Шанбе, 20.04.2024, 09:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 9 » Ҷувайбар ва Зулфо
Ҷувайбар ва Зулфо
02:20

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо мусалмонон, вақте иддао мекунем, ки исломи азиз танҳо ойин ва мактабест, ки барои башар саодат меоварад ва ӯро дар дунё ва охираташ хушбахт месозад, чунин иддаоеро на аз рӯи ҳаво гуфтаем ва на ба ҷиҳати он ки ба ин ойин нисбат дорем, балки он чи моро водор кардааст то як чунин иддаои бузургеро намойем ин аст, ки аз як сӯ, маорифи исломӣ – яъне он чи дар китобу суннат мутабалвар ҳастанд – дарбардорандаи ормонҳо ва хостаҳои фитрӣ ва ҳақиқии инсон (ҳар инсоне) мебошанд, ва аз сӯи дигар, ислом амалан тавонистааст ба ин ормонҳо ва хостаҳои фитрӣ ҷомаи амал бипӯшонад.

Ормонҳо ва хостаҳои фитрии башар, яъне ҳамон чизҳое, ки ҳар инсоне, бе он ки дар ҷое ва ё аз касе омӯхта бошад, бо фитрат ва табиаташ матлуб будани онҳоро дармеёбад ва хоҳони таҳаққуқи онҳост. Масалан, ҳар инсоне фитратан дармеёбад, ки адолат некӯст, ростӣ матлуб аст, фурӯтанӣ хулқи писандида аст, садоқат мамдуҳ аст... ва хоҳони барқарории адолат ва барчида шудани басоти зулму ситам аз ҷомеа, пирӯзии ростӣ бар дурӯғӣ, оройиши инсонҳо ба сифати фурӯтанӣ ва... мебошад. Ҳатто касоне ҳам ки золим, дурӯғгӯ, мутакаббир ва хоин ҳастанд, вақте эшонро бо ин авсоф бихонем, хушашон намеояд, балки дӯст доранд онҳоро одил, ростгӯ, фурӯтан ва ... бихонем. Чаро? Чун инсон дар фитрат чунин сиришта шудааст.

Оре, ин ҳақоиқро ҳар инсоне, чи осиёӣ бошад ё аврупоӣ, чи сиёҳпӯст бошад ва чи сафедпӯст, чи таҳсилкарда бошад ё бесавод, бо фитрати худододияш меёбад.

Яке аз ормонҳое, ки ҳар инсоне фитратан ба некӯ будани он эътироф ва хоҳони таҳаққуқи он мебошад ин аст, ки инсон ба воситаи имтиёзҳое чун нажод, ранги пӯст, молу сарват, ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва аз ин қабил хасоис бартар дониста нашавад, балки бартарии инсон ба воситаи хулқу хӯи писандидаи ӯ бошад. Некӯ ва писандида будани як чунин падидаро ҳар инсоне бо фитрати худододияш дармеёбад, ҳар чанд мутаассифона ғолиби инсонҳоро мебинем, ки чунин хасоисеро мояи бартарӣ қарор медиҳанд.

Қуръон дар ин хусус мефармояд: "Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан (Одаму Ҳавво) офаридем ва шуморо миллатҳову қабилаҳо қарор додем то якдигарро бозшиносед. Ҳар ойина, гиромитарини шумо назди Худо, парҳезгортарини шумост”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).

Паёмбари акрам (с) ҳам мефармояд: "Ҳар ойина Худо ба сурат ва молҳои шумо нигоҳ намекунад, балки ба дил ва амалҳои шумо нигоҳ мекунад». (Ривояти Ибни Моҷа).

Албатта, қобили ёдоварист, ки ислом дар ин маврид, фақат ба сухани холӣ ва дастури маҳз иктифо накардааст, балки мо амалан шоҳиди таҳаққуқи як чунин ормони фитрии башар дар ҷомеаи исломӣ мебошем. Шоиста аст дар ин замина достонеро, ки дар кутуби ривоии исломиямон ворид шудааст нақл кунам.

Дар оғози зуҳури ислом, марде аз аҳолии Ямома ба номи Ҷувайбар, ки ҳарчанд тангдасту сиёҳу кӯтоҳқад, аммо боҳушу ҳақталабу боирода, вақте овозаи ислом ва зуҳури пайғамбари хотамро шунид, зуд ба Мадина омад то аз наздик ҷараёнро бибинад.

Тӯле накашид, ки ислом овард ва дар силки мусалмонон даромад. Аммо чун на пуле дошту на манзилеву на ошное, муваққатан ба дастури Расули Акрам (с) дар масҷид ба сар мебурд. Тадриҷан дар миёни касони дигаре, ки мусалмон мешуданд ва дар Мадина мемонданд, афроде дигар ҳам ёфт шуданд, ки онҳо низ монанди Ҷувайбар фақиру тангдаст буданд, ва ба дастури пайғамбар (с) дар масҷид ба сар мебурданд, то он ки ба пайғамбар (с) ваҳй шуд масҷид ҷои сукунат нест, инҳо бояд дар хориҷи масҷид манзил кунанд. Расули Акрам (с) нуқтае дар хориҷ аз масҷид дар назар гирифт ва соябоне дар он ҷо сохт, ва он иддаро ба зери он соябон мунтақил кард.

Он ҷоро "Суффа” меномиданд, ва сокинони он ҷо ки ҳам фақир буданд ва ҳам ғариб, Асҳоби Суффа хонда мешуданд. Расули Худо (с) ва асҳоб, ба аҳволу зиндагии онҳо расидагӣ мекарданд.

Як рӯз Расули Худо (с) ба суроғи ин даста омада буд. Дар он миён чашмаш ба Ҷувайбар афтод, ба фикр рафт, ки Ҷувайбарро аз ин вазъ хориҷ кунад ва ба зиндагии ӯ сарусомоне бидиҳад. Хитоб ба ӯ фармуд:

- Чи қадр хуб мешуд зан мегирифтӣ, хонавода ташкил медодӣ ва ба танҳоии худ хотима мебахшидӣ, то ҳам ҳоҷати ту ба зан бароварда шавад ва ҳам он зан дар кори дунёву охират кӯмаккори ту бошад.

- Эй Расули Худо! На мол дораму на ҷамол, на ҳасаб дораму на насаб, чӣ касе ба ман зан медиҳад? Кадом зан рағбат мекунад, ки ҳамсари марди фақиру кӯтоҳқаду сиёҳпӯсту бадшакле монанди ман бишавад?

- Эй Ҷувайбар! Худованд ба воситаи ислом, арзиши афроду ашхосро иваз кард. Бисёре аз ашхос дар давраи ҷоҳилият мӯҳтарам буданд, вале ислом онҳоро пойин овард. Бисёре аз ашхос ҳам дар ҷоҳилият хору бемиқдор буданд ва ислом қадру манзилати онҳоро боло бурд. Худованд ба воситаи ислом ифтихор ба насабу ҳасабро аз байн бурдааст. Акнун ҳамаи мардум аз сафеду сиёҳ, қурашию ғайри қурашӣ, арабиву аҷамӣ, дар як дараҷаанд. Ҳеҷ кас бар дигарӣ бартарӣ надорад магар ба василаи тақво ва тоат. Ман дар миёни мусалмонон фақат касеро аз ту болотар медонам, ки тақво ва амалаш аз ту беҳтар бошад. Акнун ба он чи дастур медиҳам амал кун.

Ба ӯ дастур дод яксара ба хонаи Зиёд ибни Лабиди Ансорӣ биравад ва духтараш Зулфоро барои худ хостгорӣ кунад. Зиёд ибни Лабид аз сарватмандон ва мӯҳтарамини аҳли Мадина буд. Афроди қабилаи вай эҳтироми зиёде барояш қоил буданд. Ҳангоме ки Ҷувайбар вориди хонаи Зиёд шуд, гурӯҳе аз бастагон ва афроди қабилаи Зиёд дар он ҷо буданд.

Ҷувайбар пас аз нишастан даранге кард ва сипас сарро баланд кард ва ба Зиёд гуфт:

- Ман аз тарафи пайғамбар паёме барои ту дорам, маҳрамона бигӯям ё ошкоро?

- Паёми пайғамбар барои ман ифтихор аст, албатта ошкоро бигӯ.

- Пайғамбар маро фиристода, ки духтарат Зулфоро барои худам хостгорӣ кунам.

- Пайғамбар худаш ин мавзӯъро ба ту фармуда?

- Ман, ки аз пеши худам ҳарфе намезанам, ҳама маро мешиносанд, аҳли дурӯғ нестам.

- Аҷиб аст, расми мо нест духтари худро ҷуз ба ҳамшаънҳои худ аз қабилаи худамон бидиҳем, ту бирав, ман худам ба ҳузури пайғамбар хоҳам омад, ва дар ин мавзӯъ бо худи эшон музокира хоҳам кард.

Ҷувайбар аз ҷо ҳаракат кард ва аз хона берун пафт, аммо ҳамон тавр ки мерафт, бо худаш мегуфт: "Ба Худо қасам он чи Қуръон таълим додааст ва он чизе ки нубуввати Муҳаммад (с) барои он аст, ғайри ин чизест, ки Зиёд мегӯяд”.

Ҳар кас ки наздик буд, ин суханонро, ки Ҷувайбар бо худ зери лаб замзама мекард, мешунид.

Зулфо духтари зебои Лабид, ки ба ҷамолу зебоӣ маъруф буд, суханони Ҷувайбарро шунид, омад пеши падар то аз моҷаро огоҳ шавад.

- Падарҷон! Ин мард, ки ҳамин ҳоло аз хона берун рафт, бо худаш чӣ замзама мекард ва мақсудаш чӣ буд?

- Ин мард ба хостгории ту омада буд ва иддао мекард, ки пайғамбар (с) ӯро фиристодааст.

- Шояд воқеан пайғамбар (с) ӯро фиристода бошад ва рад кардани шумо ӯро, саркашӣ бар амри пайғамбар (с) маҳсуб намешавад?

-Ба ақидаи ту ман чӣ кор кунам?

- Ба ақидаи ман, зуд ӯро қабл аз он ки ба ҳузури пайғамбар (с) бирасад, ба хона баргардон ва худат бирав ба ҳузури пайғамбар (с) ва таҳқиқ кун қисса чӣ будааст.

Зиёд Ҷувайбарро бо эҳтиром ба хона баргардонд ва худаш ба ҳузури пайғамбар (с) шитофт. Ҳамин ки ҳазратро дид, арз кард:

- Эй Расули худо (с)! Ҷувайбар ба хонаи мо омад ва ҳамчун пайғоме аз тарафи шумо овард, мехоҳам арз кунам, ки расму одоти ҷории мо ин аст, ки духтарони худро фақат ба ҳамшаънҳои худамон аз аҳли қабила, ки ҳамаи ансору ёрони шумо ҳастанд бидиҳем.

- Эй Зиёд! Ҷувайбар мӯъмин аст, он шаъниятҳо, ки ту гумон мекунӣ, имрӯз аз миён рафтааст. Марди мӯъмин ҳамшаъни зани мӯъмина аст.

Зиёд ба хона баргашт ва яксара ба суроғи духтараш Зулфо рафт ва моҷароро нақл кард. Зулфо гуфт:

- Ба ақидаи ман пешниҳоди Расули Худо (с)-ро рад накун, матлаб марбут ба ман аст. Ҷувайбар ҳар чи ҳаст, ман бояд розӣ бошам, чун Расули Худо (с) ба ин амр розӣ аст, ман ҳам розӣ ҳастам.

Зиёд Зулфоро ба ақди Ҷувайбар даровард. Маҳри ӯро аз моли худаш таъйин кард. Ҷиҳози хубе барои арӯс таҳия дид. Аз Ҷувайбар пурсиданд:

- Оё хонае дар назар гирифтаӣ, ки арӯсро ба он хона бибарӣ?

- Ман чизе ки фикр намекунам ин буд, ки рӯзе дорои зану зиндагӣ бишавам. Пайғамбар (с) ногаҳон омад ва ба ман чунину чунон гуфт ва маро ба хонаи Зиёд фиристод.

Зиёд аз моли худ хона ва ҷиҳози комил фароҳам кард, ба илова ду ҷомаи муносиб барои домод омода кард, арӯсро бо оройишу атру зевари комил ба он хона мунтақил карданд.

Шаб торик шуд, Ҷувайбар намедонист хонае, ки барои ӯ дар назар гирифта шуда куҷост. Ҷувайбар ба он хона ва он ҳиҷла роҳнамоӣ шуд. Ҳамин ки чашмаш ба он хона ва он ҳама лавозим ва арӯси он чунон зебо афтод, гузашта ба ёдаш омад. Бо худ андешид, ки ман марди фақиру ғарибе вориди ин шаҳр шудам. Ҳеҷ чиз надоштам; на мол, на ҷамол, на насаб ва на ҳасаб. Худованд ба василаи ислом ин ҳама неъмат бароям фароҳам кард. Ин ислом аст, ки ин чунин таҳаввуле дар мардум ба вуҷуд оварда, ки фикрашро ҳам намешуд кард. Ман чӣ қадр бояд Худоро шукр кунам.

Ҳамон вақт ҳолати ризоят ва шукргузорӣ ба даргоҳи Худои маннон дар вай пайдо шуд, ба гӯшае аз утоқ рафт, ва ба тиловати Қуръон ва ибодат пардохт. Як вақт ба худ омад, ки нидои азони субҳ ба гӯшаш расид. Он рӯзро шукронаи нияти рӯза кард. Вақте ки занон ба суроғи Зулфо рафтанд, вайро бикру дастнахӯрда ёфтанд. Маълум шуд, ки Ҷувайбар аслан ба наздики Зулфо наёмадааст. Моҷароро аз Зиёд пинҳон нигоҳ доштанд.

Ду шабонарӯзи дигар ба ҳамин минвол гузашт. Ҷувайбар рӯзҳо рӯза мегирифт ва шабҳо ба ибодату тиловат мепардохт. Кам-кам ин фикр барои хонаводаи арӯс пайдо шуд, ки шояд Ҷувайбар нотавонии ҷинсӣ дорад ва эҳтиёҷ ба зан дар ӯ нест. Ночор матлабро бо худи Зиёд дар миён гузоштанд. Зиёд моҷароро ба иттилои пайғамбари акрам (с) расонид. Пайғамбари акрам (с) Ҷувайбарро талабид ва ба ӯ фармуд:

- Магар дар ту майл ба зан вуҷуд надорад?

- Иттифоқан, ин майл дар ман шадид аст.

- Пас чаро то кунун назди арӯс нарафтаӣ?

- Эй Расули Худо (с)! Вақте ки вориди он хона шудам ва худро дар миёни он ҳама неъмат дидам, дар андеша фурӯ рафтам, ки Худованд ба ин бандаи ноқобил чӣ қадр иноят фармуда, ҳолати шукру ибодат дар ман пайдо шуд. Лозим дидам қабл аз ҳар чизе Худои худро шукронаи ибодат кунам. Аз имшаб назди ҳамсарам хоҳам рафт.

Расули Худо (с) айни ҷараёнро ба иттилои Зиёд ибни Лабид расонид, Ҷувайбар ва Зулфо бо ҳам арӯсӣ карданд ва бо ҳам ба хушӣ ба сар мебурданд. Ҷиҳоде пеш омад. Ҷувайбар бо ҳамон нашоте, ки махсуси мардони боимон аст, зери парчами ислом дар он ҷиҳод ширкат кард ва шаҳид шуд. Баъд аз шаҳодати Ҷувайбар, ҳеҷ зане ба андозаи Зулфо хостгор надошт ва барои ҳеҷ зане ба андозаи Зулфо ҳозир набуданд пул харҷ кунанд.[1]

Кимиёи саодат


[1] Достони мазкур аз китоби Достони Ростони шаҳиди мутафаккир муртазо Мутаҳҳарӣ нақо шуд.

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 1051 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz