Чоршанбе, 24.04.2024, 11:24
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 6 » Ҳама диндоранд ва бедине вуҷуд надорад
Ҳама диндоранд ва бедине вуҷуд надорад
22:44

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дин, дар як сухан, роҳи зиндагӣ аст. Одами зинда, чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, чун зинда аст, ногузир роҳеро мепаймояд. Мо, инсони зиндае, ки дар ҷодаи зиндагӣ роҳ наравад суроғ надорем магар он ки мурда бошад. Пас, ҳама диндоранд, бо ин тафовут, ки бархе аз дини хеш, ё ҳамон роҳи худ, огоҳанд, бархе ҳам огоҳ нестанд, ва гурӯҳе низ хештанро ба надонистан мезананд, аммо ба ҳар ҳол, ҳама, бидуни истисно, диндоранд, ва одами бедин вуҷуди хориҷӣ надорад.

Пурсише, ки ин ҷо худнамоӣ мекунад ин аст, ки агар муддао чунин аст, пас, касоне, ки "бедин”-ашон мехонем, чӣ касоне ҳастанд? Посух ин аст, ки онҳо низ, диндоранд, аммо аз он ҷо ки унвони "диндор” фақат ба касоне итлоқ мешавад, ки ба вуҷуди Худо имон доранд, аз ин рӯ, Худобоварон ононро "бедин” мехонанд, на ин ки асосан ба ҳеҷ роҳе дар зиндагӣ бовар надошта бошанд. Бо андаке тавзеҳ роҷеъ ба моҳияти дин, муддаои номбурда рӯшан мегардад.

Фарқи инсон бо соири ҷонварон дар ин аст, ки ҳар чанд ҳар ду ногузир раҳрави ҷодаи зиндагӣ ҳастанд, аммо ҳайвонот ноогоҳона роҳи зиндагӣ мепаймоянд ва инсон аз он огоҳ аст. Ҳайвонот дар гузиниш ва чигунагии паймоиши роҳ, аз худ ҳеҷ ихтиёре надоранд ва сарбаста зери султаи ғариза ба роҳи худ идома медиҳанд, вале дастгоҳи офариниш барои инсон ин имтиёз додааст, ки худ, ҳам навъи роҳеро, ки мепаймояд баргузинад, ва ҳам ирода дар чигунагии паймоиши он дошта бошад.

Дар гузиниши навъи роҳи зиндагӣ, шинохт ва огоҳии инсон нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, ҳар инсоне, дар оғоз, тасаввуре аз ҷаҳони ҳастӣ дар зеҳни худ месозад, ки гоҳ ин тасаввур мутобиқ бо воқеи хориҷ ҳаст, ва гоҳ мутобиқ бо хориҷ нест.

Бархе тасаввурашон ин мешавад, ки ҷаҳони ҳастӣ офаринандае дорад, ва гурӯҳе ҳам бар ин бовар мерасанд, ки Худое дар кор нест. Ин тасаввур, ҳамон ҷаҳонбинии одамӣ-ро ташкил медиҳад, ва ҳам-ин дар таъйини чигунагии паймоиши роҳ барои инсон, ҳарфи аввалу охирро мезанад.

Касе ки бовараш ин шавад, ки ҷаҳон Худое дорад, дар паймоиши роҳи зиндагӣ, ногузир ҳавои ӯ бар сар хоҳад дошт ва чунон роҳ хоҳад паймуд, ки офаридгораш барои ӯ хоста. Аммо касе ки имонаш бар ин устувор гардад, ки Худое дар кор нест, дар паймудани роҳ, нақше барои Худо қоил нахоҳад шуд.

Пас, ҳар ду диндоранд ва ҳар ду ба чизе имон доранд, ва тафовут, фақат дар мутааллақи бовар аст, на дар асли он. Мутааллақи бовари аввалӣ, вуҷуди офаридгор аст, ва он чи имони дуюмӣ ба он тааллуқ гирифта, набудани Худо барои ҷаҳони ҳастӣ аст. Ҳамчунин, ҳар ду, пас аз ҳусули бовар дар зеҳн, роҳи зиндагӣ чунон мепаймоянд, ки муқтазои имон ва боварашон металабад.

Пас, ҳамаи сухан рӯи имони дуруст ё бовари нодуруст аст. Аз бовари ин ду гурӯҳ, ҳатман яке дуруст ва мутобиқ бо воқеъ мебошад, ва дигарӣ нодуруст. Ҳол, ки ҳама диндорем ва ҳамагон ба чизе бовар дорем, пас, сазовор ин аст, ки имонамон имони саҳеҳ бошад. Ба даст овардани имони саҳеҳ низ, дар гарави ба коргирии дурусти ақлу хирад аст, ва хушбахтона, хирад тавоноии комили таъйини ҳақиқат дар ин заминаро дорост.

Ин ҷост, ки пойи дониши фалсафа ба миён меояд. Зеро, танҳо ҳамин дониш аст, ки метавонад ҳарфи аввалу охир дар ин маҷолро бизанад, на илми сирф ва на паёми осмонии маҳз. Ҳам ононе муртакиби иштибоҳ шуда ва мешаванд, ки аз роҳи илми сирф (таҷрубӣ) мехоҳанд посухи ин пурсиш биҷӯянд, ва ҳам касоне ба хато мераванд, ки танҳо бо додаҳои тааббудии маҳз ҷавоби худ биёбанд.

Агар мо мусалмонон, бар ин боварем, ки ойини мо ойини ҳақ аст, бад-ин ҷиҳат аст, ки маориф ва додаҳои дини ислом, ҳама ва ҳама такягоҳи муҳкам ва устувори ақлӣ доранд.

Агар ойини мо мегӯяд, "ҷаҳон соҳибе дорад Худо ном”, аз он ҷост, ки хиради одамӣ мегӯяд, ҷаҳон офаригор дорад ва садҳо далелу бурҳони хирадписанд бар ин муддао иқома кардааст. Аммо касоне ки боварашон ин аст, ки Худое дар кор нест, ҳанӯз ҳеҷ далеле бар ин муддао, ҳарчанд яке, иқома накардаанд. Зеро, чунон ки Худобовар мулзам аст барои муддаои хеш далел иқома кунад, бар Худонобовар низ лозим аст барои иддаои худ бурҳон барпо намояд.

Агар дини мо мегӯяд, Худо якто ва дорандаи ҷамии сифоти камолӣ ва барӣ аз ҳар айбу нақс аст, бад-ин ҷиҳат аст, ки ақли одамӣ мегӯяд, ки маҳол аст офаридгор ҷуз яке бошад.

Алии Муртазо (к) дар васфи он зоти беҳамто мефармояд: "Сипос Худовандеро, ки суханварон аз сутудани ӯ нотавон, шуморандагон аз шумориши неъматҳои ӯ оҷиз ва кӯшишкунандагон аз адои ҳаққи ӯ дармондаанд... Парвардигоре, ки барои сифатҳои ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад ва таърифи комиле натавон ёфт ва барои Худо вақти муайяне наметавон таъйин кард... Сароғози дин Худошиносӣ аст, ва камоли шинохти Худо, ӯро бовар кардан аст, ва камоли бовар доштани Худо, шаҳодат ба ягонагии ӯст, ва камоли шаҳодат ба ягонагии ӯ, ихлос аст, ва камоли ихлос, Худоро аз сифатҳои махлуқоташ ҷудо кардан аст, чун ҳар сифате нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф аст, ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас касе, ки Худоро бо сифати махлуқоташ бишносонад, ӯро ба чизе наздик кардааст, ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шудааст, ва бо матараҳ шудани ду Худо, барои Худои бузург аҷзое тасаввур кардааст, ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо, ӯро нашнохтааст... Ҳар кӣ ба сӯи Худо ишора кунад, ӯро маҳдуд кардааст ва ба шумориш овардааст. Касе бигӯяд, ки Худо дар чист?, ӯро дар чизи дигаре пиндоштааст, ва ҳар касе ки бипурсад, Худо ба рӯи чӣ чизе қарор дорад?, ҳатман ҷоеро холӣ аз ӯ дар назар гирифтааст, дар сурате ки Худо ҳамеша буда ва аз чизе ба вуҷуд наомадааст. Худо бо ҳама чиз ҳаст, на ин ки ҳамнишини онҳо бошад, ва бо ҳама чиз фарқ дорад, на ин ки аз онҳо ҷудо ва бегона бошад. Анҷомдиҳандаи ҳамаи корҳост, бе ҳаракат ва абзор ва васила, биност ҳатто дар он ҳангом ки чизе вуҷуд надошт, ягонаву танҳост, чун касе набуда, то бо ӯ унс гирад ва ё аз набуданаш ваҳшат кунад...” (Наҳҷул-балоға, хутбаи аввал).

Агар ойини мо мегӯяд, паёмбарӣ ҳақ аст, аз он ҷост, ки ақлу хиради одамӣ бар он гувоҳ аст. Агар мегӯяд, охират ҳақ аст, бад-он далел аст, ки хиради башар қазоват мекунад, ки ногузир ҷаҳони дигаре дар кор аст, ки одамӣ дар он ба подоши неку баде, ки дар ин олам анҷом додааст, бирасад.

Агар ойини мо ба ростӣ, дурусткорӣ, адолат, вафодорӣ ва ғайра аз ахлоқи фозила инсонро мехонад, аз он ҷост, ки қивоми зиндагӣ бар пояи ҳамин ахлоқ устувор аст, ки агар набуд, зиндагӣ мухтал мегардид.

Агар ойинм мо одамиро аз иртикоби аъмоли зишту нораво бозмедорад, бад-он хотир аст, ки бо вуҷуди онҳо, зиндагӣ бар одамиён талх ва ногувор мегардад.

Кимиёи саодат

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 975 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz