Шанбе, 27.04.2024, 06:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 14 » Суномии Мисру Тунис, дер ё зуд, кулли минтақаро фаро хоҳад гирифт
Суномии Мисру Тунис, дер ё зуд, кулли минтақаро фаро хоҳад гирифт
02:46

Суномии хезиши миллатҳо барои сарнагунии ҳуккоми худкома ва режимҳои диктотури минтақа; аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс гирифта то Осиёи Марказӣ, ба далели шароити мушобеҳи сиёсии ҳоким бар ин кишварҳо, дер ё зуд, ҳамаро фаро хоҳад гирифт.

Заминаҳои ин суномӣ, ки аз Тунис оғоз шуд ва Мисрро дарнавардид, акнун, нишонаҳояш дар бархе аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хубӣ дида мешавад.

Раҳбарони ин кишварҳо, барои пешгирӣ аз вуруди ин суномӣ, ахиран, даст ба як силсила иқдомоти шаклӣ ва зоҳирӣ заданд. Шайх Ҳамммад бен Исо Оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн, барои ҳар хонаводаи баҳрайнӣ, маблағи 2650 дулор кӯмакҳазина дар назар гирифт, то ба хаёли худаш, аз норизоятиҳои мавҷуд дар кишвараш ҷилавгирӣ кунад. Аммо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бошад, тайи як суханронии телевизиюнӣ хитоб ба мардуми худ, пешниҳод кард, ки ба манзури рафъи бархе суитафоҳумот дар ҷомеъа, интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад. Аммо ...

... ба назар мерасад, пеш аз вуруди суномии сиёсӣ, ин раҳбаронро беҳтар он буд, ки ба ҷои ин гуна иқдомоти шаклӣ ва авомфиребона, бар асоси як зарурати торихӣ на ниёзи иҷтимоӣ, даст ба ислоҳоти асосӣ бизананд.

Давлатмадорон, чи дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, ки бар мабнои як сохтори қабилаӣ идора мешаванд, ва чи дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки ҳарчанд дар онҳо ба зоҳир интихоботе ҳаст ва порлумоне ҳаст, аммо воқеи амр он аст, ки зимоми умури мамлакат дар дасти як нафар қарор дорад ва кишвар бар асоси хоста ва иродаи ӯ идора мешавад, бояд бидонанд, ки ин гуна сохторҳо дигар кӯҳна ва қобили қабули миллатҳояшон нест ва дар шароити кунунӣ, посухгӯи ниёзи насли имрӯзи ҷавомеи онҳо намебошад.

Ҷавононе, ки дар фазои асри инфиҷори иттилоот, гардиши озоди ахбор ва вуҷуди иртибототи интернетӣ рушд кардаанд, дигар наметавонанд монанди наслҳои қабл аз худ, ба усул ва суннатҳои қабилаӣ пойбанд бошанд.

Дар бархе кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, ҳанӯз аҳзоб иҷозаи фаъолият надоранд ва занон аз ҳаққи мушорикат дар корҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳрум ҳастанд.

Ин шева, бо руҳи демукросии мутаораф дар ҷаҳони муосир комилан мунофот дорад ва ба ҳамин далел, акнун мавҷи норизоятиҳои сиёсии пинҳонӣ, ағлаби кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форсро фаро гирифтааст.

Зуҳури нахустин ҳизби сиёсӣ дар Арабистон, нишонаи ниёзи ҷомеаи башиддат баста ва қабилаии ин кишвар, барои тағйиру ҳаракат ба самти суннатшиканӣ талаққӣ мешавад.

Ин ҳизб ахиран аввалин бор дар Арабистон эъломи мавҷудият кард, аммо давлат ҳанӯз аз додани иҷозаи фаъолияти расмӣ ба ин ҳизб худдорӣ мекунад.

Дар Арабистони Саудӣ баргузории ҳаргуна интихобот ва фаъолияти аҳзоб комилан мамнуъ аст ва аъзои Шӯрои Машваратӣ, ки порлумони ин кишвар ба шумор меояд, тавассути подшоҳ интихоб мешаванд.

Нақзи озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба иродаи миллатҳо, эъдом ва шиканҷаи мухолифони давлат ва манъи судури нашриёти ғайри давлатӣ, бахше аз сиёсати дохилии кишварҳои ҳавзаи ҷануби Хаиҷи Форс аст.

Дар кишвари Арабистон, ки бузургтарин кишвари узви Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс аст, занон аз ҳаққи фаъолияти иҷтимоӣ ва ҳатто ҳаққи ронандагӣ маҳрум ҳастанд.

Дар тӯли 80 соле, ки аз умри режими Арабистон мегузарад, ин кишвар ҳамчунон аз қавонини қабилаӣ истифода мекунад ва бардазодагон ва мусалмонони ғайри ваҳҳобӣ наметавонанд дар машоғили давлатӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ постҳои калидӣ дошта бошанд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, ба далели ниёз ба нафти Арабистон, ҳеҷ гоҳ дар садади ташвиқи ин кишвар барои эҷоди ислоҳоти сиёсӣ барнаёмадаанд.

Дар соири кишварҳои ҳавзаи ҷануби Халиҷи Форс, ба ҷуз Кувайт, ки беш аз 45 сол аз як порлумони нисбатан пӯё бархӯрдор аст, бақияи кишварҳои араби ин минтақа тақрибан фоқиди порлумонҳои фаъол ва таъсиргузор ҳастанд ва ба ҷои такя бар миллатҳои худ, аз кишварҳори фароминтақаӣ барои таъмини амнияти худ баҳра мегиранд.

Ҳузури даҳҳо пойгоҳи низомии Амрико дар кишварҳои кучаки араби ҳавзаи Халиҷи Форс мӯҷиби нигаронии соири кишварҳо ва афзоиши норизоятиҳо дар миёни миллатҳои минтақа шудааст.

Қатъан агар демукросии порлумонӣ дар кишварҳои араби ҳавзаи Халиҷи Форс вуҷуд медошт, Амрико ва соири кишварҳои ғарбӣ наметавонистанд ба содагӣ пойгоҳҳои низомӣ дар ин кишварҳо эҷод кунанд.

Шояд аҷиб набошад замоне Ҳенри Кесенҷер вазири асбақи Амрико, сареҳан эълом карда буд, ки "манофеи стратежикии Амрико, дар вуҷуди режимҳои диктотурӣ дар ҳавзаи Халиҷи Форс хулоса мешавад”.

Аммо имрӯз дигар мусаллам аст, ки Амрико наметавонад, аз раҳгузари ташвиқи раҳбарони режимҳои диктотури ҳавзаи Халиҷи Форс ба саркӯби миллатҳои худ, аз ҳаракати мавҷи суномии сиёсӣ ба самти ин навъ кишварҳо, ҷилавгирӣ кунад.

Бинобар ин, Ғарб бояд нигоҳи сиёсии худро бар асоси ирода ва хости миллатҳои минтақа тағйир диҳад, зеро нигоҳи таҳқиромез ва ғайри мунсифона нисбат ба миллатҳои ин минтақа, саранҷом ба бурузи ҳаракатҳои родиколӣ мунҷар хоҳад шуд.

Шароити кишварҳои араби ҳавзаи Халиҷи Форс, алорағми вуҷуди рафоҳи нисбӣ, акнун мушобеҳи шароити Тунис ва Мисри қабл аз сарнагунии Зайнулобидин бен Алӣ ва Ҳусни Муборак аст.

Агар режимҳои диктотурии ҳавзаи Халиҷи Форс меъёрҳо ва усули шинохташудаи демукротикро риоят накунанд, дер ё зуд, ба сарнавишти Тунис ва Миср дучор хоҳанд шуд.

Усули мутаорафи демукротик, бар ҳукумати аксарият бар ақаллият такя дорад, аммо дар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, мутаассифона ин меъёрҳо риоят намешавад ва ҳамвора ақаллият бар аксарият ҳукумат кардааст.

Аз ин рӯ, ташкили низомҳои демукротик, коҳиши вобастагӣ ба кишварҳои фароминтақаӣ хусусан ба Амрико, Русия ва кишварҳои урупоӣ, иртиқои равобити ин кишварҳо бо ҳамсоягони худ бар асоси манофеи муштарак, баргузории интихоботи озод ва қатъи равобити пинҳонӣ бо режими саҳюнистӣ, хости миллатҳои минтақа аст.

Агар ин хостаҳо ба сурати сареъ ва бидуни ҳазина анҷом нашавад, қатъан минтақа шоҳиди як суномии сиёсии шадиде хоҳад буд, ки ин суномӣ авзои кулли ин минтақаро дигаргун хоҳад кард.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 605 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz