Ҷумъа, 19.04.2024, 06:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 11 » Зарурати ваҳдати исломӣ дар суханони уламои исломӣ
Зарурати ваҳдати исломӣ дар суханони уламои исломӣ
17:56

Уламо ва андешмандони исломӣ дар тайи солиёни гузашта, барои ҳифзи пайкараи уммати исломӣ, илова бар фаъолиятҳои густарда ва мустамир, ба сурати назарӣ низ ҳамвора даъват ба ваҳдат ва иттиҳод намудаанд.

Аммо имрӯза шароити хоссе бар ҷаҳони ислом ҳоким гашта, ба тавре ки бештар аз ҳар замоне ниёз ба ваҳдат миёни муслимин эҳсос мешавад, ки ин худ ҳушёрии бештари мусалмононро металабад. Бинобар ин, иқдом ба ҷамъоварии гузидаҳое аз суханони гуҳарбори уламо дар заминаи ваҳдат намуда ва дар ихтиёри хонандагони мӯҳтарам қарор медиҳем.

Оятулло Хумайнӣ, раҳбари Эрон:

Мо бо муслимини аҳли суннат як ҳастем. Агар касе каломе бигӯяд, ки боиси тафриқа байни мо мусалмонҳо бишавад, бидонед, ки ё ҷоҳил аст ё аз касонест, ки мехоҳад байни мусалмонон ихтилоф биандозад. Аслан қазияи шиаю сунние дар миён нест, мо ҳама бо ҳам бародарем!

Лозим аст бародарони эронӣ ва шиаёни дигар кишварҳо аз аъмоли ҷоҳилона, ки сабаби тафриқаи суфуфи муслимин аст, худдорӣ кунанд, ва лозим аст дар гирдиҳамоиҳо ва намозҳои ҷамоати аҳли суннат ҳозир шаванд ва аз гузоштани баландгӯҳои мухолифи равия худдорӣ намоянд...

Агар мо худамон бо худамон ваҳдати калимаи худамонро нақз накунем, иттиҳод ва иитифоқи Шарқу Ғарб алайҳи мо ба ҷое нахоҳад расид!

Сайид Қутб, соҳиби тафсири гаронбаҳои Фи зилолил-қуръон:

Мусалмонон ба таъбири Қуръони Карим "ал-лати ҳия ақвам” (яъне ба равише, ки дурусттар аст) бояд ибтидо асоситарин амал, ки заруритарин ва фавритарини онҳост, дар пеш гиранд, яъне таҳсили ҷамоат, ки дар Қуръон ба "эътисом” таъбир шудааст. Чун шарти натиҷабахш будани амал, ҳамагонӣ будани он аст, то тафарруқ ва равишҳои мухталиф дар амал, асари онро хунсо накунад.

Аллома Аминӣ, аз барҷастатарин уламои шиа:

Ақоид ва орои мазоҳиб мухталиф аст ва (ин ихтилофи андеша) ҳаргиз риштаи ухувват ва бародариро, ки Қуръони Карим бо ҷумлаи "Иннамал мӯъминуна ихватун” (Ҳамоно мӯъминон бародаранд) тасреҳ кардааст, пора намекунад, ҳарчанд кори мабоҳисаи илмӣ ва муҷодилаи каломӣ ва мазҳабӣ ба авҷи худ бирасад. Сираи салаф ва дар раъси онҳо саҳоба ва тобеин низ ҳамин буд.

Мо муаллифон ва нависандагон дар ақтору акнофи ҷаҳони ислом, бо ҳамаи ихтилофоте, ки дар усулу фурӯъ бо якдигар дорем, як ваҷҳи муштарак дорем, ва он, имон ба Худо ва Паёмбари Худо (с) аст. Дар колбади ҳамаи мо, як руҳ ва як отифа ҳукмфармост, ва он, руҳи ислом ва калимаи ихлос аст.

Шайх Муҳаммад Ғаззолӣ, аз уламои муосири аҳли суннат ва ҷамоат:

Дин амр ба зудудани шикофҳо ва низоъҳо мекунад ва ба ваҳдату ҳамбастагӣ даъват менамояд, зеро Худованд мефармояд: "Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиан ва ло тафаррақу” ва низ мефармояд: "Ва ло танозаъу...”, аммо сӯгмандона, мо дар муқобили ин дастуроти рӯшан ва оёти муҳкам ҳастем; бо якдигар ба номи дин меситезем ва ҳар як ба роҳе меравем ва дар он таассуб меварзем ва бо дигар бародарони худ душманӣ мекунем.

Устоди Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ, аз мутафаккирони шиа:

Маълум аст, ки манзури уламои рӯшанфикри иломӣ аз ваҳдати исломӣ, ҳасри мазоҳиб дар як ва ё ахзи муштаракоти маҳозиб ва тарди мутафарриқоти онҳо, (ки на маъқул ва на мантиқӣ аст ва на матлуб ва илмӣ), нест, балки манзури эшон муташаккил шудани муслимин дар як саф, дар баробари душмани муштарак аст.

Мухолифини иттиҳоди муслимин барои ин ки аз ваҳдати муслимин як мафҳуми ғайри мантиқӣ ва ғайри илмӣ бисозанд, онро ваҳдати мазҳабӣ тавҷеҳ мекунанд, ҳол он ки уламои бузурги исломӣ қасд надоранд, ки ҳамаро шиа ва суннӣ кунанд, балки ғараз муташаккил кардани мусалмонон аст дар як сафи воҳид.

Шайх Маҳмуди Шалтут, собиқ шайхи Ал-азҳар:

Оини ислом ҳеҷ як аз пайравони худро маҷбур ба пайравӣ аз мазҳаби муайяне накардааст. Мазҳаби ҷаъфарӣ маъруф ба мазҳаби имомияи исно ашарӣ (шиа), мазҳабест, ки шаръан пайравӣ аз он монанди пайравӣ аз мазоҳиби аҳли суннат ҷоиз аст. Пас сазовор аст, ки мусалмонон ин ҳақиқатро дарёбанд ва аз таассуби норавое, ки нисбат ба мазҳаби муайяне доранд, дурӣ гузинанд, зеро дини Худо дар гарави пайравӣ аз мазҳабе набуда ва дар инҳисори мазҳаби муайяне нест.

Пешвоёни нахустини ислом аз назари илмӣ бо ҳам ихтилофи назар доштанд, аммо бо ин вуҷуд ба якдигар эҳтиром мегузоштанд ва якдигарро маъзур медонистанд, ба мақсади дидори якдигар бори сафар мебастанд ва матолиберо аз ҳам меомӯхтанд.

Оятулло Саид Муҳаммадбоқири Садр, аз уламои шиа:

Ман тамоми умрамро дар роҳи ваҳдат ва бародарии шиа ва сунӣ сарф кардаам ва аз ҳар паёме, ки сабаби ваҳдати онон гардад ва ҳар ақидае, ки онҳоро дар оғӯш гирад, дифоъ ва ҳимоят кардаам. Ман бародар ва фарзанди аҳли тасаннун ҳастам ҳамон андоза, ки бародар ва фарзанди шиа ҳастам.

Шайх Муҳаммад Абдуҳ, собиқ шайхи Ал-азҳар:

Тафриқа ва заъфи мазоҳиб ва дин, аз дасисаҳои бегонагон аст. Бегонагон кӯшидаанд фирақи мухталифи исломиро бо тафриқаандозӣ заиф кунанд ва дилҳои ононро нисбат ба ҳамдигар озурда созанд ва ононро аз дасуроти ростини ислом дур кунанд ва тухми шакро дар байни мусалмонон бипошанд ва робитаи мусалмонҳоро бо дини ростин кам кунанд.

Иттиҳод меваи дарахтест, ки танаҳо, шохаҳо ва баргҳои мухталифе дорад ва решаи он ҳамон ахлоқи фозила аст ва бар мусалмонон фарз аст, ки худро ба тарбияти ҳақиқии исломӣ биёроянд то аз самари он истифода кунанд.

Имом Мӯсо Садр, аз раҳбарони шиаёни Лубнон:

Ваҳдати калима ва як кардани нерӯҳо ва рушди короиҳо, на фақат аз шарифтарин ҳадафҳои динӣ ва васияти Паёмбари азимушшуъни мост, балки чизест, ки ба мавҷудияти мо, шарафи мо ва мавҷудияти наслҳои ояндаи мо бастагӣ дорад. Бале, масъалаест ҳаётӣ. Ин ваҳдати калима набояд ба сурати шиоре барафрошта ё сухани навишташудае бимонад, балки бояд тобише аз фикр ва тапидане аз дил ва роҳе барои рафтан бошад. Буъди асосӣ дар шинохти оянда бошад, ва ин, ҷуз бо талоши фикрии фавқулодда ва эҳтимоми хосси бархоста аз дарун ва кӯшишу талош ва шабзиндадорӣ муяссар нахоҳад буд. Дар ин ҳангом, ваҳдате хоҳем дошт намуна, ки дигарон аз он улгу хоҳанд гирифт.

Фишурда шудани суфуфи муслимин чизе нест, ки танҳо Паёмбари Акрам (с) онро супориш карда бошанд, балки зарурати зиндагӣ ва ақл низ онро ба мо тавсия мекунад ва мавзӯест, ки ҳастӣ ва бақои мо ба он бастагӣ дорад.

Мақсади ман аз ваҳдати калимаи муслимин он нест, ки онро кӯр-кӯрона такрор кунем, балки манзурам он аст, ки ваҳдат (ба тамоми маънои калима), дар тамоми тааллуқот ва андешаҳои мо ҷой гирад ва барномаи аъмол ва кӯшишҳои мо гардад.

Муҳаммад Рашид Ризо, аз уламои аҳли суннат ва соҳиби тафсири Ал-манор:

Яке аз бузургтарин гирифториҳои фирақи исломӣ, додани нисбати фисқ ба якдигар аст бо ин ки ҳама қасди расидан ба ҳақро доранд, бинобар ин ҳар кадом муҷтаҳиданд ва муҷтаҳид ҳарчанд хато кунад, маъзур аст.

Аллома Сайид Муҳаммадҳусейни Таботабоӣ, аз уламои шиа ва соҳиби тафсири Ал-мизон:

Шиаёни садри ислом ҳаргиз аз саффи аксарият канор нарафта ва дар пешбурди умури оммаи исломӣ, умуми мусалмононро дар саъю кӯшиш мушорикат медоданд ва бар он насиҳат менамуданд. Акнун низ бар умуми мусалмонон лозим аст, ки иттифоқи худро дар усули оини муқаддаси исломӣ дар назар гирифта ва аз ин ҳама фишору нороҳатие, ки дар тӯли ин муддат аз бегонагон ва авомили хориҷӣ кашидаанд, ба худ омада ва тафриқаи амалиро канор гузошта ва дар як саф қарор гиранд.

Доктор Умар Фаррух, аз уламои аҳли суннат:

Дар мазоҳиби исломӣ, тамоми ихтилофоти мавҷуд, ба муомилот ва вуҷӯҳи мухталифи ибодат марбут мегардад, аммо дар иртибот бо Худои Таоло ва расули ӯ ҳеҷ гуна ихтилофе вуҷуд надорад.

Аллома Кошифул-ғито, аз уламои шиа:

Бояд донист, ки мақсад аз тақриби байни мазоҳиби исломӣ, аз байн бурдани асли ихтилоф (-и назар) байни онҳо нест, балки танҳо орзу ва муҳимтарин ҳадаф ин аст, ки ин ихтилоф сабаби адовату душманӣ нагашта ва дуриҳову мушоҷираҳо ба бародарию наздикӣ табдил гардад.

Устод Аҳмад Амини Мисрӣ, аз уламои аҳли суннат ва ҷамоат:

Ҷои бисёр таассуф аст уммате, ки дорои як Худо, як паёмбар ва як китоб аст, афродаш дар масоили фаръӣ ва ҷузъӣ ба низоъу ифтироқ бархезанд ва дар иқомаи далел, даст ба аслиҳа бизананд.

Саид Абдулҳусейни Шарафуддин, аз уламои шиа:

Шиа ва сунниро сиёсат аз ҳам дур кард ва акнун бояд сиёсат ононро канори ҳам бигузорад.

Оятулло Сайид Муҳаммадтақии Ҳаким, аз уламои шиа:

Бисёре аз ихтилофот байни шиа ва суннӣ, зоидаи нисбатҳои дурӯғ ва таблиғоти козибест, ки ҳукуматҳои золим дар гӯшаҳои сиёҳу торик аз худ боқӣ гузоштаанд.

Аллома Муҳаммадтақии Қумӣ, аз уламои шиа:

Рафъи ихтилоф байни мусалмонон ва эҷоди иттиҳод ба маънои таҷдиди азамати ислом аст... Ихтилоф дар ғайри усули дин, зараре ба имон намерасонад ва ҳеҷ касро аз доираи ислом хориҷ нахоҳад сохт.

Аллома Муҳаммад Муҳаммади Маданӣ:

Бояд муҳаққиқин қабл аз вуруд дар заминаи таҳқиқ, либоси мазҳабӣ ва фирқаии худро канор гузоранд то битавонанд дар байни гуфтаҳо ва орои мухталифи мазоҳиби исломӣ бидуни ҳеҷ гуна таассубе беҳтарини онҳоро бо далел интихоб кунанд.

Саидаҳмади Хумайнӣ, фарзанди Имом Хумайнӣ:

Дер замонест, ки дар ҷавомеи исломӣ, ваҳдати муслимин ва иттиҳоди кишварҳои исломӣ бар сари забонҳост, аммо дар амал қадами мусбат ва таъйинкунандае бардоша намешавад. Вақте руҳи тафаккури тавҳид ва усули арзашие, ки лозимаи гароиши умумӣ ба ваҳдат аст, бар ҷавомеъ ҳоким набошад, талошҳо самаре нахоҳад дошт.

Баргирифта аз пойгоҳи Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 1233 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz