Душанбе, 26.10.2020, 10:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 29 » Терроризм ва исломгаройӣ
Терроризм ва исломгаройӣ
11:33

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯза чунин шудааст, ки ҳамин ки номи ислому исломгароён бар забонҳо ҷорӣ гардад, мутаассифона унвони террору террористҳо ҳам дар азҳон табодур мекунад, то ба ҷое ки гӯи ин вожаҳо, вожаҳои ҳамрадиф бошанд. Ҳатто кор ба ҷое расида, ки ҳар гоҳ дар ҷое ҳавопаймое рабуда шавад ва ё нобакороне аз зиндон фирор намоянд, нахустин эҳтимоле, ки медиҳанд ин аст, ки шояд исломгароён дар пушти ин ҷиноёт қарор доранд. Чаро чунин аст? Дар ин навиштор, роқими сутур бар он аст то ба посухи ин пурсиши муҳим бипардозад.

Дар оғоз, шоиста аст ёдовар гардад, ки барои шинохти як мактаб ва ё ойине ва ин ки чӣ додаҳоеро дарбар дорад, кофист ба манобеъ ва сарчашмаҳои аввалияи он мактаб муроҷеа шавад. Ҳеҷ касе, чи мусалмон бошад ва чи ғайри мусалмон, бо мутолеаи Қуръони Кариму суханони гуҳарбори Расули Акрам (с) изҳор надоштааст, ки таолим ва омӯзаҳои исломӣ, террористона ва ирҳобгуна мебошанд. Роҷеъ ба мусалмонон ҳам, наметавон гуфт, ки мусалмонон, ҳамагӣ, мардумони террористу ирҳобӣ ҳастанд. Чаро ки мусалмонон, мисли бақияи мардумони олам, хубу бад доранд, солеҳу фосид доранд, некӯкору бадкор доранд ва ...

Пас, достони ин "ҳамрадиф қарор гирифтан” (ва дурусттараш, "ҳамрадиф қарор дода шудан”)-и ин ду вожаи бо ҳам бегона ва зид; яъне вожаи ислому терроризм, чист? Оё ба иллати аъмоли норавои чанд мусалмони нобакор будааст, ё достоне дигар дорад?

Оре, достоне дигар дорад, ва бисёр ҳам талх аст. Ҳақиқат он аст, ки касоне амдан ва бо як барномарезии дақиқ, дар пайи он шуданд, ки исломро ба унвони як "ойини террористӣ” ва мусалмонони пойбанд (исломгароён)-ро ба сифати "террористҳо” барои афкори омма муаррифӣ кунанд? Ҳол, чаро чунин тасмиме гирифта шуд? Таҳлилгарон ва коршиносони мустақил, бо такя бар додаҳои воқеӣ ва малмус, се иллати асосӣ барои як чунин тасмими палиде зикр мекунанд:

1. Таҳдид донистани эҳёи тамаддуни исломӣ аз сӯйи Ғарб:

Баъд аз фурӯпошии девори Берлин ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва пас аз он ки дигар аз ноҳияи Блоки Шарқ ҳар гуна таҳдид аз миён рафт, Ғарб ва дар раъси он Амрико, хатари оянда барои "тамаддуни ғарбӣ”-ро аз ноҳияи мусалмонон, ва дурусттараш, аз ноҳияи "тамаддуни исломӣ” ва ба вижа исломгароёне, ки ба сурати ҷиддӣ ба думболи эҳёи муҷаддади ин тамаддуни инсонсоз буданд дида ва он гоҳ пеш аз он ки ин тамаддун аз нав қад алам намояд, хостанд дар гаҳвора хафааш кунанд. Ба ҳамин манзур, расонаҳо ва воситаҳои ахбори омма дар Ғарб, ба сурати густарда ва барномарезишудае, шурӯъ ба сиёҳ нишон додани чеҳраи ислом ва исломгароён намуда, ва мутаассифона то ҳудуде комёб низ шуданд.

Агар чанд даҳа пеш, русҳо ба унвони душмани фарзӣ дар бозиҳои ҷангии компютерӣ ба тасвир кашида мешуданд, имрӯза тақрибан дар тамомии ин қурсҳо ва сидиҳои бозии компютерӣ, ки мутаассифона фарзандони худи мусалмонон низ аҳёнан бо онҳо бозӣ мекунанд, ва касе ҳам мутаваҷҷеҳи масъала нест, мусалмонон ба унвони "душмани фарзӣ” ба тасвир кашида шуда ва мешаванд. Ва ин ҳама, барномарезишуда ва огоҳона аст.

2. Море, ки дар остини худ парвариданд:

Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: "Морро дар остини худ парварид”. Ин зарбулмасал он ҷо гуфта мешавад, ки касоне ноогоҳона душмани хешро бо дастони худ парвариш диҳанд. Тавзеҳ он ки замоне ки артиши Шӯравӣ вориди сарзамини Афғонистон шуда ва ин кишварро таҳти нуфузи хеш қарор дод, муборизоти мардумӣ алайҳи ҳузури артиши сурх дар Афғонистон саросари ин кишварро фаро гирифт. Гарчи муборизаи афғонҳо, сирфан характери "муборизаи миллӣ барои озодсозии сарзамини Афғонистон аз вуҷуди артиши сурхи Шӯравӣ” дошт, вале чун мардуми афғон мардуми мусалмон ҳастанд, табиӣ буд, ки ин муборизот унвони ҷиҳодро ҳам барои худ бигирад.

Аз сӯйи дигар, душмани сарсахти Шӯравӣ; яъне Амрико ва ҳампаймононаш, ки аз густариши "коммунизм” дар ҷаҳон ба ҳарос афтода буданд, Афғонистонро майдони хубе барои мубориза бо душмани худ ёфта, аз ба коргирии ҳар василаи мумкине барои дафъи "шарр”-и ин душман фурӯгузор накаранд.

"Ҷиҳод”, ки дар ислом, як амри муқаддас шумурда мешавад, беҳтарин василае буд, ки Амрико барои нобудии душмани худ, аз он барои таҳқиқи аҳдофи хеш баҳра гирад. Аз ин рӯ, ҳампаймонони худ дар кишварҳои арабӣ, ба вижа кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс-ро муваззаф сохт, ки ҷавонони боангезаи мусалмонро барои ҷиҳод "алайҳи кофирони худонобовар” ташвиқ намоянд то ба Афғонистон раҳсипор шуда ва алайҳи артиши Шӯравӣ ба "ҷиҳод” даст ёзанд.

Уламои ҷаҳони араб ҳам, шурӯъ ба таҳрики ҷавонони худ ба сафар ба Афғонистон барои "ҷиҳод” намуданд. Аз он тараф, дар Покистон низ, аз сӯйи нерӯҳои CIA (Созмони ҷосусии Амрико) ва Созмони амнияти Покистон урдугоҳҳои вижае роҳандозӣ шуда буд то "муҷоҳидони араб” ибтидо омӯзишҳои лозими низомиро дида, сипас ба сарзамини Афғонистон раҳсипор шаванд. Дар муддати чор панҷ сол, ҳазорон ҷавони арабӣ (ва ҳатто ғайри арабӣ) дар ин урдугоҳҳо ба дасти нерӯҳои CIA омӯзиши низомӣ дида ва он гоҳ ба "ҷиҳод” мепардохтанд. Ба тадриҷ, ин "муҷоҳидон” ба як созмони муназзам ва хатарноке ҳатто барои худи Амрико ва Покистон табдил гаштанд. Дар охирҳои ҷанги Афғонистон, раҳбарии ин созмон, ки минбаъд ҳамчун Созмони Алқоида шинохта шуд, ба дасти як миллиардери саудӣ ба номи Усома бин Лодан супурда шуд.

Пас аз хуруҷи артиши сурх аз сарзамини Афғонистон ва ба сари қудрат расидани муҷоҳидон, ин созмон ба тадриҷ аз зери назорати нерӯҳои CIA хориҷ шуда, ба фикри "идомаи ҷиҳод” алайҳи "кофирон” афтод. Амрико ва ҳамчунин Покистон, ҳаргиз ба зеҳнашон хутур намекард, ки ин "море”, ки худ дар остини худ парваридаанд, рӯзе пои худашонро бигазад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ин созмони тақрибан муназзам, аз ин баъд, Амрико ва Ғарбро ҳадафи ҳамалоти худ қарор дод. Ҳодисаи дилхароши 11 сентябр, ба сурати ҷиддӣ Ғарбро такон дод. Дар он замон, Амрико тавассути гурӯҳе аз навмуҳофизакорон идора мешуд. Афкору андешаҳое, ки навмуҳофизакорон ба сар доштанду доранд, худ достони ҷудогонае дорад, ки дар як фурсати муносиб бояд барои хонанда тавзеҳ дода шавад. Душманӣ ва адовати ин гурӯҳ бо ислому мусалмонон ҳам барои касе пӯшида набуд ва нест. Гурӯҳи номбурда, аз он фурсати пешомада суистифода намуда, алайҳи ҷаҳони ислом як ҷанги тамомаёре эълом намуд. Ҷаноби Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури вақти Амрико, ҳатто кораш ба ҷое расид, ки гуфт, мехоҳад "юриши салибӣ”-и дигаре бар сарзаминҳои исломӣ анҷом бидиҳад.

Дар воқеъ, ҳодисаи 11 сентябр, ки аслан маълум нест аз сӯйи чӣ ҷиҳоте тарроҳӣ шудааст, ва ҳатто бархе аз муҳаллилон бар ин боваранд, ки худи ҳамин навмуҳофизакорони Амрико шояд пушти ин қазия қарор дошта бошанд, баҳонаи "хубе” барои таҳаққуқ бахшидан ба аҳдофи ин гурӯҳ, ки иборат аз ҳамла ба ҷаҳони ислом буд, гардид.

Аз сӯйи дигар, дидгоҳҳои тундгароёна ва ифротии Созмони Алқоида, ки аз назари ақида пайрави афкори ваҳобигарӣ мебошанд, баҳонае гардид то Амрико ва ҳампаймононаш дидгоҳҳои ононро ба унвони "дидгоҳҳои исломӣ”, ки реша дар таолими исломӣ дорад муаррифӣ карда, барои афкори оммаи ҷаҳонӣ исломро ҳамон дидгоҳҳои Созмони Алқоида ва Толибон, ки худ яке дигар аз гурӯҳҳои дастпарвардаи созмонҳои ҷосусии Амрико ва Покистон аст, муаррифӣ намоянд.

Аз он таърих ба баъд, ва ба тадриҷ, мафоҳиме чун терроризму ифротгаройӣ, огоҳона, ҳамсӯ бо мафоҳиме чун ислому исломхоҳӣ матраҳ шуд. Тамоми васоили оммаи ахбор ва расонаҳои самъӣ ва басарии тобеи Ғарбу Амрико, амдан ва огоҳона ин корро карда ва мекунанд.

Исломхоҳони воқеӣ, ва ба истилоҳ "исломгароёни миёнарав”, ҳарчанд ба такрор мегуфтанд ва мегӯянд, ки ойини мубини ислом, бариву безор аз афкори тундгароёна ва аъмоли ҷинояткоронаи гурӯҳҳое чун Алқоидаву Толибон ҳастанд, вале Ғарб эътино ва таваҷҷӯҳе ба суханони эшон накарда, ҳанӯз ҳам ба кори худ идома медиҳад.

3. Радди пойи "Исроил”-и ҷинояткор:

Радди пойи режими хуношоми саҳюнистӣ низ дар ин росто пайдост. Ин режими ҷинояткор, ки солҳост бо муқовимати сарсахтонаи мардуми шарифи Фаластин даст ба гиребон аст, барои ин ки бихоҳад аз муборизаи фаластиниён, ки барои озодсозии сарзаминҳои худ мекӯшанд раҳо гардад; муборизае, ки ҳаққи машрӯъ ва мусаллами мардуми ин диёр аст, барои афкори оммаи ҷаҳонӣ ин мубориза ва муқовиматро чизе шабеҳи ҷанги Алқоида муаррифӣ ва муқовимонро ба унвони "террористҳо” ва думболаравони Усома бин Лодан қаламдод мекунад. Ва чун имрӯза аксари муборизони фаластиниро гурӯҳҳои исломӣ ташкил медиҳанд, яке аз корҳое, ки саҳюнисти хуношом дар ҳоли тарвиҷу пиёда кардани он буда ва аз тамомии имконот барои он баҳра мегирад, ин муаррифии дини мубини ислом ба унвони "ойини террор” ва муаррифии исломхоҳон ҳамчун "террористҳо” мебошад.

Пас, хулоса ин шуд, ки агар мебинем имрӯз афкори умумии ҷаҳонӣ бо шунидани калимаи ислом ва ё исломхоҳӣ, нохудогоҳ ба террору терроризм табодур мекунад, ин табодур, як амри тасодуфӣ ва ё ношӣ аз амалкарди нодурусти иддае андак аз мусалмонон нест, балки огоҳона ва бо аҳдофи мушаххас, аз сӯйи душманони сарсахти ислому мусалмонон, ки дар раъси онҳо Амрико ва саҳюнизми хуношом қарор доранд, сурат мегирад.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 808 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz