби рушду тараққӣ шуда, пас аз гузашти замоне рӯ ба уфул гузоштааст, ва ҷомеае, ки дар ақабмондагӣ ва бадбахтӣ ба сар мебурда, ногаҳон ба ҳаракат даромада, дар муддати кӯтоҳе дорои тамаддуне гаштааст. Вале дар ин миён, ба ҷомеаҳое ҳам бармехӯрем, ки ҳаргиз рӯи рушду тараққиро надида ва пайваста ақабмондаву пайрави дигарон ва масрафкунандаи илму фарҳанги бегонагон будаанд.

Албатта ногуфта намонад, ки рушду тараққии башар ҳамеша ҷомеъ ва фарогир набудааст, балки ғолибан пешрафти ҷомеаи башарӣ як ҷониба ва дар бахше аз ҷанбаҳои инсонӣ будааст. Ҷомеае дар заминаи адабиёту фалсафа гӯи сибқатро аз дигарон бурда, ҷомеаи дигар дар заминаи илму санъат, ва яке, дар хусуси меъморӣ ва мусиқӣ ва ғайра. Вале гоҳе дар тӯли таърих ба ҷавомее бармехӯрем, ки рушди ҳамаҷониба доштааст ва дар тамоми заминаҳо ибтикор ва навоварӣ оварда, тамаддуне сохтааст, ки муддаҳо ё ҳатто барои ҳамеша, сармашқ ва сарлавҳаи башарият қарор гирифтааст.

Нишона ва шохисаҳои ҷомеаҳои пешрафта ва ақабафтода

Ин ҷо ин суол пеш меояд, ки нишона ва шохисаҳои ҷомеаҳои пешрафта чист? Авомил ва асбоби он кадом аст? Дар муқобил, нишона ва шохисаҳои ҷомеаи ақабафтода чист, ва авомил ва асбоби он кадом аст?

Агар бихоҳем ба ин суол посухи асосӣ дода бошем, бояд ба авомили решаии он бипардозем. Аз он ҷо ки ҷомеа аз афроди инсон ташкил шудааст, аз ин рӯ, ин афрод ҳастанд, ки дар ҳақиқат ҷомеаро месозанд, пас мебоист дар қадами аввал, вижагиҳо ва хусусиёти як инсони рашид ва ба истилоҳ камолёфтаро бишносем.

Аввалин вижагие, ки ба назар мерасад боиси рушду парвариши инсон мегардад, ин маърифат ва шинохт аст. Дар гоми нахуст шинохти худ ва ҷойгоҳи худ ва ин ки усуман ман кистам, аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд, ба куҷо меравам, чӣ ниёзҳо ва тавоноиҳое дорам?

То инсон ба ин суолҳои аслӣ посухе надошта бошад, ҳеҷ ҳаракат ва талоше нахоҳад дошт, чун ҳеҷ шинохте аз худ ва ҷойгоҳи худ надорад, ҳеҷ ангезае барои ҳаракат надорад, чун ҳадаф ва мақсаде надорад, куҷо биравад, аслан чаро бояд ҳаракат кунад?

Ӯ монанди ҳайвонот фақат ба хӯрду хоби худ машғул хоҳад буд ва бас, ва ҳаргиз тағйиру таҳаввуле дар ӯ нахоҳад буд, зеро он чи ки инсонро аз ҳайвонот ҷудо месозад, маърифат ва шинохт аст ва бидуни он дар ҳақиқат, фақат дорои як ҳаёти ҳайвонӣ аст; ҳаёти ҳайвонӣ яъне ҳаёте, ки фақат ба хӯрдану ошомидан ва фақат ба омезишу ҷуфтгирӣ ниёз дорад на бештар.

Вижагии дуюм, ки худ ба худ аз вижагии аввал зода мешавад, эътимод ба нафс ва умед аст; яъне инсон вақте ба худ, Худои худ, ҷаҳони перомуни худ ва ҳастӣ маърифат ҳосил кард, мефаҳмад, ки ӯ беҳуда офарида нашудааст, хилқати ӯ мақсад ва ғояте дорад ва ӯ мебоист дар зиндагӣ роҳеро бипаймояд, ки ӯро ба он мақсад бирасонад, бинобар ин, ӯ зиндагиро дорои маъно меёбад, ба хотири ҳамин, ба оянда умед пайдо мекунад, ва ин умед ӯро ба ҳаракат вомедорад.

Вижагии сеюм: талошу кӯшиш аст баъд аз ҳосил шудани шинохт ва умед барои инсон, инсон худ ба худ ба ҳаракат дармеояд то худро ба ғоят ва мақсади хилқаташ бирасонад, ва дар ин роҳ, тамоми талошу тавонашро ба кор мегирад, чун медонад, ки бидуни он ба мақсад, ғоят ва ҳадафаш нахоҳад расид.

Ба назар мерасад ин чанд вижагӣ ва омил, аз асбоби аслии рушд ва тараққии инсон ба шумор меравад ва сабабҳои дигар, ҳама зермаҷмӯаи ин асбоб қарор дорад.

Таъсири шинохт дар ҷаҳонбинӣ

Дар ин ҷо ёдоварии як нукта лозим аст, ва он ин ки дуруст аст, ки шинохт ҳамеша боиси рӯшноӣ ва мӯҷиби эътимод ба нафс ва умед мегардад, ва ин умед ҳам, сабаби ҳаракат ва пешрафт, вале ногуфта пайдост шинохту маърифат ҳамеша яксон нест. Гоҳе шинохти инсон фақат маҳдуд аст ба табиат, ва гоҳе ҳам маҳдуд ба инсону табиат, ва гоҳе ҳам фаротар аз инҳо. Дар ҳар сурат, шинохти инсон аз ҳар чизе, боиси арзёбӣ ва таърифи инсон аз он чиз мегардад.

Агар инсон ҳастиро маҳдуд ба табиату модда донист ва инсонро як мавҷуди моддӣ, худ ва ҳастиро ба сурати моддӣ таъриф ва тафсир мекунад, ва ба ҳамин тартиб, агар ҳастиро маҳдуд ба табиату модда надонист ва онро фаротар аз табиату модда шинохт, табиатан, онро ба сурати ғайри моддӣ таърифу тафсир хоҳад кард.

Истилоҳан ба ин таърифу тафсири ҳастӣ, инсон, ҷомеа, табиат ва ҳар чизи дигар, ҷаҳонбинӣ гуфта мешавад. Ҷаҳонбинии афрод ва гурӯҳҳо мухталиф аст; яъне як гурӯҳ ҷаҳонро ба гунае таърифу тафсир мекунад, гурӯҳи дигар ба гунае дигар... Хулоса, ҳар тавр ки инсон ҷаҳонро шинохт, ногузир ҳамон гуна зиндагӣ хоҳад кард; яъне агар ҷаҳонро моддаи маҳз донист ва инсонро моддии маҳз, ӯ наметавонад барои ҷаҳон ғояте ғайри моддӣ фарз намояд ва барои инсон саодати абадие тасаввур бикунад.

Таъсири ҷаҳонбинӣ дар идеология

Бинобар ин, роҳу равиши зиндагӣ ва усулу меъёрҳо ва бояду набоядҳо, ҳамеша бархоста аз он ҷаҳонбинӣ аст. Ба ин роҳу равиш ва усули куллӣ ва бояду набоядҳо, истилоҳан идеология, ё мактаби фикрӣ гуфта мешавад. Идеология усули куллӣ ва меъёрҳои аслии зиндагиро мушаххас мекунад; яъне мегӯяд, чӣ бояд бикунӣ, чӣ набояд бикунӣ, ҳадафи зиндагӣ чист ва роҳи рафтан ба он кадом аст? Идеология мегӯяд, чӣ гуна бояд сохт, тибқи чӣ улгу ва сармашқе ва чӣ ҷомеаро сохт?

Маълум шуд, ки шинохт ва ҷаҳонбинии инсон ва таърифи ӯ аз инсон, ҷомеа, таърих, табиат ва ғайра, ҳар гуна буд, идеологияи ӯ ҳам ночор, ҳамон гуна хоҳад буд.

Агар ҷаҳонбинии мо ғайри моддӣ ва тавҳидӣ буд, ночор идеологияи мо яъне роҳу равиши куллии зиндагиамон ҳам бояд тавҳидӣ бошад, ва агар моддӣ буд, роҳу равиши зиндагиямон ҳам моддӣ хоҳад буд. Зеро инсон ҳамон тавр ки бар асоси ҷаҳонбиниаш мактаби фикриашро сохта буд, ҳамин тавр қонун ва равобити иҷтимоияшро бар асоси он мактаб ва идеология танзим хоҳад кард.

Агар ҷомеае аз чунин бинишу маърифати мунсаҷиме дар бораи инсон ва ҷаҳон бархӯрдор бошад, хоҳ дуруст ё нодуруст, метавон фарорӯи он ҷомеа уфуқи рӯшане дид ва барояш чашмандозеро дар оянда тарсим кард. Зеро чунин ҷомеае аз худаш, ҳадафаш, аз роҳаш, аз ниёзҳову тавоноиҳояш таъриф ва тафсири рӯшане дорад ва медонад дар куҷо қарор дорад, ба куҷо бояд биравад. Бинобар ин чунин ҷомеае дучори таваққуф ва истоӣ нахоҳад шуд ва пайваста дар ҳоли таҳарруку таҳаввул ва таҳсилу тавлид хоҳад буд.

Истиқлоли фикрӣ, маншаи истиқлоли иҷтимоӣ

Дар қадами аввал, таҳсили илм ва тавлиди фикр, дар қадамҳои баъдӣ тавлиди абзор ва лавозими зиндагӣ. Тавлиди фикр барои фаҳму дарки дурусти шароит ва ниёзҳои гуногуну нав ба нави ҷомеа ва тавлиди абзору лавозим барои осонӣ ва тасҳили роҳи расидан ба аҳдоф ва таъмини он ниёзҳо. Бар асоси ниёзҳои худ, фикр тарроҳӣ мекунад ва бар асоси тавоноиҳо ва имконоти худ аз табиат беҳтару бештар баҳрабардорӣ мекунад, аввал дардро ташхис медиҳад, баъд давои муносиби он дард пайдо мекунад.

Ин яъне бедорӣ, огоҳӣ, ҳаракат, пешрафт ва тавсиа. Ин яъне истиқлол ва озодӣ, истиқлол дар фикру андеша, дар илму санъат, дар тавлиду таксир.

Ҳоло мабонии фикрӣ ва ҷаҳонбинии як ҷомеае ҳар тавре буд, агар ҳам иштибоҳи маҳз буд (мисли ҷаҳонбинии материалистӣ), дар ҳар ҳол, чунин ҷомеае дар ҳоли таҳаррук ва ҷунбуҷӯш аст, на таваққуф ва таҷаммуд. Ин ҳаракат ва ҷунбуҷӯш дар ҳар тақдир беҳтар аз он ҳолати истоӣ ва хоболудагӣ аст, чун ҳадди ақал бедор аст, худ барои худ тасмим мегирад, худ соҳиби ихтиёри худ аст, афсорашро ба дасти дигарон насупурда ва бардаву ғуломи касе нашудааст. Дар ҳоле ки агар ҷомеае аз ин биниш ва бедорӣ худро маҳрум карда бошад, табиатан эътимод ба нафс надорад, умеде надорад ва табиатан ҳаракате ҳам нахоҳад дошт, дар ҷои худ мехкӯб шуда, танбалу хоболуда гаштааст.

Ин ҳолат дар ҳақиқат супурдани афсори хеш дар дасти дигарон аст, чун агар ман барои худам барномае нарезам, худ ба худ дигарон бароям барнома хоҳанд рехт. Агар ман барои сарнавиштам наандешам, дигарон меандешанд. Агар ман ниёзҳоямро ташхис надиҳам ва мутобиқи он фикру нақша тарроҳӣ накунам, маҷбурам тибқи нақшаи дигарон амал кунам. Агар худам абзору лавозими зиндагиамро тавлид накунам, маҷбурам бо хиффату хорӣ аз дигарон талаб кунам ...

Ва дар як сухан, инсон ва ҷомеаи инсонӣ аз ду ҳолат хориҷ нест: ё мустақиллу озод аст, ё вобаставу барда, ё соҳиби тавлиду тавсиа аст, ё масрафкунандаву ақибмонда... Ҳоло исми онро ҳар чӣ бигузоранд, вале асли моҳият ҳеҷ фарқе надорад. Рӯзгоре, ба он арбобу барда мегуфтанд, рӯзгоре истеъморгару истеъморшуда, имрӯз ҳам рӯи он исми ҷаҳони аввалу ҷаҳони дуввуму ҷаҳони севвум гузоштаанд, вале ҳеҷ фарқе дар асли мавзӯъ накардааст.

Мусибати бузургтар ин аст, ки ин фикру андеша ва ин барномаву нақша, ки мӯҷиби пешрафти соҳибони он шудааст, ҳаргиз боиси пешрафти масрафкунандагони он намегардад, инро таҷрибаи талхи садаҳои ахир ба вузӯҳ нишон медиҳад.

Сирри матлаб ҳам он ҷост, ки он фикру андеша ва он барномаву нақша мутобиқи шароит ва хусусиёти ҷомеаҳои дигар тарроҳӣ шудааст, мисли доруе, ки барои дармони дарди хоссе ё калиде, ки барои боз кардани қулфи махсусе тарроҳӣ ва сохта шудааст, ки агар он дору барои дарди дигаре масраф шавад, на фақат дард дармон намешавад, балки ба он афзуда хоҳад шуд ва ҳамчунин агар бихоҳӣ бо он калид қулфи дигареро боз намоӣ, ҳам калидро шикастаӣ ҳам қулфро аз кор андохтаӣ.

Аз ин рӯ таълим ва тадриси улуми инсонии Ғарб - аз фалсафа гирифта то ҷомеашиносӣ ва аз ҳуқуқ гирифта то сиёсат - наздики як қарн аст, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таълим дода мешавад, вале ҳаргиз он натиҷаеро, ки дар Ғарб медиҳад, ин ҷо намедиҳад. Ин демократия, ки ба унвони як равиши мудирияти ҷомеа дар Ғарб ба кор омадааст, дар ҷавомеи исломӣ ҳаргиз коромад набудааст, ба хотири он ки ин навъ демократия либосест, ки бар тани либерализм дӯхта шуда, ва он либеролизм ҳам, бархоста аз тарзи тафаккури уманистӣ аст, ва умманизм ҳам, зоидаи нисбият дар маърифат аст, ки дар Ғарб ба вуҷуд омад.

Пас ин улуми инсонии ғарбӣ, яъне ҷомеашиносиву равоншиносӣ ва улуми сиёсиву ҳуқуқ ва ғайра, аслу решае ва падару модаре доранд, ки ин аслу реша дар ҷаҳони Ғарб кошта шуда, ки агар онро аз решааш ҷудо созӣ хушк хоҳад шуд.

Иштибоҳ дар маърифат, боиси иштибоҳ дар равиши зиндагист

Албатта чун мабонии фикрӣ ва маърифатии Ғарб, мабонии ғалат ва нодурусте буд, меваҳо ва фарзандони он натавонист ҷомеаи Ғарбро ба таври саҳеҳ ва ҷомеъ рушду парвариш диҳад, балки як рушди ноқис ва карикотурӣ ба онҳо дод. Яъне чун мабонии маърифатии Ғарб аз дидани бахши асили ҳақиқат ва аз кашфи қисмати зербинои ҳастӣ нотавон монд, дучори нисбият дар маърифат ва дар натиҷаи он, нисбият дар ҳақоиқ ва арзишҳо шуд, ва ин ба навбати худ, мабнои улум ва масоили инсониву иҷтимоӣ гашт, ки ин улум вазифаи мудирият ва ҳидояти ҷомеаи Ғарбро бар ӯҳда гирифт.

Дар натиҷа нигоҳи Ғарб ба зиндагӣ, ҷомеа ва инсон, як нигоҳи нисбӣ ва моддӣ шуд, ва ҳар рушду тараққие ҳам ки кард, бо ин нигоҳ сурат гирифт. Яъне улуми инсонӣ ва иҷтимоии Ғарб, бо ин гароиш ба пеш рафт, ки чӣ тавр метавон бар худ ва дигарон мусаллат шуд? Чӣ тавр метавон худ ва дигаронро контрол кард? Контрол ва тасаллути бар худро илми равоншиносӣ баён кард ва контролу тасаллут бар дигаронро улуми иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Ба ҳамин хотир аст, ки дар Ғарб мактаби фалсафии Нитше ва мактаби равоншиносии Фрейд ва мактаби сиёсии Макявеллӣ ба вуҷуд омад.

Нитше қоил аст, ки инсон зотан фақат дар пайи қудрат аст ва ҳар чиро ҳам бихоҳад, ба хотири он мехоҳад, ки фикр мекунад ӯро ба қудрат мерасонад. Илм, ҳунар, ахлоқ, зебоӣ, дин ва ғайра, ҳеҷ кадом, матлуби биззоти инсон нест, ва ҳеҷ кадом асолат надорад, балки ҳама ба хотири қудрат матлуб аст.

Макявеллӣ дар заминаи сиёсат қоил аст, ки дар сиёсат фақат қудрат асилу арзишманд аст ва масоили дигар мисли адолат, хидмат, озодӣ ва ғайра, ҳамаро бояд барои касби қудрат ба кор гирифт.

Фрейд аз назари равоншиносӣ баён мекунад, ки асл ва решаи гароиши динӣ ва ахлоқии инсон, гароиши ҷинсӣ аст, ки дар кӯдакиву навҷавонӣ таъмин нашуда ва дар равони нохудогоҳи инсон анбошта шуда ва дар фурсати муносибе тағйири шакл дода, ба сурати гароиш ба дину ахлоқ буруз кардааст. Ин мактаб ҳамаи арзишҳои маънавии инсонро дурӯғину тақаллубӣ ва танҳо як арзиш; он ҳам гароиши ҷинсиро дар инсон асил медонад.

Вақте ҷомеае аз назари равонӣ чунин таълимоте гирифт ва аз назари фалсафиву сиёсӣ чунон таълимоте, худ ба худ ҳамаи пешрафти худро дар хидмати қудрат ва шаҳват қарор медиҳад, ки натиҷааш ҳам ду сад сол истеъмору истисмори кишварҳои Осиёву Африқову Амрикои Ҷанубӣ дар хориҷ аз Аврупо ва кашмакашу низоъ бар сари қудрат дар дохили Аврупо хоҳад буд, ки дар натиҷаи он ғорату чаповули сарвати даҳҳо кишвар ва ду ҷанги ҷаҳонии аввалу дуввум мебошад, ки дар он беш аз ҷангҳои таърихи башар, инсон кушта мешавад.

Аз тарафе ҳам, равобити ҷинсӣ дар Ғарб он чунон лиҷомгусехта мешавад, ки ҳатто ҳайвонот ҳам аз он ҳаё мекунанд ва низоми хонавода чунон сусту пошида мешавад, ки баъд аз гузашти муддате ба бӯҳрони ҷиддӣ табдил мешавад, ки ҳеҷ роҳи ҳалле барои ислоҳаш пайдо намешавад.

Ҳамаи инҳо ба хотири он аст, ки мабонии маърифатӣ ва фикрии Ғарб ғалат буд. Вақте мабонӣ нодуруст бошад, маънои зиндагӣ ҳам нодуруст фаҳмида мешавад, ҳадаф ва мақсад ҳам иштибоҳ гирифта мешавад, дар натиҷа пешрафти илмию санъатии башар ба ҷои он ки мояи оромишу осоиши инсон бошад, боиси дарди сару балои ҷони ӯ мегардад. Чун ки илму таҷриба ва санъату технология ба инсон роҳ нишон намедиҳад, ба инсон мақсаду ҳадаф таъйин намекунад, илму технология ба мо фақат кӯмак мекунад, ки чӣ тавр метавон роҳро наздик кард, чӣ гуна мешавад осонтар рафт, чӣ тавр мешавад аз табиат беҳтар ва бештар баҳра ҷуст. Аммо ин ки ба куҷо бояд рафт? Роҳи рафтан кадом аст? Аслан чаро бояд пеш рафт? Посух ба ин саволот аз ӯҳдаи улуми таҷрибӣ берун аст, ҷаҳонбиниву идеология бояд ба он посух диҳад. Агар посухи саҳеҳе дод, он вақт илму технология асбоби оромишу осоиш ва хушбахтии башарро фароҳам мекунад, вале агар посухи нодурусте ба он саволоти асосӣ дод ва ҷаҳонбиниамон ҷаҳонро каҷ дид, дар он сурат ҳамон илму технология асбоби дарди сару мояи нобудии мо хоҳад буд, ҳамон тавре ки имрӯз дар остонаи он қарор дорем.

Ҳама медонем, ки мо инсонҳо бо истифода аз ин илму технология силоҳҳое сохтаем, ки агар Худой накарда мунфаҷир бишаванд, ин қудратро доранд, ки барои ҳафт бор ин кураи хокиро нобуд созанд. Баъд аз баёни ин матолиб, хуб аст барои он мисдоқ зикр намуда, баҳсро ба сурати мисдоқӣ идома диҳем.

Тоҷикон дар масири таърих

Ин ҷо мехоҳам назари хонандаи мӯҳтарамро ба вазъу сарнавишти миллати азизи тоҷик ҷалб кунам. Ҳамон тавр ки дар боло гуфта шуд, ҷавомеи инсонӣ дар гузари таърих сарнавишти якнавохте надоштаанд. Ҷомеае дар бурҳае аз таърих, дар авҷи рушду тараққӣ ва илму маърифат қарор гирифта ва дар бурҳаи дигар ҳеҷ баҳрае аз он надоштааст.

Ҷавомеи исломӣ умуман ва ҷомеаи Осиёи Миёна хусусан ва мо тоҷикон билахас, дучори чунин сарнавиште шудаем. Мо тоҷикон замоне маҳди илму тамаддун будаем, фарзандоне ҳамчун Бӯалӣ Синову Берунӣ, Рӯдакиву Носири Хусрав доштаем, ки ҳанӯз модари таърих монанди онро назодааст. Замоне шаҳрҳои мо марокизи аслии илму фарҳанг буд, ки аз саросари ҷаҳон барои таҳсили илм ба он ҷо меомаданд. Вале акнун ҳоламон ба ҷое расидааст, ки бояд мурғони ҳаво ва моҳиёни дарё ба ҳоли мо бигирянд.

Воқеан чаро чунин шудааст? Иллати он чист? Оё мо он замон дину фарҳанги дигаре доштем? Ё ин ки он замон боҳуштар аз ҳоло будем?

Ҷавоб рӯшан аст. На дину фарҳангамон дигар шуда, на ҳушамон камтар, балки он замон худамон барои худамон фикр мекардем, барнома мерехтем ва нақша тарроҳӣ мекардем, мутаносиб бо мабонии динию фарҳангӣ ва маърифатию фалсафии худамон улуми иҷтимоӣ ва инсониамон тарроҳӣ мешуд, мутобиқ бо шароит ва ниёзҳоямон ба мудирияти ҷомеа меандешидем, дар натиҷа як системаи маърифатӣ ва фалсафии низомманде ба вуҷуд оварда будем, ки инсонро, ҷомеаро, таърихро, табиатро, ҷаҳони ҳастиро ва оғозу анҷомро хеле дақиқу рӯшан бароямон таъриф мекард, ба тавре ки мо дар он комилан худ ва ҷойгоҳи худ, ҳадаф ва роҳи худро ба вузӯҳ медидем ва мешинохтем ва медонистем кӣ ҳастем, куҷо ҳастем, куҷо бояд биравем, аз чӣ роҳе бояд биравем? Дар натиҷа, бо огоҳӣ қадам бармедоштем, ва чун мабонии маърифатию фалсафии мо аз сарчашмаи зулоли ваҳйи илоҳӣ об мехӯрд, рушду тараққии ҷомеъ ва комилан мутобиқ бо ҳақиқати инсон ва ниёзҳои воқеии ӯ сурат гирифта буд, бинобар ин ҳамаи ҷавониби мо мутаносиб бо ҳам ва мутавозин рушд карда буд; ҳам фалсафаву физикамон, ҳам калому фиқҳамон, ҳам улуми таҷрибиву риёзиамон, ҳам меъмориву ҳунарамон, ҳам ҳуқуқу сиёсатамон... Мо ҳаргиз дар даврони тамаддуни исломӣ дигаронро истеъмору истисмор накардем, балки ҳуқуқи ҳамаи мардум бароямон баробар буд ва на дучори фасоди ахлоқиву иҷтимоӣ будем.

То ин ки худамон кам кам мағрур шудем ва аз он усули диниву фарҳангиямон фосила гирифтем, ва ба иборати дигар, аз решаву пояи худ ҷудо шудем, дар натиҷа суқут карда, кам кам хушкидем ва то ҳоло ба худ наёмадаем.

Дар ин муддат, ки мо дучори ғафлат шудем, дигарон аз роҳ расиданд ва ба мо гуфтанд, ки шумо ҷомеаи ақибмондае ҳастед, ва агар бихоҳед рушд кунед, бояд аз гузаштаи худ даст бикашед, то битавонед мисли мо фикр ва мисли мо зиндагӣ кунед, ва он қадар инро ба мо талқин карданд, ки кам кам мо бовар кардем, ки гӯё онҳо зотан инсонҳои боҳушу пешрафтаанд ва мо зотан камҳушу ақибафтода, ва дигар ҳатто ба худ ҷуръат надода ва намедиҳем, ки хориҷ аз чорчӯбе, ки онҳо тарсим кардаанд, фикр бикунем.

Ин вазъ беш аз як қарн идома дорад, вале мо ҳар рӯз ақиб ва ақибтар меравем. Мо имрӯз на мусалмони тамом ҳастем на кофири мутлақ. Мусалмони тамом нестем, чун фақат аз ислом аҳкоми ибодиву масоили ҷузъиро ёд гирифтаем, бидуни маърифат ва ҷаҳонбинии исломӣ. На хабар дорем, ки ислом аз инсон чӣ таърифе дорад, чӣ ҳадафе аз хилқати ӯ дар назар гирифтааст, ва на хабар дорем, ки таърифи ислом аз ҷомеаиву таърих чист, барномаҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва сиёсии ислом чӣ гуна аст, ҷаҳони ҳастӣ ва оғозу анҷоми онро чӣ гуна мешиносад... дақиқан мисли як ҷисми берӯҳ, ё як гули маснӯӣ гаштаем, беҳиссу берушду беҳаёт.

Кофири мутлақ нестем, чун бо вуҷуди сарсупурдагӣ ва қарор гирифтан дар чорчӯби фикриву иҷтимоӣ ва сиёсии ғарбиҳо, ҳанӯз дар зиндагии шахсӣ ва хонаводагиамон аз онҳо пайравӣ накардем, дар натиҷа, на барномаи онҳо ба мо суд бахшид ва на динамон моро ба пеш бурд. Ба қавли Қуръони Карим «Дар ин байн саргардонанд, на бо онҳо ва на бо инҳо».

Мо ба хотири надоштани фикру шинохти мустақил, эътимод ба нафси худро аз даст дода, ноумед гаштаем, дар натиҷа ҳеҷ таҳаввулу таҳарруке дар мо дида намешавад ва комилан ба ҷомеаи вобастае табдил шудаем; вобастагӣ дар ҳамаи ҷанбаҳо, ва аз худ ҳеҷ чиз надорем ва барои доштани соддатарин имконоти ҳаётӣ, бояд ба дари ину он гадоӣ намоем, ба як бозори масараф табдил шудаем, барои сохтаҳо ва маҳсулоти дигарон; он ҳам на барои колоҳои дараҷаи як ва ду, балки барои колоҳои пасту бехаридор.

Асбоби ҳама инҳо ...

Модари ҳамаи ин бадбахтиҳо, надоштани ин чанд вижагӣ, яъне маърифату ҷаҳонбинӣ, умеду эътимод ба нафс ва талошу кӯшиш аст, ки ҳар ҷо ин авомили тиллоӣ вуҷуд надошт ва ҳар кас ин иксири аъзамро аз даст дод, худ ба худ санади бадбахтиву вобастагӣ ва бардагиву асирии худро имзо кардааст. Вақте ҷомеае соҳиби фикру андеша набуд, соҳиби ҳеҷ чиз нест. Вақте фикру андешаи ҷомеае вобаста буд, ҳамаи вуҷудаш вобаста аст.

Иншоаллоҳ дар мақолаи баъдӣ, қасд дорем барномаи иҷтимоӣ-сиёсии исломро ба тафсил баён кунем. Дар охир, аз андешмандону рӯшанфикрони дилсӯзи тоҷик хоҳиш дорам, ки дар ин замина бештар таваҷҷӯҳ намоянд ва мардуму донишҷӯёни азизамонро огоҳ созанд, то шояд ҷомеаи мо қадре ба ҷунбиш дарояд ва миқдоре ба ҳуш ояд.

Комёб бошед

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 681 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz