Ҷумъа, 26.04.2024, 15:34
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 28 » Замонавӣ будан ва ё замонавӣ шудан ба чӣ маъност?
Замонавӣ будан ва ё замонавӣ шудан ба чӣ маъност?
21:43

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Роқими сутур дар ин навиштор бар он аст то ба посухи ин ду пурсиш бипардозад: яке ин ки: "Замонавӣ будан ва ё замонавӣ шудан ба чӣ маъност?” Ва дигар он ки: "Оё ҳар он чи ба унвони "замонавӣ” матраҳ мешавад, қобили қабул аст ё нест?”

Пеш аз посух ба ин ду пурсиш лозим аст ёдоварӣ гардад, ки вожаи "замонавӣ” ғолибан дар ду арса матраҳ мешавад: яке дар маҷоли пешрафтҳои текноложӣ ва дигар дар заминаи фарҳанг ва зиндагии иҷтимоӣ. Замонавӣ будан ва ё шудан дар маҷоли нахуст, ба ин маъност, ки мо ҳар чи беҳтару бештар зиндагии хешро бо ҷадидтарин дастовардҳои текноложӣ ҳамоҳанг созем. Ин ҳам ба ин аст, ки ё худамон дар ин маҷол пешоҳанг бошем; яъне худи мо, пеш аз дигарон, бо талошу кӯшини бевақфа, даст ба ихтироъ ёзем ва он гоҳ бигузор дигарон ҳам аз дастовардҳои мо баҳра гиранд, ва ё ин ки агар худамон пешоҳанг набудем, дар ин сурат, аз ҳар он чи дигарон дар ин арса ба армуғон овардаанд, ба некӯтарин сурат баҳра гирем. Агар худамон натавонистем худрав ё ҳавопаймо ё роёна (компютер) ва аз ин қабил ашё ихтироъ кунем, бояд аз дастовардҳои дигарон дар ин маҷол истифода намоем ва ақиб наяфтем.

Ин маъно аз замонавӣ будан қобили қабул аст, балки мавриди ташвиқу тарғиби уқалои ҷомеа ва ойини муқаддаси ислом мебошад. Дар Қуръони Карим дар ин маҷол оёте мутааддид ҳаст, ки мусалмононро ба ин маъно аз "замонавӣ шудан” ташвиқ мекунад, аз ҷумла мефармояд:

"Ва омода созед барои (пайкор бо) онҳо аз нерӯ ва аспҳои баста (ва зинкарда) он миқдор, ки метавонед, то бад-ин васила душмани Худо ва душмани худатон ва дигароне ҷуз инонро, ки шумо намешиносед – ва Худо онҳоро мешиносад – битарсонед...” (Анфол/60).

Муфассирон дар тафсири ояти номбурда мегӯянд, "ояти мавриди назар ба таври куллӣ ба мусалмонон дастур медиҳад, ки аз нерӯ ва қувва то ҷое бархӯрдор шаванд, ки душманонашон аз онҳо битарсанд ва ба фикри истилои онон наяфтанд. "Аспҳои баста ва зинкарда” ҳам, ба унвони мисол ва тибқи нерӯи мавҷуд дар замони нузули оят оварда шуда, ки қатъан ба муқтазои замону макон, мухталиф мегардад. Ҳамчунин, калимаи "нерӯ”, ки дар ин оят мусалмонон ба омода кардани он маъмуранд, ҳар нерӯ ва қувваеро шомил аст, чи нерӯи ҷангӣ бошад ва чи нерӯҳои дигар, ки қатъан муҷаҳҳаз будан ба пешрафтатарин дастовардҳои текноложӣ, ки сабаби худкифоӣ ва истиқлолияти мусалмонон мешавад, аз ҷумлаи он аст”.

Аммо аз ривоёти набавӣ дар ин маҷол, ба қадре аҳодису ривоёт дорем, ки қобили шумориш нестанд. Ҳазрати паёмбари акрам (с), дар навбати аввал, аз мусалмонон мехоҳанд, ки худ пешоҳанг дар ин замина бошанд: "Дониш андӯзед аз гаҳвора то гӯр”, "Донишандӯзӣ барои ҳар марду зани мусалмон фарзи айн аст” (яъне ҳамон гуна ки барпоии намоз барои ҳар марду зани мусалмон фарзи айн мебошад, андӯхтани илму маърифат низ ба ҳамин сурат фарзи айн аст). Ва чун вожаи "илм” дар ин калимоти гуҳарбори расули акрам (с) ба сурати мутлақ ворид шудаанд, аз ҳамин ҷо шомили ҳар илму донише судманд аст, аз ҷумла илму донише, ки сабаби дастёзӣ ба пешрафтҳои текноложӣ мешавад.

Ҳамчунин, паёмбари акрам (с) мусалмононро ташвиқ мекунанд то дар ҷиҳати фарогирии илму дониш ҳадду марзе нашносанд, агар илм дар Чин ҳам ки бошад, ба суроғи он бираванд, ва ҳатто агар илму дониши судманд дар назди мушрик ҳам бошад, ба думболи андӯхтани он аз дасти ӯ биштобанд: "Дониш андӯз гар чи дар Чин бошад”, "Дониш гумшудаи фарди боимон аст, ҳар ҷо ки бошад, фаро мегирад”.

Ва аммо дар маҷоли фарҳанг ва зиндагии иҷтимоӣ...

Дар арсаи фарҳанг ва зиндагии иҷтимоӣ, порае аз падидаҳо, ки ғолибан "замонавӣ” номида мешаванд, ба ғалат рӯи онҳо вожаи "замонавӣ” гузошта шуда ва ё мешавад. Агар қарор бошад рӯи он падидаҳо унвоне ниҳода шавад, унвоне, ки гӯёи воқеияти онҳост, унвони "фарҳангпазирӣ” аст, на "замонавӣ”. Ва шакке ҳам нест, ки "фарҳангпазирӣ”, навъе ақибафтодагӣ аст, на пешравӣ, ки дар ин сурат, дуруст дар муқобили "замонавӣ будан ва ё замонавӣ шудан” қарор мегирад. Зеро маъмулан ҳар гоҳ вожаи "замонавӣ” бар забонҳо ҷорӣ шавад, нохудогоҳ мафҳуми "пешрафту пешравӣ” дар азҳон табодур мекунад, ки гӯи ҳар ду ҳамрадиф бошанд.

Масалан, агар мардеро бибинанд, ки шиму кастуми фарангӣ бар тан, галстук бар гардан, чеҳраи бериш; ба ҳадде ки поку покиза ришашро аз бех тарошида аст, рӯзномае ҳам дар даст дошта ва қиёфае низ мутакаббирона аз худ ба намоиш гузорад, нохудогоҳ мафҳуми "замонавӣ будан”-и ӯ бар азҳони мубораки эшон хутур мекунад, ҳарчанд дар воқеъ тараф аз кавдантарин ва бесаводтарини афрод ба шумор ояд.

Дар муқобил, ҳар гоҳ бо марде рӯбарӯ шаванд, ки либосе миллӣ бар андом; масалан ҷома бар тан, тоқӣ бар сар, масҳӣ ва ё мӯза дар по, чеҳрааш низ бо риш ороста, симо ва қиёфаи хоксорона ва бо тавозӯъ ҳам дошта бошад, нохудогоҳ қазоват мекунанд, ки тараф ҳатман "замонавӣ” нест ва ақибафтода аст, гар чи дар воқеъ ӯ алломаи даҳр ва аз нобиғаҳои замона бошад.

Ва ё масалан ба зане чашмашон афтад, ки нимаурён, бе рӯсарӣ, мӯйҳои сар бурида, бе эзор ва либоси занонаи фарангӣ бар тан дошта бошад, ӯро "замонавӣ”-яш мешуморанд, ва тоза ба русӣ ҳам мегӯянд ин зан "современная” аст. Аммо агар занеро бибинанд, ки либоси занонаи миллӣ бар тан, рӯсарӣ бар сар ва аз ҳама муҳим қиёфаи боҳаёе дошта бошад, мегӯянд, ин зан "замонавӣ” нест.

Ва аз ҳама бадтар он ки аҳёнан бе дин ва атеист будан, "замонавӣ”, ва диндор ва худобовар будан "ақибафтода” талаққӣ мешавад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки шояд воқеияти он "фарди замонавӣ”, ҷуз касе худбохта, худкамбин ва зоҳирпараст набошад, ки ҳар чи ба худу худияш тааллуқ дорад-ро ақибафтодагӣ ва ҳар он чиро ки ба ғарбиҳо (ки имрӯза аз милали "мутамаддин” ва "пешрафта” ҳисобида мешаванд) тааллуқ дорад-ро пешравӣ ва пешрафта шуморад.

Мутаассифона, як чунин тасаввури баччагона на танҳо дар азҳони мардумони оддии мо ҷавалон мезанад, балки азҳони касоне ки имрӯза дар ҷомеаамон дастандаркор ва масъулияте бар дӯш доранд низ ҷуз инро дабар надорад.

Вагарна, манъи духтарон ва занони бо рӯсарӣ аз вуруд ба марокизи илмӣ ба баҳонаи ин ки доштани рӯсарӣ навъе "ақибафтодагӣ” ва бе рӯсарӣ будан нишонаи "замонавӣ” будан аст-ро чӣ гуна арзёбӣ кунем?

Иҷбори донишҷӯёни писар барои бар тан кардани либосе махсус ва ҳатман бо галстук-ро ҷуз ин бидонем, ки иҷборкунандагони бар ин умур фикр мекунанд ин завоҳир моро "замонавӣ” месозад? Ҳатто кори бархе ба ҷое расида, ки донишҷӯёни улуми динӣ дар мадориси исломиро маҷбур ба тарошидани риш ва бар гардан гузоштани галстук мекунанд.

Решаи ин гуна тасаввури ғалат ҳам он аст, ки ин афрод фикр мекунанд, ки ҷомеаҳои пешрафта, масалан Ғарб, агар имрӯз дар ҳамаи ҷиҳот пешрафта аст, ба ин хотир аст, ки мардумонаш зоҳире инчунинӣ доранд; масалан мардонаш ғолибан бе риш, галстукдор, бе дин ва ғайра ҳастанд, ва ё занонаш нимаурён, бе рӯсарӣ ва аҳёнан бе ҳаё мебошанд.

Бояд дар ин маҷол бар ғарбиён офарин хонд, ки дар замони худ (қуруни вусто), аз мо ҷомеаи мусалмонон (ки дар он замон пешрафта будем), он чиро марбут ба илму дониши мо буд, некӯ фаро гирифтанд, вале ҳаргиз фарҳанги моро напазируфтанд, ва имрӯз ҳам тавонистанд фарҳанги хеш бар дигарон (моён) таҳмил кунанд, вале он чи марбут ба илму дониши эшон аст, ҳозир нестанд ба моён таҳвил бидиҳанд.

Дар поён лозим медонам навиштори худро бо қитъае шеър аз Алломаи Лоҳурӣ, ки дақиқан дар ҳамин мавзӯъ сурудааст ба поён расонам:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб

Не зи рақси духтарони бе ҳиҷоб

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст

Не зи урён соқу не аз қатъи мӯст

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст

Қуввати Афранг аз илму фан аст

Аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест

Монеи илму ҳунар аммома нест

Илму фанро эй ҷавони шӯху шанг!

Мағз мебояд на малбуси фаранг

(Девони Иқболи Лоҳурӣ, с 145, Теҳрон, 2001)

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 792 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz