Сешанбе, 16.04.2024, 19:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 13 » Табиб кораш фақат ташхиси дард нест...
Табиб кораш фақат ташхиси дард нест...
16:13

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар заминаи қонуну қонунмадорӣ, нуктае, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ дошт ва ғафлат наварзид ин аст, ки маъмулан шаҳрвандон – дар ҳар ҷомеае – хештанро дар берун аз манзил муваззаф ба риояти қонун медонанд, вале дар дохили манзил, худро раҳо ва озод аз мурооти қавонин мебинанд. Қонунгузорон (дар кишварҳои пешрафта) ҳам ба ин нукта таваҷҷӯҳ доранд, ва аз ин рӯ, ва бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ғолибан қавонине, ки вазъ мекунанд, ҳамагӣ нозир ба равобити шаҳрвандон бо якдигар ва ё дар баробари давлат, дар матни ҷомеа ва дар берун аз хонаҳост.

Аз ин рӯ, коршиносони масоили иҷтимоӣ мӯътақиданд, ки агар ҷомеа бо мушкиле рӯбарӯ шавад, ки реша дар дохили манозил ва хонаҳо дорад, ҳалли он, ҳаргиз бо вазъи қонун имконпазир нест, балки роҳи ҳаллаш, фарҳангсозӣ ва бо зудудани осебҳоест, ки мунҷар ба пайдоиш ва бурузи он машокил гардида.

Масалан, фарз кунед дар як ҷомеа, падидаи талоқ зиёд шудааст, ва чун рӯшан аст, ки ғолибан решаҳои бурузи чунин падидае, дар дохили манозил ва ношӣ аз равобити ғайри матлуби зану шавҳар бо якдигар дар дохили хона мебошад, аз ин рӯ, ҷомеашиносон барои ҳалли ин мушкила, ҳаргиз рӯ ба вазъи қонун намеоваранд, балки саъю талошашон, баъд аз осебшиносӣ, равонаи зудудани он осебҳо мешавад.

Ахиран, Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба давлат, тарҳи ҷадиди Қонун дар бораи вазоифи тарбиятӣ ва омӯзишии волидайн дар нисбати кӯдаконашонро пешниҳод карда. Бар асоси ин қонун, падару модароне, ки аз мушорикат дар омӯзиш ва парвариши фарзандони худ сарпечӣ бикунанд, ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.

Ин ки Вазорати мӯҳтарам тоза пай ба ин нукта бурдааст, ки мебоист кайҳо ба он пай мебурд, ҷои шукр дорад. Воқеан, яке аз муҳимтарин асбоби рукуд дар заминаи омӯзишу парвариш дар ҷомеаи мо, ҳамин масъулиятнашносии падару модарон нисбат ба таълиму тарбияти фарзандонашон аст. Ташхиси ин дард аз сӯйи "табибон”-и Вазорат, ташхисе баҷо ва комилан дуруст аст. Аммо "табиб”, кораш фақат ташхиси "дард” нест, балки таъйини "давои саҳеҳ” барои муолиҷаи он дард низ, муҳимтар аз ташхиси он аст. Зеро, чи басо табибе, дардро дуруст ташхис бидиҳад, аммо чун дар табобат ҳозиқ нест, давоеро барои бемор пешниҳод кунад, ки мунҷар ба марги ӯ шавад.

Дар ин ҷо низ, зоҳиран ин "даво”-е, ки Вазорати мӯҳтарами маориф мехоҳад барои муолиҷаи бемории мазкур пешниҳод кунад, "давои ба дард нахур” аст. Магар бо вазъ ва тасвиби қонун, метавон ин муъзаларо ҳал кард? Волидайн, то модоме ки аз дарун барояшон ин эҳсос падид наояд, ки бояд барои таълиму тарбияи фарзандонашон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ биварзанд, садҳо қонун ҳам, ки дар ин бора тасвиб гардад, наметавонад ононро водор ба масъулиятпазирӣ намояд, магар ин ки бигӯем, аз ин пас (яъне пас аз тасвиби ин қонун), аз сӯйи Вазорати маорифи кишвар, маъмуроне дар ҳар як аз хонаҳои тоҷикӣ гузошта шавад, ва эшон аз субҳ то шом, корашон муроқибати волидайн бошад, ки ҳон! Агар ба масъулияти худ амал накардӣ, роҳии зиндон хоҳӣ шуд! (Тоза, агар нагӯем, волидайн бо пардохти ришвае ба он маъмур, ӯро водор ба сукут намоянд). Ва ё, ниҳоят чизе, ки аз дасти қонуни мазкур бархоҳад омад ин аст, ки ҳафтае як бор волидайнро водор ба омадан ба мактаб ва ширкат дар ҷаласоти падару модарон намояд, ки волидайн низ, аз тарси муҷозот, маҷбур ба ширкат шаванд. Аммо, дар дохили хона, боз ҳам ҳамон фарҳанги пешина ҳоким хоҳад буд.

Оре, як чунин мушкилоте, бо вазъу тасвиби қонун, ҳалнопазиранд, балки чунон ки ёдовар шудем, роҳаш осебшиносӣ ва сипас барномарезии дақиқ ҷиҳати зудудани он осебҳост.

Осебшиносӣ ва роҳҳои зудудани он осебҳо:

1. Ба назари камина, яке аз сабабҳои асосии бетаваҷҷӯҳии падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон, ин набудани ангеза дар ин кор аст. Ангеза ҳам ин аст, ки фарзандам дарс бихонад, босавод шавад, баъд аз хатми мактаби миёна вориди донишгоҳ гардад ва он гоҳ (пас аз хатми донишгоҳ) соҳиби коре обрӯмандона шуда, зиндагии муносибе барои худ дуруст кунад. (Албатта, гузашта аз ин ки босавод будан, қатъи назар аз сабаб воқеъ шуданаш дар фароҳамойии як зиндагии обрӯмандона барои фард, ба худии худ матлуб аст. Яъне шахси босавод, аз шахсе, ки савод надорад бартар аст). Ва он чи ҳам, ки як чунин ангезаеро дар волидайн падид меоварад ин аст, ки падару модарон, дар ҷомеа ва дар матни воқеъ, бо чашмони худ бибинанд, ки маъмулан касоне, ки дарс мехонанд, бо донишу саъю талоши худ вориди донишгоҳ гарида ва баъд аз хатми донишгоҳ, тибқи истеъдоду саводи хеш, соҳиби коре обрӯмандона мешаванд.

Ҳол, агар дар воқеъ чизе дигар – ғайр аз он чи гуфтем - бибинанд, ҳаргиз ангеза дар онҳо ҳосил нахоҳад шуд. Масалан, вақте мебинанд касе дарс хонда ва босавод гардида, вале ҳамин ки бихоҳад вориди донишгоҳ шавад, то пулу ришва надиҳад, вориди донишгоҳ нахоҳад шуд ва саводу донишаш ҳам ба дарди ӯ нахоҳад хӯрд, ва ё ҳатто вориди донишгоҳ ҳам, ки шуд, баъд аз хатми он, то "ошно” надошта бошад, соҳиби коре обрӯмандона нахоҳад гардид... дар ин сурат, фикр намекунам дар волидайн ангезае барои таваҷҷӯҳ ба таълиму тарбияи фарзандонашон пайдо шавад. Балки, ангезае дигар дар онҳо эҷод хоҳад шуд, ва он ин ки: писарам! Ҳар чи тавон дорӣ, пулу мол андӯз! Агар пул дорӣ, метавонӣ вориди донишгоҳ шавӣ, соҳиби коре обрӯмандона ҳам гардӣ, вале агар пул надошта бошӣ, паноҳат ба Худо! Ва ба қавли мардум: "Хондагиҳо чӣ шуданд, ки ту шавӣ”.

Пас, яке аз роҳи ҳаллҳои ин муъзала ин аст, ки давлати мӯҳтарам, ба ҷои паноҳ бурдан ба вазъу тасвиби қонун дар ин замина, чунин шароитеро дар ҷомеа фароҳам оварад, ки вуруд ба донишгоҳҳо бар асоси дониш ва саъю талоши шахсии афрод бошад, ришвахорӣ дар ин замина аз реша барчида шавад, ва ҳам, маносиб дар ниҳодҳо ва муассисоти давлатӣ бар пояи истеъдод ва дониши афрод бошад, на бар асоси "ошно” доштани ӯ ва ё аз як маҳалли мушаххас будани вай...

Падидаи дигаре, ки дар волидайн ангеза бар ин корро эҷод мекунад ин аст, ки онҳо дар ҷомеа афроди таҳсилкарда ва босаводро афроди мӯҳтарам бибинанд, на хору залил. Вақте дар як ҷомеа чунин фарҳанге ҳукмфармо бошад, ки ҳар кӣ пул дорад, мол дорад, мансаб дорад ва ғайра... дорои эҳтиром аст, вале касе, ки пул надошта бошад, ҳатто агар алломаи даҳр ҳам, ки бошад, аз ҳеҷ эҳтироме бархӯрдор нест, аз куҷо дар афроди ин ҷомеа ин ангеза пайдо шавад, ки барои босавод шудани фарзандонашон саъю талош намоянд?

2. Роҳи ҳалли дигаре, ки дар ин замина ба фикри камина мерасад ин аст, ки дар ҷомеа таваҷҷӯҳ ба омӯзишу парвариш фарҳангсозӣ шавад. Ва яке аз абзори фарҳангсозӣ ҳам, садо ва симост. Зеро, имрӯза, ин садо ва симост, ки бештарин саҳм дар фарҳангсозиро доро мебошад. Дар асри ҳозир, ҳеҷ чиз, ба андозаи садо ва симо, қудрат ва тавони фарҳангсозӣ дар ҷомеаро надорад.

Ҳол, оё дар заминаи эҷоди фарҳанги таваҷҷӯҳ ба таълиму тарбияи ҷавонон ва навҷавонон, садо ва симои Тоҷикистон, коре мекунад? Он чи ҳамагон ба зоҳир мебинем, садо ва симои Тоҷикистон, бештар таваҷҷӯҳаш ин аст, ки фарҳанги "бирақсу бикӯбу биҷунб” дар ҷомеаро густариш бидиҳад. Мутаассифона, таваҷҷӯҳи ҷавонон ва навҷавонони тоҷик, ба фалон суруду фалон сарояндаву ва ин ки оё ӯ шавҳар ва ё зан дорад, ки агар надорад, кай тасмим бар издивоҷ хоҳад намуду аз ин қабил музахрафот, беш аз ҳар чизе дигар аст. Улгуи як ҷавон ва ё навҷавони тоҷик, Синову Розиву Эйнштейну Ньютону Менделеев нест, балки Шабнаму Фарзонаву Зикриаллоҳу Фалону Бисмадон аст (ки хушбахтона ва Худоро шукр, ки тамомии асомии чунин афроде барои ман ноошно ҳастанд...)

Садо ва симо ба ҷойи тарвиҷу густариши фарҳанги бирақсу бикӯб, метавонад бо роҳандозии барномаҳои ҷаззоб (на хастакунанда), ба гунае фарҳанги таваҷҷӯҳ ба андӯхтани илму дониш, ва бо талқини ин ки фарди босавод мӯҳтарамтарин фард дар ҷомеа мебошад, таваҷҷӯҳи ҷавонон ва навҷавононро ба ин сӯ ҷалб намояд. Воқеан, бархе аз барномаҳои омӯзишӣ, дар айни омӯзишӣ будан, тафреҳӣ ҳам ҳастанд, мисли барномаи "Кӣ? Кай? Дар куҷо?” (Что? Где? Когда?), ки солҳои тӯлонист ҳамагон аз шабакаи якуми Русия мушоҳида мекунем. Албатта, амсоли чунин барномаҳое зиёд ҳастанд. Садо ва симои Тоҷикистон, на ин ки он барномаро нусхабардорӣ кунад, балки метавонад бо як сурат ва шакли дигаре назири онро роҳандозӣ намояд.

Садо ва симои мо, барои эҷоди ангеза дар волидайн дар ин росто ҳам, аз он ҷо ки ҷомеаи мо, дар ғолиб як ҷомеаи динмадор аст, бо давъат аз руҳонияти босавод, аз онҳо бихоҳад то таваҷҷӯҳи падару модаронро ба муҳим будани ин амр аз дидгоҳи ислом, ва ин ки ислом таълиму тарбияи фарзандро яке аз воҷиботи шаръӣ, ва кӯтоҳӣ ва саҳлангорӣ дар ин заминаро навъе гуноҳ, ки дар пешгоҳи Худо бояд посух дод, медонад, ҷалб намоянд. Мо чи бихоҳем ва чи нахоҳем, сухани фарди руҳонӣ дар ҷомеаи мо, пазиротар аз сухани ҳар фарди дигар аст. Бояд аз онҳо низ истифода гардад.

Албатта, чанд роҳи ҳалли дигаре ҳам дар зеҳн дорам, вале дигар шояд фурсате барои баёни онҳо набошад.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 1315 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 4
15.03.2013
4. Rorpaxoxy [Материал]
Живопись холста всегда поражала воображения человека, популярные художники вдохновляли души в картины, изображая эмоции и чувства, передавая окружающую атмосферу происходившего. Сама живопись очень старинное искусство, оно берёт начало с появлением цивилизации, на ряду с разнообразием обычаев и культуры. Первые рисунки живописи были найдены ещё на стенах пещер, где жили доисторические люди, на этих изображениях были отображены в основном вымершие животные и охотники. В будущем с развитием человека, живописцы сами делали краски и выбирали компоненты, тем самым став первооткрывателями и основопологателями данного направления искусства. Многое для живописи сделал известный художник, http://bypaint.net/i/256-iogann-keler.html - иоганн кёлер оставивший после себя много картин.

Первые картины были о сюжетах библейской или античной живописи, самыми популярными произведениями были фрески и иконы. Не мало популярной была и портретная живопись, в бедующем немного вытесняла иконы. Живописи нет придела, так как нет придела человеческой фантазии: одни живописцы изображают причудливых мифологических существ, другие рисуют исторические битвы, третьи отображают красоту девичьего тела на холсте. Хоть мастера живописи и рисуют произведения о разных сюжетах, они часто используют одни и те же компоненты для роботы, самыми известными есть пастель и масляные краски, но краски некоторых художников хранят секрет своих составляющих до наших пор. Стоит также с помнить о наших российских мастерах, которые состояли в товариществе художников передвижников, которые сделали большой вклад в основание жанровой живописи и пейзажей. В те времена часто присутствовало явление обмена учениками от художественной академии , что положительно сказалось на русской культуре живописи, обогащая её новыми стилями живописи в основном западных мастеров. Не последнее место в искусстве живописи занимают русские пейзажисты, изображающие лесные ландшафты, горные виды и речные пейзажи. Также стоит отметить, что одни из самых прекрасных картин морских пейзажей есть шедевры изображающие корабли в бурю и морские лунные пейзажи. Многим живописцам для того чтобы работать по профессии приходилось делать портреты на заказ, они часто изображали семейные портреты и даже портреты животных. Некоторые живописцы изображали на своих картинах своих супруг или родных, а также собственные автопортреты. Не мало внимания художники уделяли эротическим картинам, часто передающих холсту ослепляющую красоту женского тела. Рисовали произведения и о животных, в жанре анимализма, часто изображая коров, кошек и других сельскохозяйственных животных. Другие отображали не живую природу, в жанре натюрморта, рисуя плоды, а иногда рисовали праздничный стол крупным планом с разными блюдами крабов и другого.

На пике развития живописи уже было множество стилей и жанров. Какими разными и старинными не были бы жанры но их используют до наших времён, в церквях рисуют фрески и иконы, в истории живопись тоже процветает, ведь великие битвы и портреты полководцев запечатлены на холсту, а древние шедевры и до сих пор будоражат и вдохновляют наше воображение.

22.11.2012
3. seapeusiaft [Материал]
Хехе, неплохо

12.11.2012
2. tiesIgnitty [Материал]
Этот пост — одно из редких исключений, когда читаешь с удовольствием и что-то для себя выносишь. Спасибо Вам. Добавлю в избранноеhttp://voronezh.recikl.ru/ - . :)

08.03.2012
1. Liska [Материал]
Здравствуйте! Как вы относитесь к молодым композиторам?

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz